Идораи хоҷагии оби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 75 сола шуд

0





                





Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Идораи хоҷагии оби ВМКБ 75-солагии таъсисёбиашро таҷлил намуд.





Сардори идора, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ Қобиламо Ғуломшоева

 

дар ҷаласаи тантанавӣ

 

кушодани заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати истифодабарии заминҳои корам ва ҳифозат намудану

 

истифодаи самараноки

 

обҳои минтақаро аз

 

самтҳои афзалиятноки фаъолияти идора унвон кард.





Вай гуфт,

 

танҳо аз оғози соли равон то ба ҳол зиёда аз


100 гектар

заминҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта , барои иҷрои корҳои барқарорсозӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва беҳтарсозии ҳолати мелиоративии заминҳо 972 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.





Ба гуфтаи манбаъ идораи хоҷагии оби вилоят ҳамчунин дар ноҳияи Рӯшон дар ҳамкорӣ бо Бонки рушди Осиё ба иҷрои як лоиҳа шурӯъ кардаанд, ки он барои беҳтарсозии ҳолати истифодабарии

260 гектар

замини корам кӯмак хоҳад кард.





Сардори идора дар шароити танқисии маводи ғазо заминкушоиро

 

воситаи муассири

 

афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки мутахассисони идора барои дастраси мардуми ҷумҳурӣ

 

гардондани обҳои софи ошомидании Бадахшон ба шумули кӯли Сарез кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

 


 




Кормандони агентии назорати маводи нашъаовар дар Афғонистон чор лабораторияи истеҳсоли маводи мухаддирро нест карданд

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари ҳамсояи Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1 тонна маводи мухаддирро мусодира карда, дар қаламрави ин кишвар чор лабораторияи истеҳсоли онро нест карданд.






Муовини аввали директори агентӣ Вайсиддин Азаматов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи ҳамкории мақомоти қудратии Тоҷикистону Афғонистон қаноатбахш аст. Вай баён дошт, ки чанде қабл дар агентӣ бо вазири корҳои дохилии Афғонистон мулоқот доир гардид, ки дар он бобати роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш дар мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор пешниҳодҳо ироа гаштанд.





В.Азаматов таъкид сохт, ки маълумоти изҳордоштаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон оид ба дар 22 вилояти Афғонистон барҳам додани кишти нашъа саҳеҳ аст. «Масалан, дар вилояти Бадахшон соли гузашта бори нахуст кам гардидани заминҳои кишти нашъа ба мушоҳида расид, – гуфт ӯ. – Дар вилоятҳои шимолии Қундуз ва Тахор истеҳсоли нашъа умуман ба қайд гирифта нашудааст».





Мавсуф зикр кард, ки айни замон дар кишвари ҳамҷавор маъракаи фаъоли нест кардани киштзорҳои нашъа ҷараён дорад ва аз ин рӯ, шояд соли равон ҳаҷми истеҳсоли он зиёд нагардад (соли гузашта дар Афғонистон ба миқдори 8,2 тонна ҳосили нашъа ҷамъоварӣ карда шуда буд).





Ёдовар мешавем, ки дар шаш моҳи соли 2008 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ 52 ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, ба миқдори 952 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд, ки 241 килои он ҳероин буда, 426 килояш афюнро ташкил медод. Дар маҷмӯъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввал 3 тоннаву 568 кило маводи мухаддирро мусодира карданд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли гузашта 24,3 дарсад бештар аст.



Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон оғоз кард

0





 




                Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Комиссияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба қабули ҳуҷҷатҳои довталабон оғоз кард.





Котиби комиссияи қабул, номзади илмҳои математика Муродбек Зарифбеков гуфт, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон аз 7-июл оғоз гардид.



Вай баён дошт, ки имсол дар донишгоҳ 29 факулта, 15-тои онҳо дар асоси шартномавӣ ва 14-тоашон дар асоси буҷавӣ фаъолият мекунанд. Пардохти арзиши таҳсил дар факултаҳо аз 300 то 600 доллар муайян шудааст.





