Тими миллии футзали Тоҷикистон аз идомаи Ҷоми Осиё маҳрум шуд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии охирини худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бо Австралия мусовӣ карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Набарди дастаҳо дирӯз, 1-уми феврал дар Индонезия баргузор шуда, бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт. Миллипӯшони футзали тоҷик, ки дар гурӯҳи “С”-и Ҷоми Осиё бо Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия  қарор […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар бозии охирини худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 бо Австралия мусовӣ карда, аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд. Набарди дастаҳо дирӯз, 1-уми феврал дар Индонезия баргузор шуда, бо натиҷаи 1:1 анҷом ёфт.

Миллипӯшони футзали тоҷик, ки дар гурӯҳи “С”-и Ҷоми Осиё бо Ҷопон, Ӯзбекистон ва Австралия  қарор доштанд, дар се бозӣ танҳо ду имтиёз ба даст оварда, ҷои сеюмро гирифтанд ва аз гурӯҳ баромада натавонистанд.

Футзалбозони тоҷик аз се бозии марҳилаи гурӯҳӣ ду рақобатро бо мусовӣ ва як набарди дигарро бо бохт ба поён расонданд. Аз Ҷопон бо натиҷаи 3:0 шикат хӯрда, бо тими миллии Ӯзбекистон бо натиҷаи 0:0 мусовӣ карда буданд.

Аз гурӯҳи “С” тимҳои Ҷопон (бо 9 имтиёз) ва Ӯзбекистон (бо 4 имтиёз) ба марҳилаи ҳазфӣ роҳ ёфтанд.

Мусобиқоти Ҷоми футзали Осиё-2026 рӯзи 27-уми январ оғоз шуд. Дар ин мусобиқа 16 дастаҳои қора, ки ба 4 гурӯҳ тақсим шудаанд, бозӣ мекунанд. Тибқи қоидаҳои мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Мусобиқа то 7-уми феврал дар Индонезия идома меёбад.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок дорад. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.