Вазорати меҳнат: “Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд”

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис таъсис дода шуд, ки аз чор як ҳиссаи онро ҷойҳои кории доимӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ҷойҳои кории таъсисёфта 74 ҳазор ё худ 26,2%-и онҳо ҷойҳои кории доимианд. Ҳудуди 50 ҳазор ҷойи кории муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, чунин сохтори шуғл ба вобастагии боқимондаи бозори кор аз шаклҳои мавсимӣ ва мувақққатии ҷойҳои корӣ, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи хидматрасонӣ ишора мекунад.

"Дар ҳамин ҳол, қисмати зиёди ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дастгирии  соҳибкорон таъсис дода шудааст. Ба шаҳрвандони барои роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва пешниҳоди хидматрасонӣ кумакпулӣ дода шуд, ки ба шуғли мустақилона (инфиродӣ) ва дарёфти манбаъҳои даромади нав имкон дод", – гуфт вазири меҳнату муҳоҷират.

Ба иттилои вай, ғайр аз ин, соли 2025 дар соҳаи саноат, сохтмон ва сайёҳӣ афзоиши талабот ба қувваи корӣ ба қайд гирифта шудааст. Вазир гуфт, "имрӯз ширкатҳои ватанӣ ҷойҳои корӣ пешниҳод намуда, сатҳи музди меҳнат дар онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ кам нест".

Соли гузашта, мақомоти мақомот, дар зиёда аз 10 ҳазор корхонаву ташкилот 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида, корхонаву муассиса ва ташкилоту хоҷагиҳо зиёда аз 15 ҳазор ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди меҳнати паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба он намераванд ва дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноат соати 09:00, КВД “Тоҷиксуғурта” соати 10:00, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм соати 11:00, ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва ноҳияи Сино соати 14:00 дар бинои ҳукуматҳои ноҳияҳо, ҳукумати шаҳри Ҳисор соати 10:00, Агентии хоҷагии ҷангал соати 16:00 ва  Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн соати 09:00 нишасти матбуоть доир мегардад ва ин ниҳодҳо дар бораи натиҷаи фаъолияташон дар соли 2025 ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 4 ФЕВРАЛ

Соли 2002 – Дар Душанбе аввалин истгоҳи автоматишудаи метеорологӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2010 – Созмони дифоъ аз рӯзноманигорон дар ИМА аз додгоҳҳои Тоҷикистон даъват кард, ки даъвоҳои тӯҳмат алайҳи рӯзномаҳои мустақилро бекор кунанд.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон, президентт кишвар ҷаласаи аввали Шӯрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсиониро баргузор намуд.

Соли 2015 – Дар Душанбе дар оилаи Маҷнуновҳо чоргоник ба дунё омад, ки президенти кишвар супориш дод, ба онҳо хонаи сеҳуҷрагӣ диҳанд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2019 – Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба танзими нерӯи корӣ ба имзо расид, ки тибқи он Қатар розӣ шуд муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро қабул кунад.

Соли 2021 – Рустами Эмомалӣ дар бораи бо мақомоти давлатӣ мувофиқа кардани номгузории иншоот дар Душанбе қарор ба имзо расонид.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат варзид ва дар ҳошияи он бо роҳбари Чин мулоқот кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1935 – Зодрӯзи Алӣ Насириён, ҳунарпешаи театр, синамо ва намоишноманависи эронӣ, ки дар Тоҷикистон низ маъруфият дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алӣ Насириён

Алӣ Насириён яке аз чеҳраҳои маъруфи театр ва синамои Эрон буда, нишони дараҷаи яки ҳунариро аз раисҷумҳури вақт дарёфт кардааст. Дар Тоҷикистон ӯро асосан тавассути нақши “Бузургоғо” дар силсилафилми “Шаҳрзод” мешиносанд.

Ӯ ҳамчунин дар филмҳои “Иртиботи хонаводагӣ”, “Шикорчии шанбе”, “Пастчӣ се бор дар намезанад”, “Ҷазираи оҳанӣ”, “Шоҳи хомӯш”, “Девонае аз қафас парид”, “Зиндони 707”, “Солҳои хокистар”, “Дузд ва нависанда”, “Офтобнишинҳо”, “Фасли хун” ва даҳҳо филми дигар нақш офаридааст.

Ҳамчунин, дар театр низ нақшҳои мондагор бозидааст. Ӯ аз ҷумлаи намоишноманависони забардасти Эрон буда, “Булбули саргашта”, “Китоби тамошохона”, “Лонаи шағол”, “Бозии Султон ва Сиё”, “Бозигар ва занаш” аз маъруфтарин нигоштаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1946 – Мавлуди Аъламхон Кӯчаров, адабиётшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аъламхон Кӯчаров

Аламхон Кӯчаров адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик буда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ фаъолияташро аз Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб оғоз намуда, баъдан ба Академияи милли илмҳои кишвар ба фаъоляит пардохт. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарс мегӯяд.

Фаъолияти илмиаш бештар ба таҳқиқи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, бахусус осори Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода равона шудааст. Аламхон Кӯчаров матни илмии интиқодии қиссаҳои “Одина” ва “Марги судхӯр”-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои “Қуддусия”, “Маърифати нафс” ва “Дарвешия”-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба табъ расондааст.

