Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, дар пайи табодули марзӣ бо Қирғизистон чанд хонаро иваз карданд

Дар пайи табодули марз байни Тоҷикистон ва Қирғизитон, дар ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулов 36 хонаи истиқоматии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ва 13 хонаи сокинони ин ноҳия ба ҷониби Қирғизистон гузашт. Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “ҳамаи шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон ба […]

Дар пайи табодули марз байни Тоҷикистон ва Қирғизитон, дар ноҳияи наздимарзии Ҷаббор Расулов 36 хонаи истиқоматии шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон ва 13 хонаи сокинони ин ноҳия ба ҷониби Қирғизистон гузашт.

Дар ин бора Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотии рӯзи 30-юми январ хабар дод. Ӯ гуфт, ки “ҳамаи шаҳрвандоне, ки хонаҳояшон ба кишври ҳамсоя гузашт, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд.

“Нархи хонаҳое, ки аз мо ба кишвари ҳамсоя гузашт, аз сӯи корхонаи “Суғднархгузор” ва коммисияи ҷумҳуриявӣ маълум карда шуд. Ба ҳамон нарх, имрӯз қитъаҳои замине, ки аз ҷониби Қирғизистон ба мо гузашт, ҳисоб карда истодаем, мувофиқи он ҷубронашро пардохт мекунем. Ягон нафар сокинони ноҳия, ки қитъа заминашон ба ҳисоби Қирғизистон гузашт, зарар намебинанд, ҳамаашро мо ҳисоббаробар мекунем”-афзуд Юлдошзода.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфт, ҳоло муносибати сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамсоягони қирғизи хуб аст, рафтуомаду тиҷорат  ба роҳ монда шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли нофаҳмиҳо, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи баҳси мушаххасозии сарҳад ба созиш расиданд.

Рӯзи 13-уми марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳад бо Қирғизистонро дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.