Ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои СААД дар Осиёи Марказӣ нуфузи Русияро дар минтақа тақвият хоҳад бахшид, – назари коршиноси сиёсӣ

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси сиёсии тоҷик Парвиз Муллоҷонов мӯътақид аст, ки ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ нуфузи бартариятноки Русияро дар минтақа тақвият бахшида, барои вуруди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) боз як монеъае эҷод хоҳад сохт.




«Дар оянда барои Тоҷикистон ташкили чунин гурӯҳи нерӯҳо ҷиҳати кафолати таъмини амният ҳангоми ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя манфиатовар хоҳад буд, вале танҳо дар сурате, ки аз Тоҷикистон хароҷотҳои молиявӣ талаб карда нашавад», – гуфт ӯ.



Коршиноси сиёсӣ ҳамчунин таъкид сохт, ки «гурӯҳ на барои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо, балки бояд барои дифоъи кишварҳои минтақа аз таҳдидҳои берунӣ истифода шавад».



П.Муллоҷонов ёдовар шуд, ки чунин масъала ҳанӯз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта рӯйи кор омада буд, вале ба иллати норасоии захираҳову воситаҳои зарурӣ ва норозигии чанде аз кишварҳо он то имрӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст. «Айни замон захираву воситаҳои молиявӣ басанда аст ва ба фикри ман, дигар ҳеҷ садду монеъае барои ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд надорад», – афзуд коршинос.



Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми сентябр дабири кулли СААД изҳор дошт, ки «дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд».



Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.



«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», – афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.



Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


Реклама на asia+

Дар Душанбе роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири хадамоти махсуси ИДМ ҷамъ меоянд

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 18-20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе дидору мулдоқоти навбатии ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва гумруки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаркулманофеъ (ИДМ) доир мегардад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод.




Ба гуфтаи ӯ,

 

дар мулоқот масоили баргузории амалиёти муштарак, тарзҳои ҷустуҷӯ ва ошкор сохтани гурӯҳҳои ҷинояткори байнидавлатӣ ва табодули иттилоот дар мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



«Мулоқот таҳти раисии сардори Дафтари ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфноки Кумитаи иҷроияи ИДМ, генерал лейтенанти милиса Александр Боков баргузор хоҳад шуд», – изҳор дошт манбаъ.

 



Реклама на asia+

Сафири тозатаъини Олмон ба Ҳ.Зарифӣ нусхаи эътимодномаҳоро супурд

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз сафири тозатаъини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Дорис Хертрампф ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зрифӣ нусхаи эътимодномаҳоро супурд.




            Дар мулоқоти баъди маросими қабули эътимоднома доиргашта як қатор масоили муносибатҳои ду


ҷ


онибаи То


ҷ


икистону Олмон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷонибҳо атрофи масоили муҳими минтакавиву байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Реклама на asia+

Дар минтақаи шарқи Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расид

0




Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шарқи Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расид.








Мувофиқи маълумоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ронандаи автомашинаи борбардори «КАМАЗ-53-20» Давлат Бӯриев дар километри 34-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини сабукрави «ВАЗ-21-06»-и Ҷалолиддин Табаров бармехӯрад.







«Бар асари бархӯрд ронандаи автомашинаи сабукрав ва ду нафар мусофирони он дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд», – изҳор дошт манбаъ.







Ба гуфтаи намояндаи Вазорати умури дохилӣ, аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.




Реклама на asia+

Ҳунармандони Театри ҷавонон за озмуни байналмилалӣ бо ду ҷоиза ба ватан баргаштанд

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дастаи ҳунарии Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз Ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии театрҳои Осиёи Марказӣ бо мукофотҳо ба ватан баргашт.