Соли 1953 – Зодрӯзи Туғрал Шокиров, доктори илмҳои филология.

Соли 1965 – Зодрӯзи Нусратулло Салимзода, собиқ вазири тандурустии Тоҷикистон, раиси пешини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳоло раиси ноҳияи Рӯдакӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нусратулло Салимзода

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи тиббии Тоҷикистон буда, солҳо дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи тандурустӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2008 то соли 2017 ду навбат вазири тандурустии Тоҷикистон буд. Баъдан раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъйин гардид. Пас аз ин, аз соли 2023 то январи 2025 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Ҳоло раиси ноҳии Рӯдакӣ аст.

Соли 2006 – Камолиддин Бойматов, риёзидони тоҷик, доктори илмҳои физикаву математика дар синни 55 даргузашт.

Соли 2016 – Асадулло Саъдуллоев, омӯзгор ва рӯзноманигори тоҷик дар синни 75-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Асадулло Саъдуллоев

Асадулло Саъдуллоев доктори илм, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз поягузорони мактаби таҳқиқоти журналистӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолияти журналистии худро дар телевизиони давлатии Тоҷикистон оғоз намуда, сипас соли 1969 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” онро идома додааст.

Соли 1979 дар рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ба ҳайси муовини муҳаррир ба фаъолияти рӯзноманигории худ идома дода, соли 1981 дар бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷик ба ҳайси устод ба кор пардохтааст.

Устод Асадулло Саъдуллоев ҳамчунин чанд муддат декани ин факулта буд. Ӯ то лаҳзаҳои ахири зиндагиаш дар ин факулта ба шогирдон аз фанни таҳқиқоти журналистӣ дарс мегуфт.

Соли 2025 – Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, имоми шиъиёни исмоилии низорӣ дар 88-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оқохони IV

Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохон 3 дар 11-уми июли соли 1957 дар 20-солагӣ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон шуд. Вай 49-умин имоми исмоилиёни ҷаҳон аст. Вай баъди хатми мактаби Ле Розеи Швейтсария ба Донишгоҳи Ҳорворд дохил ва риштаи таърихи исломро хатм кард. Оқохони IV муддате ҳам масъули кумакҳои кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) будааст.

Номбурда поягузори Муассисаи мутолеоти исмоилӣ, Маркази ҷаҳонии касратгароӣ (плюрализм), Донишгоҳи Осиёи Миёна ва Донишгоҳи Оқохон мебошад.

Карим Оқохони 4 Бунёди Рушди Оқохон (AKDN)-ро, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистону кишварҳои ҳамсояаш чандин тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоиро амалӣ мекунад, созмон додааст.

Ин ташкилот ва агентиҳои он ба тақвият ва беҳтар кардани сифати зиндагии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ тамаркуз мекунанд. Ҳадафи барномаҳои AKDN ин баланд бародштани сатҳи некӯаҳволии ҳамаи мардум, новобаста аз нажод, миллат ва дин  мебошанд.

Оқохони 4 солҳои 1995, 1998 ва 2008 ва бори охир соли 2012 ба Тоҷикистон омада буд.

Шоми 4-уми феврали соли равон шоҳзода Карим Оқохони 4 дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои саратон мебошад. Мақсад аз таъсис ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ин мушкилоти ҷаҳонӣ, ёдоварӣ аз хатари бемориҳои онкологӣ ва кам кардани сатҳи маргумир аз ин беморӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Саратон истилоҳи умумӣ барои зиёда аз 100 намуди беморӣ, ки метавонанд ба ҳар як қисми организм таъсир расонанд. Яке аз хосиятҳои асосии саратон афзоиши босуръати ҳуҷайраҳои ғайримуқаррарӣ мебошад, ки аз ҳадди табиӣ берун мебароянд.

Дар охири соли 2020-ум, СММ қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он Рӯзи байналмилалии бародарии инсонҳо таъсис дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин сана ҳамасола, 4 феврал ҷашн гирифта мешавад ва ба имзои ҳуҷҷати таърихии соли 2019 рабт дорад, ки онро Папаи Рум Франсиск II ва имоми акбари муассисаи “Ал-Азҳар”-и Миср доктор Аҳмад Ат-Тайиб дар мулоқоти худ дар Абу-Дабӣ ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷат “Бародарии инсонӣ барои сулҳ ва ҳамзистии ҷаҳонӣ” ном гирифтааст.

Ҳадафи таҷлили ин рӯз ёдоварӣ аз арзишҳои аслии инсонӣ – таҳаммулпазирӣ, муҳаббат, ҳамдилӣ ва кӯмаки мутақобила аст.

