Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба намояндагони Чин тақвияти ҳамкориҳоро дар риштаи истеҳсоли сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия пеш

Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс» – Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин Чэн Дэмин дар ҳошияи мулоқоти Комиссияи байниҳукуматии Чин ва Тоҷикистон масъалаҳои густариши равобити ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо атрофи масоили ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ дар […]

Виктория Наумова




Душанбе. 1-уми июли с.2008. ОИ «Азия-Плюс»

– Зимни вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғуломҷон Бобозода бо вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Чин Чэн Дэмин дар ҳошияи мулоқоти Комиссияи байниҳукуматии Чин ва Тоҷикистон масъалаҳои густариши равобити ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.






Ҷонибҳо атрофи масоили ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ ва техникӣ дар соҳаи сохтмону энергетика, савдову тиҷорат, андозбандии имтиёзнок, амнияти энергетикиву ғизоӣ ва мушкилоти таъмини раводид барои шаҳрвандони кишварҳо табодули назар карданд.





Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ ба намояндагони Чин тақвияти ҳамкориҳоро дар риштаи истеҳсоли сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия пешниҳод кард ва инчунин густариши муносибатҳоро дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ, ҷустуҷӯи геологии маъданҳои кӯҳӣ зарур арзёбӣ намуд.






 


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.