Муовини директори театр Зиёбой Тошев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар озмун, ки рӯзҳои 2-6-уми сентябр дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор шуд, намоишномаи «Зани сарватманд» ба маърази тамошо гузошта шуд. Намоишномаро аз рӯи песаи драматурги озарбойҷонӣ Алӣ Амирлӣ коргардон, Ҳунарманди Халқии ҷумҳурӣ Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Маҳз ҳамин намоишнома соҳиби ду мукофот – «Ба дастаи беҳтарини актёрон» ва «Ба нақши беҳтарини мардона» соҳиб гардид. Мукофоти дуввум насиби Ҳунарманди Халқии Тоҷикистон Насриддин Нуриддинов шуд.



Ёдрас мекунем, ки озмунро Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон созмон додааст. Ҷашнвораи нахустин соли 2006 доир гашта, барои эҳёи арзишҳои умумии фарҳнгии кишварҳои минтақа саҳми босазо гузошт.


Реклама на asia+

Сафири Тоҷикистон дар Русия: Дар байни фавтидагони суқути ҳавопаймо дар Перм шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар байни фавтидагони суқути ҳавопаймо дар Перм шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.




Ёдрас мекунем, ки


ҳавопаймои мусофирбари Боинг-737, ки ба ширкати “Аэрофлот-


North


” тааллуқ доштааст, ҳини нишаст дар фурудгоҳи шаҳри сибирии Перм суқут кард. Ҳама 88 сарнишин ба ҳалокат расиданд.



 





 



Дар миёни қурбониҳои ин фоҷеа дар баробари сокинони Русия инчунин шаҳрвандони Озарбойҷон, Украина, Фаронса, Швейтсария, Латвия, ИМА, Олмон, Туркия ва Итолиё буданд. Хабаргузории Интерфакс мегӯяд, ки ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо аллакай мавриди таҳқиқи гурӯҳи тафтишотӣ қарор дода шудааст. Ҳавопаймои мазкурро “Аэрофлот” аз ширкати


Pinewatch




Limited


, воқеъ дар Дублин охирҳои моҳи июли имсол то моҳи марти соли 2013 ба иҷора гирифтааст.

  





Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба Д.Медведев ҳамдардӣ изҳор намуд

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон имр


ӯ


з ба унвони Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев барқияи ҳамдард


ӣ


фиристод.




Дар он, аз


ҷ


умла, гуфта мешавад: «Аз хабари ба фалокат дучор гардидани ҳавопаймои мусофирбар, ки дар нати


ҷ


аи он теъдоди зиёди одамон ҳалок шудаанд, хеле анд


ӯ


ҳгин гардидам. Дар ин лаҳзаҳои пур аз ғаму анд


ӯ


ҳ ба Шумо аз номи халқ ва Ҳукумати


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон аз таҳти дил ҳамдард


ӣ


баён менамоям. Аз Шумо хоҳишмандам, ҳамдардии моро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони халокшуда бирасонед».


Реклама на asia+

Соли 2009 – расман соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гардид

0


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар фармон , аз ҷумла хизматҳои таърихии фарзанди барӯманди

 

халқи тоҷик Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (Имоми Аъзам) дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ ва аҳамияти калон доштани мероси динӣ-ҳуқуқии ӯ дар ташаккул ва инкишофи худшиносии

 

миллӣ қайд карда шудааст.




Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар мӯҳлати ду моҳ барои амалӣ намудани Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.





Маълумотнома:




Барои суннимазҳабон Абӯ Ҳанифа Нӯъмон ибни Собит машҳур ба Имоми Аъзам (699—767)

 

донишманди забардасти илми фиқҳ ва ҳадис, пешво ва имоми аъзам шуморида мешавад. Вай мувофиқи тақозои замон ва макон амал карданро яке аз фаризаҳои асосии ислом медонист. Имоми Аъзам дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоъӣ ғайр аз дастури китоби муқаддас, суннатҳо боз ба фикру андешаи мардум (иҷмоъ), назариёти шахсони фозилу барӯманд, қиёс, далел ва мантиқ ва қазовати солим такя мекард.