4 феврали 1911 ширкати “Rolls-Royce” барои автомобилҳои худ нишонаи машҳур – ҳайкалчаи зан бо болҳои кушодаро, ки пеш аз ҷаҳиш ба пеш хам шудааст, муаррифӣ намуд. Ин ҳайкалчаро ҳайкалтарош Чарлз Сайкс эҷод карда, ба он номи “Рӯҳи шӯхӣ” (Spirit of Ecstasy) дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи миллии шӯрбоҳои хонагӣ дар ИМА ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи анъана, шӯрбоҳои миллӣ дар саросари ҷаҳон машҳуранд. Ошхонаи тоҷикӣ низ дорои намудҳои гуногуни шӯрбо аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз яке аз ҷашнҳои ғайрирасмӣ – Рӯзи ихтирои “калӯш”-ҳои резинӣ аст. Таърихи аслии ин калима дар робита бо этимологияи калимаи “калӯш” аз “галӯш” баҳсбарангез аст. Ин намуди пойафзол дар кишвар, асосан дар деҳотҷойҳо васеъ истифода мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз, Рӯзи ба фаъолият оғоз кардани шабакаи иҷтимоии "Facebook" аст. Маҳз 4 феврали соли 2004, дар утоқи хобгоҳи Донишгоҳи Гарвард, ки онҷо Марк Цукерберг зиндагӣ мекард, шабакаи иҷтимоии Facebook рӯнамоӣ шуд.

Дар ибтидо ин як платформаи хурд ва ноошно буд, аммо имрӯз Facebook бузургтарин шабакаи иҷтимоии байналмилалӣ мебошад, ки миллиардҳо корбаронро аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон фаро гирифтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 12-14º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 6+8 гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат:  рӯзона 2+4º гарм, шабона 5-7º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 4 ба 5-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ихроҷу бозпас фиристодани 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия. Вазири меҳнату муҳоҷират сабабҳояшро шарҳ дод

0

Соли гузашта беш аз 36 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия ихроҷ ва ё бозпас фиристода шудаанд. Нисбат ба соли 2024 теъдоди тоҷикистониёни ихроҷшуда кам, вале аз фурудгоҳу марзҳои ин кишвар бозпасгардонида зиёд шудааст.

Иматшо Нодирзода, сардори Хадамоти муҳоҷират имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт, ки аз беш аз 36 ҳазор кас, қисме аз ҳудуди Русия ихроҷ ва қисми дигар аз фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватан бозпас гардонида шудаанд. Аммо ӯ дар нишасти хабарӣ ва кормандони вазорат баъди он ба “Азия-Плюс” дар робита ба омори мушаххаси ихроҷу бозпасфиристодаҳо чизе нагуфтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Иматшо Нодиров, аз рост нафари дуввум

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба гуфтаи масъулини Хадамоти муҳоҷират навишт, ки теъдодни тоҷикистониҳои ихроҷшудаҳо аз Русия  11 ҳазор аст ва 25 ҳазори дигарро иҷозаи ба қаламрави Русия воридшавӣ надода, ба Ватан бозпас гардонидаанд. Ба қавли масъулини Хадамоти муҳоҷират, бозпасфиристодаҳо ба фарқ аз ихроҷшудаҳо тавонистаанд дубора чипта гиранду “боз ба ягон шаҳри дигари Русия сафар кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, ин омор нишон медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Русия ихроҷ шудаанд – кам, вале шумораи тоҷикистониҳое, ки аз фурудгоҳҳои Русия бозпасгардонида шудааанд, зиёд гардидааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, соли 2024 беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз ҳудуди Русия бозпас фиристода шудаанд. Аз ин 17 ҳазору 800 нафар тавассути фурудгоҳҳои ин кишвар дубора ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Сабаби ихроҷу бозпас чист?

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон яке аз сабабҳои ихроҷ ва бозпас фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Русия, нақзи қонунҳои амалкунандаи ин кишвар дар мавриди муҳоҷират аз сӯи муҳоҷирони тоҷик унвон кард.

Вазири тоҷик гуфт, ки ду соли охир чанд қонуни федераӣ дар мавриди фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қабул шуд, ки бояд ҳар як муҳоҷир онҳоро риоя кунад, вагарна боиси ба ватан баргаштанаш мешавад.

“Ягон қонунвайронкунӣ, сари вақт муроҷиат накардан, ҳуҷҷатҳоро дуруст накардан… содир кардани ягон ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё содир кардани ягон ҷиноят агар ошкор карда шавад, сабаби асосии бозпас ё ихроҷи шаҳрвандон мегардад”, – гуфт Солеҳа Холмаҳмадзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Солеҳа Холмаҳмадзода

Холмаҳмадзода гуфт, барои пешгирӣ кардани ҳамин омилҳо Вазорат ва ниҳодҳои зертобеи он тадбири “муташаккилона фиристонаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия”-ро пеш гирифтааст. Яъне гурӯҳе аз шаҳрвандони кишварро ба коромӯзӣ ҷалб карда, дар ҳамкори бо мақомот ва корфармоёни Русия ба ин қаламрав равон мекунанд.

Ба қавли ӯ, соли гузашта 35 ҳазору 747 шаҳрванди Тоҷикистон муташаккилона ба хориҷи кишвар бо кор таъмин гардиданд, ки нисбати соли 2024-ум 18 ҳазору 805 тан зиёд мебошад.

