Беш аз 70 ширкат аз Тоҷикистон ба Низоми содиркунандагони Иттиҳоди Аврупо шомил шудаанд

Оҷонсии содироти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то ҳол 76 ширкат аз Тоҷикистон ба низоми содиркунандагони сабтшудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) шомил шудаанд. Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсӣ рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ин кор ба дар пайи "ҷорисозии низоми худгувоҳномадиҳии макони истеҳсоли молу маҳсулот, ки ба содиркунандагон аз Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Оҷонсии содироти Тоҷикистон иттилоъ дод, ки то ҳол 76 ширкат аз Тоҷикистон ба низоми содиркунандагони сабтшудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) шомил шудаанд.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсӣ рӯзи 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки ин кор ба дар пайи "ҷорисозии низоми худгувоҳномадиҳии макони истеҳсоли молу маҳсулот, ки ба содиркунандагон аз Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ ба имтиёзҳои гумрукӣ ва осону соддатар гардонидани фаъолияти марбут ба содирот имкон медиҳад, муяссар шудааст".

Низоми мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар доираи Низоми умумии имтиёзҳо ҷорӣ карда шуд. Ширкатҳои содиротие, ки дар ин низом иштирок мекунанд, зимни содироти молу маҳсулот ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз имтиёзҳои гумрукӣ истифода баранд.

Раванди сабт дар низом комилан рақамӣ гардонида шуда, пардохт талаб намекунад. Дар натиҷа ширкатҳое, ки дар низом сабтином шудаанд, барои таҳвили маҳсулоти худ ба бозорҳои аврупоӣ метавонанд аз савдои электронӣ истифода кунанд. Ин ҷараёни савдоро ба таври назаррас осону соддатар гардонида, ба рушди тиҷорати электронӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.