Пешгирии бӯҳрони энергетикӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ аст, – мудири Маркази минтақавии СММ дар Братислава

  Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ мудири Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Братислава Бен Слэй изҳор дошт, ки тамоми созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба зимистон ва коҳиши бӯҳрони ғизоӣ чораҳо меандешанд. Ба гуфтаи ӯ, назорати расидани кӯмаки башардӯстона ба эҳтиёҷмандон «масъалаи […]

Наргис Ҳамробоева





 



Душанбе. 2-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ мудири Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Братислава Бен Слэй изҳор дошт, ки тамоми созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон дар мавриди омодагии кишвар ба зимистон ва коҳиши бӯҳрони ғизоӣ чораҳо меандешанд.



Ба гуфтаи ӯ, назорати расидани кӯмаки башардӯстона ба эҳтиёҷмандон «масъалаи мубрам» аст ва шояд созмонҳои байнулмилалӣ низ дар ин кор ба саҳлангориҳо роҳ додаанд.



«Ҷомеаи ҷаҳонӣ албатта ба Тоҷикистон дасти ёрӣ дароз хоҳад кард, вале пешгирии бӯҳрони энергетикӣ ва таъмини амнияти ғизоӣ вазифаи аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ аст», – гуфт Б.Слэй.



Ӯ зикр кард, ки роҳҳои пешгирии бӯҳрон дар Тоҷикистон мавҷуданд ва яке аз онҳо истифодаи энергия офтоб аст. Б.Слэй таъкид сохт, ки чунин тарзи истееҳсоли энергия камхарҷ аст ва ҳатто як соҳибкор метавонад аз ӯҳдаи сармоягузории он баромада, як қисмати аҳолиро бо энергия таъмин созад.



«Дар Қирғизистон намояндагии мо маҳз дар ҳамин самт барномаи густурдаеро муваффақона амалӣ месозад», – афзуд ӯ.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...