Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?

0

Чун ҳарсола, дар оғози соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар робита ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дастур дод ва маблағи бунёдии ҳар як озмунро муайян кард.

Дар заминаи он, низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ нашр шуд, ки чанд тағйирот дар онҳо дида мешавад. Аз ҷумла, дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” пойгоҳи электронӣ барои таъмини шаффофият таъсис ёфта, довталабони озмун гурӯҳбандӣ шудаанд ва дар қатори масъулин Маркази миллии тестӣ низ илова шуд.

Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шумораи ғолибон афзуда, баъзе тағйироти ҷузъӣ дида мешавад. Дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дигаргунии куллие нест.

Дар ин матлаб, тағйирот дар низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2026-ро гирдоварӣ кардем.

 

Маркази миллии тестӣ дар қатори масъулин

Имсол дар баробари дигар ниҳодҳо, Маркази миллии тестӣ низ яке аз масъулони баргузории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” интихоб шуда, даври ниҳоии озмун моҳи октябри соли равон маҳз дар ин муассиса баргузор мешавад. Ҳамчунин, қисми назариявӣ (пурсишу посух)-и озмун ҳам имсол тариқи Маркази миллии тестӣ (тариқи тестӣ) баргузор шуда, довталабоне, ки аз қисми назариявӣ аз 50% камтар хол ба даст меоранд, ба қисми амалии озмун (намоиши ихтироот) роҳ дода намешаванд.

Қаблан даври ҷумҳуриявии озмун дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм гузаронида мешуд ва Маркази миллии тестӣ дар ягон бахши он саҳме надошт.

Бояд гуфт, озмуни мазкур дар чор давр, мутаносибан дар моҳҳои апрел, май, сентябр ва октябр доир мешавад.

 

Гурӯҳбандии довталабон

Имсол дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” банди нав илова шуда, мувофиқи он довталабони озмун ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд ва ҳар довталаб аз рӯйи синну сол ва таҳсилоту корашон дар гурӯҳи худ қувваозмоӣ мекунанд.

Тибқи низомнома, довталабон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

1. Гурӯҳи якум – хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ;

2. Гурӯҳи дуюм – хонандагони мактабҳои миёнаи типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ);

3. Гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллежу литсейҳои касбӣ. (Магистрантон ва онҳое, ки ғоибона ва ё аз рӯи маълумоти дуюм таҳсил мекунанд, ба ин гурӯҳ дохил намешаванд).

ИЗОБРАЖЕНИЕ

4. Гурӯҳи чорум – магистрантон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони дигари касбу кори гуногун.

Аммо довталабони гурӯҳи чорум, танҳо дар ду номина: ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок карда метавонанд.

Ба ин гурӯҳ докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ дохил намешаванд ва имкони иштирок дар озмунро надоранд.

Дар низомномаи соле пеш чунин гурӯҳбандии довталабон вуҷуд надошт ва ҳамаи онҳо якҷоя “қувваозмоӣ” мекарданд. Аз Вазорати маориф ва илм низ тасдиқ карданд, ки ин меъёр дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” нав илова гардид. Вале бо ин вуҷуд, соли гузашта вақте озмун ҷамъбаст шуд, ба ғолибон ҷоизаҳои аз рӯи гурӯҳҳо тақдим шуда буданд.

 

Шарти иштирок барои дарёфти “Шоҳҷоиза”

Тағйироти дигар дар ин омзун ба “Шоҳҷоиза” рабт дорад. Яъне қаблан, танҳо довталабоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор мешуданд, барои дарёфти “Шоҳҷоиза” роҳ дода мешуданд.

Дар соли 2026 бошад, ғолибони ҷойи аввали бахши ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ низ имкони бурди “Шоҳҷоиза” доранд.

 

Тартиби муайян кардани ҷойҳо

Дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2026 дар робита ба муайян кардани ғолибони ҷойҳои як, ду ва се низ банди нав илова шудааст.

Мувофиқи он, дар тамоми бахшҳо довталабоне, ки аз 75 то 100 холро ба даст меоранд, имкони бурди ҷойи аввалро доранд. Яъне агар довталаб аз 75 хол камтар ба даст орад, ба ӯ ҷойи аввал дода намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барои дарёфти ҷойи дуюм бошад, довталаб аз 60 то 75 холро бояд соҳиб шуда бошад. Бо ҳамин тартиб, ҷойи сеюм ба шахсоне, ки аз 50 то 60-хол соҳибро мешаванд, тақдим мешавад. Дар ҳолати аз 50 хол камтар доштани холҳо, довталабон имкони ғолибият дар озмунро аз даст медиҳанд.

Қаблан танҳо як меъёр мавҷуд буд ва дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номина, ҷойи якум дода намешуд.

