Раиси шаҳри Гулистон ваъда дод, ки корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон” моҳи сентябр дубора ба кор оғоз мекунад

0

Калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ – “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон (Қайроқуми пешин), ки беш аз 13 сол боз аз кор мондааст, қарор аст, моҳи сентябри соли равон дубора фаъол шавад. Илҳом Пӯлодзода, раиси шаҳри Гулистон бо тасдиқи ин хабар гуфт, баъди солҳои тӯлонӣ ба калонтарин корхонаи маъдантозакунӣ дар минтақа сармоягузор ёфтаанд.

Ӯ рӯзи 30-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, баъди беш аз 13 соли бекорхобии корхона, Чин омода шуд, ки барои дигарбора ба кор андохтани он сармоягузорӣ кунад.

“Сармоягузор музди маоши чандсола, маблағи қувваи барқ ва андозҳое, ки чанд сол боз насупорида буданд, ҳамаашро пардохт кард. Ҳоло каме қарздорӣ аз барқ мондааст, ки пардохташ идома дорад. Ҳоло дар корхона корҳои васлу пайвасткунӣ идома дорад. Барои ин, ҳудуди 100 корманд ҷалб шудаанд. Дар оянда дар марҳилаи аввал, то 500 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд”, – гуфт  Илҳом Пӯлодзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Илҳом Пӯлодзода

Қаблан корхонаи маъдани Адрасмон дар ихтиёри соҳибкорони Қазоқистон буд ва тӯли беш аз 13 соли охир аз фаъолият бозмонду дар ҳар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳр саволи умдаи хабарнигорон аст.

Илҳом Пӯлодзода дар нишасти матбуотии тобистони соли гузашта бори аввал аз дубора ба кор оғоз кардани ин корхона хабар дода, илова карда буд, ки як ширкати чинӣ ба корҳои васлкунӣ оғоз карда, таъмири хобгоҳи коргарон идома дорад.

Ӯ он вақт гуфта буд, ки маблағи сармоя зиёда аз 50 милион долларро ташкил медиҳад. Аммо аз ширкати чинӣ, ки ин корхонаро дубора барқарор мекунад, ном нагирифт.

 

“Адрасмон” чаро аз кор монд?

Корхонаи маъдани “Адрасмон” дар нимаи дуюми қарни 20 таъсис ёфта дар канори он шаҳраке ҳам бо ҳудуди 10 ҳазор аҳолӣ ба вуҷуд омад. Дар он замон “Адрасмон”-ро доштани бузургтарин кони нуқра шаҳраки “кӯҳканҳо” мегуфтанд. Фулузоти гаронбаҳо, аз ҷумла тиллову сурб (қурғошим) дар кӯҳҳои Қурама ва Қаромазори ҳамин минтақа ҷойгир буд.

Корхонаи “Адрасмон” дар давраи Шӯравӣ пурра фаъолият мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқдидораш паст шуд. Соли 2006 ин корхонаро ширкати қазоқистонии "Кони Мансур" харид ва сармоягузорӣ кард. Аз соли 2006 то соли 2013 корхона бо 30-40% иқтидор кор мекард.

Аммо корхонаи “Адрасмон” дар соли 2013 худро муфлис эълон кард ва бо ҳамин дигар корхона пурра аз кор монд. Он вақт дар корхонаи маъдани “Адрасмон” ҳудуди 750 коргари маҳаллӣ соҳиби кору маоши хуб буданд. Ин корхона яке аз андозсупорандагони калон дар сатҳи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол ба буҷети кишвар то 12 миллион сомонӣ андоз месупорид.

Аммо ба далели пастравии арзиши нуқра дар бозори ҷаҳонӣ моликони қазоқистонӣ аз идомаи кор даст кашиданд ва соли 2018 дар пайи баҳси додгоҳӣ корхонаи маъдани “Адрасмон” ба давлат гузаронида шуд.

Дар бораи фаъолият ва қатъи кори “Адрасмон” дар маводи зерини “Азия-Плюс” бештар маълумот бигиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тими миллии футзали Тоҷикистон аз идомаи Ҷоми Осиё маҳрум шуд

0

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии охирини худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бо Австралия мусовӣ карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Набарди дастаҳо дирӯз, 1-уми феврал дар Индонезия баргузор шуда, бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

Миллипӯшони футзали тоҷик, ки дар гурӯҳи “С”-и Ҷоми Осиё бо Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия  қарор доштанд, дар се бозӣ танҳо ду имтиёз ба даст оварда, ҷои сеюмро гирифтанд ва аз гурӯҳ баромада натавонистанд.

Футзалбозони тоҷик аз се бозии марҳилаи гурӯҳӣ ду рақобатро бо мусовӣ ва як набарди дигарро бо бохт ба поён расонданд. Аз Ҷопон бо натиҷаи 3:0 шикат хӯрда, бо тими миллии Ӯзбекистон бо натиҷаи 0:0 мусовӣ карда буданд.