Аммо вазир ва масъулони сохторҳои зертобеаш дар мавриди рейдҳои таҳқиромез, боздошту бедалел ихроҷ ё бозпас ба ватан баргардонидани муҳоҷирон, қазияҳои миллатгароӣ ва бо ин ангеза ба қатл расонидани муҳоҷирони тоҷик ва дигар омилҳое, ки коршиносон ва муҳоҷирон аз он шикоят доранд, ҳарфе назаданд.

 

Шиддати фишорҳо ва “мерос”-и ҳодисаи "Крокус"

Дар ду соли охир гузоришҳо дар бораи амалиётҳои вижаи пулиси Русия, ки бо номи “Нелегал” маъруфанд, зиёд шудааст. Ин "рейд"-ҳо на танҳо дар ҷойҳои корӣ ва хобгоҳҳо, балки дар масҷидҳо ва марказҳои фарҳангӣ низ сурат мегиранд. Муҳоҷирон аз муносибати дағалона, таҳқири шаъну шараф ва истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ аз ҷониби нирӯҳои интизомии Русия шикоят мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳузури намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар фурудгоҳи Душанбе

Худи муҳоҷирон ҳам борҳо дар расонаҳо аз рӯзҳову ҳафтаҳо дар шароити номусоид, бидуни ғизои кофӣ ва ҷойи хоб дар фурудгоҳҳои Русия боздошт ва сипас бидуни шарҳи возеҳ ба Ватан фиристодан шикоят кардаанд.

Инчунин, қабули қонунҳои нав, ки ба мақомоти пулис ҳақ медиҳад, муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ аз кишвар берун кунанд, раванди ихроҷро суръат бахшидааст.

Ёдовар мешавем, ки тайи ду соли охир, махсусан пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар марти соли 2024, мақомоти Русия натанҳо ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, балки “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро ҳам тартиб дода, ба даҳҳо қонуни амалкунанда тағйирот ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро дар ин кишвар сахттар мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дастури музокираи Пизишкиён ва дидори эҳтимолии мақомҳои Эрону Амрико дар Туркия

0

Раисҷумҳури Эрон ба вазири корҳои хориҷии кишвараш дастури музокира бо Амрико дод. Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти мақомҳои баландпояи Эрон ва Амрико дар Истанбул хабар медиҳанд.

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, 3-юми феврал дар саҳифаи “X”-и худ навишт, “бо таваҷҷуҳ ба дархости давлатҳои дӯст дар минтақа барои посух ба пешниҳоди раисҷумҳури Амрико ҷиҳати музокира ба вазири хориҷа дастур додам, дар сурати вуҷуди фазои муносибу орӣ аз таҳдид ва ба дур аз чашмдошти бемантиқ заминаи музокираи одилона ва мунсифона бар асоси асл, иззат, ҳикмат ва маслиҳатро дар чорчуби манофеъи миллӣ фароҳам созад”.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои ҷаҳон аз мулоқоти эътимолии Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Эрон ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи ИМА дар шаҳри Истанбули Туркия хабар медиҳанд.

Хабаргузории ниммарасмии “Тасним”-и Эрон бо такя ба расонаҳои туркӣ навиштааст, ки қарор аст, дидори Ароқчӣ ва Уиткофф бо ҳузури Раҷаб Тайип Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар Истанбул баргузор шавад.

Рӯзномаи “Ню-Йорк Таймз” аз қавли ду манбаъҳои худ навиштааст, ки “барои ором сохтани вазъият Эрон омода аст барномаи ҳастаии худро бандад ё муваққатан боздорад”. Ба навиштаи ин рӯзнома, Теҳрон пешниҳоди соли гузаштаи Амрико барои таъсиси як консорсиуми минтақавӣ барои истеҳсоли нерӯи ҳастаиро афзал медонад. Аммо Амрико оё то ҳол ба он шарту шароит моил аст ё не, маълум нест.

Ин расона мегӯяд, ҳафтаҳои охир дипломатҳои Туркия, Миср, Умон ва Ироқ бо ҳар ду ҷониб мулоқот карда, бо умеди пешгирӣ аз шиддатёбии вазъ, паёмҳоро ба тарафҳо мерасонданд.

Бояд гуфт, музокироти ҳастаӣ байни Теҳрон ва Вашингтон пас аз ҳамроҳ шудани Амрико бо Исроил дар ҳамлаи моҳи июни соли 2025 ба хоки Эрон қатъ шуд.

Амрико мегӯяд, “Теҳрон набояд силоҳи ҳастаӣ дошта бошад”. Эрон ҳам борҳо таъкид кардааст, ки “барномаи ҳастаияш сулҳомез аст”.

Таниш ахир миёни ин ду кишвар баъди ба наздикии Эрон фиристодани нерӯҳои низомии Амрико шиддат гирифт. Мақомдорони амрикоӣ ҳар лаҳза аз эҳтимоли зарба ба Эрон ва паёмадҳои сангини он мегӯянд. Роҳбарияти Эрон ҳам таъкид мекунад, ки ба ҳар гуна ҳуҷуми низомӣ посухи сазовор медиҳад ва ин барои Амрико паёмадҳои бад хоҳад дошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси “Барқи тоҷик” гуфт, зиёд шудани реҷаи барқ дар Рамазон “аз сатҳи оби “Норак” ва резиши об ба Вахш вобаста аст”

0

Зиёд кардани реҷаи таъмини барқ ​​ба аҳолӣ дар моҳи Рамазон аз сатҳи оби обанбори “Норак” ва резиши об ба дарёи Вахш вобаста аст. Ин нуктаро Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ зикр кард.