 

Таъсиси Пойгоҳи электронӣ

Тағйироти дигаре, ки имсол ба низомнома ворид шуд, таъсиси Пойгоҳи электронӣ аст, ки ба қавли масъулин “шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад”.

Мувофиқи он, акнун ғолибони даврҳои дуюм ва сеюми озмун вобаста ба бахшҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба пойгоҳ ворид карда мешаванд.

“Таҷрибаҳои қаблӣ нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи Низомнома такроран хоҳиши иштирок карданро доранд. Барномаи мазкур бошад ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ мекунад. Ҳамзамон, барои пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат мекунад”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илми кишвар.

Қаблан дар ҳар шаҳру навоҳӣ комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон таъсис ёфта буд ва ҳуҷҷатҳои довталабон тариқи котибони масъул ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешуд.

Тағйироти дигаре, ки ба Низомнома ворид шудааст, дар робита ба имтиёзҳои ширкаткунандагони он аст.

Акнун тамоми иштирокдорони даври ниҳоии озмун имкон пайдо мекунанд, ки давоми се сол ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба колеҷу литсейҳои касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул шаванд.

Қаблан ин имтиёз танҳо давоми як сол татбиқ мешуд ва фақат ба хонандагони синфҳои 11, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок кардаанд, дода мешуд.

 

Тағйирот дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Дар соли 2026 дар Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ дигаргунӣ дида мешавад.

Яке аз тағйироти ҷиддии ин озмун, ба 5 гурӯҳ  ҷудо кардани довталабони он аст. Акнун хонандагони мактаб, ки қаблан дар байни ҳамсолони худ дар ду гурӯҳ иштирок мекарданд, 3 гурӯҳи довталабони озмунро ташкил медиҳанд. Яъне хонандагони синфҳои 5-8 аз синфҳои 9-11  ҷудо карда шудаанд, ки дар ҳамаи бахшҳо, ғайр аз бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” гурӯҳҳо 5 адад шуданд.

– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоӣ, яъне синфҳои 1-4-и мактабҳои миёна;

– гурӯҳи дуюм – хонандагони синфҳои 5-8 мактабҳои миёна;

– гурӯҳи сеюм – хонандагони синфҳои 9-11 ва ибтидоии касбӣ;

– гурӯҳи чорум – донишҷӯёни макотиби олӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо;

– гурӯҳи панҷум – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;

Танҳо дар бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” 4 гурӯҳи аввал иштирок мекунанд ва омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун имкони ширкат дар ин бахшро надоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба ин тартиб, дар соли 2026 теъдоди ғолибони озмун дар даври ҷумҳуриявӣ, ки солҳои пеш 94-то буд, ба 118 нафар мерасад.

Бояд гуфт, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли ҳаштум ва “Илм – фурӯғи маърифат” соли шашум аст, ки дар кишвар доир мешаванд. Соле пеш ҷоизаи пулии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд шуд. 

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми худ ба муносибати Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ, аз ҷумла “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интиқод карда буд.

Бояд гуфт, давоми панҷ соле, ки озмун доир мешавад, танҳо соли 2023 як нафар – Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” шуд. Соли гузашта низ касе соҳиби “Шоҳҷоиза” нашуд ва масъулин, сабаби онро ба талаботи “Шоҳҷоиза” ҷавобгӯ набудани довталабон марбут донистанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд

0

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво зиёда аз 3 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи мавсимӣ дар давраи солҳои 1981-2020 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маълумоти барномаи аврупоии иқлими "Copernicus" гувоҳӣ медиҳад.

Аз моҳи май то декабр ба истиснои моҳи ноябр, ҳар моҳ ҳароратҳои рекордии баланд сабт мешуд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебдида аз мавҷи глобалии гармӣ табдил дод.

Дар соли 2025 ба сурати умум дар зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ҳарорати рекордии моҳона сабт шул.

Коршиносон зикр мекунанд, ки бо сабаби омилҳои иқтимоӣ ва иқтисодӣ, Тоҷикистон бахусус осебпазир буд.

Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, танҳо 41%-и аҳолии кишвар ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд. Ин омил ба хавфҳо барои солимӣ ва амнияти озуқаворӣ тавқвият мебахшад.

Кишварҳои ҳамсояи минтақа, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон низ бо мушкили гармшавии ҷиддӣ дучор шуданд: ҳарорат дар ин давлатҳо аз меъёри мавсимӣ 2-3 дараҷа баландтар буд.

Ба ғайр аз Осиёи Марказӣ, гармои реекордӣ ба минтақаи Соҳил дар Африқо ва як қатор кишварҳои Аврупо низ таъсир расонид.

