Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ доир гардид.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони як қатор иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро, ки дар ин хусус зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, муҳокима намуданд.



«Ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва фароҳам сохтани шароити мусоиди кору зисти онҳо дар Русия табодули афкори судманд сурат гирифт», – афзуд манбаъ.




 

Реклама на asia+

Ҳаҷми интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон коҳиш ёфт

0


Душанбе. 5-уми сентябр – Ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон панҷоҳ дар сад коҳиш ёфтааст. Иллаташ напардохти маблағ шарҳ дода


мешавад.




Мақомоти ширкати Тоҷикгаз

 

– ниҳоди масъули ин соҳа мегӯянд, рӯзи 3-


уми


сентябри соли равон аз «Узтрансгаз»-и Ӯзбакистон хабар расидааст, ки ба иллати напардохтани маблағи истифодаи гази табиӣ онҳо даст ба коҳиши интиқоли он задаанд. Коҳиши интиқоли гази табиӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи шарифи Рамазон идома дорад ва давлати Тоҷикистон низ барои аҳолии кишвар реҷаи маҳдуди истифода аз нерӯи барқро ҷорӣ кардааст.



Мақомоти корхонаи давлатии «Тоҷикгаз»- таъйид карданд, ки саривақт напардохтани маблағ ва ё қарз иллати аслии коҳиши панҷоҳдарсадии мизони интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон шудааст.



Фатҳиддин Мӯҳсиддинов – раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, дар нимаи моҳи гузашта тавониста буданд бо пардохти қисме аз ин қарзҳо ҳамтоёни ӯзбаки худро барои идомаи интиқоли гази табиӣ мутақоид кунанд. Вале бархе аз корхонаҷоти саноатии кишвар, минҷумла

 

корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе ва ширкати «Барқи тоҷик»

 

пули истифодаи газро напардохтанд ва ин амр боис шуд, ки Тоҷикистон дар назди ҳамтоёни худ дар Ӯзбакистон бештар аз панҷ миллион доллар қарздор шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Мӯҳсиддинов, ин дар навбати худ қарзи корхонаи «Барқи тоҷик» аст, ки 2,7 миллион доллар қарзро пардохт накарданд, зиёда аз як миллион доллар корхонаи тавлиди семент қарздор аст.

 



Раиси «Тоҷикгаз» гуфт, аҳолӣ наздики се миллион сомонӣ қарздор аст.



Оқои Мӯҳсиддинов гуфт, ҳеҷ гуна далел ва ё ангезае дигар барои коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад.


Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои дарёфти маблағ барои баргардонидани ин қарзро ҷустуҷӯ дорад.



Зимнан, ширкати «Барқи тоҷик» – яке аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар аст, ки дар назди «Тоҷикгаз» қарзи бештар дорад. Аммо мақомоти ин ширкат мегӯянд, бархе аз корхонаҳои саноатии кишвар ва бавижа, корхонаи арзизи тоҷик

 

мавсум ба «Талко» масрафи неруи барқро то кунун пурра пардохт накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бар пояи иттиллои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон,ин

 

корхона

 

нерӯи барқро бо баҳои арзонтарин харидорӣ мекунад. Ва ба гуфтаи масъулони ширкати «Барқи тоҷик», ин амр боис мешавад, ки

 

ин «Барқи тоҷик» дар назди корхонаҳои дигар қарздор шавад.



Коҳиши мизони интиқоли гази табиӣ ба корхонаҷот ва аҳолӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз оғози моҳи равон дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли нируи барқ тағйир ёфта, дар саросари кишвар маҳдудияти истифода аз он ҷорӣ шудааст.

 

Аз сӯи дигар, гуфта мешавад, ин амр боиси кундӣ ва ҳатто мутаваққиф гардидани фаъолияти бархе аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла

 

корхонаи сементи шаҳри Душанбе шудааст.



Бар пояи қарордоди миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар соли ҷорӣ

 

Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 650 миллион метри муккааб гази табиӣ харидорӣ хоҳад кард. Фатҳиддин Мӯҳсиддинов гуфт, то ҳамин ҳоло аз ин миқдор 350 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид

 

шудааст. Раиси ширкати Тоҷикгаз вобаста ба болоравии баҳои гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ имкони тағйири шароити созишнома бо Ӯзбакистон ва афзоиши баҳои ин маводи сӯхтро дар соли оянда баъид намедонад. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон аз Ӯзбакистон барои ҳар як ҳазор метрии мукааб 180 доллар пардохт мекунад.



Давлати Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти камбуди гази табиӣ дар кишвар талош дорад аз манобеъ ва захоири худ истифода кунад. Ва дар ин замина барномаҳои муштаракеро бо ширкатҳои амрикоӣ ва русӣ

 

рӯи даст гирифтаст.


Дар ҳоли ҳозир, ширкати «Тетис–Петролиум лимитед»-и Амрико ва ширкати «Газпром»-и Русия ба кашф ва истихроҷи захоири газ дар Тоҷикистон пардохтаанд. Дмитрий Медведов, раисҷумҳури Русия зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар поёни моҳи гузашта ҷониби Тоҷикистонро итминон дод, ки то 2- 3 соли баъд ин кишвар имкони бо гази табиъии дохилӣ

 

таъмин кардани худро пайдо хоҳад кард.