Бо вуҷуди ин, номбурда дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, “дастрасии аҳолӣ бо нерӯи барқ дар моҳи Рамазон, ки 18-уми феврал оғоз мешавад, беҳтар хоҳад шуд”.

Вале нагуфт, ки маҳдудияти барқ барои аҳолӣ то чӣ андоза сабук мешавад ва ба онҳо то чанд соат барқи бештар дода мешавад. 

“Аммо соати муайяне, ки чӣ қадар зиёд карда мешавад, ин вобаста ба сатҳи обанбори “Норак” дар рӯзи 18-уми феврал ва инчунин резиши об ба маҷрои дарёи Вахш муайян карда мешавад. Бо пешниҳоди ҳукумати кишвар ин соатҳо ҳатман иҷро карда мешаванд”,-гуфт, раиси “Барқи тоҷик”.

Ба гуфтаи Асозода, то 3-юми феврал сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи “Норак” каме бештар аз 885 метр аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 сантиметр баландтар мебошад. Ӯ афзуд, ки ҷараёни об ба дарёи Вахш низ айни замон тадриҷан аз миёна зиёдтар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадумар Асозода

Ба иттилои мақомот, нуқтаи баланди пуршавии обанбор 910 метр ва нуқтаи пасттарини он 857 метрро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, оби истифодашуда дар обанбор ба ҳолати 3-юми феврал, 28 метр мебошад.

Қаблан, Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва зихираҳои оби кишвар низ ваъда дода буд, ки дар моҳи Рамазон реҷаи интиқоли барқ пурра риоя мешавад ва имкон дорад, ки аҳолӣ бештар бо барқ таъмин шаванд. Ӯ ҳам нагуфт, ки интиқоли барқ дар ин марҳила чӣ қадар зиёд хоҳад шуд ва ин аз резиши об дар дарёҳо вобаста аст.

Ба гуфтаи вазир, айни замон аҳолӣ 7 соат, субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 17:00 то 21:00 бо барқ таъмин ҳастанд.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. 

Имсол сокинони минтақаи Тоҷикистон аз “лимит” шадиди барқ нигаронӣ карда гуфтанд, ки баъзе вақтҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 4 соат бо барқ таъмин буданд. Ба таъкиди онҳо, ин реҷа ҳам на ҳама вақт риоя мешуд. Масъулини интиқолу тақсимоти барқ тасдиқ карданд, ки дар кишвар, “дар интиқоли барқ маҳдудияти сахт ҷорӣ шудааст” ва мушкилро ба  камобӣ рабт медоданд.

Қаблан масъулини Вазорати энерыии кишвар кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ ба парлумон гуфт, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Шабакаҳои тақсимоти барқ гуфт, электромобилҳо дар як сол чӣ қадар барқ “истеъмол” мекунанд

0

Соли гузашта мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо танҳо 2 дарсад барқи қабулкардаи Шабакаҳои тақсимоти барқро “истеъмол” кардаанд, ки ин ҳаҷм ба гуфтаи масъулин, “ба камбуди нерӯи барқ дар кишвар оварда намерасонад”.

Ҷомӣ Умарзода, намояндаи Шабакаҳои тақсимоти барқ (ШТБ) имрӯз, 3-юми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин нишондод дар баробари истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва дигар истифодабарандагони барқ хеле кам аст.

“Аз 19,9 млрд квт-соат барқи қабулкардаи мо дар соли 2025 ҳамагӣ 2%-и он ба нуқтаҳои барқтаъминкунии мошинҳои барқӣ рост меояд. Ин ба гурӯҳи якум, яъне саноат ва тиҷорат дохил мешавад. Гурӯҳи якум, дар соли  гузашта ҳамагӣ 22,2%-и нерӯи барқро истифода кардаанд. Аҳолӣ 67,2%-и нерӯи барқе, ки мо аз ҶСК “Барқи тоҷик” қабул кардаем, истифода кардаанд”,-гуфт Умарзода.

Ба таъкиди номбурда, электромобилҳо танҳо дар соатҳое, ки дар хатҳои барқ сарборӣ нест, нерӯи барқ мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷомӣ Умарзода

“Саҳару бегоҳ ба аҳолӣ барқро медиҳем, ба ҳамин хотир мо гуфтем, ки нуқтаҳои нерудиҳии электромобилҳо дар соатҳои авҷи серборӣ барқро истифода накунанд. Ин ба хотири серборӣ аст, на ба хотири онки мо онҳоро бо барқ таъмин карда натавонем”,-гуфт Ҷомӣ Умарзода.

