Моҳи шарифи Рамазон фаро расид

0

 



 

Душанбе. 1-уми сентябр – Шоми дирӯз, 31-уми август, моҳи шарифи Рамазон дар То


ҷ


икистон фаро расид. Имсол рӯзи аввали моҳи Рамазонро Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи душанбе, 1-уми сентябр, таъйин кардааст. Гуфта мешавад, рӯзи аввали Рамазон бар асоси назари уламо ва марказҳои мӯътабари исломии ҷаҳон таъйин гардидааст. 

 





 



Дар робита ба фарорасии моҳи Рамазон имр


ӯ


з Эмомал


ӣ


Раҳмон, раиси


ҷ


умҳури То


ҷ


икистон, мардуми кишварро табрик намуд. Дар табрикоти худ Эмомал


ӣ


Раҳмон ба соҳибкорону то


ҷ


ирон муро


ҷ


иат намуда, онҳоро даъват кард, ки ба нодорону камбағалон дасти хайру саховат боз кунанд.

 

Вай бо ишора ба он, ки дар кишварҳои ислом


ӣ


чун анъана дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳо ва мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефурояд, ибрози таассуф кард, ки дар То


ҷ


икистон акси ин ҳолат мушоҳида шуда, чандин сол аст, ки тамоюли болоравии арзиши озуқавор


ӣ


дар моҳи шарифи Рамазон


ҷ


араён дорад.

 


 




Тақрибан дар ҳамаи кишварҳои мусулмон


ӣ


, аз


ҷ


умла ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказ


ӣ


низ рамазон р


ӯ


зи душанбе фаро мерасад. Дар Либия бошад Рамазон имр


ӯ


з, яъне р


ӯ


зи якшанбе, шур


ӯ


ъ шуд. Аммо дар Эрон ва дар миёни аҳолии шиъамазҳаби Ироқ р


ӯ


зи сешанберо р


ӯ


зи аввали Рамазон эълон кардаанд.

 


 




Маъмулан Рамазон 29 ё 30 р


ӯ


з давом мекунад ва ну


ҷ


умшиносон мег


ӯ


янд, оғозу интиҳои он ба нав шудани моҳ дар осмон иртибот дорад. Ҳар сол рамазон 10 ё 11 р


ӯ


з барвақттар оғоз мешавад.


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон мардуми кишварро табрик кард

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишврро табрику таҳният гуфт. Дар табрикоти ӯ, аз ҷумла омадааст:




«Ҳамватанони гиромӣ! Моҳи мубораки Рамазон –

 

моҳи нузули раҳмату мағфират, файзу баракат ва иҷобати дуоҳо имсол 1-уми сентябр фаро мерасад.



Ба ин муносибат ҳамаи шумо – сокинони шарифу сарбаланди мамлакатро сидқан табрику таҳният гуфта, дар ин моҳи муборак бароятон сабру таҳаммул, бурдборӣ ва саодат орзумандам.



Рӯзадорӣ дар моҳи шарифи Рамазон, дар радифи калимаи шаҳодат, намоз, закот ва ҳаҷ кардан рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи бинои ислом буда, инсонро ба парҳезгорӣ, покӣ ва тақво, шикастани ҳавову ҳавас, ғалаба бар нафс, зудудани бадиҳо, эҳсоси шафқату бародарӣ талқин месозад. Аз ин рӯ, айёми мубораки моҳи Рамазонро, фурсати озмоиш ва сафобахшии нафси инсон гуфтаанд.



Аз ҷониби дигар, парҳезгорӣ инсонро ба роҳи рост ва некиҳо ҳидоят карда, аз корҳои ношоиста ва ахлоқи разила бозмедорад. Ба ин васила парҳезгорӣ мояи саодати инсон буда, дар ниҳоди вай решаҳои одамият, дарки зебоӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ устувор мегарданд.



Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ғамхориву дилсӯзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон, бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Паёмбари ислом дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».