Олимон аз шабакаи World Weather Attribution" зикр мекунанд, ки аз соли 2015 мавҷҳои ғайримуқаррари гарм қариб 10 баробар бештар имконпазир шуданд, ки мустақиман ба тағйирёбии антропогении иқлим марбут аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Марги як ҷавони 18-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд

0

Мақомоти тафтишотии Русия аз боздошти як ҷавони 19-сола ба далели “куштори сокини 18-солаи маҳаллӣ” дар шаҳри Электростали вилояти Маскав хабар доданд. Расонаҳои ин кишвар гумонбарро зодаи Тоҷикистон гуфта, аз ӯ Имомалӣ Турдиев ном бурдаанд.

Ба навиштаи Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав, ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Электростал, дар пайи муноқиша байни гурӯҳи ҷавонон ва як мусофири 19-сола дар дохили автобус рух додааст.

Манбаъ менависад, задухӯрд байни онҳо дар истгоҳи наздиктарин идома ёфтааст.

“Ҷавони 19-сола корд бароварда, ба қисмати гардан ва бадани яке аз ҷавонон зарба задааст. Бо вуҷуди расонидани кӯмаки тиббӣ, ҷабрдида ба ҳалокат расид”, – навиштааст ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории русии РБК навиштааст, ки, муноқиша баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷавонон ба занони мусофири автобус бадахлоқӣ карда, ишораҳои ношоиста нишон медоданд. Ҷавони 19-сола аз занон ҳимоят мекунад ва гурӯҳи ҷавонон аз автобус берун шуда, дар истгоҳ бо ҷавони 19-сола задухӯрд мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ин занозанӣ нашр шудааст, ки дар он муноқишаи гурӯҳи ҷавонон, лаҳзаи кордзании яке аз онҳо ва автобуси хунолудае, ки бо он ҷавони захмиро ба нуқтаи тиббӣ интиқол додаанд, дида мешавад.

Сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав навиштааст, ки нисбати ҷавони боздоштшуда бо қисми 1-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Русия, (одамкушӣ) парванда боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонун то 15 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Вале Сарраёсат нагуфтааст, ки боздоштшуда зода ва ё шаҳрванди кадом кишвар аст.

Дар навори бозпурсии ҷавон дар Кумитаи тафтишотӣ, гуфтааст, “дар он замон дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва намедонист, ки чӣ кор мекунад”.

Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо ин ҳодисаро “куштори ҷавони рус аз ҷониби муҳоҷир” унвон додаанд. Ба навиштаи "Новости Москвы", боздоштшуда Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон буда, баъдан бо оилааш ба шаҳри Кемерово кӯчидааст.

Наздикони Имомалӣ Турдиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки бо ӯ ба тамос баромада наметавонанд ва наворҳоро дар интернет дидаанд.

“Ба ӯ занг мезанем, аммо дастнорас аст. Намедонем куҷост ва чӣ ҳол дорад. Ӯ чунин карда наметавонист, ӯ ҷавони хуб аст”, – гуфтаанд пайвандонаш.

Бояд гуфт, ҷиноят ва ё ҳатто қоидавайронкуниҳое, ки дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон ва ё зодагони Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар расонаҳои ин кишвар густурда паҳн ва маҳкум мешавад. Аммо аксар ҷиноёте, ки нисбати муҳоҷирон анҷом дода мешавад, паси парда мемонад ва расонаҳову мақомот ҳам аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактаб, ки вокуниш ва нигаронии тунди на танҳо ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро барангехт, дар расонаҳои федеролии Русия қариб, ки пӯшиш дода нашуд ва ё чун як хабари ҷиноии рӯзмарра инъикос шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт

0

Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (FIFA) радабандии навшудаи мунтахабҳои футболи ҷаҳонро нашр кард. Тибқи он тими миллии футболи Тоҷикистон бо касби 1224,93 балл дар мақоми 100-ум қарор гирифтааст. Дар муқоиса бо радабандии пешина, мавқеи мунтахаби ҷумҳрӣ 1 зина боло рафт.

Байни дастаҳои мунтахаби узви Конфедератсияи футболи Осиё, Тоҷикистон дар зинаи 17-ум ҷойгир аст. Пешсаф миёни тимҳои қораи Осиё, Эрон (зинаи 20-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ (22) мебошанд. Дар даҳгонаи аввал дастаҳои зерин ҷойгир шудаанд:

– Австралия (зинаи 27-ум);

– Ӯзбекистон (52);

– Қатар (56);

– Ироқ (58);

– Арабистони Саудӣ (61);

– Урдун (64);

– Амороти Муттаҳидаи Араб (68).

Мавқеъҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ чунин аст:

– Ӯзбекистон – зинаи 52;

– Тоҷикистон – 100;

–  Қирғизистон – 103;

– Қазоқистон – 114;

– Туркманистон – мақоми 137.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунтахаби Тоҷикистон

Дар радабандии даҳгонаи беҳтарини ФИФА чунин давлатҳо шомил шудаанд:

1 . Испания – 1877,18 балл;

2. Аргентина – 1873,33;

3. Фаронса – 1870;

4. Англия – 1834,12;

5. Бразилия – 1760,46;

6. Португалия – 1760,38;

7. Ҳоланд – 1756,27;

8. Марокаш – 1736,57;

9. Белгия – 1730,71;

10. Олмон – 1724,15.