Бо саъю кӯшиши Абӯ Ҳанифа ва пайравони мактаби мазҳабии вай ислом барои мардуми Эрон мувофиқ ва созгор гардонда шуда буд ва ба ин васила дар байни онҳо интишор ёфта ва аз пуштибонии васеъ бархӯрдор гардид ва ҷузви лоянфаки ҷомеаи эронӣ шуморида шуд. Аммо он чи ки Имоми Аъзамро бузург ва барҷаста гардонидааст, иборат аз он аст, ки вай дар як замони пуршиддати таъсуботи қавмӣ ва забонии арабҳо аз забони форсии дарӣ пуштибонӣ ба амал оварда буд ва онро забони дину ойин, таъбиру тафсир ҳукм намуд. Забони форсӣ соҳиби таърихи бостонӣ буд, ҳатто рӯҳониёни араб ҳам эътироф карда буданд, ки Иброҳим ва писараш Исмоил ба форсӣ сӯҳбат мекардаанд, дар аҳодиси набаввӣ форсӣ забони аҳли биҳишт дониста шудааст. Дар хилофати ислом ҳам тамоми коргузории идории халифаҳои ислом то соли 700 мелодӣ ба форсӣ сурат мегирифт. Вақте ки таъқибу фишор ва арабигардонӣ дар хилофати Умавиҳо шиддат гирифт, Имоми Аъзам боз ҳам аз худ ҷасорат, мардонагӣ ва фидокорӣ нишон дода, забони форсии модарии худро забони расмии динӣ эълон намуда буд. Вилояти Парвон дар шимоли Кобул зодгоҳи вай шумурда мешавад. Вақте ки Имоми Аъзам дар муқобили таъассуби шадиди арабҳо форсиро дар паҳлӯи забони арабӣ забони дину ойин эълон кард, бо ин иқдоми ҷасуронаи худ вай на танҳо миллати эронии худро аз маҳвшавӣ наҷот дод, балки мардумони Қафқоз, канораҳои Волга, туркҳо, ҳиндуҳо, чиниҳо, индонезиҳо, малазиягиҳоро, ки баъдан ба ислом гаравиданд, аз сарнавишти талхи мусулмонони қисмати ғарбии хилофати араб раҳоӣ бахшид.


Реклама на asia+

Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бар асари задухӯрди мусаллаҳона марзбонон ҳалок шуданд

0



        




      

Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар самти Шӯроободи сарҳади Афғонистону Тоҷикистон (250 километри ҷанубии Душанбе) бар асари задухӯрди мусаллаҳона ду марзбони

 

тоҷик ба ҳалокат расиданд.





           

«Шабона гурӯҳи масъули мудофиаи сарҳад бо марзшиканони афғон дучор гашта, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад ва дар натиҷа лейтенант Ибодулло Исҳоқов ва сарбози қаторӣ Наврӯзмалик Каримов кушта мешаванд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Бино ба иттилои манбаъ, задухӯрд зиёда аз ду соат идома ёфта, марзшиканонро аз қаламрави Афғонистон низ бо оташфишонӣ дастгирӣ намудаанд. «Ба марзшиканони афғон муяссар гашт, ки дар қаламрави Афғонистон худро паноҳ гиранд», – афзуд сарчашма.


Реклама на asia+

Сандуқи қарзии ҶСК «Ориёнбонк» ба 611 082 ҳазор сомонӣ баробар шуд

0


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ба санаи 1 сентябри соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 611 082 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.




Сохтори соҳавии қарзгузорӣ дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:



Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 79,58%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 15,24%; корхонаҳои давлатӣ – 1,35% ва шахсони воқеӣ – 3, 83%.



Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 51,72%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 19,83%; корхонаҳои давлатӣ – 28,24% ва шахсони воқеӣ – 0,21%. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.





Маълумотнома:




Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.




 



 

Реклама на asia+