Афзоиши худкушӣ миёни занон ва духтарон дар Тоҷикистон

0

Соли гузашта дар Тоҷикистон 364 ҳолати худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2024 -ум (316 ҳолат) 48 ҳолат бештар аст. Аз ин миқдор, 254 ҳолат (соли 2024 – 217) худкушӣ буда, 110 ҳолат (соли 2024 – 99) сӯиқасд ба ҷон мебошад. Дар ин бора имрӯз, 5-уми феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, аз шумораи умумии худкшӣ, 261 худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷон ба занон ва духтарони ноболиғ рост меояд, ки дар муқоиса бо соли 2024 (246 ҳолат) 15 ҳолат зиёдтар мебошад: 212 ҳолат (соли 2024 – 202) ба занон ва  49 ҳолат (соли 2024 – 44) ба духтарони ноболиғ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бунафша Файзиддинзода

Дар Кумита зикр карданд, ки маълумоти оморӣ ба шиддати мушкили зӯроварӣ ва худкушӣ миёни занон ишора карда, таваҷҷуҳи доимӣ аз ҷониби ҷомеа ва сохторҳои давлатиро тақозо мекунанд.

Зикр шуд, ки давоми сол ба Кумита 3 ҳазору 609 муроҷиат ва шикояти тасдиқшудаи марбут ба хушунат ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 403 ҳолат зиёдтар  мебошад. Аз ин миқдор 3 ҳазору 019 шикоят нисбат мардон ворид шудааст, ки 367 шикоят зиёдтар нисбат ба соли пешин аст.

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила гуфт, ки омилҳои асосие, ки ба худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони занону духтарон сабаб мешавад, ин пеш аз ҳама, хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар ё хешовандон душвориҳои равонӣ ва эҳсосӣ бо шумули афсурдаҳолӣ (депрессия) ва беилоҷӣ, муноқиша бо хешовандон ё ҳамсар бо шумули никоҳи маҷбурӣ ё маҳдуд кардани озодӣ, нодида гирифтани кумаки равонӣ ва дастрасии маҳдуд ба хадамоти иҷтимоӣ барои занон мебошад.

Ӯ ҳамчун, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба дастгирии равонӣ ва ҳимоя аз ҳуқуқҳои занон даъват кард.

 

Худкушӣ ҳамчун эътироз?

Мушкилӣ худкӯшӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз сӯи занону духтарон, махсусан дар пайи шиканҷаи хонаводагӣ дар Тоҷикистон солҳост, ки доғ аст. Солҳои охир бархе занон на танҳо худ, ҳамчунин, бо қасди хуӯдкӯшӣ кӯдаконашонро ҳам қасд мекунанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ин афсурдаҳолӣ ва ё бемории равонӣ набуда, балки як навъ эътирози занон ба  ба воқеъиятҳоест, ки онҳо бо он зиндагӣ мекунанд.

Яке аз чунин ҳодисаҳои пурсарусадо тобистони соли гузашта рух дод. Шаби 29 ба 30-юми июни соли 2025 дар ноҳияи Фархор Мадина Ҳалимова, як сокини маҳаллӣ ҳамроҳи 4 фарзандаш худро ба дарё партофт.

Ба зан муяссар шуд, ки ба соҳил баромада, худро наҷот диҳад. Вале ҳамаи фарзандонаш ғарқ шуда, ҷон доданд. 

Мақомоти тафтишотӣ муайян карданд, ки зан аз сабаби рашки  зиёд ва бемории рӯҳӣ ба ин амал даст задааст. Тибқи фарзияи тафтишот, Ҳалимова шавҳарашро ба доштани зани дуюм гумонбар медонистааст, ҳарчанд ин зимни тафтишот тасдиқ нашудааст.

Рӯзи 10-уми октябри соли 2025 додгоҳи вилояти Хатлон Мадина Ҳалимоваро барои одамкӯшӣ (моддаи 104 КҶ ҶТ) айбдор дониста, 20 сол раовнаи зиндон кард.

Мақомоти тафтишотӣ, ҳамчунин эҳтимоли даст доштани шавҳарашро ба ин амал санҷиданд, вале далелҳои айбдории ӯ тасдиқ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Идомаи баҳси ҳарфи “ӯ”. Ноиби президент гуфт, “Академияи миллии илмҳо ба он нуқта мегузорад!”