Давоми соли 2025 мунтахаби Тоҷикистон 10 бозӣ гузаронида дар 6-тоаш ғалаба ба даст овард. 2 бозӣ мусовӣ анҷом ёфта, дар 2 бозӣ ба шикаст дучор шуд.

Бозии наздиктарини расмии мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 31 марти соли 2026 дар Ҳисор баргузор мешавад. Вохӯрӣ дар доираи давраи хотимавии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” муқобили тими Филиппин доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон зинаи 99-ум дар соли 2024 буд. Ин баъди ҳунарнамоии муваффақона дар мусобиқоти марҳилаи финалии Ҷоми Осиё дар Қатар сурат гирифт. Нишондиҳандаи дуюми беҳтарини Тоҷикистон дар радабандии мунтахабҳои ҷаҳон зинаи ҳозираи 100-ум аст.

Болоравии аз ҳама назаррас дар радабандии мазкур моҳи июли соли 2013 сурат гирифта, дар ин сол мунтахаби кишвар якбора 40 мавқеъ (!) боло рафт. Бадтарин натиҷаи моҳона дар соли 2003-юм – зинаи 180-ум сабт шуда буд. Бадтарин нишондиҳандаи миёнаи солона дар соли 2002-юм ба қайд гирифта шуда буд – мақоми 168-ум байни 207 даста.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст

0

Ба ҷои Абдуқаҳҳор Азизов, додситони барканоршудаи шаҳри Бӯстон дар пайи муноқиша дар тарабхонаи “Парламент” то ҳоле касе ба ин вазифа таъин нашудааст. Дар ин бора Далер Маҳмадализода, муовини додситонии ин шаҳр ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ дар робита ба барканории Абдуқаҳҳор Азизов ҷузъиёти дигар надод ва ҳам нагуфт, ки то куҷо барканории ин додситон ба муноқиша дар “Парламент” рабт дорад.

Дирӯз, 19-уми январ, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки “пас аз нашри гузориш дар бораи занозании додситони шаҳри Бӯстон бо молики як тарабхона дар шаҳри Хуҷанд, бо фармони додситони кулл, Абдуқаҳҳор Азизов, додситони ин шаҳр аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шудааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуқаҳҳор Азизов

Мақомот ва ҳарду ҷониби қазия ҳам ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Ҳамин тариқ, Додситонии кул ҳам расман барканории Азизовро тадсиқ ё рад накардааст.

Ин расона навишт, ки дар пайванд ба ин қазия, “ҳоло як ҷияни ноболиғи Парвиз Ашӯров дар боздошт аст”.

Роҳбарияти тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, ҳозир нашуданд, қазияро ба “Азия-Плюс” шарҳ диҳанд. Субҳи имрӯз, 20-уми январ, хабарнигори мо ба ҷойи ҳодиса рафт, вале нигаҳбон гуфт, "роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров молики “Парламент” охири моҳи декабр сар задааст. Муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.

“Барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтааст. Гуфта мешавад, барои баррасии ҳодиса кормандони милиса низ ба онҷо рафтаанд”, – навиштааст ин расона.

Ба навиштаи манбаъ, Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Занозанӣ бо иштироки фарзандон ва ё наздикони мансабдорон дар Тоҷикистон дар гузашта ҳам сабт шудааст. Аз ҷумла, занозанӣ бо ширкати писарони Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика чанд маротиба расонаӣ шуда буд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон

0

Даргирии ду рӯз пеш дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон миёни марзбонҳои тоҷик ва кушта шудани сарҳадшиканҳо, ки мақомоти тоҷик онҳоро “террорист” гуфтанд, аз сӯйи мақомоти Толибон* тафтиш мешавад.

Дар ин бора Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон изҳори назар карда, вале аз сарҳадшиканҳои кушташуда чун “як гурӯҳ қочоқбарони маводи мухаддир” зикр кардааст.

Ӯ гуфтааст, талоши ин гурӯҳ барои интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон аз сӯйи марзбонони тоҷик хунсо шудааст.

Дар мавриди ин даргирӣ ва “амалиёти маҳви террористон” Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ду рӯз пеш, 18-уми январ хабар дода, гуфта буд, ки он дар минтақаи марзии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, “баъди ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накардан ва муқовимати мусаллаҳона нишон додан, “чор террорист нобуд карда шуд”.

Ин ниҳод хабар дод, ки аз ҷои ҳодиса 3 автомати Калашников, 1 таппончаи навъи “Круз”, 6 тирдон, 183 тирҳои АК ва таппонча, 3 телефони мобилӣ, 1 ратсия, 1 қаиқ мусодира кард.