Дар мавриди осонгирӣ ва гузашт дар муомилоти хариду фурӯш низ гуфтааст: «Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурӯш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад». Ҳамчунин Расули акрам мегӯяд: «Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест».



Дар арафаи моҳи шарифи Рамазон мо зимни ёдоварӣ аз фармудаҳои Расули акрам, ба соҳибкорону тоҷирон

 

муроҷиат намуда, онҳоро даъват менамоем, ки дасти хайру саховат боз кунанд, ба оилаҳои камбизоат, ятимон, пирону барҷомондагон хайру саховати худро арзонӣ доранд. Зеро Худои таъоло дар китоби Қуръони маҷид ба бандагонаш мефармояд, ки ҳар кӣ кори

 

некеро анҷом диҳад, дарҳои биҳишт ба рӯи ӯ боз аст. Ба таъбири дигар онҳое, ки

 

амали нек анҷом медиҳанд, аз баракати Худованд бенасиб намемонанд.



Бояд зикр кард, ки дар кишварҳои исломӣ дар моҳи шарифи Рамазон, амали анҷом додани кори хайрия ба таври назаррас вусъат ёфта, дар бозорҳо, дӯкону мағозаҳо нархи маҳсулот поён мефурояд. Созмону муассисаҳои хайриявӣ фаъолияти худро густариш медиҳанд. Боиси таассуф аст, ки дар мамлакати мо акси ин ҳолат мушоҳида шуда, чандин сол аст, ки тамоюли болоравии арзиши озуқаворӣ дар моҳи шарифи Рамазон ҷараён дорад. Ҳар фарди мусулмон бояд вобаста ба ин масъала андеша кунад.



Имсол оғози моҳи Рамазон бо саршавии соли нави хониш ва рӯзи дониш дар як рӯз, яъне якуми сентябр мувофиқ омад. Дар ин робита аз мақоми волои

 

илму таълим дар ислом ёдовар гардидан муносиб ва бамаврид аст.



Ислом аз оғози пайдоиши худ ба касби илму дониш аҳамияти бузургро қоил буд. Талаб кардани илм барои ҳар як мусулмон фарз буда, аз гаҳвора то гӯр ҷустуҷӯ намудани он воҷиб дониста шудааст. Бинобар ривояти таърих, фидяи озод намудани қурайшиёне, ки дар ҷанги Бадр ба дасти мусулмонон асир афтода буданд ва хондаву навишта метавонистанд, таълим додани даҳ писарбачаи Мадина муқаррар гашта буд.



Дар ин ривоят ҳикмати бузург ниҳон аст, ки дар ҳама давру замон мардумро ба маърифатпарварию донишандӯзӣ ҳидоят менамояд.



Ҳамватанони азиз!



Фаро расидани моҳи шарифи Рамазонро ба ҳамаи мардуми кишвар бори дигар муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худои таоло бароятон хонаи обод, чеҳраи ҳамеша хандону шод, лабони пур аз табассум, ризқу рӯзии фаровон, тандурустӣ, фарохдастӣ, имони комил ва илми боамал орзу дорам». Бошад, ки моҳи мубораки Рамазон айёми тоату ибодат, мактаби парҳезгорӣ, ҷавонмардиву саховат, раҳмату мағфират, оромиву осоиш ва файзу баракат дар хонадони ҳар як сокини Тоҷикистони соҳибистиқлол гардад!

»

Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




 

Реклама на asia+

Дар марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон шаҳрванди Афғонистон бо 15 кило маводи мухаддир боздошт гардид

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон шаҳрванди Афғонистонро бо 15 кило маводи мухаддир боздошт намуданд.




Муовини сардори раёсати умури дохилии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Абдураҳмон Бузмаков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ин шашумин қочоқчии маводи мухаддир аз Афғонистон аст, ки кормандони умури дохилӣ дастгир кардаанд.



«Аксари қочоқчиёни маводи мухаддири Афғонистон ба қаламрави кишвари мо тавассути ноҳияҳои Шӯрообод ва Фархор ворид мешаванд ва ин кӯшишест ҷиҳати роҳи нав пайдо намудан ба воситаи ноҳияи Ҳамадонӣ», – гуфт ӯ ва афзуд, ки соли равон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа аз шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон беш аз 200 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.