0

Ба баҳси ҳарфи “ӯ”, ки пас аз нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳот доғ шуд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) нуқта хоҳад гузошт. Ин ҳарфро ноиби президенти АМИТ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Роҳбари Институти забон ва адабиёт ҳам гуфт, ки ин масъаларо бо забоншиносон ба баррасӣ мекашад.

Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ аз нашри нави “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” хабар дод, ки дар онҳо мавқеи ҳарфи “ӯ” ба ду гурӯҳ – устувор ва ноустувор тақсим шудааст. Мувофиқи он, акнун дар вожаҳои ҳамреша бо калимаи “омӯхтан”, аз ҷумла “омӯз”, “омӯзгор”, “омӯзиш” ба ҷойи ҳарфи “ӯ” ҳарфи “у” навишта мешавад.

Ин тағйирот ба имло дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, ба вижа забоншиносон андешаҳои гуногунро баён карданд.

Бо гузашти як ҳафта, имрӯз, 5-уми феврал, ин нукта бори дигар дар нишасти Академияи миллии илмҳо аз ҷониби рӯзноманигорон ба баҳс кашида шуд. Муҳаммаддовуд Саломиён, ноиби президенти АМИТ дар посух гуфт, ки аз баҳсҳои истифодаи ҳарфи “ӯ” дар имлои забони тоҷикӣ хабар дорад ва аз қавли мутахассисони Институти забон ва адабиёти АМИТ афзуд, ки “ин баҳсе, ки ба вуҷуд омадааст, дар асоси қоидаҳои Имлои забони тоҷикӣ аст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммаддовуд Саломиён (аз рост)

Ноиби президент гуфт, ки ин тағйиротро дар асоси тағйирёбии решаҳои калима, махсусан дар решаҳои феълҳо, ки аз як асос ба асоси дигар мегузарад, муқаррар кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, “як калима наметавонад, ки дар як маврид дар як шакл навишта шавад ва дар мавриди дигар боз дигар хел талаффуз карда шавад”. Барои ҳамин, “бештар ба принсипи таърихияти имло таваҷҷӯҳ шудааст ва инро дар ҳамон имло ворид кардаанд”.

Муҳаммаддовуд Саломиён таъкид кард, ки ин тағйирот “бори дигар мавриди баҳси забоншиносон қарор мегирад ва нуқтаи охирон баъди як ҷаласаи хеле муҳиме, ки АМИТ шояд баргузор кунад, гузошта мешавад”.

 

“Фардо дар Институт баҳси “ӯ” мешавад”

Фарангис Шарифзода, роҳбари Институти забон ва адабиёти АМИТ дар идома тасдиқ кард, ки соати 10:00-и рӯзи 6-уми феврал дар иститути зери роҳбариаш бо иштироки забоншиносони муътабари ҷумҳурӣ як ҷаласа доир ба баррасии нашри нави китоби Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ баргузор мешавад.

Шарифзода афзуд, ки то нашри ин китоб Институт чанд ҷаласа баргузор карда, мавқеи ҳарфи “ӯ”-и устувор ва ноустуворро ба баррасӣ кашидааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фарангис Шарифзода

“Ҳамаи он калимаҳое, ки “ӯ”-и устувор доранд ё ин ки “вов”-и маҷҳул доранд, решашиносӣ шудаанд ва мо ҳамон луғати решашисоии ҳамон вожаҳоро ба Кумитаи забон пешниҳод карда будем ва фардо ҳам ин масъаларо бори дигар баррасӣ хоҳем кард”, – иброз дошт роҳбари Институти забон ва адабиёт.

Вай дар посух ба саволи он ки то куҷо пешниҳодҳои Институтро Кумитаи забон ва истилоҳот пазируфтааст, ҷавоб гуфт, ки “аксари пешниҳодҳои мо қабул шудаанд”.

Фарангис Шарифзода таъкид кард, ки “ҳозир баҳс танҳо сари масъалаи асоси забони ҳозираи феъл ва асоси замони гузаштаи он меравад”. Ӯ барои мисол аз вожаҳои “омӯхт” ва “омуз” ном бурда, гуфт, ки “бори дигар ин калимаҳо баррасии решашиносӣ мехоҳанд”.