Аз гурӯҳи “С” тимҳои Ҷопон (бо 9 имтиёз) ва Ӯзбекистон (бо 4 имтиёз) ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ ёфтанд.

Мусобиқоти Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи 27-уми январ оғоз шуд. Дар ин мусобиқа 16 дастаҳои қора, ки ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд, бозӣ мекунанд. Тибқи қоидаҳои мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқа то 7-уми феврал дар Индонезия идома меёбад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок дорад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 200 ҳазор сомонӣ ёрии иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагони заминҷунбии Рашту Тоҷикобод

0

Соли 2025 иттиҳодияҳои динӣ ба ятимону маъюбону камбизоатҳо ва зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод дар умум беш аз 11 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ёриҳои хайриявӣ кардаанд. Дар ин бора дар варақаи матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим, ки дастрасӣ мо шуд, хабар дода шудааст.

Ба иттилои манбаъ, соли 2025 аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи зиёда аз 11 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, ҳоло дар кишвар 4058 иттиҳодияи динӣ сабт шудааст. Аммо зикр намешавад, ки кадоме аз ин иттиҳодияҳо чӣ миқдор кумак кардааст.

Ба навиштаи Кумита, соли сипаришуда аз ҷониби иттиҳодияҳои динӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ маҳсулоти сохтмонӣ ва дигар эҳтиёҷоти зарурӣ кумак расонида шуд.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли 2025 дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар пайи ин заминларза, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд.

Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд. Мақомот моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки ҳамаи хонаҳои зарардида сохта ба сокинон дода шуд.

Хайрияи иттиҳодияҳои динӣ миёни ҷомеа агар аз як сӯ истиқбол шавад, аз ҷониби дигар интиқод мешавад. Сокинон мегӯянд, ки чанд сол боз бо тарғиби имомхатибон фитри рӯзаи худро ба масҷидҳо месупоранд, то маҳз ин иттиҳодияҳои динӣ онҳоро ба ятимону ниёзмандон расонанд.

Ғайр аз ин, баъзе сокинон аз халтаҳои хайриявие, ки масъулини масоҷиди кишвар дар намозҳои ҷумъа саф ба саф мегардонанд ва аз намозгузорон пул ҷамъ меоранд, танқид мекунанд. Ба гуфтаи имомхатибон, пули ҷамъомада барои пардохти пули барқ ва оби масҷид сарф шуда, инчунин ба ниёзмандон расонида мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳавои Тоҷикистон дар моҳи феврал. Аз маъмулӣ гармтар ва тағйирёбанда

0

Ҳавои моҳи феврал дар Тоҷикистон аз маъмулӣ дида гармтар мешавад. Дар аксари минтақаҳо ҳарорат аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа баландтар пешбинӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, боришот дар ҳудуди меъёр ва каме баландтар аз он дар назар буда, дар як қатор ноҳияҳо шамоли сахт мевазад ва туман мефарояд.

Вилояти Хатлон ва водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Ҳарорати миёнаи моҳона аз меъёри иқлимӣ баланд мешавад. Дар водиҳо он 4-8 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо – 0-3 дараҷа гарм мешавад.

Тайғирёбии ҳарорат дар давоми моҳ назаррас хоҳад буд: дар водиҳо шабона аз 4-9 дараҷа гарм то 2-3 дараҷа сард ва рӯзона аз 4-9 то 10-15 даарҷа гарм. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона аз 2-7 дараҷа хунук то 0-5 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат 1-6 дараҷа сард ва рӯзона – то 0-5 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 5-10 дараҷа сард, рӯзона – аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷ гарм поин меравад.

Боришот дар ҳудуди меъёр ва баландтар аз он пешбинӣ мешавад: 28-33 миилметр дар водиҳо ва 110-130 миллиметр дар доманакӯҳҳо. Давоми моҳ пурзӯр шудани вазиши шамол аз сатми ғарб то 17-22 метр дар як сония ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорати миёнаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва баъзан 1 дараҷа баландтар мешавад. Ҳарорат дар водиҳои 2-4 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 3-5 дараҷа хунук мешавад.

Давоми моҳ ҳарорат тағйир меёбад: дар водиҳо шабона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм то 1-6 дараҷа гарм, рӯзона аз 2-7 то 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона ҳарорат аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва то 5-10 дараҷа хунук, рӯзона – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар рӯзҳои ҷудогона сардиҳо аз эҳтимол дур нест: дар водиҳо шабона ҳарорат то 3-8 дараҷа поин рафта, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона – то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона – то 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Боришот дар ҳудуди меъёр ва балндтар аз он пешгӯӣ мешавад: дар водиҳо 13-38 миллиметр, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 18-22 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазиши шамол ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона ба меъёр наздик ва баъзан 1 дараҷа баландтар аз он пешбинӣ мешавад. Ба ҳисоби миёна – аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои ҷудогона – то 6-8 дараҷа хунук.