Реклама на asia+

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ба интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош» кӯмаки башардӯстона расониданд

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон бори дигар ба хона-интернати маъюбон ва пиронсолони «Батош»-и шаҳри Турсунзода кӯмаки башардӯстона расонид, ки аз маводи ғизоӣ, молҳои хоҷагӣ ва дорувор иборат буд.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бо мақсади иҷрои амри сарвари давлат дар бораи кӯмаки моддӣ ба маъюбону пиронсолон, иштирокчиёни ҷанг ва оилаҳои камбизоат агентӣ аз соли 2001 то имрӯз ба интернати «Батош» ба маблағи 42 ҳазору 364 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонидааст.



«Ғайр аз маводи ниёзи аввалия,

 

ҳамчунин бошандагони интернат бо молҳои маишӣ, аз қабили телевизор,


DVD


, антеннаҳои моҳвораӣ, яхдон ва бозиҳои рӯимизӣ таъмин карда шуданд», – афзуд манбаъ.


Реклама на asia+

Бо қарори додгоҳ собиқ корманди радиои «Озодӣ» дар ҷои кори пешинааш барқарор гардид

0


          



           

Душанбе. 5-уми сентябр. – Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоӣ аз рӯи даъвои журналист Холиқи Сангин алайҳи радиои «Озодӣ» ба фоидаи журналисти тоҷик ба итмом расид.





           

Ҳамоҳангсози Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Воҳидов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки суд радиоро муваззаф кардааст, ки музди давраи бекорбудаи рӯзноманигорро пардохт намояд.




           

«Ҳалнома то ҳанӯз ҳукми қонуниро нагирифтааст ва дар сурати норизо будан ҷонибҳо метавонанд шикояти кассатсионӣ баранд», – зикр кард манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи мазкур моҳи ноябри соли 2007 оғоз гардида буд. Холиқи Сангин даъво оварда буд, ки қарордоди меҳнатӣ бо ӯ аз ҷониби радиои «Озодӣ» ғайриқонунӣ бекор шудааст ва талаб дошт, ки радио ба ӯ 50 ҳазор доллари ИМА товони зарари маънавӣ диҳад.


Реклама на asia+

Раиси шаҳри Душанбе дар пешорӯи ҷашни Истиқлол ба сокинони пойтахт ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ кӯмаки моддӣ расонд

0


      



           

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раис шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи таҷлили ҷашни 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳудуди 8 ҳазор оилаҳои камбизоат ва дигар сокинони пойтахт ба маблағи 1,2 млн. сомонӣ кӯмаки моддии яквақта намуд.





           

Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов изҳор дошт, ки маблағи умумии кӯмак аз 1,2 млн. сомонӣ бештар буда, он барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни рафъи садамаи Пойгоҳи атомии Чернобил, оилаҳои саробонашонро гумкарда дар замони ҷанг барои барқарор сохтани сохти конститутсионӣ, коргарони муассисаҳои истифодабарии роҳ ва дигарон пешбинӣ гардидааст.


Реклама на asia+

Дар Қирғизистон ашъори Рӯдакӣ ба се забон нашр шуд

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Нашриёти «Олтин тамға»-и Қирғизистон ма


ҷ


м


ӯ


ъаеро бо номи «Р


ӯ


дак


ӣ


– Одамушшуъаро» аз дасти чоп баровард.




Гирдоваранда ва масъули нашри он устоди Донишгоҳи байнулмилалии Қирғизистон Шоистаи Равшан мебошад. Ба ин китоб профессор Михаил Рудов дебоча навиштааст.




 


          

Дар китоб ашъори устод Р


ӯ


дак


ӣ


ба забонҳои то


ҷ


ик


ӣ


, рус


ӣ


ва қирғиз


ӣ


ба табъ расидааст. Тар


ҷ


умаи ин шеърҳо аз то


ҷ


ик


ӣ


ба русиву қирғиз


ӣ


аз тарафи шоирони қирғиз ва рус ан


ҷ


ом пазируфтааст.




 


          

Шоистаи Равшан дар як с


ӯ


ҳбати ихтисос


ӣ


бо радиои Озод


ӣ


перомуни нашри ин китоб гуфт, ки шоири бузург, бунёнгузори адабиёти форсу то


ҷ


ик барои аҳли башар мероси гаронбаҳоеро аз худ гузоштааст.




 


          

Вай афзуд, ки ин ашъор дар қарни 21 низ ба дарди ҳама мудавво ва


ҷ


авобг


ӯ


ст: «Аб


ӯ


абдуллоҳи Р


ӯ


дак


ӣ


шоирест, ки умқи зиндагии р


ӯ


згори инсонҳоро ом


ӯ


хтаву таҳлил намуда ва бардоштҳои хирадмандонаи худро чун қомуси зиндагиномаи инсон


ӣ


ба одамон пешкаш кардааст».




