Намояндагони вазорати кишоварзии ҶТ дар намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи шаҳри Қундуз ширкат варзиданд

0


Душанбе. 2-юми июли 2008с. ОИ “Азия-Плюс” – Ҳайати 10-нафараи намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо даъвати Вазорати хоҷагии қишлоқ, обёрикунӣ ва чорводории Ҷумхурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Қундуз баргузор гардид, ширкат варзиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати гурӯҳи тоҷикистониро мудири шӯъбаи тухмипарварӣ ва селексионии вазорат Султон Далватов роҳбарӣ мекард.



Дар вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз гузаронидани ин намоишгоҳ ин дастрасӣ ба таҷҳизотҳои муосири кишоварзӣ, маводҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот, дорувор ва витаминхои байторӣ, таҷҳизоти боғдорӣ, нурихои минералӣ, кимиёвӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо ва ғайраҳоро пешниҳод намуданд.




 

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар доираи Намоишгоҳ  намояндагони вазорат бо намояндаи Донишгоҳи кишоварзии вилояти Қундузи Афғонистон Аюби Ариёӣ гуфтушунид намуданд. Дар вохӯрӣ  масъалаҳои омода намудани мутахассисони афғон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва устодони Донишгоҳи аграрии Афғонистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, инчунин истифодаи коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзии Афғонистон дар асоси шартнома баррасӣ гардиданд.



Ба фикри мутахассисон Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи зикршуда ба густариши тиҷорати  наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар эҷоди корхонаҳои муштарак ва муносибатҳои мутақобилан судманд нақши арзанда хоҳад гузошт.






Реклама на asia+

Cоҳибкорони Душанбе аз пардохти боҷи гумрукӣ саркашӣ кардаанд

0



Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди президенти ҶТ бародарон Холмурод ва Абдуалӣ Бурҳоновро дар пинҳон кардани молҳо ҷиҳати напардохтани маблағи боҷи гумрукӣ гумонбар донистанд.






Аз дафтари матбуоти агентии мазкур хабар доданд, ки бародарон – сокинони пойтахт моҳи гузашта ба Тоҷикистон тавассути қатора масолеҳи зиёди сохтмонро аз Чин ба Тоҷикистон ворид сохтанд.





«Дар ҳуҷҷатҳо арзиши масолеҳ 4,8 ҳазор доллари амрикоӣ нишон дода шуда буд, вале дар асл он аз 85 ҳазор доллари амрикоӣ бештар буд», – изҳор дошт сарчашма.





Айни замон даст доштани кормандони

 

хадамоти гумрук дар ин ҷиноят таҳқиқ мешавад.



 

Реклама на asia+

Охирин оилаи гурезаи тоҷик аз Афғонистон ба ватан баргашт

0



     Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Оилаи охирини гурезагони тоҷик аз Афғонистон ба ватан баргаштанд.






      Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар арафаи таҷлили 11-умин солгарди ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ оилаи Ҳалимовҳо, ки

 

тайи 16 сол дар ғарибӣ дар шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон умр ба сар мебурданд, ба ноҳияи Қубодиён баргаштаанд.





     «Дар номае, ки унвонии вазири корҳои хориҷии ҶТ аз номи оила ирсол шудааст,

 

ҷиҳати ҳамдастиву мусоидати кормандони сафорат изҳори миннатдорӣ карда шудааст», – изҳор дошт манбаъ.



Реклама на asia+

Дар Остона анҷумани тоҷикон барпо мешавад

0


Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 22-уми июли соли равон дар шаҳри Остона (Қазоқистон) нахустин анҷумани тоҷикони Қазоқистон баргузор мешавад.




Сардори департаменти

 

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар анҷуман бобати таъсиси Ассотсиатсияи тоҷикони Қазоқистон, нашри рӯзнома бо забони тоҷикӣ ва ифтитоҳи сомонаи диаспораи тоҷикон дар ин кишвар қарорҳои дахлдор қабул хоҳанд гардид.



Сарчашма зикр кард, ки кормандони сафорати ҶТ дар Қазоқистн чунин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва масъалаи ширкати бевоситаи мақомоти ҳукумат дар ин масъала баъдтар ҳал хоҳад шуд.


Реклама на asia+

Сафорати Олмон барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ тренинги омӯзишӣ барпо кард

0



Душанбе. 1-уми ибли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Бо ҳамдастии Сафорати Олмон дар ҶТ аз 30-уми июн то 4-уми июли соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар мавзӯи «Таҳлили маълумоти фаврӣ» тренинги омӯзишӣ доир мегардад.






Дар тренинг кормандони хадамоти иттилоотии марказ ва минтақаҳои агентӣ ширкат варзида, масоили тарзи фаъолияти фаврии марказҳои иттилоотӣ, истифодаи техникаи хадамоти иктишофӣ ва ҳамкорӣ миёни марказҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.





«Дар анҷоми тренинг ба иштирокчиён гувоҳномаҳо супурда мешаванд», – зикр кард манбаъ.

 







 


Реклама на asia+

Муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод ҳангоми порагирӣ дастгир шуд

0




Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Кормандони Агентии назорати давлатии молияӣ ва муборриза бо коррупсияи ҶТ зимни баргузории амалиёти махсус муовини сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мӯъминобод Раҳмоналӣ Холовро ба ҷурми порагирӣ ба миқдори ниҳоят калон боздошт намуданд.






Аз агентӣ хабар доданд, ки Р.Холов ба ивази рӯйпӯш кардани ҷинояти фарзандашон аз волидайни онҳо 1,2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст.





