Президенти Тоҷикистон озими водии Рашт шуд

0



           

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари кории дурӯза озими водии Рашт шуд.




Аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки президент дар давоми ду рӯз бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ аз наздик ошно гардида, бо намояндагони аҳли маориф, дин, кишоварзон, созмонҳои ҷавонон ва занон мулоқот хоҳад орост.



«Дар сафар сарвари давлатро аъзои ҳукумат, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва арбобони маъруфи илму ҳунари ҷумҳурӣ ҳамроҳӣ мекунанд», – гуфт сарчашма.



Зикр гардид, ки президенти кишвар бо фаъолияти як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ

 

ва корхонаҳо саноатӣ аз наздик шинос гардида, ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани якчанд иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ иштирок мекунад.


Реклама на asia+

Таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон

0



Душанбе. 2-юми октябр – Пас аз як моҳи тоату ибодат мусулмонони Тоҷикистон аз Иди Фитр ё Рамазон таҷлил карданд.






Субҳи рӯзи чаҳоршанбе, якуми октябр, дар ҳамаи масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаи кишвар намози Иди Фитр баргузор шуд.






 

Маъмулан, нахустин табрики Фитр дар Тоҷикистон субҳи зуд бо садои кӯдаконе оғоз мешавад, ки дари кошонаҳоро мекӯбанд ва дар ивази муборакбодӣ аз бузургсолон идона мегиранд. Рӯзи ид ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд.





Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон иди Фитр дар кишвар рӯзи истироҳат аст.



Реклама на asia+

Вазорати умури дохилӣ шахсони шубҳаноки атрофи Мирзохӯҷа Аҳмадов ҷамъомадаро аз қаламрави водии Рашт хориҷ кард

0



Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тақрибан 50 нафар заноне, ки субҳи 30-уми сентябр дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор намуда буданд, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки аз шахсони шубҳаноке, ки атрофи ӯ ҷамъ омадаанд, халос шавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев хабар дод.






Ба қавли ӯ, занон аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки ахиран дар гирду атрофи М.Аҳмадов шахсони шубҳаноке ҷамъ омадаанд, ки сокинони ин минтақа нестанд ва онҳо соҳиби силоҳи ғайриқонунӣ ҳам мебошанд.





«Худи ҳамон рӯз кормандони Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, ки баҳри таъмини амнияти президенти Тоҷикистон зимни сафар ба водии Рашт дар он ҷо ҳузур доранд, ин шахсони шубҳанокро аз қаламрави минтақа хориҷ карданд», – афзуд манбаъ.





Ёдрас мекунем, ки имрӯз боздиди кории дурӯаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт оғоз мегардад.



Реклама на asia+

Мактаби рӯзноманигорӣ марҳилаи нави давраи омӯзишӣ барои рӯзноманигорон ва кормандони марказҳои матбуотиро оғоз мебахшад

0


Душанбе


. 29


сентябр


.


ОИ


«


Азия





Плюс


» –




Мактаби




мустақили




р


ӯ


зноманигории


«


То


ҷ


икистон





асри



XXI»



аз


3-


юм




то


5-


уми




октябри




соли




ҷорӣ




марҳилаи




дуввуми




давраи




ом


ӯ


зиш


ӣ




барои




кормандони




ВАО




ва




марказҳои




матбуотии




сохторҳои




давлат


иро




доир




мекунад


.






Чӣ




тавре




ки




ба




ОИ


«


Азия





Плюс


»


сарвари




иҷроияи




Мактаби




рӯзноманигорӣ




Сафо




Сафаров




иттилоъ




дод


,


дар




ҷараёни




тренинги




серӯза




якчанд




мавзӯъ


,


аз




ҷумла


, «


Заминаҳои




ҳуқуқ


ӣ




ва




ахлоқии




ҳамкории




байни




намояндагони




ҳокимияти




давлат


ӣ




ва




р


ӯ


зноманигорон


», «


Меъёрҳои




милл


ӣ




ва




байналмилалии




дастрас


ӣ




ба




иттилоот


», «


Фановариҳои




нав




дар




фаъолияти




марказҳои




иттилоот


ӣ




ва




ВАО


:


садо


-,


акс





ва




наворбардор


ӣ


,


сомонаи




интернет


ӣ


»


баррасӣ




мешаванд


.



Ба




гуфтаи




сарчашма


,


чорабинии




мазкур




дар




чаҳорчӯбаи




лоиҳаи


«


Дастрас


ӣ




ба




иттилоот


:


ҳамкор


ӣ




ва




шаффофият


»,


ки




бо




дастгирии




Кумитаи




Норвежии




Ҳелсинки




амалӣ




мегардад


,


гузаронида




шуда


,


ба




иштирокдорони




давраи




ом


ӯ


зиш


ӣ




усулу




воситаҳои




дақиқ




ва




саривақт




воқиф




гардонидани




аҳол


ӣ




аз




иттилооти




дорои




аҳамияти




ҷ


амъият


ӣ


,


инчунин




роҳҳои




беҳбуд




бахшидани




ҳамкории




р


ӯ


зноманигорон




ва




марказҳои




матбуот


ӣ




ом


ӯ


зонида




мешавад


.