Бояд гуфт, имлои ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ солҳо инҷониб баҳс мешавад ва донишмандон низ дар ин масъала андешаҳои мухталиф доранд. Чанде пеш дар саҳифаи фейсбук низ сари калимаи “пажӯҳиш”, ки дар имлои нав “пажуҳиш” навишта шудааст, баҳс ба миён омад ва аксар донишмандон ба далели вожаи сирф тоҷикӣ будани он, бардоштани ҳарфи “ӯ”-ро аз ин калима қабул надоштанд.

Бо ҷузъиёти баҳси ҳарфи “ӯ” дар ин матлаби “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо мекунед: “ОмӮзгор омУзгор мешавад”. Баҳси имлои “у” ва “ӯ” дар Кумитаи забон ва истилоҳот”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд

0

Дар пайи табодули марз байни Тоҷикистон ва Қирғизитон, дар ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулов 36 хонаи истиқоматии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ва 13 хонаи сокинони ин ноҳия ба ҷониби Қирғизистон гузашт.

Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “ҳамаи шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон ба кишври ҳамсоя гузашт, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

“Нархи хонаҳое, ки аз мо ба кишвари ҳамсоя гузашт, аз сӯи корхонаи “Суғднархгузор” ва коммисияи ҷумҳуриявӣ маълум карда шуд. Ба ҳамон нарх, имрӯз қитъаҳои замине, ки аз ҷониби Қирғизистон ба мо гузашт, ҳисоб карда истодаем, мувофиқи он ҷубронашро пардохт мекунем. Ягон нафар сокинони ноҳия, ки қитъа заминашон ба ҳисоби Қирғизистон гузашт, зарар намебинанд, ҳамаашро мо ҳисоббаробар мекунем”-афзуд Юлдошзода.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ҳоло муносибати сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамсоягони қирғизи хуб аст, рафтуомаду тиҷорат  ба роҳ монда шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххасозии сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон зӯроварӣ нисбати мардону занон зиёд шудааст

0

Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оила имрӯз, 4-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли гузашта 590 ҳолати шикояти мардон аз зӯроварии занон ба ин ниҳод ворид шудааст. Ин рақам назар ба соли 2024-ум 36 ҳолат бештар будааст.

Ҳамчунин, ба иттилои ӯ, занон дар соли 2025-ум 3 ҳазору 609 маротиба аз зӯроварии мардон алайҳашон ба Кумита шикоят бурдаад, ки ин рақам нисбат ба соле пеш аз он 367 ҳолат зиёдтар будааст. 

 

Ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик кам, аммо миёни духтарон зиёд шудааст

Файзиддинзода зикр кард, ки ҷинояткорӣ дар байни занони тоҷик кам, аммо миёни духтарон зиёд шудааст. Соли 2025 аз сӯи занон 1 ҳазору 571 ва аз ҷониби духтарон 19 ҷиноят сабт шудааст. Ӯ гуфт, ҷинояткорӣ аз сӯи занон назар ба соли 2024-ум 175 ҳолат кам ва аз ҷониби духтарон 5 ҳолат бештар аст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила

Ҳамчунин, ба иттилои раиси Кумита, соли 2025 ҷиноят алайҳи занону духтарон низ бештар гардидааст. Дар ин сол 3 ҳазору 423 (соли 2024 – 3246) ҷиноят алайҳи занон ва 288 (соли 2024 – 208) ҷиноят нисбати духтарон рух додааст.

 

Талоқ ва никоҳ дар Тоҷикистон кам шудааст

Бунафша Файзиддинзода илова кард, ки  соли гузашта дар кишвар 8 ҳазору 535 никоҳ бекор гардидааст, ки назар ба соли 2024-ум 567 ҳолат камтар аст. 

Дар пайи ҷудошавии оилаҳо, 7 ҳазору 385 кӯдаки ноболиғ ё аз падар ва ё аз модар дур мондаанд. Ин рақам дар қиёс ба соли 2024-ум 1 ҳазору 11 кӯдак камтар будааст. 

Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар Тоҷикистон 72 ҳазору 437 ақди никоҳ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 760 ҳолат камтар будааст.