Ба гуфтаи манбаъ, дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 179 (терроризм), 335 (ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 195 (ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан, гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зикр кард, ки ҳоло вазъият дар сарҳади давлатӣ таҳти назорат буда, “барои  таъмини амнияти сарҳади давлатӣ минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба  сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид

Забеҳулло Муҷоҳид таъкид кардааст, ки “Афғонистон ба ноором шудани минтақаи марзӣ иҷозат намедиҳад”.

“Иморати исломӣ (Толибон ҳукумати худро чунин ном мебаранд) ба Тоҷикистон итминон медиҳад, ки онҳое, ки кӯшиши сӯиистифода аз марзро мекунанд, иҷозати дар он ҷо монданро надоранд. Нерӯҳои амниятии мо вазъиятро назорат мекунанд ва аз ҳар касе, ки ниятҳои ғайриқонунӣ дорад, пешгирӣ хоҳанд кард”, – гуфтааст Муҷоҳид.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ, баъзе ҷузъиёти ин ҳодисаро ошкор кардааст. Ин расона навиштааст, ки “чаҳор марзшиканро сарбозони навбатдор дар марз мушоҳида карда, мустақилона ва бе занги бонги хатар амал кардаанд”.

“…сарбозон ба ин афрод ҳушдор додаанд, ки силоҳҳои худро гузошта таслим шаванд, вале ҳангоми талоши муқовимати мусаллаҳонаи марзшиканон онҳоро нобуд кардаанд, – навиштааст ин расона.

Ҳамчунин, манобеи он таъкид кардаанд, ки “фармондеҳонашон сарбозонро бозпурсӣ мекунанд, ки чаро бе риояти қоидаҳои марзбонӣ амал кардаанд”.

Мусоҳибони ин расона гуфтаанд, ҷасади кушташудагонро пас аз маълум кардани ҳуввияташон ба Афғонистон супурдаанд, аммо маълум нест, ки дар чӣ шароит.

Бояд зикр кард, ки ин аввалин даргирӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон аст, ки дар соли 2026 расонаӣ мешавад.

Соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", Отряди сарҳадии 0341 "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда, ба роҳбарони мақомоти қудратии кишвар дастур дод, ки "доир ба ҳалли масъала ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳодисаҳои нохуш аз чораю тадбирҳои муассир кор бигиранд”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон

0

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинонро огоҳ кардааст, ки рӯзи 22-юми январ дар шаҳри Душанбе, атрофи он ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин рӯз дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо эҳтимоли боришоти зиёд, фаромадани тормеғ, яхбандӣ, ҷамъшавии барф ва коҳиши сатҳи биниш мавҷуд аст, ки метавонад ҳаракати мошинҳоро душвор кунад.

Ин ниҳод гуфтааст, дар ин рӯз дар пойтахт шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад. 

Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ боришоти барф дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ баъзан ҳолатҳо барф бошиддат борида, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с , дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 15-20м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9º хунук, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º хунук, рӯзона -2+3º мешавад.

Дар водиҳои вилояти Суғд ҳам барф борида, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф бошиддат мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5º хунук, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º хунук, рӯзона 3-8º хунук мешавад.

Ҳамчунин, дар дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон барф бошиддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 17-22м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7º хунук, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2º, рӯзона -3+2º мешавад.

Дар ин рӯз дар ВМКБ, ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7º хунук, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 11-16º хунук, рӯзона 5-10º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º хунук мешавад.  

Дар робита ба ин, мақомот ба шаҳрвандону ронандаҳое, ки нияти сафар тариқи роҳҳои кӯҳиро доранд, тавсия додаанд, ки дар рӯзҳои мусоидтар ба роҳ бароянд. Ҳамчунин, ба ронандаҳо маслиҳат дода шудааст, ки пеш аз сафар ҳолати роҳҳо ва пешгӯии вазъи ҳаворо мушаххас ва қоидаҳои бехатарии ҳаракатро қатъан риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Бори охир ҳаво дар кишвар аз 16 то 19-уми январ якбора сард шуда, барфу борон борида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми ҳаштуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Яке фарсудаву дигаре фаъол. Роҳҳои танобӣ дар Душанбеву Хуҷанд чӣ ҳол доранд?

0

Се рӯз пеш, 17 -уми январ Рӯзи роҳи танобӣ ҷашн гирифта шуд. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1871 ихтироъкори амрикоӣ Эндрю Смит Холидей барои системаи кашиши танобӣ бори аввал патент гирифт. Ҳамин тариқ, ӯ ба таври ҳамешагӣ тарзу усулҳои ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон ва шаҳрро тағйир дод. "Азия-Плюс" тасмим гирифт фаҳмад, ки роҳҳои танобӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд чӣ гуна кор мекунанд.

