Табибони кишварҳои узви ИДМ масоили мубориза бо бемориҳои сироятиро баррасӣ мекунанд

            Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Конфрони IX -уми байнидавлтии илмиву амалӣ оид ба истифодаи фановариҳои ҷадид дар амалисозии стратегияи глобалии мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 30-уми сентябр дар вилояти Волгогради Русия ба кор шурӯъ кард, масоили мубориза бо ин бемориҳо баррасӣ мешавад. Дар ин […]



           

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Конфрони


IX


-уми байнидавлтии илмиву амалӣ оид ба истифодаи фановариҳои ҷадид дар амалисозии стратегияи глобалии мубориза бо бемориҳои сироятӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 30-уми сентябр дар вилояти Волгогради Русия ба кор шурӯъ кард, масоили мубориза бо ин бемориҳо баррасӣ мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон Фотима Яқубова хабар дод.





           

Номбурда изҳор дошт, кит дар конфронс ҳамчунин масъалаҳои таҳия ва истифодаи усулҳои тозаи ташхиси лабораторӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкории мутақобилаи байнидавлатӣ дар ин самт низ муҳокима мешаванд.




           

«Ба паҳншавӣ ва афзоиши бемориҳои сироятӣ тиҷорати густардаи байнулмилалӣ, убури на он қадр мушкили марзҳо, болоравии раванди муҳоҷирати аҳолӣ, пайдоиши шаклҳои нави ангезандаҳои беморӣ ва таҳдиди терроризми биологӣ боис гардидааст», – гуфт сарчашма.




           

Ф.Яқубова афзуд, ки аз рӯи натиҷаҳои конфронс оид ба мубориза бар зидди ин беморӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул гардида, ҷиҳати баррасӣ ба вазоратҳои тандурустии кишварҳои узви ИДМ фиристода мешаванд.




           

Зикр гардид, ки Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини директори хадамоти давлатии санитриву эпидемиологии назди Вазорати тандурустии Тоҷикистон Исохон Грезов намояндагӣ мекунад.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.