Шабона ҳарорат аз 5-10 дараҷа хунук то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона аз 5 дараҷа хунук то 3-8 дараҷа гарм тағйир меёбад. Рӯзҳои ҷудогона поинравии ҳарорат шабона то 10-15 дараҷа хунук, рӯзона то 3-8 дараҷа хунук аз эҳтимол дур нест.

Боришот дар ҳудуд ё баландтар аз меъёр пешбинӣ мешавад: дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 37-130 миллиметр, дар нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор – то 141 миллиметр, дар ғарби ВМКБ – 8-59 миллиметр. Пурзӯр шудани суръати вазидани шамол аз самти ғарб то 17-22 метр дар як соният ва фаромадани туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои шарқи ВМКБ

Моҳи феврал аз маъмулӣ сардтар мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона 14-15 дараҷа хунук ва дар Булункӯл – то 22 дараҷа хунукро ташкил хоҳад дод.

Шабона ҳарорат то 22-27 дараҷа хунук, дар рӯзҳои ҷудогона – то 31-36 дараҷа хунук поин меравад. Рӯзона аз 0-5 то 5-10 дараҷа хунук, баъзан то 10-15 дараҷа хунук пешгӯӣ мешавад.

Боришот нисбатан камтар – 4-16 миллиметр ва баъзан аз меъёр зиёдтар мешавад. Суръати вазиши шамол метавонад то 12-17 метр дар як сония пурзӯр шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 17

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳабдаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Интиқоди вазири кишоварзӣ аз вайрон кардани кишти дигар зироатҳо бо мақсади коридани пахта

0

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон мансабдорони маҳаллиро, ки деҳқононро  ба кишти пахта маҷбур месозанд, танқид кард ва гуфт, ки ин раванд "зараровар аст". Ӯ нигаронӣ кард, ки ҳукуматҳои баъзе шаҳру ноҳияҳои пахтакор, аксаран тавсияҳои ҳукумати кишвар дар бораи сохтори кишт нодида мегиранд, ки ин ба зиёни иқтисодӣ барои деҳқонон боис мегардад.

Соли гузашта, бархе деҳқонон нигаронӣ карда буданд, ки мақомоти маҳалли кишти зироати онҳоро вайрон карда, ба ҷои он пахта коранд.

Вазири кишоварзӣ дар нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ афзуд, "ин зарба ба ҷайби деҳқон аст. Ин нодуруст ва барои иқтисод зараровар мебошад".

"Агар 65% заминҳо бо пахта кишт карда шаванд, пас масоҳати кишти пахта бояд тақрибан 400 ҳазор гектарро ташкил диҳад. Аммо дар мо ҳар сол ин нишондиҳанда 174–185 ҳазор гектарро ташкил медиҳад", — зикр кард ӯ.

Ҳакимзода гуфт, ки деҳқонон аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти маҳаллӣ бояд ҳимоя шаванд ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, киштзори дигаронро хароб кунад.

Ӯ тасдиқ кард, ки дар бархе минтақаҳо деҳқононро маҷбур мекунанд, ки кишти дигар зироатро вайрон карда, ба ҷои он пахта коранд. Ба таъкиди ӯ, дар ин ҳолат "тибқи қонун, хароҷоти деҳқонон бояд аз сӯи мақомоти маҳаллӣ ҷуброн карда шавад".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбон Ҳакимзода (дар байн)

 

Нархи пахта — мушкили ҷиддӣ барои деҳқонон

Вазир ҳамчунин, таъкид кард, ки солҳои охир нархи пахта ба таври назаррас коҳиш ёфтааст ва арзиши пахта деҳқононро сахт нигарон мекунад.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки дар шароити поинравии нархҳо, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ зарур аст, то ки аз пайомадҳои манфӣ барои тамоми соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ шавад.

"Солҳое буданд, ки нархи пахта то 350–400 доллар барои як тонна поин рафта буд. Ҳоло он баландтар аст, аммо барои истеҳсолкунанда боз ҳам паст боқӣ мемонад. Айни замон арзиши сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва дигар мавод боло меравад", — гуфт вазир.

Ӯ шарҳ дод, ки деҳқонон бо хароҷоти баланди истеҳсолот рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин кори онҳоро нисбатан камдаромад мегардонад.

Вазири кишоварзӣ гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии хароҷоти баланди истеҳсоли пахта ин дасти чидани он аст. Дар Тоҷикистон то ҳол усулҳои кӯҳнашудаи ҷамъоварии ҳосил ба таври васеъ истифода мешаванд, ки дар он деҳқонон маҷбур мешаванд барои қувваи корӣ маблағҳои зиёд сарф кунанд.

