Бонки рушди Осиё татбиқи лоиҳаи нахустини таҷдиди бозсозии роҳҳои мошингард дар Тоҷикистонро ба анҷом расонид

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё мегӯяд, ки тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб, ки марказро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, поён ёфтааст. Тибқи иттилоъи манобеъи ин бонк дар Душанбе, дар чорчӯби ин лоиҳа ҳудуди 104 километр роҳи мошингард дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа ва аз маркази вилояти Хатлон то шаҳрҳои Данғара ва Кӯлоб бозсозӣ шудааст. Бонк […]

ВВС


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бонки рушди Осиё мегӯяд, ки тарҳи бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Данғара-Кӯлоб, ки марказро бо ҷануби Тоҷикистон мепайвандад, поён ёфтааст.




Тибқи иттилоъи манобеъи ин бонк дар Душанбе, дар чорчӯби ин лоиҳа ҳудуди


104 километр

роҳи мошингард дар масири Душанбе-Қӯрғонтеппа ва аз маркази вилояти Хатлон то шаҳрҳои Данғара ва Кӯлоб бозсозӣ шудааст.



Бонк ин тарҳро ба маблағи ҳудуди 21 миллион, давлати Тоҷикистон ба маблағи 2,5 миллион ва Сандуқи ОПЕК дар ҳаҷми ҳудуди чаҳор миллион доллари амрикоӣ сармоягузори кардаанд.



Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ҳадаф аз иҷрои ин тарҳ танҳо бозсозии роҳ набуда, балки аз ин тариқ ба коҳиши мизони фақр ва беҳбуди вазъи иқтисодии сокинони манотиқ перомуни ин роҳ мусоъидат шудааст.



Ҳамчунин, интизор меравад ин роҳ ба тавсеъаи бахши кишоварзӣ дар ҷануби Тоҷикистон мусоъидат кунад. Зеро, ҳамакнун шароити интиқоли коло ва маҳсулоти кишоварзӣ аз ин манотиқ ба бозорҳои дигар беҳтар шудааст.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.