Ба иттилои манбаъ дар факултаҳои буҷавӣ 313 довталаб ба таҳсил хоҳанд пардохт. 41 нафар дар асоси квота донишҷӯ мешаванд.






 

Манбаъ афзуд, ки ба факултаҳои шартномавӣ 285, аз ҷумла ,115 нафар дар шӯъбаи ғоибона қабул мешаванд.





Кулли шӯъбаҳои ғоибона дар донишгоҳои Хоруғ дар асоси пулакӣ амал хоҳанд кард.

 




Дар Душанбе масоили ҷорӣ ва дурнамои Созмони Ҳамкории Шанхай баррасӣ мешавад

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе семинари илмиву назариявӣ таҳти унвони «СҲШ: тавсиа, масоили ҷорӣ ва дурнамо» ба кор шурӯъ кард.






Семинари мазкур аз ҷониби Маркази иттилоотиву таҳлилии «Сипеҳр» ва мусоидати Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ созмон дода шудааст.





Дар барномаи семинар шунидани маърӯзаву гузоришҳо ва баргузории мубоҳисаҳо перомуни ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст.





Аз ҷумла, интизор меравад, ки гузориши мудири шӯъбаи Донишкадаи масоили иқтисодии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ профессор Ҳоҷимаҳмад Умаров дар мавзӯи «Робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни кишварҳои СҲШ: масоили ҷорӣ ва имконот» муҳокима карда шавад.





Дар кори семинар намояндагони давлатҳои Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Эрон, Покистон ва ҳамчунин шахсони расмии вазорати корҳои хориҷии ҶТ, олимон ва рӯзноманигорон иштирок мекунанд.



Демократ Саидҷаъфар Исмонов 100 сомонӣ ҷарима месупорад

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муноқишаи додгоҳии демократҳо – Масъуд Собиров ва Саидҷаъфар Исмонов ба манфиати раиси расман эътирофшудаи Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) М.Собиров ҳал шуд.






Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» С.Исмонов изҳор дошт, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба аризаи даъвогии М.Собиров бобати пардохти «зарари маънавӣ» ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ӯ ҳалнома содир кард.





Ёдрас мекунем, ки раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво карда буд, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.





Ҳамин тариқ, додгоҳ С.Исмоновро огоҳ сохта, ӯро ба маблағи 100 сомонӣ ҷарима кард.





Ба гуфтаи С.Исмонов, ӯ минбаъд муноқишаро давом доданӣ нест. «Танҳо гуфтаниам: барои хотима бахшидан ба хараҷу мараҷ дар фаъолияти ҳизб, ман омодаам ба ҷуз М.Собиров, бо ҳамаи демократҳо муттаҳид шавам», – афзуд С.Исмонов.





Дар Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расиданд

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар фавтида, се нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.






Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи сабукрави навъи ВАЗ-469 Насруддин Шарифов ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Ховалинг аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст ва он чаппа гаштааст.





«Дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, се мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бурда шуданд», – афзуд манбаъ.





Мувофиқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.



Дар Бадахшон истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ афзоиш меёбад

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Дар Бадахшон тайи нимсолаи якуми соли 2008 истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ афзоиш ёфтааст.






Бино ба иттилои сардори шӯъбаи идораи кишоварзии вилоят Адолат Айдарова, дар ин муддат 2034 тонна гӯшт ба бозор бароварда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 76 тонна зиёдтар аст.





Ҳамчунин дар нимсолаи аввал 6418 тонна шир истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1077 тонна бештар аст.





Истеҳсоли тухм 21 ҳазор дона кам шуда, ба 1 млн. 960 ҳазор дона баробар шудааст. Тайи ин муддат истеҳсоли пашм афзоиш ёфта, назар бар соли гузашта 8 тонна зиёдтар истеҳсол шудааст. Дар маҷмӯъ, дар ин давра 147 тонна пашм истеҳсол гардидааст.





Ҳамзамон истеҳсоли асал низ афзун шудааст.

 







 


Вазири корҳои дохилии Афғонистон аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ боздид кард

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Вайсиддин Азаматов ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмади Муқбил масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои агентӣ ва вазоратро баррасӣ карданд.