"Барои ҷамъоварии 1 кг пахта ба пахтачинҳо то 2 сомонӣ пардохт мешавад, аммо бо истифода аз механиконӣ ин хароҷотро метавон то 0,5 сомонӣ барои як кг поин бурд. Ин масъала дар барномаи механиконии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон инъикос ёфтааст, ки ба коҳиши назарраси хароҷот ва беҳбуди раванди иқтисод имкон медиҳад", – зикр кард ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Пахтазор

 

Кумакпулӣ барои кишоварзон

Вазир дар робита ба таҷрибаи мусбати Ӯзбекистон, ки дар он кишоварзон барои парвариши пахта кумакпулӣ мегиранд, ишора кард.

“Онҳо барои парвариш ва фурӯши ҳар як тонна пахта 100 доллар кумакпулӣ медиҳанд. Мо ҳозир ин таҷрибаро мавриди омӯзиш қарор додаем ва мехоҳем, ки дар Тоҷикистн низ ҷорӣ созем", – иброз дошт Ҳакимзода.

Ба таъкиди вазир, дар шароити нархи пасти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд ба яке аз вазифаҳои афзалиятнок табдил ёбад.

“Ҳозир вазифаи асосӣ баланд бардоштани ҳосилнокӣ бо ёрии истифодаи технологияҳои инноватсионӣ аст. Агар ҳосилнокӣ аз 1 гектар аз 30 сентнер зиёд бошад, истеҳсолкунандар фоида мегирад. Лекин агар ҳосилнокӣ 16-22 сентнер аз як гектарро ташкил диҳад, пас кишоварзон ба зиён дучор мешаванд”, – шарҳ дод ӯ.

Ӯ зикр кард, ки дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ба мисли Дӯстӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷайҳун кишоварзоне, ки аз обёрии қатрагӣ ва кишти зери плёнка истифода мебаранд, ба гирифтани то 60-70 сенитнер ҳосил аз як гектар ноил гардиданд, ки аз нишондиҳандаҳои миёна дар кишвар хеле баландтар аст.

Соли 2025 дар Тоҷикистон 393 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 140 ҳазор тонна зиёдтар аз соли 2024 аст. Ҳосилнокии миёна 25,3 сентнер аз 1 гектарро ташкил дод, ки сарфи назар аз ҳамон масоҳати пешинаи кишт, нисбат ба соли 2024 хеле зиёдтар мебошад.

Ба иттилои вазорат, дар оянда дар Тоҷикистон лоиҳаи “Барномаи давлатии рушди инноватсионии пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030” муаррифӣ мешавад. Қрбон Ҳакимзода мутмаин аст, ки барнома ба беҳтар кардани механикунонӣ, баланд гардидани устувории соҳа ва бештар истифода шудани технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард.

“Барои таъмини саноати Тоҷикистон бо иқтидорҳои муосир тақрибан 450-500 ҳазор тонна пахта дар як сол кофист”, – илова кард вазир.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Беш аз 70 ширкат аз Тоҷикистон ба Низоми содиркунандагони Иттиҳоди Аврупо шомил шудаанд

0

Оҷонсии содироти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то ҳол 76 ширкат аз Тоҷикистон ба низоми содиркунандагони сабтшудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) шомил шудаанд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсӣ рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ин кор ба дар пайи "ҷорисозии низоми худгувоҳномадиҳии макони истеҳсоли молу маҳсулот, ки ба содиркунандагон аз Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба имтиёзҳои гумрукӣ ва осону соддатар гардонидани фаъолияти марбут ба содирот имкон медиҳад, муяссар шудааст".

Низоми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар доираи Низоми умумии имтиёзҳо ҷорӣ карда шуд. Ширкатҳои содиротие, ки дар ин низом иштирок мекунанд, зимни содироти молу маҳсулот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз имтиёзҳои гумрукӣ истифода баранд.

Раванди сабт дар низом комилан рақамӣ гардонида шуда, пардохт талаб намекунад. Дар натиҷа ширкатҳое, ки дар низом сабтином шудаанд, барои таҳвили маҳсулоти худ ба бозорҳои аврупоӣ метавонанд аз савдои электронӣ истифода кунанд. Ин ҷараёни савдоро ба таври назаррас осону соддатар гардонида, ба рушди тиҷорати электронӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 феврали соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз вазорату идораҳои зерин аз фаъолияти яксолаи худ назди рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд:

– Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, соати 08:00;

– Агентии назорати маводи нашъаовар, соати 09:00;

– Агентии “Тоҷикстандарт”, соати 10:00;

– Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва  Донишкадаи исломӣ, соати 11:00 дар Донишкадаи исломӣ ;

– Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, соати 14:00.

– Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, соати 08:00;

– Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, соати 09:00.

– Имрӯз дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 2 ФЕВРАЛ

Соли 1933 – Агентии телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) дар таркиби ТАСС ба фаъолият шурӯъ намуд, ки аз соли 1992 ба АМИТ “Ховар” табдили ном кард.

Соли 1992 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон барқарор шуданд.

