Д.Робсон: То ахири сол Tethys таъмини як ноҳияи Тоҷикистонро бо газ дар нақша дорад

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати «Tethys Petroleum Limited» ояндаи наздик ният дорад, дар майдонҳои нафту газдори Тоҷикистон корҳои тадқиқотии ба заминларза тобовар будан

 

ва дигар корҳои иктишофиро шурӯъ намояд. Президенти ширкат Девид Робсон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ширкат барои гузаронидани корҳо иктишофиву ҷустуҷӯӣ дар 56 майдонҳои нафтугаздори ҷумҳурӣ иҷозатнома гирифтааст.




Тибқи созишномаи имзошуда миёни ширкат ва вазорати энергетикаву саноати Тоҷикистон, ширкат на танҳо ба иктишофу ҷустуҷӯи конҳо ва истихроҷи нафту газ машғул мешавад, балки ҳамчунин конҳои кӯҳнаро низ таъмиру таҷдид хоҳад кард.



Д.Робсон иттилоъ дод, ки рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон тамоми таҷҳизоти зарурӣ оварда мешавад. «Буҷаи таҳқиқотӣ ва барқарорсозии конҳо барои 12 моҳи минбаъда 20 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад», – гуфт президенти ширкат.



Номбурда зикр кард, ки то ахири сол ширкат таъмини як ноҳияи Тоҷикистонро бо газ дар нақша дорад. «Айни замон ширкати байнулмилалии «Tethys Petroleum Limited» дар якчанд самт фаъолият дорад ва яке аз онҳо қисман ҳал кардани мушкилоти таъмини Тоҷикистон бо нафту газ дар фасли сармо аст», – гуфт Д.Робсон ва афзуд, ки айни замон дар ду кон – кони Комсомол дар наздикии шаҳри Душанбе ва кон дар минтақаи Кӯлоб тарзҳои зудтару осонтари коркарду истихроҷи газро меомӯзанд ва шояд истеҳсоли он дар як вақт дар ду кон оғоз гардад.



Дар шарҳи гуфтори президенти Русия Д.Медведев оид ба дар муддати 2-2,5 сол бо гази худӣ таъмин гардидани Тоҷикистон, президенти ширкат изҳор дошт, ки «ба ин ноил гаштан мумкин аст, вале танҳо пас аз 3-4 сол».



Д.Робсон мегӯяд, ки рақобатро дар бозори истеҳсоли газ дар Тоҷикистон хуш мепазирад. «Агар дар як кишвар якчанд ширкатҳо кор кунанд, ин хеле хуб аст, зеро бо ҳамдигар метавон табодули таҷрибаву афкор намуд, – гуфт ӯ. – Агар ширкати «Газпром» ба дарёфти коне муваффақ гардад, пас мо ҳам боварӣ ҳосил хоҳем кард, ки кӯшишамон барабас нахоҳад буд».




 



 

Реклама на asia+

Дар Душанбе масоили содироти маҳсулоти меваю сабзавот баррасӣ мешаванд

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Шӯрои Кумитаи назоратии лоиҳаи «Рушди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, масоили содироти маҳсулоти меваю сабзавот баррасӣ мешаванд.




Мушовири миллӣ оид ба масоили робита бо ҷомеаи лоиҳа Абдулфаттоҳ Шафиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар ҷаласа масоили марбут ба фаъолияти лоиҳа, мушкилот ва монеъаҳои бахши коркарди меваву сабзавот, содироти он ба хориҷи кишвар, дастовардҳои соҳа ва роҳҳои вусъат бахшидани фаъолияти он муҳокима хоҳанд шуд.



Ба ҳайати Кумита намояндагони вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, вазорати кишоварзӣ, Агентии стандартикунонӣ, метрология, гувоҳномадиҳӣ ва нозироти андоз, Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази байнулмилалии тиҷорат ва бахши хусусӣ шомил мебошанд.


Реклама на asia+

Дар Хуҷанд мағозаи китоби «Ганҷина» боз шуд

0


Хуҷанд. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Хуҷанд мағозаи китоби «Ганҷина» боз шуд.




Мудири шӯъбаи таҳлиливу иттилоотии ҳукумати шаҳри Хуҷанд Маҳмудҷон Иброҳимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мағозаи нав дар кӯчаи марказии шаҳр, назди факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ гардидааст.



Ба алоқамандони китоб асарҳои илмӣ, адабӣ, адабиёти кӯдакона ва дигар навгониҳои соҳаи нашри китобу китобдорӣ пешкаш карда шудаанд.


Реклама на asia+

Қотили омӯзгори ДДМТ ба ҳабси якумра маҳкум гардид

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додситонии шаҳри Душанбе сокини шаҳри Душанбе, Сӯҳроб Тангриеви 23-соларо ба ҳабси якумра дар зиндони низоми махсус маҳкум кард.




Раиси мурофиа, додрас Фахриддин Дадометов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки С.Тангриев тибқи моддаҳои 104, қ. 2 (Одамкушӣ) ва 244, қ.2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Дуздӣ) гунаҳкор дониста шуд.