 

Роҳи танобии фарсуда дар Душанбе

Роҳи танобиро дар Душанбе соли 1975 сохтанд, то сокинон бароҳат то қуллаи Боғи Ғалаба бароянд. Ин боғ дар теппаҳои шарқии пойтахт ҷойгир шудааст.

Даромадгоҳи асосӣ ба боғ ва маҷмааи ёдгорӣ аз тарафи кӯчаи Дӯстии халқҳо пешбинӣ гардида, он ба шакли гулгашти васеъ бо зинапояҳо тарҳрезӣ шудааст. Барои баромадан ба теппа роҳи танобии овезон сохта шудааст. Меъмори лоиҳа  М. Исмоилов буд,тарҳрезӣ шудааст онро Р. Хурсандов сохтааст.

Соли 2020 шаҳрдории Душанбе эълон карда буд, ки ба ҷои он, роҳи танобии нав бунёд мешавад. Он замон, Маҳмадсаид Зубайдзода, муовини вақти раиси шаҳри Душанбе гуфта буд, ки "лоиҳа аллакай омода шуда, масъалаи маблағгузорӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад".

“Соли 2018 мо аз Санкт-Петербург меъморонро даъват кардем, то ки дар ҳамдастӣ бо мутахассисони мо лоиҳаи роҳи нави танобиро таҳия кунанд. Роҳи кӯҳнаи танобӣ барои истифода корношоям аст, аз ин рӯ навашро сохтан лозим аст. Агар соҳибкорон баҳри амалисозии ин лоиҳа камар банданд, мо омодаем, ки лоиҳаи тайёрро ба онҳо пешниҳод кунем”, – изҳор дошта буд он замон  Маҳмадсаид Зубайдзода.

Бо гузашти қариб 6 сол маълум нест, ки тақдири ин тарҳ чӣ шуд, вале роҳи танобии куҳна дар "Боғи Ғалаба"-и пойтахт фарсуда ва хароб аст:

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






 

Барои муқоиса, ҳамин роҳи танобӣ дар соли 2002 чунин буд:

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





 

Худи қаламрави роҳ низ фарсуда ба назар мерасад.

Масъулини “Боғи Ғалаба” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки "корҳои таъмиру навсозӣ дар боғ ҷараён доранд", вале шарҳ надоданд. Кӯшишҳои мо барои дарёфти маълумот дар ин бора аз шаҳрдории пойтахт бенатиҷа анҷомид. Ба зангҳои пайдарпайи мо аз ин ниҳод касе, махсусан маркази матбуотӣ посух надоданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






 

Вазъи роҳи танобӣ дар Хуҷанд

Роҳи танобӣ дар ин шаҳр моҳи апрели соли 2019 сохта шуд. Он дарҳол ба яке аз ҷойҳои тамошобоби шаҳр табдил ёфт. Масофаи ин роҳ қариб 1 км буда, аз Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ то маҷмааи "Исмоили Сомонӣ", аз ҷумла аз болои Сирдарё дар баландии то 35 м мегузарад.

Роҳи танобӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ" сохта шуда, ба гуфтаи масъулин, "як намунаи ташаббуси хусусӣ дар рушди зерсохтори шаҳр аст".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Роҳи танобӣ дар Хуҷанд

Маҷмаа аз 47 кабинаи чоркасаи болопӯшида ва 7 кабинаи бароҳат иборат аст. Тариқи ин роҳ дар як вақт, то 160 мусофир равуо карда метавонанд.

Имрӯз ҳам ин роҳ дар реҷаи муқаррарӣ кор мекунад. Тавре масуълин гуфтанд, "кори он баъзан бар асари шамоли сахт муваққатан қатъ карда мешавад".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Валӣ Самад, адабиётшинос ва нависандаи саршиноси тоҷик маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 14:00 дар Маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ошёнаи 2) оғоз гардида, вуруд озод аст.

– Имрӯз тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Тими миллии Тоҷикистон дар ду бозии гузашта як бохт ва як пирӯзӣ дошт.

– Имрӯз соати 16:00 дар толори синамои "Зебунисо" филми тахайюлӣ-ҳаҷвии "Паканаи айнакдор" нахустин маротиба ба намоиш дода. Ин филм бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи пардаи синамо омадааст. Вуруд ва тамошо озод аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2003 – Хатсайри ҳавоии “Алмато-Душанбе-Алмато” боз шуд.

Соли 2008 – Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба кор даромад.

Солии 2010 – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара”-ро тасдиқ карданд.

Соли 2010 – Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасдиқ кард.

Соли 2011 – Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе то марзи Ӯзбакистон (дар Турсунзода) 120 миллион доллар ҷудо кард.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарори ҳукуматро дар бораи тағйири номи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имзо кард. Тибқи он Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук номгузорӣ шуданд.

Соли 2020 – Тоҷикистон назоратро болои шаҳрвандони Чин, ки ба кишвар ворид мешаванд, пурзӯр кард.