Ин масъули ШТБ илова кард, ки нархи нерӯи барқ барои электромобилҳоро худи ширкатҳои нерӯдиҳии мошинҳо вобаста аз хидматрасонӣ муайян мекунанд.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, аз 1-уми феврали соли равон бори аввал барои пур кардани барқи электромобилҳо таърифаҳои махсус муайян шуд. Минбаъд барои пур кардани ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқи электромобилҳо, нуқтаҳои пуркунандаи барқ 94,65 дирам пардохт мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон ба мошинҳои барқӣ низ аз моҳи ноябри соли гузашта дастрасӣ ба барқро маҳдуд карданд. Шабакаҳои тақсимоти барқ бо қабули қарори дахлдор ба филиалҳои худ дастур дод, ки барқи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ қатъ карда шавад.

Дар ин санад ишора мешавад, ки барқи “ҳамаи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ (EV charging stations) бояд аз соати 18:00 то 22:00 шаб қатъ карда шавад”.

Дар пайи ин ронандаҳои мошинҳои барқии таксӣ дар Душанбе аз навбатпоии зиёд, набудани барқ дар нуқтаҳои нерӯдиҳӣ шикоят намуда, нигаронӣ карданд, ин раванд ба норасоии таксиҳо дар пойтахт оварда расонидааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ айни замон ҳудуди 40 ҳазор электромобил ба қайд гирифта шудааст.

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз охири тирамоҳ то нимаи баҳор маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Вакили дифоъ доранд”. Вазири меҳнат гуфт, тафтиши қатли Қобилҷонро назорат доранд

0

Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, намояндагии ин ниҳод дар Русия тафтишоти куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскавро назорат дорад ва аз ҷараёни он бохабар аст.

Қобилҷон Алиев рӯзи 16-уми декабри соли 2025 дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд. Куштори ин кӯдаки тоҷик вокуниши шадидро ба миён овард ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда дод, ки ин ҳодиса мушикофона таҳқиқ мешавад ва гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд.

Бо гузашти қариб якуним моҳ аз ин куштор, Солеҳа Холмаҳмадзода рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки оилаи Қобилҷон вакили дифоъ дорад ва ӯ “дар Русия корро бурда истодааст”.

“Намояндагии Вазорат дар Русия аз гузаронидани корҳои тафтишотӣ бохабар ва дар ҷараён ҳастанд. Ошкоршавии ҷиноят рафта истодааст. Мо дахолат карда наметавонем. Лекин мо дар ҷараён ҳастем ва назорат карда истодаем”, – изҳор дошт Холмаҳмадзода.

Ӯ қазияи қатли Қобилҷонро “ҳодисаи бисёр нохуш” хонда, гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ин ҳодиса намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, Сафорат ва Консулгарии Тоҷикистон дар Маскав дар паҳлӯи модари Қобилҷон буданд ва “дар омадани онҳо ба ҳудуди Тоҷикистон мусоидат карданд”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Солеҳа Холмаҳмадзода

Холмаҳмадзода гуфт, ки ин қазия “ягон нафарро бетараф гузошта наметавонад” ва таъкид дошт, ки сохторҳои зери тобеияти вазорат, аз ҷумла дар ноҳияи Шаҳринав – зодгоҳи Қобилҷон бо пайвандони марҳум дар иртибот ҳастанд.

Ба қавли ӯ, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ “барои муҳайё кардани ҳамаи шароитҳо, ҷудо кардани манзили истиқоматӣ, бо ҷойи кор таъмин кардани модари Қобилҷон ва таҳсили додари ӯ” ба онҳо супориш додаанд.

“Бо модари Қобилҷон дар тамос ҳастем. Рӯзҳои наздик рафта, аёдат кардем. Шахсан ман чанд маротиба бо модари Қобилҷон ҳамсӯҳбат шудам… Чанд пешниҳоде, ки вобаста ба ҷойи кор кардем, онҳо гуфтанд, каме вақт лозим аст… Ҳоло фарзанди хурдии ин модар дар мактаби президентӣ таҳсил карда истодааст”, – изҳор дошт вазири меҳнат.

Пайвандони Қобилҷон Алиев бо расонаҳо суҳбат намекунанд ва тасдиқи гуфтаҳои вазир тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст.

Мақомоти Русия ҳам дар бораи тафтишоти ин куштор тафсилот нашр накардаанд. Танҳо як хабари кутоҳ додааст, ки муттаҳам боздошт шудааст.

Расонаҳо менависанд, ки навраси муттаҳам ба куштор ҳамаи ҷиноятро мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор кардааст. Дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?”.

Пас аз куштор, ҳавлавар дар ҳамон мактаб аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шуд. Ӯ ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ӯ ҳоло барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Ҷасади навраси тоҷикро  18-уми декабри 2025 ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Коршиносон омили аслии ин фоҷеаро маҳз натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия маънидод карданд. Зери таъсири ин ғоя дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бо гузашти беш аз 5 соат роҳи Душанбе-Чаноқ баста аст

0

Роҳи Душанбе – Чаноқ ягона масири заминӣ, ки марказро бо шимоли кишвар мепайвандад, дар пайи фаромадани тарма инак беш аз 5 соат боз баста аст. Дар ин бора Ширкати “IRS”, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе-Чаноқ хабар медиҳад.