Соли 2013 – Саидвалӣ Узбеков, собиқ вакили палатаи поёнии парлумон ва собиқ муовини раиси вилояти Хатлон, ки аз соли 2001 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт, боздошт шуд.

Соли 2016 – Бо қарори ҳукумати кишвар як қатор шаҳру ноҳияҳо ивази ном карданд. Аз ҷумла, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри Ҳисор, ноҳияи Тавилдара ба Сангвор, Ҷиргатол ба Лахш, Ҷалолиддини Румӣ ба Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷиликӯл ба Дӯстӣ, Қумсангир ба Ҷайҳун, Шӯробод ба Шамсиддин Шоҳин, Қайроқум ба Гулистон, Чкаловск ба Бӯстон, Ғончӣ ба Деваштич, обанбори Қайроқум ба Баҳри тоҷик табдили ном карданд.

Соли 2016 – Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ дастур дод, ки маблағҳои ба Тоҷикистон воридшударо на бо рубли русӣ, балки бо пули миллӣ бароранд.

Соли 2021 – Наҷибулло  Раҷабов, раиси нави Шӯрои директорони “Ширкати алюминии тоҷик” таъин гардид. Қаблан ин мақомро Шералӣ Кабир бар уҳда дошт, ки вазири, саноати Тоҷикистон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1938 – Мавлуди Ҳабибулло Табаров, арбоби давлатӣ, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон.

Соли 1944 – Мавлуди Оқил Оқилов, собиқ сарвазири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Оқил Оқилов, ки ду давра сарвазири Тоҷикистон буд, зодаи шаҳри Хуҷанд ва хатмкардаи Донишкадаи муҳандисию сохтмони Маскав бо ихтисоси муҳандиси сохтмон аст.

Солҳои 1993—1999 ба ҳайси вазири сохтмон, муовини сарвазири Тоҷикистон, муовини аввали раиси вилояти Ленинобод (Суғди ҳозира) фаъолият дошт.

Оқил Оқилов солҳои 1999-2013 дар мақоми сарвазири Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорон, муддати тулонӣ дар мақоми сарвазир боқӣ мондани Оқил Оқилов чанд сабаб дошт, қабл аз ҳама ӯ ягон ҳадафи бузурги сиёсӣ надошт ва сониян дар қиёс бо баъзе аз раҳбарони кишвар ягон манфиати тиҷоратиро думбол намекард.

Ӯ аз мансабдорони ангуштшумори кишвар буд, ки қаноатро пеша карда, рӯзгори хоксорона дошт ва солҳо дар як манзили сеутоқа дар маркази пойтахт, дар пушти чойхонаи “Роҳат” зиндагӣ мекард. Аз Оқил Оқилов дар кор ҳам ҳамчун шахси орому бонизом ва фурӯтан ном мебаранд,  аммо ба гуфтаи ҳамкоронаш “сари ҷаҳл метавонист сӯи зердасташон шишаи об ё папкаи пур аз аснодро ҳам партоб кунад”.

Ҳоло дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даврони пирӣ меронад.

Соли 1947 – Зодрӯзи Давлаталӣ Давлатзода, шарқшинос, сиёсатмадор ва яке аз бунёдгузорон ҲХДТ.

Давлаталӣ Давлатзода яке аз шарқшинос ва сиёсатмадорони маъруфи тоҷик буда, солҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ ифои вазифа кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар оғози фаъолияташ як муддат дар Сурия ва Миср ба тарҷумонӣ машғул буд. Баъдан дар дастгоҳи КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва Дастгоҳи Президентӣ фаъолият бурд.

Ҳамчунин солҳо дар вазифаи котиби матбуотии ва мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон кор кардааст.

Давлаталӣ Давлатзода солҳо раиси фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар палатаи поёнии порлумон ва муовини аввали раиси ҲХДТ низ буд.

Соли 1949 – Мавлуди Тоҷиддин Муҳиддинов, яке аз сарояндаҳои шинохта дар Тоҷикистон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Тоҷиддин Муҳиддинов яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик аст, ки аксарият ӯро бо иҷрои суруди “Як ханду кун, эй гул” ва “Эй санам” мешиносанд. Ӯ солҳо дар хонаи маданияти шаҳри Ҳисор, Филармонияи давлатӣ ва ансамбли “Гулшан” ҳунарнамоӣ кардааст. Дар тӯли фаъолияташ беш аз 60 суруду тарона иҷро карда, ба эстрадаи тоҷик рангу бӯйи тоза бахшид. Ҳамчунин сурудҳои “Фироқи ёр”, “Ҷони ширин”, “Эй боди бомдодӣ”, “Тарки ёрӣ” аз беҳтарин таронаҳои ӯянд.

Имрӯз Филармонияи халқии шаҳрии Ҳисор ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов аст.