Реклама на asia+

Д.Медведев: Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистону Русия бобати истифодаи муштараки фурудгоҳи «Ҳисор» (Айнӣ) тавофуқ ҳосил карданд.




«Мо дар бораи истифодаи муштараки ин фурудгоҳ аз ҷониби вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ва анҷоми сохтмони як қатор иншоот дар он ҷо тавофуқ ҳосил намудем», – гуфт президенти Русия Дмитрий Медведев.



Д.Медведев изҳор дошт, ки зимни гуфтушунид ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, зеро айни замон «он ба имконоти мавҷуда ҷавогӯ нест».



Дар мавриди иштироки Русия дар лоиҳаҳои гидроэнергетики Тоҷикистон президенти Русия зикр кард, ки кишвараш дар сохтмони се лоиҳаҳо дар рӯдхонаҳои дохили Тоҷикистон саҳм хоҳад гузошт.



«Мо дар сохтмони нерӯгоҳи «Роғун низ иштирок хоҳем кард ва феълан гурӯҳҳои корӣ рӯйи таҳияи санади ниҳоии ҳамкорӣ дар ин хусус кор мекунанд», – гуфт ӯ.



Ғайр аз ин, сарвари давлати Русия баён дошт, ки Русия ҷиҳати корҳои иктишофӣ, ҷустуҷӯ, истиҳроҷ ва азхуд кардани конҳои газу урани Тоҷикистон омода аст, ҳамкорӣ намояд.



«Дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати истихроҷ ва истифодаи газ ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул кардааст ва агар мо ба таври бояду шояд фаъолиятро дар ин самт роҳандозӣ намоем, пас 2 ё 2,5 сол Тоҷикистон соҳиби гази худӣ мешавад», – афзуд Д.Медведев

Реклама на asia+

Президенти Амрико мусулмононро бо фарорасии Рамазон табрик кард

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«


ozodi


.


org


» – Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш мусулмонони оламро бо наздикшавии моҳи шарифи Рамазон табрик кард. Ӯ гуфт: «Ман ва ҳамсарам Лора бо беҳтарин

 

таманниёт мусулмонони Амрико ва саросари оламро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик мекунем».




Ҳамчунон президенти ИМА саҳми мусулмонони Амрико дар некӯаҳволии ин кишварро қадрдонӣ кардааст.



Имсол моҳи Рамазон 1-уми сентябр оғоз меёбад.

  





Реклама на asia+

Э.Раҳмон хостори он аст, ки масоили баҳснок тариқи гуфтушуниди сиёсиву дипломатӣ ҳал гарданд

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори он аст, ки масоили баҳснок тариқи гуфтушуниди сиёсиву дипломатӣ ҳал гарданд.




Дар нишасти матбуотии муштарак бо президенти Русия Дмитрий Медведев Э.Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистону Русия шарики стратегӣ мебошанд ва «ин моро водор месозад, ки муносиботи дуҷонибаро доимо танзим созем ва амалҳои якдигарро чӣ дар масоили минтақавӣ ва чӣ хориҷ аз он дастгирӣ намоем». «Албатта, ин ба иқдомоти пешгирифтаи Русия дар минтақаи Қафқоз низ дахл дорад», – гуфт ӯ.



«Ман бар он назарам, ки қазияи мазкур бо роҳи гуфтушуниди сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал гардад», – афзуд Э.Раҳмон.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар бораи сохтмони хати интиқоли барқ миёни кишварҳо тавофуқ ҳосил карданд

0


Душанбе. 30-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони хати интиқоли барқи 500 Квт-и Сангтӯда-Роғун-Қундуз-Мазори Шариф-Ҳирот-Машҳад ба имзо расид. Зери санад вазири энергетикаи Эрон Саид Парвизи Фаттоҳ, Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон ва вазири энергетка ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ имзо гузоштанд.




Аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкати эронии «Мушанир» дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи кории сеҷонибаи кишварҳо заминаи иқтисодиву фаннии лоиҳаро таҳия хоҳанд сохт.



«Маблағгузории таҳияи заминаи иқтисодиву фанниро ширкати эронии «Тавонир» ба ӯҳда гирифта, он бояд 1-уми марти соли 2009 ба анҷом расад», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки пас аз он арзиши умумии лоиҳа ва сарчашмаҳои маблағгузории он муайян карда мешаванд.


Реклама на asia+

Дар Данғара ронанда кӯдакро бо мошин пахш намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва то ҳол ӯро ҷустуҷӯ доранд

0


Кӯлоб. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи дуввум аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара ва шӯъбаи минтақавии Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон дар ҷустуҷӯи ронандае мебошанд, ки шомгоҳон дар деҳаи Калкоти ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара Рустами Маҳмуди 11-соларо бо мошинаш пахш намудааст.




Аз шӯъбаи минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардошта кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Манбаъ ҳамчунин зикр кард, ки «чунин рафтори ғайриинсонии ронанда, ки аз ҷои воқеа ғайб задааст, беҷазо нахоҳад монд ва ӯро ҳатман дастгир мекунанд».


Реклама на asia+

Вазири умури дохилии Русия ду афсари тоҷикро бо медалҳо сарфароз гардонид

0


Душанбе. 29-уми ваугст. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири умури дохилии Русия Рашид Нургалиев ду афсари вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бо медалҳои «Барои иттиҳоди размӣ» сарфароз гардонид. Полковники милиса Зафар Салимов ва майори милиса Файзиддин Маҳмадалиев барои пешгирии муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир дар қаламрави Русия ба чунин мукофот сазовор гаштанд.




Р.Нургалиев қайд кард, ки дар таърихи 23-уми август дар қаламрави Русия афсарони номбурда узви гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир аз Тоҷикистонро дастгир намуда, беш аз 20 кило маводи мухаддирро мусодира карданд. Вазири умумри дохилии Русия саҳми мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир назаррас арёбӣ намуд.



Вазири умури дохилии Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, ки соли равон дар натиҷаи баргузории 23 амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Тоҷикистон 200 кило маводи мухаддир мусодира карда шуд.


Реклама на asia+

Тоҷикистону Русия шаш санади ҳамкорӣ ба имзо расониданд

0



           

Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди расмии сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Русия Дмитрий Медведев

 

як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Н


ахуст сарони кишварҳо дар шакли «як ба як» мулоқот намуда, сипас гуфтушунидҳои васеи ҳайъатҳои расмии ду кишвар баргузор гашт.



 






           

А


з ҷумла ҷонибҳо Изҳороти муштараки сарони давлатҳо, Созишнома оид ба ҳифзи муштараки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнии бадастомада зимни ҳамкориҳои техникиву низомӣ ва истифодаи он, Созишномаи вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои фарҳангӣ, Созишномаи ҳамкории вазоратҳои кишоварзии кишварҳо, Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба таъсис ва роҳандозии фаъолияти Маркази таҳқиқотии «Помир-Чақалтай» ва Ёддошти тафоҳуми фаъолияти муштарак миёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Интер РАО ЕЭС» ва Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистонро дар бораи рушди лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.



Зимни гуфтушунид ҷонибҳо масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, андешидани чораҳои мушаххас бобати рушди минбаъдаи он, тавсиаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, низомиву техникӣ ва фаъолияти пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.



Ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ, аз ҷумла ифтитоҳи филиали Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов ва дигар макотиби олии Русия дар Тоҷикистонро низ муҳокима карданд.



Дар гуфтушунид перомуни масоили муҳими сиёсати минтақавӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.



Имрӯз президенти Русия Д.Медведев ва сарвари давлати Тоҷикистон Э.Раҳмон аз пойгоҳи низомии 201-уми Вазорати дифои Русия, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст, боздид хоҳанд кард.


Реклама на asia+