Қобили




зикр




аст


,


ки




дар




заминаи




татбиқи




лоиҳаи




Мактаби




мустақили




р


ӯ


зноманигории


«


То


ҷ


икистон





асри



XXI», 9-



уми




августи




соли




ҷорӣ




миёни




кормандони




марказҳои




матбуотии




сохторҳои




давлат


ӣ




ва




расонаҳои




хабарии




кишвар




як




тафоҳумномаи




ҳамкор


ӣ




ба




имзо




расидааст


.





Санади




мазкур




дар




ҷ


араёни




силсилаи




мизҳои




гирди


«


Ҳамкории




ВАО




ва




марказҳои




матбуот


ӣ


:


дастовардҳо




ва




дурнамо


»


таҳия




шуда


,


мавриди




баррасию




пазириши




иштирокдорон




қарор




гирифтааст


.



Дар




ин




Ёддошти




тафоҳум




б


а




ма


қ


омоти




қ


онунгузории




Ҷ


Т




тавсия




шудааст


,


ки




ба




қ


онун


ҳ


ои




дахлдор




та


ғ


йиру




илова


ҳ


о




ворид




карда


,


м


ӯ


ҳ


лати




пешни


ҳ


оди




иттилоот




аз




с


ӯ


и




ма


қ


омоти




давлат


ӣ




ба




ВАО





ро




то


3


р


ӯ


з




ва




таъмини




иттилооти




фавриро




дар




р


ӯ


зи




аввали




р


ӯ


йдод




муайян




созанд


.


Ҳ


амзамон


«


пешни


ҳ


оди




иттилоот




ба




ВАО




бояд




ройгон




бошад


», –


зикр




гардидааст




дар




тафо


ҳ


умнома


.



Ба




ҷ


уз




ин


,


аз




Ҳ


укумати




Ҷ


Т




хо


ҳ


иш




шудааст


,


ҷ


и


ҳ


ати




таъсис


,


та


ҳ


ким




ва




рушди




марказ


ҳ


ои




матбуот


ӣ




дар




ма


қ


омоти




ҳ


окимияти




давлат


ӣ




и


қ


дом




кунад


.





Дар




ин




санад




таъкид




гардидааст


,


ки




ҳамкории




марказ


ҳ


ои




матбуотии




ма


қ


омоти




ҳ


окимияти




давлат


ӣ




ва




р


ӯ


зноманигорон




бояд




бо




риояи




меъёр


ҳ


ои




ахло


қ


ӣ


,


дар




асоси




бовару




эҳтироми




тарафайн




ва




ҳ


ам


дигарфаҳм


ӣ




сурат




пазирад


.



Пешниҳоди




иттилоот




аз




ҷ


ониби




шохаҳои




ҳокимияти




давлат


ӣ




ба




ВАО





и




давлат


ӣ




ва




мустақили




хабар


ӣ




бояд




яксон




ва




баробар




бошад


.


Дар




баробари




ин


,


з


имни




пахши




маводи




иттилоот


ӣ




дар




ВАО




ба




та


ҳ


рифи




далелу




ар


қ


ом




ва




маълумоти




пешни


ҳ


одкардаи




марказ


ҳ


ои




матбуот


ӣ




ро


ҳ




дода




нашавад


, –


ома


дааст




дар




тафоҳумнома


.



Дар




таҳия




ва




қабули




Ёддошти




тафоҳум




намояндагони




Дастгоҳи




и


ҷ


роияи




Президенти




Ҷ


Т




ва




Ма


ҷ


лиси




намояндагони




Ма


ҷ


лиси




Ол


ӣ


,


кормандони




марказҳои




матбуотии




мақомоти




ҳокимияти




и


ҷ


роияи




давлат


ӣ


,


додгоҳи




ол


ӣ




ва




ВАО


,


инчунин




коршиносони




созмонҳои




р


ӯ


зноманигор


ӣ




ширкат




варзиданд


.


Реклама на asia+

Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марра наздик мешаванд

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пахтакорони ҷумҳурӣ ба нисфи марраи ҷамъоварии ҳосил наздик мешаванд. Аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки деҳқонон аз майдонҳои кишти пунбадона беш 234 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ кардаанд, ки 42,4 дарсади нақшаи пешбинишудаи

 

(552 ҳазору 500 тонна) соли ҷориро ташкил медиҳад.




Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи ғунучини ҳосили пахта кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд, ки то имрӯз 175 ҳазору 243 тонна ё худ 52,8 дарсади ҳосилро ҷамъоварӣ кардаанд.



Пахтакорони вилояти Суғд – беш аз 42 ҳазор тонна ё худ 24,4 дарсад ва ноҳияҳои тобеи марказ – 17 ҳазор тонна ё худ 34,7 дарсади ҳосили пунбадонаро ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад.


Реклама на asia+

Мирзохӯҷа Аҳмадов ваъда медиҳад, ки амнияти президент зимни сафар ба Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»



С



ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки



амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид.




Ёдовар мешавем, ки

с




убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд. Тақрибан 60-70 нафар занони ноҳия назди бино ҷамъ омада, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳдоштаашро ба ҳукуматдорон супорад.