Соли 1973 – Мавлуди Муҳриддин Низомӣ, адабиётшиноси тоҷик, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Муҳриддин Низомӣ, ки аз 21 январи соли 2020 дар вазифаи ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият мебарад, акчанд асарҳо дар соҳаи адабиётшиносӣ таълиф намудааст. Ӯ солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон фаъолият бурд ва дар ин муддат ба эҷод ва таҳқиқ машғул буд.

Соли 2021 – Мирзо Бегматов, арбоби маъруфи давлатӣ, ки дар рӯзҳои сохтмони шаҳри Кӯлоб раҳбарии маъмурияти шаҳри Кӯлобро бар уҳда дошт, дар Кӯлоб даргузашт.

Мирзо Бекматов дар синни 17-солагӣ ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Тошканд дохил шуда, баъди хатми он ба ноҳияи собиқ Шӯрообод барои дарс додан фиристода шудааст.

Аммо пас аз ду сол ба ҷанг даъват шуда, то рӯзи пирӯзӣ дар майдон будааст.

Ӯ солҳо дар вазифаи гуногун – раиси Комиҷроияи шаҳри Кӯлоб, котиби якуми кумитаи Ҳизби коммунист ва раиси Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб кор кардааст. Бекматов аз соли 1987 то охири умр раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон буд.

Ӯ, ки охирин иштирокчии Ҷанги Дувуми Ҷаҳон аз минтақаи Кӯлоб буд, рӯзи 2-юми феврали соли 2021 дар 97-солагӣ даргузашт.

Пиромуни рӯзгору корномаи Мирзо Бекматов дар маводи "Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид" мутолиа кунед.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мирзо Бекматов

Соли 2022 – Баҳром Файзуллоев, рӯзноманигори тоҷик даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 2-юми феврал Рӯзи огоҳӣ аз артритҳои ревматоидӣ таҷлил мешавад. Ревматоиди артрит як бемории илтиҳобии системавии бофтаи пайвасткунанда мебошад, ки асосан ба буғумҳои хурд таъсир мерасонад. Ин як бемории аутоиммунӣ аст, ки сабабҳои он номаълум боқӣ мемонад. Ҳар сол аз 5 то 50 нафар байни 100 ҳазор нафар ба чунин беморӣ гирифтор мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рӯзи огоҳӣ аз артрити ревматоидӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи ин беморӣ ва ҷалби таваҷҷӯҳ ба зарурати таҳқиқи он ва дарёфти роҳҳои табобат ва таъмини дарозумрии гирифторони ин беморӣ таъсис дода шудааст.

Ҳамасола 2-юми феврал Рӯзи ҷаҳонии ботлоқзорҳо таҷлил мешавад. Ҳадафи таъсиси ин рӯз ба ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукуматҳои саросари ҷаҳон ба арзиши заминҳои ботлоқзор барои рушди устувори сайёраи мо нигаронида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Конвенсия дар бораи заминҳои ботлоқзор 2-юми феврали соли 1971 дар шаҳри Ромсари Эрон ба имзо расида, аз он вақт инҷониб Конвенсияи Ромсар номида мешавад. Соли 1971 Конвенсияи Ромсарро 18 давлат имзо карданд ва соли 2000  ин давлатҳо ба 119 расиданд ва дар айни замон (то соли 2019) 171 давлат ба ин конвенсия пайвастаанд.

Имрӯз, рӯзи шикасти фашизм аз аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград (1943) ҷашн гирифта мешавад. 200 рӯзи мудофиаи қаҳрамононаи Сталинград ҳамчун хунинтарин ва бераҳмтарин муҳориба дар таърих сабт шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мудофиаи шаҳр зиёда аз як миллион афсари шӯравӣ ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд. Муҳорибаи назди Сталинград бузургтарин муҳорибаи хушкигард дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва яке аз нуқтаҳои бозпас гаштани амалиёти ҷангӣ буд, ки баъд аз он қушунҳои немис ниҳоят ташаббуси стратегиро аз даст доданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 32-34º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 5-7º сард.

 *Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 2 ба 3-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Гузоштани номҳои “дуқабата” манъ нест”. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот тартиби гузоштани ном ба фарзандонро шарҳ дод

0

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, гузоштани номҳои ба истилоҳ “дуқабата” ё “сеқабата”, яъне номҳое, ки аз ду ва зиёда реша иборатанд, манъ нашудааст. Ӯ таъкид кард, ки танҳо гузоштани номҳои гӯшхарош, номҳое, ки ба меъёри забони тоҷикӣ ва арзишҳои миллии мо мувофиқ набуда, арзишҳои миллатҳои дигарро таблиғ мекунанд, манъ шудааст.

Раиси Кумита гуфт, дар робита ба интихоби номҳои тоҷикона бо ширкати 35 донишманди тоҷик 6 дафъа ҷаласа доир ва ин масъала ба баҳс кашида шудааст.

Ӯ ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба шикояти сокинон аз рад шудани номҳои пешниҳодкардаи сокинон аз ҷониби идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гуфт, “касе гузоштани номҳои ду ва ё сеқабатаро инкор накардааст”.