Файзиддинзода афзуд, ки сои 2025-ум 603 ақди никоҳ дар асоси қарори додгоҳ, яъне дар натиҷаи кам кардани синни никоҳӣ сурат гирифтааст, ки 168 адад аз соли пеш камтар аст.

Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. 

Мақомоти масъул ҳарчанд мегӯянд, ки омори талоқ сол то сол дар кишвар кам мешавад, вале он ҳоло ҳам нигаронкунанда аст. Соли гузашта, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар дар ин робита гуфта буд, ки “ҳоло ҳам аз шумори талоқҳо қаноатбахш нестем”.

Қаблан, Бунафша Файзиддинзода омили асосии пошӯхрии оилаҳоро ба издивоҷи бармаҳал ва омода набудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона рабт дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 20

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми бистуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Наздики 100 млн сомонӣ қарзи НБО “Роғун” дар назди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”

0

НБО “Роғун” ба ҳолати 1-уми январи соли 2026 ба маблағи қариб 100 млн сомонӣ аз нерӯи барқ қарздор мебошад. Давоми соли гузашта “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба ин нерӯгоҳ 116 млн 73 ҳазор квт нерӯи барқ ба маблағи 80 млн 250 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст. Бо ҷамъи қарзҳои аз соли 2024 –ум монда, қарзи нерӯгоҳи “Роғун” дар назди ШТБ ба 97 млн 481 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.

Ҷомӣ Умарзода, мудири раёсати даромадҳо дар самти фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ” 3-юми феврал дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” масъалаи қарздории НБО “Роғун” аз нерӯи барқи ҳисобишуда дар назди ин ниҳодро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, ки нерӯгоҳи “Роғун” дар асоси додугирифт барқи истеҳсолкардаашро ба ҶСК “Барқи тоҷик” мефурӯшад ва аз хатҳои пастшиддати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” барои истифода барқро мехарад.

Қурбон Аҳмадзода, намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки соли гузашта НБО “Роғун” ба ин ширкат дар ҳаҷми 1 млрд 614,3 млн квт нерӯи барқро ба маблағи 376,1 млн сомонӣ фурӯхтааст. Аммо ӯ нагуфт, ки ширкати “Барқи тоҷик” чӣ миқдори ин маблағро ба нерӯгоҳ пардохт кардааст.

Ба гуфтаи Ҷомӣ Умарзода, ҳоло нерӯгоҳи “Роғун” бо ҷамъи қарзҳои аз соли 2024 –ум монда, ки 17 млн 231 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дар назди ШТБ ба маблағи 97 млн 481 ҳазор сомонӣ қарздор аст.

“Дар 12-моҳи соли 2025 НБО “Роғун”  116 млн 73 ҳазор квт нерӯи барқ ба маблағи 80 млн 250 ҳазор сомонӣ гирифтааст. Дар умум, қарзи нерӯгоҳ дар назди ШТБ 97 млн 481 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то ҳол ин қарз пардохт нашудааст. Дар робита ба ин масъала, бо роҳбарияти НБО “Роғун” вохӯрӣ ва гуфтушунид сурат мегиранд”,-гуфт номбурда.

Умарзода гуфт, ки нерӯгоҳи “Роғун” ба рӯйхати иншооти дорои хусусияти стратегӣ дохил аст, ки тибқи он “новобаста ба қарздорӣ бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад”.

Ин масъули ШТБ мегӯяд, ки дар соли 2024 нерӯгоҳ “пули барқро пардохт кардааст ва танҳо 17 млн 231 ҳазор сомонии дигари он боқӣ мондааст”.

Аз ин ниҳод гуфтанд, гуфтанд, дар ҳамкорӣ бо Вазорати молия, роҳбарияти нерӯгоҳи “Роғун” ва ширкати “Барқи тоҷик” масъалаи пардохти пули барқ аз сӯйи нерӯгоҳ баррасӣ мешавад.

Бояд гуфт, айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун”, ки солҳои 2018 ва 2019 мавриди истифода қарор гирифта буданд, бо иқтидори паст кор мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз пурра ба истифода додани нерӯгоҳ, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он ба беш аз 14,5 млрд кВт/соат расад.

