Вазорати меҳнат: “Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд”

Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис таъсис дода шуд, ки аз чор як ҳиссаи онро ҷойҳои кории доимӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ҷойҳои кории таъсисёфта 74 ҳазор ё худ 26,2%-и онҳо ҷойҳои кории […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2025 дар Тоҷикистон 280 ҳазор ҷойи корӣ таъсис таъсис дода шуд, ки аз чор як ҳиссаи онро ҷойҳои кории доимӣ ташкил медиҳанд. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ иттилоъ дод, ки аз шумори умумии ҷойҳои кории таъсисёфта 74 ҳазор ё худ 26,2%-и онҳо ҷойҳои кории доимианд. Ҳудуди 50 ҳазор ҷойи кории муваққатӣ ва 152,2 ҳазор ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудаанд.

Ба гуфтаи вазир, чунин сохтори шуғл ба вобастагии боқимондаи бозори кор аз шаклҳои мавсимӣ ва мувақққатии ҷойҳои корӣ, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва соҳаи хидматрасонӣ ишора мекунад.

"Дар ҳамин ҳол, қисмати зиёди ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дастгирии  соҳибкорон таъсис дода шудааст. Ба шаҳрвандони барои роҳандозии фаъолияти истеҳсолӣ, савдо ва пешниҳоди хидматрасонӣ кумакпулӣ дода шуд, ки ба шуғли мустақилона (инфиродӣ) ва дарёфти манбаъҳои даромади нав имкон дод", – гуфт вазири меҳнату муҳоҷират.

Ба иттилои вай, ғайр аз ин, соли 2025 дар соҳаи саноат, сохтмон ва сайёҳӣ афзоиши талабот ба қувваи корӣ ба қайд гирифта шудааст. Вазир гуфт, "имрӯз ширкатҳои ватанӣ ҷойҳои корӣ пешниҳод намуда, сатҳи музди меҳнат дар онҳо аз ширкатҳои хориҷӣ кам нест".

Соли гузашта, мақомоти мақомот, дар зиёда аз 10 ҳазор корхонаву ташкилот 929 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида, корхонаву муассиса ва ташкилоту хоҷагиҳо зиёда аз 15 ҳазор ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандони бекор пешниҳод шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар норасоии қувваи кории соҳибтахассус (ҳирфаӣ) вуҷуд дорад ва дар ҷойҳои корие, ки дастрасанд, аксаран музди меҳнати паст пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба он намераванд ва дар хориҷа кор ҷустуҷӯ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.