Соли 2021 – Ширкати ҳавоии “Uzbekistan Airways” хатсайри доимии “Тошкент-Душанбе-Тошкент”-ро дубора барқарор кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1875 – Мавлуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, адиб, ношир, сиёсатмадор ва маорифпарвари тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ яке аз пешвоёни ҷунбиши ҷадидҳо дар Осиёи Миёна ва чеҳраи барҷастаи адабиёту маориф буд.

Беҳбудӣ барои рушди маориф ва тарғиби таълим дар мактабҳои усули ҷадид китобҳои дарсӣ ва дастурҳои зиёде таълиф кардааст.  Ӯ муассиси рӯзномаи "Самарқанд" ва маҷаллаи "Оина" буда, дар шаҳри Самарқанд "Нашриёти Беҳбудӣ"-ро таъсис дода, нахустин китобхонаро барои аҳолии маҳаллӣ кушод.

Ба қавли Саидризо Ализода, "ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ваҳшиён шаҳид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд".

Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1919 дар шаҳри Қаршӣ аз олам даргузашт.

Соли 1936 – Зодрӯзи Валӣ Самад, адабиётшинос ва нависандаи саршиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Валӣ Самад

Валӣ Самад, ки ӯро “таърихи зиндаи адабиётшиносии шӯравии тоҷик ва муборизи зидди фарҳангзудоии шӯравӣ” мешуморанд, пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба фаъолияти илмӣ рӯ овардааст. Баъдан барои таҳияи рисолае дар бораи равобити адабӣ миёни тоҷикон ва озариҳо дар Академияи илмҳои Озарбойҷон ба кор пардохт.

Аз ҳамон давра самти асосии таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши робитаҳои адабӣ миёни халқҳои форсизабон ва марказҳои адабию фарҳангии Қафқоз равона гардид. Дар ду даҳаи охир таваҷҷуҳи илмии Валӣ Самад бештар ба баррасии пайвандҳои адабиёти классикии форсу тоҷик бо андешаи бадеии Аврупо, бахусус Русия, нигаронда шуд.

Самараи ин ҷустуҷӯҳои илмӣ китобе бо номи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” буд, ки ду маротиба ба табъ расидааст. Пештар аз ин ӯ асари “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Қафқоз”-ро нашр карда буд, ки баъдан дар Эрон низ мунташир шуд. 

Дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ӯро ҳамчун ташаббускор ва таҳрикдиҳандаи равандҳои фарҳангӣ мешиносанд, ки борҳо дар масъалаҳои беэътиноӣ ба забон ва фарҳанги миллӣ, фишор ба аҳли илм, беадолатӣ нисбат ба мероси таърихӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳассос бо мақомоти сиёсӣ вориди баҳс ва ҳақталошӣ шудааст.

Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, Анҷумани ховаршиносони Арманистон, раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва ҳамчунин узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Рӯдакӣ” (Эрон) ва “Адаб” (Тоҷикистон) буд.

Ӯ дар давоми фаъолияти илмӣ ва эҷодии худ беш аз 15 китоб ва даҳҳо мақола навиштааст. Ӯ 24-уми октябри соли 2019 даргузашт.

Соли 1923 – Мавлуди Солиҷон Боҳиров, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик дар даврони Шӯравӣ.

Соли 1940 – Зодрӯзи Сайидҷаъфар Қодирӣ, физикдони маъруфи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайидҷаъфар Қодирӣ

Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз олимони маъруфи тоҷик буд. Ӯ соли 1962 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1970 аспирантураи Пажўҳишгоҳи кӯҳшиносии Маскавро хатм кардааст.

Ӯ аз соли 1962 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамчун муаллими калон ва дотсент фаъолият кардааст. Ин олими тоҷик муаллифи беш аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.

Саидҷаъфар Қодирӣ 4-уми июни соли 2025 дар 85-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Соли 1945 – Зодрӯзи Тағоймурод Гулов, кишоварз, доктори илмҳои кишоварзӣ.

Соли 1950 – Зодрӯзи Раҳматшо Маҳмадшоев, олим, муаррихи тоҷик.

Раҳматшо Маҳмадшоев таърихнигор ва пажӯҳишгари тоҷик буда, дар рушди илми таърих ва омӯзиши равандҳои этнополитикӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас дорад. Маҳмадшоев муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол профессор ва муовини раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1957 – Зодрӯзи Наҳтулло Назаров, собиқ вакили парлумон ва раиси пешини дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наҳтулло Назаров

Наҳтулло Назаров аз насли роҳбароне буд, ки роҳи худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, то сатҳи идорӣ расидааст. 

Ӯ таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гирифта, аз соли 1983 ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохт ва сипас аспирант ва раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи кишоварзӣ буд. Фаъолияти давлатии ӯ аз Раёсати кор бо ҷавонони шаҳрдории Душанбе оғоз шудааст.

