Дар Пекин нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардид

Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» – – Муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар чаласаи шахсони баландмақоми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шахри Пекин аз 25 то 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид, муаррифӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати тандурустии кишвар иттилоъ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 2-юми июли 2008 с. ОИ «Азия-Плюс» –


– Муовини вазири


тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов Ҷумҳурии Тоҷикистонро


дар чаласаи шахсони


баландмақоми давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шахри Пекин аз 25 то 27-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид, муаррифӣ намуд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар вазорати тандурустии кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа, ки таҳти роҳбарии намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, як катор масъалаҳо, аз чумла нақшаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ гардиданд. Дар чаласа инчунин масъалаҳои беҳдошту эпидемиологӣ, мубориза бар зидди муомилоти дорувории қалбакӣ, мубодилаи ахборот ва мониторинги паҳншавии бемориҳои сироятӣ, расонидани кӯмаки тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ва масъалаи гузаронидани Ҷаласаи якуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои

 

Созмони ҳамкории Шанхай ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор доштанд.




               

Тибқи иттилоъ, намояндаи вазорати тандурустӣ муовини вазир С. Раҳмонов дар доираи сафари хидматӣ бо менеҷери

 

генералии ширкати «МЕНЕСО» и Ҷумҳурии Халқии Чин хонум Ванг Ли ва сармушовири Маркази тиббии шаҳри Пекин «Uni-Con-International» Ҷавоҳирлал Музаффарӣ оид ба ҳамкориҳои судманди дутарафаи судманд гуфтушунид баргузор гардид.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...