 







           

Дар мавриди шарҳи ин қазия М.Аҳмадов таъкид сохт, ки воқеъан ҳам занони ҷамъомада



супоридани силоҳҳои ғайриқонуниро талаб карданд, вале на аслиҳаи ӯ, балки яроқи ба аҳолии минтақа тааалуқдоштаро. «Онҳо модарони мо мебошанд ва кафолати амниятро хоҳонанд, аз ин рӯ, мо онҳоро дастгирӣ менамоем», – гуфт ӯ.




Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ

 

ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуда буд.





Ба гуфтаи М.Аҳмадов, феълан мухолифатҳои пешин мавҷуд нестанд. «Айни замон дар минтақа намояндагони воломақоми ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ ҳузур доранд, ки амнияти президентро зимни сафар ба водии Рашт таъмин хоҳанд кард ва ман низ чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба сафари сарвари давлат ҳеҷ хатаре таҳдид накунад», – изҳор дошт М.Аҳмадов.



Реклама на asia+

Вазорати кишоварзӣ: Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест

0






 


              Душанбе. 30-уми октябр – «Ҷамъоварии пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба мақсад мувофиқ нест», – иброз дошт сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов.



Ӯ мегӯяд, ки дар як рӯз ҷамъ овардани 475 тонна пахта барои панҷ ноҳияе,ки нақшаи истеҳсоли пахтаашон дар соли ҷорӣ аз 49 ҳазор тонна камтар аст, нобахшиданист. Ҷамъоварии пахта дар як рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба миқдори 45, Ҳисор – 71, Шаҳринав – 90 ва ноҳияи Ваҳдат 91 тоннаро ташкил медиҳад. Ташкили кор дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат чандон хуб нест. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳар рӯз дар ин ноҳияҳо ба андозаи 0,6 – 1,3 – 1,4 фоиз пахта ғундошта мешавад.



Бо фарорасии моҳи октябр рӯзҳо сардтару кӯтоҳтар мешавад, аммо дар саҳро пахтаи зиёд ҳанӯз боқист, ки ҷамъоварии он вазифаи муқаддаси ҳар як шахрванди ин ноҳияҳост.


Реклама на asia+

Дар Тоҷикистон беш аз 40,8 ҳазор тонна мева ва беш аз 18 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карда шуд

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар Тоҷикистон ҷамъоварии 95 ҳазор тонна мева ба нақша гирифта шудааст. Сухангӯи Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзулло Додобоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки то имрӯз кишоварзон беш аз 40,8 ҳазор тонна мева ва беш аз 18 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ карданд, ки 43 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.




Ба гуфтаи Н.Додобоев, ин нишондиҳандаҳо дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 27 тонна мева ва 1,5 тонна ангур зиёдтар аст, вале ҳудуди 90 дарсади он ба аҳолӣ тааллуқ дорад.



Бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ, Вазорати кишоварзӣ ният дорад, минбаъд баҳри афзоиши ҳосилнокӣ дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва миёни аҳолӣ корҳои таблиғотии фаҳмондадиҳӣ баргузор намояд.



Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли равон дар масоҳати 2 ҳазору


579 гектар

боғҳои нав ва дар майдони

654 гектар

ангурзорҳои нав ташкил карда шуда, ҳамчунин 146 ҳазору гектар боғҳо ва

527 гектар

ангурзор аз нав барқарор гардиданд.


Реклама на asia+

Дар маҷлиси Шӯрои намояндагони МО ҶТ «Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои СҲШ» баррасӣ шуд

0


Дирӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев маҷлиси Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.





 

Дар он «Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории дарозмуддати давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», «Тартиби инъикоси кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм», «Тасдиқи созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи омаду рафти бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит намудани фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи низомномаи фаъолияти прокурори низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи маҷлиси якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати сеюм» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси нмояндагон Олимҷон Салимов ва мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Шарофиддин Зоҳиров дар бораи аҳамияти ин қарору қонунҳо ибрози ақида намуданд.




 

Баъзе қонуну қарорҳои муҳокимагардида барои баррасӣ ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон даъвати сеюм ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


Реклама на asia+

Пагоҳ дар масоҷиди ҷумҳурӣ ба муносибати Иди Фитр намози ид баргузор мешавад

0


Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ, соати 8-и субҳ дар масоҷиди ҷумҳурӣ ба муносибати Иди Фитр намози ид баргузор мешавад.




Аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чунин қарор дар ҷаласаи шӯро, ки ба муносибати Иди Рамазон доир гашт, қабул карда шуд.



Бино ба иттилои мнбаъ, дар ҷаласаи шӯро ҳамзамон масъалаи таҷлили ҷашни 1310-умин солгарди асосгузори мазҳаби ҳанафия дар ислом Имоми Аъзам дар соли 2009 низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.



Зикр гардид, ки тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми сентябри соли ҷорӣ, бояд дар намози ҷумъа дар масҷидҳо оид ба ҳаёту фаъолияти Имоми Аъзам маъвизаҳо қироат карда шаванд.




 



Реклама на asia+