Дар толори мошинҳои нерӯгоҳ 6 агрегати иқтидори ҳар кадоме 630 МВт насб карда мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини нерӯгоҳ дар соли 2029 дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба Тоҷикистон боз барфу борон меояд

0

Нимаи дуюми имрӯз, 5-уми феврал ва рӯзи 6-уми феврал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон боришоти пуршиддат дар назар аст. Ба иттилои Оҷонсии ҳавошиносӣ, дар водиҳо борону барф борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳӣ аксаран барф меборад.

"Дар ағбаҳои кӯҳӣ боришоти шадиди барф пешбинӣ мешавад. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор шуда, ҷамъшавии барфтӯдаҳои зиёд дар роҳҳо ва фаромадани туман аз эҳтимол дур нест, ки сатҳи биноиро мушкил месозад. Хавфи баланди фаромадани тарфмаҳо низ боқӣ мемонад", – гуфтааст ин ниҳод.

Аз ҷумла, имрӯз, 5-уми феврал дар километрҳои 48-74-уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ, бахусус дар қитъаи Майхӯра-Зидеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин шаҳру ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ эҳтимоли фаромадани тармаҳо пешбинӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок пас аз тармафароии рӯзи 3 феврал

Дар водиҳо, ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии ҷумҳурӣ ҳарорат то 10-12 дараҷа поин меравад.

Ба аҳолӣ, аз ҷумла ронандагон тавсия дода мешавад, ки аз сафар ба мавзеъҳои кӯҳистон ва дорои хавфи тармафароӣ бидуни зарурати муҳим худдорӣ кунанд.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳавои моҳи феврал дар Тоҷикистон аз маъмулӣ дида гармтар мешавад. Дар аксари минтақаҳо ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешбинӣ мешавад. Боришот дар ҳудуди меъёр ва каме баландтар аз он дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо шамоли сахт мевазад ва туман мефарояд.

Боришот дар ҳудуд ё баландтар аз меъёр пешбинӣ мешавад: дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 37-130 миллиметр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор – то 141 миллиметр, дар ғарби ВМКБ – 8-59 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як сония ва фаромадани туман дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Кумитаи кор бо занон ва оила (соати 08:00), Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Академияи миллии илмҳо (соати 09:00), Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш (соати 10:00), Агентии назорати давлатии энергетикӣ (соати 11:00 дар кӯчаи Қаҳҳоров, 35, рӯ ба рӯи меҳмонхонаи “KANGURT”), шаҳрдории Душанбе (соати 09:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе) нишасти матбуотӣ баргузор мекунанд ва аз фаъолияти яксолаи худ назди хабарнигорон гузориш медиҳанд.

– Имрӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба каратэ-киокушинкай баргузор мешавад. Ин мусобиқа бори дуввум доир мешавад ва аз ҳамаи шаҳру навоҳӣ довталабон иштирок мекунанд. Мусобиқа пагоҳ низ идома меёбад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон расман ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2008 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози худро анҷом дод. Ин парвоз дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе сурат гирифт.

Соли 2013 –Сокини 8 миллионуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба дунё омад.

Соли 2018 – Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон, дар доираи иқдоми “Трофи Тур” Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба Тоҷикистон оварда шуд.

Соли 2020 – Бонки Ҷаҳонӣ ва шаҳрдории Душанбе барои иҷрои тарҳи 30 миллион доллар барои таъмини сокинони Душанбе бо оби ошомиданӣ созишнома имзо карданд.

Соли 2021 – Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Бонки миллӣ бинои "Душанбе Плаза"-ро харидааст ва шаҳрдории Душанбе ширкати сохтмонии Бег Сабурро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2025 – Дар доираи парвандаи “табаддулоти давлатӣ” 9 кас, аз ҷумла 1 вакили собиқи парлумон, 2 намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ, 3 мансабдори пешини давлатӣ, 2 маъмури бознишастаи амният ва 1 рӯзноманигори ҷавон зиндонӣ гардиданд:

– Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон – 27 сол зиндон бо мусодираи амвол;

– Ҷамшед Бобоев, сарҳанги бознишастаи амният – 21 сол зиндон;

– Аҳмадшо Комилзода, рӯзноманигор ва муовини пешини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон – 19 сол зиндон;

– Акбаршо Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олии Тоҷикистон – 18 сол зиндон ва қисман мусодираи амвол;

– Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони варзида ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 18 сол зиндон;

– Нураҳмад Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният – 18 сол зиндон;

– Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини як раёсати ВКХ – 17 сол зиндон;

– Рухшона Ҳакимова, хабарнигори тоҷик ва бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов – 8 сол зиндон.

