Собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба 27 соли зиндон маҳкум гардид

            Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 30-юми сентябр дар Кӯлоб ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии мутааллиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳабибовро тибқи 19 моддаи Кодекси ҷинои ҶТ гунаҳкор дониста, ба муддати 27 соли зиндон ва адои […]



           

Кӯлоб. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 30-юми сентябр дар Кӯлоб ҳайати мушовараи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ сардори посгоҳи сарҳадии 8-уми нерӯҳои марзбонии мутааллиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Партов»-и ноҳияи Восеъ Баҳром Ҳабибовро тибқи 19 моддаи Кодекси ҷинои ҶТ гунаҳкор дониста, ба муддати 27 соли зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низоми шадид маҳкум кард. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов хабар дод.





           

Номбурда изҳор дошт, ки Б.Ҳабибов дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, худсарона азхуд намудани замин ва сохтмони ғайриқонунии иншоот дар он ҳангоми ифои вазифа кардан дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонӣ гунаҳкор дониста шудааст.




           

«Додситон барои Б.Ҳабибов 30 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард, вале аз чунин қарори додгоҳ, ки 27 соли ҷазоро ба ӯ лоиқ донист, низ қаноатманд аст», – афзуд А.Розиқов.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.