Дар Тоҷикистон барои дастгирии содирот қонуни нав қабул мешавад

Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи дастгирии содирот” мавриди таҳия қарор дорад, ки ба гуфтаи масъулин, "ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар хориҷи кишвар кумак мекунад". Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, ки "ҳадафи аслии қабули қонун бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои кумак аз […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон қонуни нав “Дар бораи дастгирии содирот” мавриди таҳия қарор дорад, ки ба гуфтаи масъулин, "ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷиҳати пешбурди фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасонӣ дар хориҷи кишвар кумак мекунад". Дар ин бора Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки "ҳадафи аслии қабули қонун бунёди заминаи ҳуқуқӣ барои кумак аз ҷониби давлат ба содироти молу маҳсулот, кор ва хидматрасониҳо мебошад. Ҳамчунин, қонун ба баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар бозорҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст, ки ба ҷумҳурӣ барои таҳкими мавқеъ дар иқтисоди ҷаҳонӣ кумак мекунад".

Ба таъкиди номбурда, ғайр аз ин, он ба беҳтар шудани шароитҳо барои сармоягузорон ва рушди соҳаҳои иқтисоди  марбут ба содирот мусоидат мекунад.

"Дар назар аст, ки ба туфайли ин иқдом Тоҷикистон дар тиҷорати байнулмилалӣ ба шарики боэътимод табдил меёбад. Бунёд ва рушди бозорҳои нав барои маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва беҳтар сохтани зерсохтори нақлиёт ҷанбаи муҳим хоҳад шуд", – гуфт Баҳриддин Сироҷиддинзода.

Ҳамчунин, мустаҳкам намудани мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои аллакай мавҷудаи маъмулӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сироҷиддинзода зикр кард, ки соли гузашта "Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2026-2030" қабул шуд, ки ҷиҳати ба таври назаррас беҳтар кардани шароитҳо баҳри рушд ва гуногунсамт сохтани содироти маҳсулот аз Тоҷикистон мусоидат менамояд.

“Ин иқдомҳо барои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ имконоти нав муҳайё месозанд”, – илова намуд директори Агентӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.