Ба иттилои манбаъ, дар таърихи 25-уми апрели соли ҷорӣ С.Тангриев тағои худ Яшин Юлдошев ва ҳамсари ӯ Роҳиларо ба қатл расонида, пулҳои дар хона бударо низ барои гузаронидани ҷашни зодрӯзаш медуздад.



Я.Юлдошев муддати солҳои тӯлонӣ дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият намудааст.


Реклама на asia+

Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи китоб таҷлил мегардад

0




Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Тоҷикистон ҷашни Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Ҷашни мазкур бо ташаббус ва пешниҳоди сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.








Мудири Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ Шариф Тошев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар доираи баргузории чорабинии идона вохӯрии роҳбарияти китобхона бо алоқамандони китоб доир мегардад.



Дар мулоқот олимон, рӯзноманигорон, донишҷӯён, кормандони китобхонаҳои пойтахт ширкат варзида, дар мавзӯи таърихи китоб ва китобхонадорӣ конфронс баргузор мешавад.




Ба қавли Ш.Тошев, дар толори китобхона намоишгоҳи китобҳои адабиёти классикии тоҷик ва хориҷӣ ташкил карда шудааст.






Реклама на asia+

Дар Душанбе перомуни дар фасли тобистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе перомуни дар фасли тобистон интиқол додани нерӯи барқи зиёдатӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон тавофуқ ҳосил шуд. Дар иттилоияи Бонки рушди Осиё гуфта мешавад, ки созишномаи харидории нерӯи барқ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи минтақавии мутттаҳидсозии хатҳои интиқоли барқ, ки соли 2006 аз ҷониби бонк маъқул шуморида шуда буд, 29-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид. Зери санад раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев ва президенти ширкати энергетикии


DABM


-и Афғонистон Ғулом Раббонӣ имзо гузоштанд.

 





Тибқи маълумоти Бонки рушди Осиё, дар чаҳорчӯбаи амалисозии лоиҳаи мазкур хати интиқоли барқи ду силсиладори 220 кВ сохта мешавад, ки нерӯгоҳҳои дарёи Вахшро бо шаҳри наздисарҳадии Шерхон Бандар ва сипас шаҳрҳои Қундуз, Баглад, Пули Хумрӣ ва Кобули Афғонистон мепайвандад.



Лоиҳа ҳамчунин барои таҷдиди низоми мавҷудаи соҳаи энергетика дар Тоҷикистон ҷудо кардани маблағҳоро пешбинӣ менамояд, ки он имкон медиҳад дар фасли зимистон норасоии барқ коҳиш дода шуда, аз ҳисоби афзоиши истеҳсол ва коҳиши талафоти техникии нерӯи барқ боз 320 гигаватт/соат нерӯи барқи иловагӣ дар як сол тавлид гардад.



Сармутахассиси бонк оид ба энергетика Ҷим Листон изҳор доштааст, ки лоиҳа таъмини барқро дар кишварҳо беҳбуд бахшида, арзиши онро барои истеъмолгарон камтар мекунад ва ба Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки дар фасли гармо то 300 мегаватт нерӯи барқи иловагиро ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.



Фоидаи умумии иқтисодии ҳамкории минтақавӣ аз амалисозии лоиҳа 114 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки миёни кишварҳо баробар тақсим хоҳад гардид.



Аз воситаҳои имтиёзноки Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон 21,5 млн. ва Афғонистон 35 млн. доллари амрикоӣ ба муддати 32 сол қарз ихтисос дода мешавад. Давраи имтиёзноки қарз 8 сол буда, пардохти фоизи қарз дар давраи имтиёзнок 1 дарсад ва дар давраи боқимонда 1,5 дарсадро ташкил медиҳад.



Маблағи умумии лоиҳа ба 109, 5 млн. доллари амрикоӣ баробар аст. Ба лоиҳа ҳамчунин Фонди кишварҳои нафтрасон (ОПЕК), Бонки исломии рушд, Фонди трастии бозсозии Афғонистон ва ҳукуматҳои Тоҷикистону Афғонистон низ маблағгузорӣ менамоянд.



Ширкати «Барқи тоҷик» ва Вазорати энергетика ва захираҳои обии Афғонистон дар ин лоиҳа агентиҳои иҷрокунанда маҳсуб мешаванд.




Маълумотнома:



Дафтари кории Бонки рушди Осиё дар шаҳри Манила ҷойгир шуда, самти афзалиятноки фаъолияти он тавассути рушди ҳамаҷонибаи иқтисод, тавсеъаи босуботи экологӣ ва ҳамгиройии минтақавӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад. Айни замон дар 67 кишварҳои дунё шӯъбаҳои бонк фаъолият доранд, ки 48-то аз ин шӯъбаҳо дар кишварҳои минтақа ҷойгиранд. Соли 2007 Бонки рушди Осиё ба маблағи умумии 10,1 млрд. доллари амрикоӣ пешиҳоди қарзҳо, ба маблағи 673 млн. доллари амрикоӣ додани бурсҳо ва ба маблағи 243 млн. доллари амрикоӣ расонидани кӯмаки техникиро маъқул шуморид.