Солҳои 2000–2010 Наҳтулло Назаров даҳ сол пай дар пай намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон буд. Пас аз анҷоми фаъолияти парлумонӣ, ӯ дар як қатор вазифаҳои масъули дигар кор кард: солҳои 2010–2017 раиси шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Сино, солҳои 2017–2019 муовини ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат. Дар як соли охири умраш бошад, вазифаи раиси дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Ӯ 17-уми октябри соли 2020 даргузашт.

Соли 1966 – Мавлуди Султон Саидзода, ховаршиноси тоҷик.

Соли 2023 – Сафиев Ҳайдар, доктори илмҳои кимиё, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар синни 72-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз, Рӯзи байналмилалии қабули дигарон (International Day of Acceptance) аст. Ин рӯз ба қабули шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва эътирофи иҷтимоии онҳо бахшида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо ташаббуси Энни Хопкинс соли 2007 ҳаракати “3E Love” таъсис ёфт, ки рамзи он аробачаи маъюбӣ ба шакли дил гардид. Ин ҷашн ба таҳаммулпазирӣ, равшаннамоии ҷомеа ва иштирок дар зиндагии маъюбон даъват мекунад.

Имрӯз ҷаҳон Рӯзи дӯстдорони панирро таҷлил мекунад. Ин маҳсулоти ширӣ бо гуногунии навъҳои худ дар миёни истеъмолкунандагон маъруфият пайдо кардааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Таърихи пайдоиши панир аз даврони қадим оғоз меёбад. Баъзе таҳқиқотгарон 8000 сол пеш аз милодро нуқтаи ибтидоии рушди истеҳсоли панир мешуморанд. Маълуми дақиқ дар бораи ватани панир вуҷуд надорад, зеро он дар фарҳанги бисёр халқҳо, ки дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекарданд, дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт. 

Аз рӯи баҳодиҳӣ, аз 800 то 2000 навъи панир вуҷуд дорад. Аз машҳуртарин панирҳо, ки дар тамоми ҷаҳон шинохта шудаанд, метавон Пармезан, Горгонзола, Эмментал, Дор Блю, Рокфор, Чеддар, Камамбер, Бри, Фета, Моцарелла ва Стилтонро ном бурд. 

20 январи соли 1958 дар кӯчаҳои Лондон аввалин радарҳои назорати суръати автомобилҳо пайдо шуданд. Аз он вақт, аз датчикҳои статсионарии калон то камераҳои назоратии хурд, ҳама чиз тағйир ёфт. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Замоне инспекторҳои ҳаракат суръатро бо чашм ва ҳисобкунии вақт аз як сутун то дигараш муайян мекарданд. Ҳоло радарҳои муосир имкони чен кардани суръати автомобилҳоро бо дақиқии баланд доранд. 

Имрӯз баъзе кишварҳо ҷашни ғайриодии зимистонаро таҷлил мекунанд – Рӯзи сайругашт дар ҳавои тоза. Мақсади асосии ҷашн даъват ба қатъи шитоби рӯзмарра ва таваҷҷуҳ ба роҳҳои соддаи бартараф кардани стресс мебошад. 

Исбот шудааст, ки сайругашт дар ҳавои тоза на танҳо стрессро кам мекунад, балки диққат, хотира ва фаъолиятҳои майнаро таҳрик медиҳад, иштиҳоро беҳтар ва хобро муътадил мекунад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

20-уми январ ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи огоҳӣ дар бораи пингвинҳо, яке аз ғайриоддитарин паррандаҳои сайёраро таҷлил мекунад. Пингвинҳо (лот. Spheniscidae) оилаи паррандаҳои баҳрии парвознокунанда мебошанд, ки намояндагони онҳо маҳорати баланди шиноварӣ ва ғӯтазании амиқ доранд. Онҳо ягона намояндагони муосир дар қатори пингвиншаклон (Sphenisciformes) маҳсуб меёбанд.

Дар ин оила 18 намуди муосири пингвин шомил аст. Бузургтарини онҳо пингвини императорӣ буда, қадаш то 120 сантиметр ва вазнаш то беш аз 40 килограмм мерасад. Хурдтарин намоянда пингвини хурд аст, ки қадаш аз зонуи инсони калонсол баландтар нест ва вазнаш аз 2,5 килограмм зиёд намешавад.

Пингвинҳо танҳо дар баҳрҳои кушоди Нимкураи ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд: дар соҳилҳои Антарктика, Зеландияи Нав, ҷануби Австралия, Африқои Ҷанубӣ, дар тамоми соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ аз ҷазираҳои Фолкленд то Перу, инчунин дар ҷазираҳои Галапагос дар наздикии хатти истиво. Давомнокии миёнаи умри ин паррандаҳо тақрибан 25 сол мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.