Раҳматуллозода барои таъкиди иддаояш чанд номеро намуна овард, ки аз ду ё зиёда решаҳо таркиб ёфтаанд.

“Фақат бо калимаи “гул” 97 ном пешниҳод шудааст. Яъне “гул” худаш танҳо набуда, бо калимаҳои дигар пайваст шудааст, яъне дуқабата аст ҳатман. Бо калимаи “дил” бошад 34 номи духтарона пешниҳод шудааст”, – тавзеҳ дод ӯ.

Бо ҳамин тартиб, ӯ чанд калимаеро ном бурд, ки бо истифодаи онҳо ва иловаи решаи дигар номҳои зиёде дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ пешниҳод шудааст.

Аз ҷумла, ба қавли ӯ, бо калимаи “ориё” 15 ном, бо калимаи “пок” 19 ном,  “озар” 22 ном, “беҳ” 16 ном, “моҳ” 40 ва “маҳ” 31 ном ва бо калимаи меҳр 27 ном дар китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ дарҷ шуда, интихоби онҳо озод аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сахидод Раҳматуллозода

Раҳматуллозода дубора таъкид кард, ки дар сурати тарғиби номҳои ғайритоҷикӣ, кумита “сахтгирӣ” мекунад.

“Номгузории одамон яке аз масоили мубрам аст. Мо талош дорем, ки мардуми мо бо номҳои миллии худамон дар тамоми дунё сафар кунанд, бо номҳои миллии худамон шиноснома дошта бошанд ва зиндагӣ кунанд. Чаро бо номҳои дигар миллатҳо фахр кунем?! На, мо бо номҳои миллии худ бояд ифтихор кунем,” –  шиква кард ӯ.

 

Чаро “хор”-у “санг”-у “теша”-ю “табар” аз насаби мардум берун карда мешавад?

Раҳбари Кумитаи забон ба суоли хабарнигорон дар робита ба берун кардани “санг, табар, теша” барин калимаҳо аз насаби шаҳрвандон, ки авлодӣ аст, гуфт, Қонун дар бораи забони тоҷикӣ ба ин иҷоза намедиҳад ва Қонун дар бораи САҲШ ин низомро танзим кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, доштани номи ҳасана ҳаққи конститутсионии ҳар як тифл аст ва набояд ҳуқуқи ӯ поймол шавад.

“Масалан, модар 18 писар таваллуд мекунад, бо сабабҳои гуногун мефавтад ва бо нияти он ки тифл мунҷавиз монад, санг ва ё хор. Чуноне ки насаби ман низ Хоркашев буд ва бобоям “Хор” буд. Лекин тифли навзод чӣ гуноҳ дорад, ки ҳаққи конститутсионии ӯро поймол мекунему номи гӯшхарош ва нодуруст мемонем”, – масал зад ӯ.

Бояд гуфт, масъалаи номгузорӣ ба кӯдакон солҳои охир, махсусан баъди танзими номгузорӣ зиёд баҳс мешавад. Сокинон иддао мекунанд, ки бо вуҷуди тоҷикона ва ба арзишҳои миллӣ созгор будани номҳое, ки пешниҳод мекунанд,  идораи САҲШ ба далели дуқабата буданашон онҳоро рад мекунанд.

Раиси кумита ин иддаоро инкор кард, аммо меъёри муайян намудан дар иҷоза будан ва ё набудани кадом номи ду ва зиёда реша дошта гуфта нашуд ва пешниҳод гардид, ки ба китоби Фарҳанги номҳои тоҷикӣ муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз ҳалли норасоии омӯзгору камбуди китоби дарсӣ то таҳсили 40 хонанда дар як синф. Дар нишасти матбуотии Вазорати маориф боз чиҳо гуфтанд?

0

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, ки норасоии омӯзгорон дар мактабҳои Тоҷикистон “пурра бартараф шуда”, соли гузашта беш аз 5 ҳазор омӯзгор зиёдтар дар мактабҳо ба кор оғоз кардаанд. Бо вуҷуди ин, дар мактабҳои кишвар қариб 700 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегуфтаанд.

Дар ин бора Равшан Каримзода, муовини вазири маориф рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, “ҳоло дар мактабҳои кишвар 697 омӯзгори ғайриихтисос дарс мегӯянд”.

