Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ кард

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ доир гардид. Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба мавриди […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар вазорати умури хориҷии Русия мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамрохон Зарифӣ доир гардид.




Роҳбари департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.



Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи тезонидани амалисозии сохтмони як қатор иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистонро, ки дар ин хусус зимни боздиди расмии президенти Русия Дмитрий Медведев аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил шуд, муҳокима намуданд.



«Ҳамчунин атрофи масъалаҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва фароҳам сохтани шароити мусоиди кору зисти онҳо дар Русия табодули афкори судманд сурат гирифт», – афзуд манбаъ.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.