Аксари онҳо ба иттиҳоми “хиёнат ба давлат” ва “ғасби ҳокимият” муттаҳам шудаанд. Худашон ин иттиҳомотро рад карданд.

Ҷузъиёти парвандаи “табаддулоти давлатӣ”-ро дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед: Додгоҳи олии Тоҷикистон бори аввал ва расман бархе ҷузъиёти “парвандаи табаддулот”-ро шарҳ дод

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1948 – Мавлуди Мунира Иноятова, сиёсатмадор ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон, яке аз сиёсатмадорони пурталоши кишвар дониста мешавад. Ӯ, ки ҳоло бознишаста аст, аз камтарин касонест, ки пайваста бо расонаҳо суҳбат мекунад ва ошкоро аз камбуди ҷомеа, бавижа маориф ва таҳсил мегӯяд ва барои силоҳи камбуди ҷойдошта пешниҳодҳо мекунад. 

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии педагогӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд аст. Солҳо вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаъолият карда, аз муаллими мактаб то ба вазифаи вазири маориф ва илм кор кард.

Ӯ солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои 1994-2000 вазири маориф буд. Баъдан мушовири давлатии президент, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди раисҷумҳур ва корманди дастгоҳит иҷроияи президент буд.

Соли 1950 – Зодрӯзи Сафиев Ҳайдар, кимиёшинос, доктори илмҳои кимиё.

Соли 1953 – Зодрӯзи Неъмат Оташ, шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.

Соли 1964 – Мавлуди Файзулло Наҷмиддиниён, вакили пешини Маҷлиси намояндагон.

Соли 1972 – Мавлуди Замирахон Ӯлмасова, адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик.

Соли 1978 – Мавлуди Ширин Амонзода, собиқ вазири муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ширин Амонзода

Ширин Амонзода вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ки ду сол пеш аз ин вазифа барканор шуд, яке аз чеҳраҳои нав дар ҳукумати Тоҷикистон муаррифӣ мешуд ва бо чанд иқдоми ғайримаъмул барои мансабдорони тоҷик таваҷҷуҳ ҷалб карда буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон буда, баъди чанд соли фаъолият дар лоиҳаҳои гуногун, аввал раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардид.

Аз 3-уми ноябри соли 2020 то 5-уми январи соли 2023 дар вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кард.

Аз ӯ яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат ном бурда мешуд, аммо баъди барканориаш аз вазифаи вазирӣ дар суҳбати телефоние ба "Азия-Плюс" гуфта буд, акнун ба кори илмӣ машғул мешавад.

Ширин Амонзода муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст.

Соли 1988 – Муаззама Аҳмадова, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 35-солагӣ даргузашт.

Соли 1999 – Олуболу Боқиев, таърихдон, доктори илмҳои таърих дар 64-солагӣ даргузашт.

Соли 2022 – Дамирбек Олимов, яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар синни 32-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дамирбек Олимов

Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.

Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.

Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Аз соли 2007 инҷониб, ҳамасола 5-уми феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Nutella” – хамираи шоколадию чормағзӣ, ки “зодгоҳаш” Италия аст, таҷлил карда мешавад.

Соли 1946 қаннод ва нонпаз Пиетро Ферреро истеҳсоли шоколади мулоимро оғоз кард, ки соли 1951 он номи Supercrema (“Суперкрем”)-ро гирифт. Пас аз 13 сол, соли 1964, писари Пиетро – Микеле Ферреро бо тағйир додани таркиби он, маҳсулоти наверо бо номи “Nutella” ба бозор баровард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

5-уми феврал соли 1919 нахустин хатсайри мусофирбарии ҳавоӣ оғоз шуд. Аввалин ҳавопаймои мусофирбарии "J.II", ки танҳо як мусофирро интиқол медод, парвозҳои худро байни Берлин ва Веймар оғоз намуд.

