Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиёни нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» даъват ба амал овард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» низ саҳм гузоранд

Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – «Сохтмони нер ӯ гоҳи обии «Сангт ӯ да-1» самараи хуби ҳамшарикии стратегии То ҷ икистону Русия аст ва чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт», – изҳор дошт имрӯз дар маросими ба истифода супоридани агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфтаи ӯ, чун […]

Баҳром Маннонов




Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»



– «Сохтмони нер


ӯ


гоҳи обии «Сангт


ӯ


да-1» самараи хуби ҳамшарикии стратегии То


ҷ


икистону Русия аст ва чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт», – изҳор дошт имрӯз дар маросими ба истифода супоридани агрегати дуввуми нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон.






Ба гуфтаи ӯ, чун дар дигар кишварҳо дар Тоҷикистон низ бахши энергетика яке аз соҳаҳои асосии иқтисоди кишвар маҳсуб мегардад ва бидуни рушди он таъмини пешрафту тараққиёти соҳаҳои дигар ғайриимкон аст.





«Аз ин рӯ, бунёди иншооти энергетикӣ ба сифати мақсади афзалиятноки умумимиллӣ қабул гардида, он ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард», – таъкид сохт сарвари давлат.





Э.Раҳмон бори дигар ёдрас кард, ки барои Тоҷикистон ҳиссиёти худкомии (эгоизми) миллӣ бегона аст. «Зимни татбиқи чунин лоиҳаҳо мо манфиатҳои минтақавии кишварҳои ҳамсояро низ ба назар мегирем ва таъмини сохторҳои иқтисодии ин кишварҳо бо нерӯи барқи арзон низ яке аз омилҳои муҳим ба шумор меравад», – изҳор дошт ӯ.





Президенти Тоҷикистон зикр намуд, ки мардуми Тоҷикистону Русияро анъанаҳои дӯстиву ҳамкории таърихӣ ба ҳам мепайвандад. «Мо ҳамеша дар солҳои нахустини душвори истиқлолият дастгирии бародарони русро ҳис мекардем», – гуфт ӯ.





Э.Раҳмон аз афзоиши сатҳи ҳамкории иқтисодии кишварҳо ёдовар шуда, қайд кард, ки ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар панҷ соли охир панҷ маротиба зиёд гардидааст.





«Бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» бозгӯи мантиқии шарикии стратегии То


ҷ


икистону Русия аст, – таъкид кард сарвари давлат.





Президенти ҶТ аз сохтмончиёни иншоот хоҳиш кард, ки ҷиҳати то охири соли ҷорӣ пурра ба истифода додани нерӯгоҳ кӯшиш ба харҷ диҳанд.





Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон аз ширкатҳои Русия, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» иштирок карданд, даъват ба амал овард, ки дар бунёди нерӯгоҳи «Роғун» низ саҳм гузоранд.



Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.