“Савол шуд, ки омӯзгорон зиёда аз ду фанро дарс медиҳанд. Бубинед, ки баъзе омӯзгорон донишгоҳро ҳамчун омӯзгори фанни физика ва математика хатм кардаанд ва метавонанд аз ду фан дарс диҳанд, ё таърих, ҳуқуқшинос, ё забону адабиёт. Имрӯз мо дар ҷумҳурӣ норасоии кадрӣ надорем. Ҳоло дар кишвар зиёда аз 136 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд, ки 16 ҳазорашон барои нигоҳубини фарзандонашон дар мураххасӣ қарор доранд”,-гуфт  муовини вазири маориф.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар соли таҳсили 2025-2026-ум 9 ҳазору 178 омӯзгор дар мактабҳо ба кор қабул шудаанд. Ин теъдод нисбат ба соли 2024-ум 5 ҳазору 384 тан зиёд будааст.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илм дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Омӯзгор” гуфтааст, ки “ба андешаи ман, якбора беш аз 5 ҳазор зиёд шудани омӯзгорон дар муассисаҳо низ маҳз аз зиёд шудани маблағгузории соҳа, хусусан, музди маош мебошад”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода

Соли гузашта дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҳоло мактабҳои кишвар ба 3 ҳазору 848 омӯзгор эҳтиёҷ доранд. Ҳарчанд, ҳамон сол 3 ҳазору 168 хатмкунандаи ихтисоси омӯзгорӣ ба мактабҳои шаҳру ноҳияҳо сафарбар шудаанд.

“Худи ҳамин сол муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро 17 ҳазору 200 нафар хатм кардаанд. Барои мо ҳамагӣ 3,5 ҳазор даркор, яъне худи ҳозир низ  100% таъмин кардан мумкин аст”,-таъкид карда буд раисҷумҳур.

Бояд гуфт, норасоии омӯзгорон дар мактабҳои борҳо аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Як таҳлили се соли пеш нишон дода буд, ки маоши пасттаринро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ омӯзгорони Тоҷикистон мегиранд. Мутахасисон ягона роҳи ҳалли мушкили норасоии омӯзгорро дар баланд бардоштани музди маоши онҳо рабт медиҳанд.

 

“Норасоии китобҳои дарсӣ низ имсол пурра бартараф мешавад”

Раҳим Саидзода гуфт, ки соли гузашта 95 номгӯй китобҳои дарсӣ бо теъдоди 6 миллиону 316 ҳазор нусха нашр шуда ба анбори китобҳои вазорат ворид шудааст. Ӯ гуфт, ки то кунун вазорат 8 миллиону 681 ҳазору 310 нусха китоби дарсиро ба нашр расонида, дастраси мактабҳои кишвар кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар таърихи давраи истиқлолият аввалин маротиба аст, ки ин шумораро таъмин карда тавонистем. Бештари ин китобҳо тавассути ноширони дохили кишвар чоп шуданд. Қариб дар бештари муассисаҳо бо китоби дарсӣ таъмин шуданд”,-гуфт вазири маориф.

Вазири маориф аз дастури раисҷумҳури кишвар дар соли 2024-ум дар хусуси пурра таъмин кардани мактабҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсӣ дар муддати ду сол гуфт, ки “соли гузашта дастрасӣ бо китоби дарсиро ба 94% росонидем ва имсол мактабҳо ба пуррагӣ бо китоб таъмин карда мешаванд”.

Норасоии китоби дарсӣ низ борҳо аз сӯйи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар интиқод шудааст. Раисҷумҳур камбуди китоби дарсиро мушкили ташвишовари соҳаи маориф хонда, гуфта буд, ки боиси паст шудани сифати таҳсил мешавад.

 

“Ҳатто дар гимназия 40 нафар дар як синф мехонад”

Раҳим Саидзода дар посух ба далели пешниҳодкардаи рӯзноманигор дар бораи дар Гимназияи рақами 1-и пойтахт дар як синф ба таҳсил фаро гирифтани 40 хонанда, норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳои кишварро тасдиқ карда, иброз дошт, ки ин вазъ “ба сифати таҳсил таъсир мерасонад”.

“Дар ҳолате ки шумораи хонанда зиёд шуд, махсусан дар гимназияҳо, ки ба муассисаҳои типпи нав дохил мешаванд, дар онҷо вақте шумора зиёд шуд, албатта ба сифати таҳсил таъсир мерасонад. Дар ин самт корбарӣ кунед, дастуру супоришро иҷро кунед, вақти иҷозатгирӣ вобаста ба ҷойи нишаст пешниҳод кунед. Эҳтиромона хоҳиш мекунам, инро риоя кунед, ин вазифаи ҷонии шумо аст”,- гуфт Саидзода дар муроҷиат ба зердасташ.

Масъулини Вазорати маориф мегӯянд, талабот ба литсею гимназияҳо рӯз аз рӯз афзудааст, ки боиси норасоии ҷойи нишаст дар ин гуна муассисаҳо шудааст.

Бояд гуфт, ки норасоии мактаб, мизу курсӣ ва синфхонаҳои таълимӣ аз мушкили дигарест, ки солҳост дар соҳаи маорифи Тоҷикистон мавҷуд аст.

Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, дар соли 2025 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 209 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 49 ҳазору 534 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар мактабҳои кишвар ҳудуди 2 миллиону 462  хазор хонанда таҳсил мекунанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2024-2025-ум 105 хазор хонанда зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.