Вазорати умури дохилӣ шахсони шубҳаноки атрофи Мирзохӯҷа Аҳмадов ҷамъомадаро аз қаламрави водии Рашт хориҷ кард

Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тақрибан 50 нафар заноне, ки субҳи 30-уми сентябр дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор намуда буданд, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки аз шахсони шубҳаноке, ки атрофи ӯ ҷамъ омадаанд, […]



Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Тақрибан 50 нафар заноне, ки субҳи 30-уми сентябр дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор намуда буданд, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки аз шахсони шубҳаноке, ки атрофи ӯ ҷамъ омадаанд, халос шавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Муҳаммадулло Асадуллоев хабар дод.






Ба қавли ӯ, занон аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки ахиран дар гирду атрофи М.Аҳмадов шахсони шубҳаноке ҷамъ омадаанд, ки сокинони ин минтақа нестанд ва онҳо соҳиби силоҳи ғайриқонунӣ ҳам мебошанд.





«Худи ҳамон рӯз кормандони Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар ҳамдастӣ бо намояндагони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, ки баҳри таъмини амнияти президенти Тоҷикистон зимни сафар ба водии Рашт дар он ҷо ҳузур доранд, ин шахсони шубҳанокро аз қаламрави минтақа хориҷ карданд», – афзуд манбаъ.





Ёдрас мекунем, ки имрӯз боздиди кории дурӯаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт оғоз мегардад.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.