Ин ширкат, ки барои нигоҳубини роҳ аз ронандаҳо маблағ меситонад, як соат пеш гуфт, “дар километрҳои 56 ва 71 – уми роҳи Душанбе-Чаноқ ду тармаи дигар фаромад. Ба макони зикршуда техникаҳои ширкат сафарбар шуда, бартарафсозии тармаҳо босуръат идома дорад. Аз ин лиҳоз, ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд боқӣ мемонад”.

“Аз ронандагон хоҳишмандем, ки то нашр шудани иттилоъ оид ба кушода шудани роҳ аз сафар худдорӣ намоянд. Дар навбати худ, кормандони мо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, то роҳ зудтар боз шавад”, – гуфта мешавад, дар хабарномаи ин ширкат.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“IRS” аз ин пештар, хабар дода буд, ки "шаби гузашта (2 ба 3-юми феврал) то ин замон (субҳи 3-юми феврал) дар роҳи Душанбе-Чаноқ (минтақаи Варзоб) 9 тармаи хурду бузурги дигар фаромад, ки боиси маҳдуди гардидани ҳаркат дар ин масир шуд".

Қаблан, низ дар пайи фаромадани чанд тарма роҳ баста шуда буд. Аз ин пештар ҳам дар пайи боришоти барфи шадди ва фаромадани тарма қариб як шабонарӯз ҳаракати мошинҳо дар ин масир қатъ шуда буд.

Роҳи Душанбе –Чаноқ ягона роҳе аст, ки маркази кишварро бо шимол мепайвандад. Ҳамасола бо фаро расидани зимистон, дар пайи боришоти барфу фаромадани тарма, садамаҳои мудҳиш ё фуромадани сангу садамаи мошинҳои ҳомили газ ин роҳ барои муддате баста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Нархи об ва дигар хидматрасониҳои коммуналӣ дар Тоҷикистон боло рафт

0

Аз 1-уми январи имсол дар Тоҷикистон таърифаҳо барои оби нӯшокӣ, кашонидани партов ва дигар намуди хидматрасониҳои коммуналӣ барои аҳолӣ 15% ва барои корхонаҳо 30% гарон шудааст.

Дар ин бора Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Табарзода, бозбинӣ намудани таърифаҳо “пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои коммуналӣ, навсозии инфрасохтори муҳандисӣ ва таъмини фаъолияти устувори корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ равона шудааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Табарзода

 

Таърифаҳо барои оби нӯшокӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки бо нусхаи он "Азия-Плюс" ошно шуд, акнун нархи 1 метри мукааби оби нӯшокӣ барои аҳолӣ (бо ҳисобкунак) 1 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад. Қаблан, он 1 сомониву 30 дирам буд. Нархи рафъи обҳои партов (корез), 76 дирам барои 1 метри мукааб муайян шудааст.

Барои як нафар, дар як моҳ дар асоси меъёри истеъмол (5,4 м³) нархи оби нӯшокӣ 8 сомонию 10 дирам ва бо корез 12 сомонию 20 дирам (бе ҳисобкунаки об) мебошад.

Ҳисоб аз рӯи истеъмоли миёнаи 180 литр об дар як шабонарӯз барои як нафар анҷом дода шудааст.

Инчунин, барои корхонаҳои буҷетӣ, нархи 1 метри мукааби об, 3 сомонию 15 дирам (қаблан 2,77 сомонӣ будва барои корхонаҳои худмаблағгузор ва хусусӣ бошад, 5 сомонию 43 дирам (қаблан 4,28 сомонӣмуқаррар шудааст.

 

Таърифаҳо вобаста ба минтақҳао фарқ мекунад

Дар ҳамин ҳол, таърифаҳо вобаста ба минтақаҳо фарқ мекунанд. Тибқи санади тартибдодаи Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, нархҳо вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

Оби нӯшокӣ

– оби нӯшокӣ барои аҳолӣ — аз 1,40 то 1,82 сомонӣ барои 1 м³;

– барои ташкилотҳои буҷетӣ — аз 2,26 то 3,90 сомонӣ;

– барои корхонаҳо ва ташкилотҳо — аз 4,52 то 7,25 сомонӣ.

 

Хидматрасониҳои корез (канализатсия):

барои аҳолӣ — аз 0,76 то 0,99 сомонӣ барои 1 м³;

– барои ташкилотҳои буҷетӣ — аз 1,64 то 2,05 сомонӣ барои 1 м³;

– барои корхонаҳо ва ташкилотҳо — аз 2,83 то 3,38 сомонӣ барои 1 м³.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

Кашонидани партовҳо

Ҳамчунин, барои кашонидани партовҳои сахти маишӣ ба ҳисоби миёна 4 сомонию 74 дирам муайян шудааст. Аз ҷумла:

– баровардани партовҳои сахти маишӣ – 6,83 сомонӣ барои 1 м³;

– баровардани партовҳо бо автомашинаи “КАМАЗ” – 35,65 сомонӣ барои 1 м³;

– тозакунии ҳудудҳо – 1,13 сомонӣ барои 1 м²;

– хидматрасонии фонди манзил – 0,17 сомонӣ барои 1 м².