 


          

Дар ашъори боқимондаи устод Р


ӯ


дак


ӣ


, аз


ҷ


умла, фалсафаи ҳаёт, маргу зиндаг


ӣ


, мавз


ӯ


ъҳои ахлоқ


ӣ


ва зарурияти дониш анд


ӯ


хтан баррас


ӣ


шудааст.


 

Реклама на asia+

А.Азимов: «Дар Тоҷикистон маводи нашъадор истеҳсол карда намешавад»

0


         


Душанбе. 5-уми сентябр – Котиби Ш


ӯ


рои амнияти То


ҷ


икистон Амонқул Азимов 3 сентябр баъди ан


ҷ


ом ёфтани ма


ҷ


лиси Кумитаи котибони Ш


ӯ


роҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти даста


ҷ


амъ


ӣ


дар шаҳри Ереван барои хабарнигорон нишасти матбуот


ӣ


ташкил намуд. Вай зикр намуд, ки дар То


ҷ


икистон маводи нашъадор истеҳсол карда намешавад. Вале мамлакат ба проблемаҳои қочоқи маводи нашъадор аз мамлакати ҳамсоя ба воситаи қаламрави худ муво


ҷ


еҳ гардидааст.




Ба қавли Амирқул Азимов, вазъияти паҳн намудани маводи нашъадор аз Афғонистон ба воситаи қаламрави мамлакатҳои Осиёи Марказ


ӣ


мисли пештара ташвишовар аст. Сол то сол зиёд гардидани масоҳати кишти к


ӯ


кнор дар Афғонистон сабаби афзудани истеҳсоли маводи нашъадор ва муташанни


ҷ


гардидани вазъият дар мамлакатҳои ҳамсоя мегардад.



Соли 2007 дар Афғонстон 8200 тонна маводи нашъадор истеҳсол карда шуд. 15 фоизи он ба воситаи роҳи шимол


ӣ


, яъне қаламрави


ҷ


умҳуриҳои То


ҷ


икистону


Ӯ


збекистон ва Туркманистон интиқол дода мешавад. Амирқул Азимов зикр намуд, ки дар То


ҷ


икистон барои бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъадор тадбирҳои самарабахш андешида мешаванд.




 



 

Реклама на asia+

Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод

0


            Душанбе. 5-уми

 

сентябр.  – Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон заминларзаи навбатӣ рух дод.


Заминларза соати 9-у 58 дақиқаи вақти Душанбе ба амла омада ,маркази он дар масофаи 298 километрии самти ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буда, қувваи он дар он ҷо тақрибан 5-6 баллро ташкил дод.







Қувваи зилзила дар шаҳри Душанбе қариб ба 3-4 балл баробар буд. То ҳол дар бораи хисороти заминларза маълумоте ба даст наомадааст.



Қобили зикр аст, ки ахиран заминларза дар Тоҷикистон 1-уми сентябр ба қайд гирифта шуда буд, ки дар маркази заминҷунбӣ қувваи он 6 баллро ташкил дода, дар Душанбе қувваи он ба 4 балл баробар буд.


Реклама на asia+

Шаҳрванди Уганда, ки бо маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардида буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

0



           

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Уганда – хонумеро, ки охирҳои моҳи майи соли равон аз ҷониби гумрукчиёни фурудгоҳи пойтахт бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардида буд, ба 19 соли зиндон маҳкум намуд.





           

Аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тибқи моддаҳои 32, 200 ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома эълон шудааст.




           

Ёдовар мешавем, ки нозирони хадамоти гумруки фурудгоҳи пойтахт ҳангоми азназаргузаронии бағочи шаҳрванди Уганда аз он ба миқдори 30 кило маводи сахттаъсири героин дарёфт намуда буданд, ки боздоштшуда мехост онро ба Туркия интиқол диҳад.


Реклама на asia+

Ҳафтаномаи «Нигоҳ барои нашри номаи кушод унвонии президент ба додгоҳ кашида шуд

0


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳайати кормандони ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Нигоҳ» имрӯз ният доранд, бинобар дучор гардиданашон ба таъқиботи судӣ дар чанд моҳи ахир нишасти матбуотӣ доир намоянд.




Дар сӯхбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси ҳафтанома Саймуддин Дӯстов изҳор дошт, ки дар таърихи 5-уми июни соли ҷорӣ дар нашрия номаи кушоди шаҳрванд Зулфия Алиева чоп гардид, ки дар он ӯ аз фиребгарии шаҳрванд Сайфулло Лоиқов, ки дар харидуфурӯши ғайриқонунии хонаи ӯ миёнарав будааст, шикоят карда буд.



Номбурда мегӯяд, пас аз як ҳафта ба идораи ҳафтанома шахсе омада, худро Сайфулло Лоиқов муаррифӣ намуд ва далелҳои дар нома ҷойдоштаро рад кард, ки ин раддияи ӯ дар шумораи навбатии ҳафтанома ба табъ расид.



«Сарфи назар аз ин, С.Лоиқов бо аризаи даъвогӣ аз болои З.Алиева ва ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба додгоҳ шикоят бурд, – зикр кард сарчашма. – Дар аризаи даъвогӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ С.Лоиқов барои хисороти маънавии ба ӯ расонидашуда 30 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ талаб кардааст».


Реклама на asia+