Ҳавопаймоҳо ба Ширкати ҳавопаймоии Олмон (Deutsche Luft-Reederei GmbH) тааллуқ доштанд ва аввалин ҳавопаймоҳои мусофирбар буданд, ки ҳамчун хатсайрҳои доимӣ дар Олмон фаъолият карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин рӯз бори аввал витамини D ба таври сунъӣ ҳосил карда шудааст. Соли 1928 кимиёдони олмонӣ Адолф Виндаус, ки зиёда аз 30 сол стеринҳоро меомӯхт, эргостеринеро кашф кард, ки таҳти таъсири нури ултрабунафш ба эргокалсиферол (витамини D) табдил меёфт.

Ҳамон сол, Виндаус барои ин кашфиёти худ Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи кимиё соҳиб гардид. Баъдан, солҳои 1931-1937 сохтори кимиёвии витамини D ва провитамини он пурра омӯхта шуд. Ҳамчунин, муайян гардид, ки дар пӯсти инсон метавонад миқдоре аз витамини D таҳти таъсири шуоъҳои ултрабунафш ҳосил гардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 3+5º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 5 ба 6-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қатару Белгия ва Ҷопону Олмон. Муҳоҷирони тоҷик ба кадом кишварҳо барои кор рафтанд ва метавонанд раванд?

0

Соли гузашта беш аз 4 ҳазору 600 шаҳраванди Тоҷикистон ба кишварҳои авропоӣ, арабӣ ва осиёӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд. Дар ин бора дирӯз, 3-юми феврал, дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнату муҳоҷират хабар доданд.

Тибқи иттилои вазорат, соли гузашта 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қатар бо кор таъмин шудаанд. Инчунин, Кореяи Ҷанубӣ соли 2025-ум барои 800 муҳоҷири тоҷик квота ҷудо кардааст. Вале ин кишвар 68 довталабро интихоб карда, 21 нафари онҳоро бо кор таъмин кардааст. Вазорат гуфтааст, ки ҳуҷҷатҳои 12 довталаби дигар барои сафар ба ин кишвар омода аст.

Ҳамчунин, дар як ширкати ҷопонӣ 10 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Мақомот гуфтаанд, ки “корҳо ҷиҳати сафарбар кардани муҳоҷирони меҳнатӣ барои кор дар Ҷопон идома дорад”.

Тибқи иттилои вазорат, дар мусоҳибаи ширкатҳои қатарӣ бо корҷуёни тоҷик, ки се рӯз дар Душанбе гузашт, беш аз 1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иштирок кардаанд. Аз ин теъдод ҳамагӣ 263 нафар аз сӯҳбати корфармоён гузаштаанд ва рӯзҳои наздик барои кор дар Қатар миёни онҳо созишнома ба имзо мерасад.

Аз ин ниҳод ба таври мушаххас нагуфтанд, ки чанд муҳоҷири тоҷик ба кадом кишварҳои аврупоӣ ва арабӣ ба кор рафтаанд.

 

Муҳоҷирони кории тоҷик ба Белгия мераванд

Вале Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки “вазорат корҳоро барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо ва Осиё ҷоннок кардааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Солеҳа Холмаҳмадзода

Ӯ гуфт, моҳи ноябри соли 2025 байни Тоҷикистон ва Подшоҳии Белгия ёддошти тафоҳҳум дар самти муҳоҷират ба имзо расидааст.

“Ҳуҷҷат айни ҳол дар марҳилаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад. Санади мазкур имкон медиҳад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Белгия, Ҳоланд ва Люксембург ба фаъолияти меҳнатӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб машғул шаванд”,-гуфтанд дар Вазорати меҳнат.

Ба гуфтаи Холмаҳмадзода, соли гузашта бо 17 кишвар, аз ҷумла Корея, Қатар ва дигар кишварҳои арабӣ созишнома ба имзо расонидаанд. Ӯ гуфт, ҳоло бо кишвари Олмон низ ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ корбарӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон танҳо дар соли 2025 беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Мақомот мегӯянд, ки теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда нисбат ба соли 2024-ум кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида афзудааст.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт, Кореяи Ҷанубӣ ва Корея мебошад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Мактаби “Сомониён” то ҳол иҷозатнома нагирифтааст, аммо фаъолият дорад”

0

Муҳаммадтоир Саидзода, роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мегӯяд, ки мактаби “Сомониён”, ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон, то ҳол аз ин ниҳод иҷозатнома нагирифтааст, вале фаъолият дорад.