Реклама на asia+

Шоираи тоҷик Дилором ба «рӯйхати кӯтоҳи» довталабони ҷоизаи «Иттиҳоди бозёфтҳо-2008» шомил гаштааст

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Кумитаи тадорукоти Ҷоизаи байнулмилалии «Иттиҳоди бозёфтҳо-2008» «рӯйхати кӯтоҳи» довталабони то синни 35-соларо интишор намуд. Ба он осори эҷодиёти 19 шоир аз 10 кишвар – Арманистон, Озарбойҷон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Украина дохил шудаанд.




Дар маҷмӯъ, барои иштирок дар озмуни имсола беш аз 100 шоирон аз кишварҳои зикргардида номнавис шуда буданд. Дар озмун ҳам шоирони русзабон ва ҳам шоирони миллӣ иштирок доштанд. Қабл аз пешниҳод ба ҳайати ҳакамон шеърҳое, ки бо забони миллӣ навишта шуда буданд, ба забони русӣ тарҷума карда шуданд.



Ба «рӯйхати кӯтоҳи» ҷоиза шоираи тоҷик Дилором, ҳамчунин шаш нафар шоири рус, ду нафарӣ шоирон аз Белорус, Украина ва Гурҷистон ва як нафарӣ шоирон аз Арманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Молдова ва Қазоқистон шомил шудаанд.



Қобили зикр аст, ки ба «рӯйхати дарози» ҷоиза ҳамчунин се шоирон аз Тоҷикистон – Адиба Азизӣ, Шаҳнози Беназир ва ЖДилором номнавис шуда буданд.

 



Реклама на asia+

Намояндагони 26 кишвари дунё ба анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон ба Душанбе меоянд

0


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндаи ҷамъияти робита бо ҳамватанони бурунмарзии «Пайванд»-и Тоҷикистон ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки барои иштирок дар анҷумани навбатии тоҷикони ҷаҳон, ки аз 5-ум то 11-уми сентябр доир мегардад, намояндагони 26 кишвари дунё ба шаҳри Душанбе меоянд.




Ба қавли ӯ, дар чорабиниҳои идона бахшида ба ҷашни 17-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 1150-умин солгарди Одамушшуаро Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар маҷмӯъ, ҳудуди 90 намояндагони диаспораҳои бурунмарзии тоҷикон ширкат хоҳанд варзид.



«Мо меҳмонони тоҷикзабонро аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Олмон, Бритониёи Кабир, Австрия, Канада, Чин, Ҳиндустон, Гурҷистон, Белжик, Исроил, Марокко, Русия, Эрон, Покистон, Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо бесаброна интизорем», – таъкид сохт сарчашма.



Бино ба иттилои сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, меҳмонони анҷуман аз аксари шаҳрҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла зодгоҳи шоир Абӯабдулло Рӯдакӣ – деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент низ боздид менамоянд. Дар ин деҳа баргузор намдани чорабиниҳои ҷашнии шоир ба нақша гирифта шудааст.





 


Реклама на asia+

Сафоратхонаи Русия дар Гурҷистон баста шуд

0


Душанбе. 3-юми сентябр – Баъд аз тасмими Гурҷистон дар бораи қатъи муносиботи дипломатӣ бо Русия имрӯз Русия сафоратхонаи худро дар Тифлис баст.




Александр Савонов-сухангӯи сафорат ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, консулгарии Русия низ бо дастури Маскав баста шудааст.



Рӯзи сешанбе Гурҷистон ба таври расмӣ эълон кард, ки баъд аз шинохти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубии Гурҷистон аз сӯи Русия Гурҷистон муносиботи дипломатиашро бо Руссия қатъ мекунад. Аммо вазорати хориҷаи Гурҷистон мегӯяд, фаъолияти консулгариашро идома медиҳад, то ба садҳо ҳазор гурҷии муқими Русия кӯмак кунад.


Реклама на asia+

Дар рейтинги ФИФА Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ танҳо як зина болотар аз ҷои охиринро ишғол мекунад

0


Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) рейтинги мақоми ҷойгиршавии дастаҳои футболи ҷаҳонро интишор сохт, ки дар он дастаи мунтахабаи футболи Тоҷикистон мақоми 154-умро ишғол мекунад.




Мувофиқи маълумоти рейтинг, Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) танҳо як зина болотар аз ҷои охиринро ишғол мекунад. Мақоми охиринро дар байни кишварҳои узви ИДМ дастаи футболи Туркманистон (зинаи 158-ум) ишғол мекунад.



Дар мақоми аввал дастаи қаҳрамони Аврупо-2008 – Испания аст. иторлиёву Олмон дар ҷойҳои дуввуму саввуманд. Дастаи мунтахаби Руси яду Зина поин фаромда, айни зам он дар мақоми 12-уми рейтин мебошад. Ӯзбекситон дар зинаи 59-ум, Қазоқистон дар зинаи 120-ум ва Қирғизистон дар зинаи 124-ум ҷойгир шудаанд.


Реклама на asia+