«Р.Холов маблағро гирифта, онро ба шарики худ Зафар Исломов дод ва дар ин ҳангом дастгир шуд», – изҳор дошт манбаъ.





Зимни

ҷ


у


cтуҷӯ аз кисаи И

сломов пулҳо дарёфт шуданд ва нисбат ба ӯ низ чун Р.Холов парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.



Реклама на asia+

Дар Суғд ду нафар маҳбусон аз зиндон гурехтанд

0




Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Шаби гузашта ду нафар маҳбусон хостанд, аз зиндони шаҳри Хуҷанд гурезанд.






Сарчашмаи мӯътамад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар хабар дод, ки соати 3-у 50 дақиқаи шаб маҳбусон мехостанд, аз панҷараи зиндон гузаранд.





«Ин замон онҳоро посбон дида, барои огоҳӣ тир мекушояд, вале маҳбусон ба он аҳамият надоданд ва посбон маҷбур шуд, онҳоро ба нишон гирад. Дар натиҷа яке аз маҳбусон ҳалок шуда, дигарӣ аз ҷои ҳодиса ғайб зад», – зикр кард сарчашма.





Бино ба иттилои манбаъ, ҷиҳати боздошти нафари гурехташуда тамоми чораҳои фаврӣ ва ҷустуҷӯӣ андешида мешаванд.

 




Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Наришкин ба мувофиқа расиданд, ки техника ва таҷҳизот пас аз анҷоми сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба Роғун интиқо

0




Душанбе. 1-уми июли с2.008. ОИ «Азия-Плюс»



– Субҳи имр


ӯ


з Президенти


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Эмомал


ӣ


Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили


ҷ


ор


ӣ


ва дурнамои муносибатҳои гуногун


ҷ


анбаи То


ҷ


икистону Россия баррас


ӣ


шуд.






Сарвари давлат сохтмони нер


ӯ


гоҳи обии Сангт


ӯ


да-1-ро самараи хуби ҳамшарики стратегии То


ҷ


икистону Россия маънидод карда, изҳори бовар


ӣ


намуд, ки чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт.





Таъкид гардид, ки баъди ан


ҷ


оми сохтмони нер


ӯ


гоҳи обии Сангт


ӯ


да-1 техникаю та


ҷ


ҳизот ва кормандону мутахассисони он метавонанд ба бунёди нер


ӯ


гоҳи Роғун сафарбар карда шаванд.





Изҳори бовар


ӣ


карда шуд, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба То


ҷ


икистон ба раванди ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо такони


ҷ


идд


ӣ


мебахшад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Реклама на asia+

Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба намояндагони Чин тақвияти ҳамкориҳоро дар риштаи истеҳсоли сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия пеш

0




Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин Чэн Дэмин дар ҳошияи мулоқоти Комиссияи байниҳукуматии Чин ва Тоҷикистон масъалаҳои густариши равобити ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Ҷонибҳо атрофи масоили ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ дар соҳаи сохтмону энергетика, савдову тиҷорат, андозбандии имтиёзнок, амнияти энергетикиву ғизоӣ ва мушкилоти таъмини раводид барои шаҳрвандони кишварҳо табодули назар карданд.





Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба намояндагони Чин тақвияти ҳамкориҳоро дар риштаи истеҳсоли сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия пешниҳод кард ва инчунин густариши муносибатҳоро дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ, ҷустуҷӯи геологии маъданҳои кӯҳӣ зарур арзёбӣ намуд.






 


Реклама на asia+

Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» даъват ба амал овард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» низ саҳм гузоранд

0




Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»



– «Сохтмони нер


ӯ


гоҳи обии «Сангт


ӯ


да-1» самараи хуби ҳамшарикии стратегии То


ҷ


икистону Русия аст ва чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт», – изҳор дошт имрӯз дар маросими ба истифода супоридани агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон.






Ба гуфтаи ӯ, чун дар дигар кишварҳо дар Тоҷикистон низ бахши энергетика яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди кишвар маҳсуб мегардад ва бидуни рушди он таъмини пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигар ғайриимкон аст.





«Аз ин рӯ, бунёди иншооти энергетикӣ ба сифати мақсади афзалиятноки умумимиллӣ қабул гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард», – таъкид сохт сарвари давлат.





Э.Раҳмон бори дигар ёдрас кард, ки барои Тоҷикистон ҳиссиёти худкомии (эгоизми) миллӣ бегона аст. «Зимни татбиқи чунин лоиҳаҳо мо манфиатҳои минтақавии кишварҳои ҳамсояро низ ба назар мегирем ва таъмини сохторҳои иқтисодии ин кишварҳо бо нерӯи барқи арзон низ яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад», – изҳор дошт ӯ.





Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистону Русияро анъанаҳои дӯстиву ҳамкории таърихӣ ба ҳам мепайвандад. «Мо ҳамеша дар солҳои нахустини душвори истиқлолият дастгирии бародарони русро ҳис мекардем», – гуфт ӯ.





Э.Раҳмон аз афзоиши сатҳи ҳамкории иқтисодии кишварҳо ёдовар шуда, қайд кард, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар панҷ соли охир панҷ маротиба зиёд гардидааст.





«Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бозгӯи мантиқии шарикии стратегии То


ҷ


икистону Русия аст, – таъкид кард сарвари давлат.





Президенти ҶТ аз сохтмончиёни иншоот хоҳиш кард, ки ҷиҳати то охири соли ҷорӣ пурра ба истифода додани нерӯгоҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд.





Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳои Русия, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» иштирок карданд, даъват ба амал овард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» низ саҳм гузоранд.



Реклама на asia+