Саидзода имрӯз зимни нишасти хабарии Агентии зери роҳбариаш гуфт, ки сафири Афғонистон дар Душанбе тариқи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои тамдиди иҷозатнома ба Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм муроҷиат кардааст.

“Барои минбаъд ба роҳ мондани фаъолияти муассиса ба Сафорат якчанд пешниҳод кардем. Онҳо ин масъаларо мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз натиҷааш то ҳанӯз ба мо хулоса пешниҳод накардаанд”, – иброз дошт роҳбари Агентӣ.

Муҳлати иҷозатномаи фаъолияти мактаби “Сомонииён” 17-уми октябри соли 2024 ба охир расида буд. Роҳбари Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм гуфт, азбаски ҳукумати Афғонистон иваз шудааст, мавқеи ин муассиса аз ҷониби ҳукумати кунунии Афғонистон муайян нест. Ӯ таъкид дошт, ки “дар ҳамин замина муассиса бояд баъзе санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқиашро дуруст кунад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадтоир Саидзода

Вай дар шарҳи “якчанд пешниҳод” аз ҷумла гуфт, пешниҳод кардаанд, ки хонандагони мактаби “Сомонииён”, ки бо мо ҳамзабон ҳастанд, метавонанд дар мактабҳои маҳалли зисташон таҳсил кунанд. Ё талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мактаб татбиқ карда, фаъолияташро расман ба роҳ монанд.

“Барои фаъолият кардани мактаби “Сомониён” бояд ҳамин чиз (манзур талаботи болозикр, – АП) дар сатҳи Сафорат ва мақомоти дигар қарори дахлдор қабул шавад, пешниҳод кунанд, мо ҳатман мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор медиҳем”, – гуфт Саидзода.

Муҳаммадтоир Саидзода тасдиқ кард, ки аз фаъолияти кунунии мактаби Сомониён дар бинои Сафорати Афғонистон дар Душанбе огоҳ ҳаст, вале ҳамзамон таъкид дошт, ки ин мактаб то кунун иҷозатнома надорад.

Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи сентябри соли 2025 аз Сафорати Афғонистон дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки мактаби “Сомониён” иҷозатнома гирифта, дубора фаъолияташро дар бинои сафорат оғоз кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хонандагони мактаби "Сомониён" бо сафири Афғонистон дар Душанбе

Он вақт гуфта буданд, ки “мактаби “Сомониён” ахиран тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардааст ва акнун қонунӣ фаъолияташро идома дода истодааст”.

“Ҳоло беш аз 500 нафар фарзандони паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар се синфхона дар бинои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тадрис доранд. Тибқи гуфтаи Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, дарс аз 30-юми август оғоз шуд, дар ин рӯз мо занги мактаб доштем”, – гуфта буданд масъулини Сафорат.

Талошҳои мо барои гирифтани назари Сафорати Афғонистон дар Душанбе дар робита ба фаъолияти бидуни иҷозатномаи мактаби “Сомониён” бенатиҷа анҷомид.

Мактаби “Сомониён” соли 2001 дар Душанбе таъсис ёфт. Дар ин мактаб то замони қудратро ба даст гирифтани Толибон* дар Афғонистон фарзандони муҳоҷирону ин кишвар таълим мегирифтанд. Худи мактаб бошад, мувофиқи меъёри Вазорати маорифи Афғонистон фаъолият мекард. Ҳамчунин, пули иҷораи мактабро ин вазорат пардохт мекард.

Аммо пас аз дубора ба қудрат баргаштани “Толибон” мактаби мазкур ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд. Маблағи иҷораи онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2024 пардохта буд. Баъди он мактаб ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблиаш– Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчид.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби мазкур гуфта буд, ки ин мактаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Зоҳир Ағбар ваъда дода буд, ки қарзи мактаб пеши соҳибмулки қаблӣ ҳал хоҳад шуд.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон ваъда кардааст, барои мактаб ҷойи мушаххасеро ҷудо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи сафир, ин кор вақт мехоҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.