Зикр мешавад, ки дар сурати зиёд гардидани масофаи муқарраршуда, барои ҳар як километри иловагӣ ба андозаи 0,80 сомонӣ ситонида мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Дар кадом шаҳру ноҳияҳо таърифаҳои нав татбиқ мешаванд?

Тибқи санади тартибдодаи ин ниҳод, таърифаҳои нав барои беш аз 45 шаҳру ноҳияи кишвар татбиқ мегардад.

Аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Конибодом, Истаравшан, Панҷакент, Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, Норак, Рашт, Исфара, Мурғоб, Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Рошқалъа, Варзоб, Ёвон, Фархор, Хуросон, Данғара ва ғайра.

Дар ҳамин ҳол, масъулин мегӯянд, на ҳамаи корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тобеияти Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дохил мешаванд.

Дар як қатор минтақаҳо таърифаҳо аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақавӣ, вазъи техникии инфрасохтор ва сохтори корхонаҳои коммуналӣ қабул ва тасдиқ мегардад.

 

Вазъ дар Душанбе

Нархи истифодаи обу корез дар Душанбе 1-уми сентябри соли гузашта  баланд шуда буд. Тибқи қарор:

– барои аҳолии пойтахт нархи оби нӯшокӣ (бо ҳисобкунак) – 2,60 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2,26 сомонӣ),

– ташкилоти буҷетӣ – 3,59 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 2, 77 сомонӣ)

– ташкилоти тиҷоратӣ – 9,10 сомонӣ барои 1 м³ (пештар 4,28 сомонӣ) боло бурда шуд.

Онҳое, ки бидуни насби ҳисобкунак пули обро пардохт мекунанд:

– нарх барои 1 нафар ва дар як моҳ, барои биноҳои баландошёна – 28,07 сомонӣ (пештар 10,61 сомонӣ)

– барои ҳавлиҳои хусусии бо об ва корез таъминбуда – 23,39 сомонӣ (пештар 7,1 сомонӣ) муайян шудааст.

– арои хонаҳое, ки аз ҷӯмакҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд – 7,41 сомонӣ (4,94 сомонӣ) муқаррар гардид.

Афзоиши нархи об дар ҳолест, ки ки бахше аз сокинони Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба об нигаронӣ доранд. Аз ҷумла тибқи расмӣ, 67,3%-и аҳолӣ ё 7 млн 6 ҳазор нафар ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Ин теъдод нисбат ба чор соли пеш 950 ҳазор нафар зиёд будааст. Сокинон дар бисёре аз деҳаҳо маҷбуранд, аз дурии чанд километр ба хонаашон об кашонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Бонки авруосиёии рушд мегӯяд, соли гузашта интиқоли пул ба Тоҷикистон 50% зиёд шудааст

0

Ба 8,4 дарсад афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта, рушди фаъоли саноат ва фазоиши талаботи дохилӣ мусоидат кардааст. Дар ин бора дар гузориши навбатии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр шудааст.

Дар гузориши макроиқтисодии БАОР, ки дирӯз, 2-юми феврал нашр шуд, зикр мешавад, ки истеҳсол дар соҳаи саноат 22,1% афзуда, ҳиссаи бештар ба истихроҷи канданиҳои фоиданок рост меояд, ки 36,2% зиёд шудааст.

Ҳамчунин, истеҳсол дар бахши саноати коркард 10,5% ва соҳаи энергетика 15% афзоиш ёфтааст.

"Дар рушди иқтисодӣ, талаботи дохилӣ (хароҷоти пулии сокинон ва тиҷорат дар дохили кишвар) нақши муҳим бозид. Дар ин бора якбора ду нишондиҳанда гувоҳӣ медиҳанд: фурӯши чакана 14,4% ва сармоягузорӣ – 23% афзудааст", зикр мешавад дар санад.

Таҳлилгарони БАОР, афзоиши талаботи дохилиро мустақиман ба афзоши даромади аҳолӣ нисбат медиҳанд: дар моҳҳои январ-ноябри соли 2025 музди меҳнати воқеӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 15,6% зиёд шудааст.

Ғайр аз ин, дар гузориш зикр мешавад, ки дар моҳҳои яенвар-сентябри соли гузашта интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ 50% зиёд шудааст.

Тибқи пешгӯии БАОР, ҷараёни баланди рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2026 низ боқӣ мемонад: дар сатҳи 8,1% дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки иқтисоди Тоҷикистон тибқи маълумоти расмӣ, пас аз сустшавии рушд дар соли пандемияи 2020 (то 4,5%), тайи панҷ соли ахир бино ба маълумоти расмӣ, дар ҳоли рушд қарор дорад.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, соли 2024 ҳаҷми маблағи интиқолгардида ба ҷумҳурӣ 5,8 млрд долларро ташкил дод. Ҳаҷми маблағи интиқолёфта аз ҷониби муҳоҷирон ба 45,4% нисбат ба ММД-и соли гузаштаи Тоҷикистон баробар буданд, ки баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон дар ифодаи нисбӣ мебошад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2013 мақомоти Тоҷикистон аз пешниҳоди ҳама гуна маълумот ба расонаҳо дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳурӣ худдорӣ мекунанд, ҳарчанд дар қонунгузории кишвар он ба маълумоти махфӣ мансуб нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.