Аз агентии номбурда хабар доданд, ки В.Азаматов ба ҳайати Афғонистон оид ба вазъи мавҷудаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон, фаъолияти агентӣ, чораҳои ҳукумат дар ин самт баҳри самаранокии кор маълумот дод.





Аснои боздид ҷонибҳо ҷиҳати роҳандозии ҳамкории минбаъдаи муассири муштарак дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир як қатор пешниҳодот ироа доштанд. Ҳамзамон меҳмонон анбори нигаҳдории маводи мухаддири агентиро аз назар гузарониданд.



Яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ аз фаъолият бозмондааст

0



Конибодом. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Конибодом яке аз корхонаҳои бузурги равғанкашии ҷумҳурӣ – Ҷамъияти саҳомии «Ассор» аз фаъолият бозмондааст.






Аз шӯъбаи саноати мақомоти шаҳрдорӣ хабар доданд, ки корхона дар як шабонарӯз қодир аст, то 300 тонна маҳсулотро коркард кунад, вале ба иллати норасоии ашёи хом – тухмии пунбадона аз фаъолият бозмондааст.





«Чанде қабл корхона бо равғани пахта тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғдро таъмин месохт ва аз боқимондаҳои истеҳсолии он хӯроки чорво тайёр карда мешуд, аммо имрӯз онро аз хориҷи кишвар меоранд», – идома дод манбаъ.





Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввал корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 21 млн. 446 ҳазору 761 сомонӣ маҳсулот тавлид намуда, иҷрои нақшаро ба андозаи 107,4% таъмин карданд. Дар иҷрои барзиёди нақшаи истеҳсолӣ саҳми корхонаҳои саноатӣ, аз қабили Ҷамъияти саҳомии «Конибодом» (маҳсулоти консерва), корхонаи таъмири вагонҳо, Ҷамъияти саҳомии «Бодом» (қисмҳои эҳтиётии автомобили навъи ГАЗ), ҷамъияти саҳомии «Шоҳон» ва корхонаи муштараки «Ассор-Перм» назаррас аст.





«Аз норасоии ашёи хом корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии «Ресмон», Ҷамъияти саҳомии ба номи Э.Бойматова (коркарди пахта), сехи истеҳсолӣ ва омӯзишии ҷамъияти нобиноён (истеҳсоли молҳои истифодаи ҳамарӯзаи аҳолӣ) аз ӯҳдаи иҷрои нақша набаромаданд», – афзуд манбаъ.



Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт

0



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-АВИА» парвози ҳавопаймоҳои хатсайри Уфа-Душанбе-Уфаро муваққатан боздошт.

 







Сухангӯи ширкат Вадим Долев мегӯяд, ки боздошти муваққатии парвози ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр ба кам будани мусофирон вобаста аст.

 






«Зимни таҳлили бозори талабот ба хатсайри мазкур мо ба чунин хулоса расидем, ки талаботи он мавсимӣ аст, – изҳор дошт ӯ. – Ҳаракати ҳавопаймоҳо дар ин хатсайр қатъ нагардидааст ва дар оғози мавсими тирамоҳ масъалаи аз нав барқароркунии он муҳокима хоҳад гардид».

 






Қобили зикр аст, ки вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Тоҷикистон дар таърихи 2-уми апрел ба иҷрои парвози ҳавопаймоҳо бо ин хатсайр иҷозат дода буд. Тибқи дархости ширкати ҳавопаймоии Русия ҳукумати Тоҷикистон тартиби парвозҳоро аз 2-уми май то 25 октябр тасдиқ кард. Парвозҳо як маротиба дар як ҳафта, рӯзи ҷумъа тавассути ҳавопаймоҳои навъи Як-42 ба иҷро мерасиданд.







Маълумотнома:


Ширкати ҳавопаймоии «ВИМ-АВИА»-и Русия моҳи октябри соли 2002 таъсис ёфтааст. Феълан ширкат дорои 14 ҳавопаймои миёнапарвози навъи


Boeing


757-200, се ҳавопаймои Як-42 ва ду ҳавопаймои навъи Ту-154М мебошад.