Намояндагони вазорати кишоварзии ҶТ дар намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи шаҳри Қундуз ширкат варзиданд

Душанбе. 2-юми июли 2008с. ОИ “Азия-Плюс” – Ҳайати 10-нафараи намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо даъвати Вазорати хоҷагии қишлоқ, обёрикунӣ ва чорводории Ҷумхурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Қундуз баргузор гардид, ширкат варзиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати гурӯҳи тоҷикистониро мудири шӯъбаи […]

Мавҷуда Хасанова


Душанбе. 2-юми июли 2008с. ОИ “Азия-Плюс” – Ҳайати 10-нафараи намояндагони вазорати кишоварзии Ҷумхурии Тоҷикистон бо даъвати Вазорати хоҷагии қишлоқ, обёрикунӣ ва чорводории Ҷумхурии Исломии Афғонистон ҳафтаи гузашта дар Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, ки дар вилояти Қундуз баргузор гардид, ширкат варзиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳайати гурӯҳи тоҷикистониро мудири шӯъбаи тухмипарварӣ ва селексионии вазорат Султон Далватов роҳбарӣ мекард.



Дар вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз гузаронидани ин намоишгоҳ ин дастрасӣ ба таҷҳизотҳои муосири кишоварзӣ, маводҳо ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар бозорҳои Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур корхона ва ширкатҳои давлатию хусусии Афғонистон ва Тоҷикистон маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, таҷҳизот, дорувор ва витаминхои байторӣ, таҷҳизоти боғдорӣ, нурихои минералӣ, кимиёвӣ ва биологии ҳифзи растаниҳо ва ғайраҳоро пешниҳод намуданд.




 

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, дар доираи Намоишгоҳ  намояндагони вазорат бо намояндаи Донишгоҳи кишоварзии вилояти Қундузи Афғонистон Аюби Ариёӣ гуфтушунид намуданд. Дар вохӯрӣ  масъалаҳои омода намудани мутахассисони афғон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ  ва устодони Донишгоҳи аграрии Афғонистон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, инчунин истифодаи коршиносони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзии Афғонистон дар асоси шартнома баррасӣ гардиданд.



Ба фикри мутахассисон Намоишгоҳи маҳсулоти хоҷагии қишлоқи зикршуда ба густариши тиҷорати  наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат намуда, дар эҷоди корхонаҳои муштарак ва муносибатҳои мутақобилан судманд нақши арзанда хоҳад гузошт.






Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.