Қариб ним миллиард доллар гардиши мол. Эрон ба панҷгонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд

0

Аз рӯйи натиҷаҳои соли 2025 Эрон ба рӯйхати 5-гонаи шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон шомил шуд. Тиҷорат миёни кишварҳо устуворона дар ҳоли рушд аст, ҳарчанд тавозун дар савдои дуҷониба нобаробар боқӣ мемонад.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон дар зарфи як сол ба таври назаррас афзуд. Бино ба маълумоти омории Кумитаи гумруки ҶТ, агар дар соли 2024 он 377,7 млн долларро ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 он то 483,9 млн доллар боло рафт. Ба ин тариқ, давоми як сол 106,2 млн доллар ё худ 28% афзоиш ёфт.

Содирот аз Тоҷикистон ба Эрон дар соли 2025 ба 112,8 млн доллар расида, воридот аз Эрон 371,2 млн долларро ташкил дод. Дар натиҷа тавозуни манфии савдо дар сатҳи 258,4 млн доллар қарор гирифт.

Тоҷикистон аз Эрон асосан маҳсулоти соҳаи нафту кимиё, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ ворид кардааст. Аз Эрон нисбатан бештар битуми нафтӣ оварда мешавад, ки маблағи воридоти он тақрибан 15,4 млн доллар арзёбӣ мешавад. Полимерҳо, аз ҷумла полиэтилени навъҳои гуногун ба маблағи зиёда аз 10 млн доллар ва полипропилен тақрибан ба маблағи 11,1 млн доллар, портландсемент ва клинкер ба маблағи то 12,8 млн доллар низ ҳиссаи назаррас доранд.

Дар сохтори воридот маҳсулоти хӯрокворӣ низ мавқеи намоён касб мекунанд. Аз ҷумла, воридоти матса (як навъи нон) тақрибан ба маблағи 3,2 млн доллар, қанди сафед – ҳудуди 3,3 млн доллар арзёбӣ мешаванд. Миёни меваҳо афлесун (апелсин)-и тару тоза ба маблағи ҳудуди 2,6 млн доллар ва кивӣ ба маблағи зиёда аз 2 млн доллар мавқеи бештар назаррас доранд. Ғайр аз ин, аз Эрон ба Тоҷикистон қатрони нафт ба маблағи ҳудуди 2,5 млн доллар, ки дар корҳои сохтмону роҳсозӣ истифода мешавад, инчунин воситаҳои шустану поккорӣ ба маблағи 2,3-2,8 млн доллар оварда мешавад.  

Дар навбати худ содироти Тоҷикистон ба Эрон бештар хусусияти ашёи хомро дорад. Мавқеи комилан ҳукмронро дар ин самт нахи пахтаи ғознашуда ба маблағи зиёда аз 74 млн доллар касб мекунад. Ҳаҷмҳои назарраси камтар ба калобаи пахтагӣ бо таркиби пахтаи на камтар аз 85% рост меояд, ки ҳаҷми содироти он зиёда аз 480 ҳазор доллар, инчунин алюминий ба маблағи ҳудуди 95 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2025 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистон бо якчанд кишвар, аз ҷумла Ҳоланд, Чин, Русия, Ӯзбекистон, Беларус ва як қатор дигар давлатҳо низ зиёд шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1941 – Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Хоруғ” мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2001 – Дар пойгоҳи собиқ намоишгоҳи “Дастовардҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон”  Маркази байналмилалии намоишгоҳи фарҳангӣ-тиҷории “Душанбе” таъсис дода шуд.

Соли 2001 – Дар бораи кӯчонидани ихтиёрии оилаҳо аз ВМКБ ба ноҳияҳои Қубодиён ва Бешкенти вилояти Хатлон қарор қабул гардид.

Соли 2002 – Сафорати Ҷопон дар Душанбе кушода шуд.

Соли 2011 – Дар пойтахт аввалин маротиба амалиёти махсуси “Шиноснома” барои муайян намудани шахсоне, ки ғайриқонунӣ дар Душанбе зиндагӣ мекунанд, гузаронида шуд.

Соли 2016 – Рустами Эмомалӣ аз  нав ба мӯҳлати чор сол президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди он то имрӯз ду навбати дигар низ ӯ ба ин вазифа таъин гардид. Аз ҷумла, навбати охир 14-уми декабри соли 2024 ӯ боз раиси Федератсияи футбол интихоб шуд.

Соли 2018 – Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд шуд.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мораторияи дусолаи санҷишҳои ҳама гуна субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолотро қонунӣ гардонид.

Соли 2020 – Ҳукумати Эрон барои анҷоми нақби "Истиқлол", ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли кишвар мепайвандад, 5,5 миллион доллар кумаки бебозгашт ҷудо кард.

Соли 2021 – Ҳаким Фузайлов, ки мураббии «Истиқлол» буд ва чанд сол тими миллии Тоҷикистонро раҳбарӣ мекард, сармураббии бошгоҳи «Динамо»-и Самарқанд таъин шуд.

Соли 2025 – Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон бори нахуст бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Дар доираи ин сафар роҳбарони ду кишвар бо ҳам мулоқот карданд ва дар натиҷа миёни ду кишвар 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Мавлуди Азиз Афзалзода, шоир ва нависандаи тоҷик.

Соли 1947 – Зодрӯзи Анварбеки Абӯнаср, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Соли 1950 – Зодрӯзи Муҳаммадҷон Умаров, шарқшинос, тарҷумон, омӯзгор, пажӯҳишгар ва тарҷумони Қуръон (аз арабӣ ба тоҷикӣ).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадҷон Умаров

Муҳаммадҷон Умаров 3 хизмати бузурге барои Тоҷикистон анҷом додааст. Ӯ нахустин тарҷумаи мустақими китоби барои мусалмонон муқаддаси “Қуръон”-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Инчунин ӯ мутарҷими “Саҳеҳи Бухорӣ” ва таҳиягари “Таърихи Табарӣ” дар 8 ҷилд аст.

Ӯ корманди собиқадори Пажӯҳишгоҳи шарқшиносӣ ва мероси хаттии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст. Вай субҳи 30-юми июни соли 2015 бар асари бемории гурда дар 65-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Муҳаммадҷон Умаров хатмкардаи шуъбаи арабии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло-ДМТ) буда, фаъолияти худро замчун муҳаррри Сарредаксияи Энсиклопедлияи миллӣ оғоз кардааст. Сипас ходими калони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илҳои Тоҷикистон ва солҳои 2000-2008 муҳаррири ҳафтаномаи “Номаи пажӯҳишгоҳ2- пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин як муддат дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва соли 1996-2008 дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа аз забони арабӣ ва таърихи динҳо дарс гуфтааст. Ӯ солҳои 1973-1975, 1982-1985 дар Ироқ, Алҷазоир ва Либиё ҳамчун тарҷумон кор кардааст. 

Соли 1962 – Мавлуди Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода ходими давлатӣ ва мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи молия ва андози Тоҷикистон аст, ки 17 сол инҷониб Кумитаи андози Тоҷикистонро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст ва фаъолияти худро дар сохторҳои молиявии минтақаи Кӯлоб оғоз намуда, аз нозири маблағгузории соҳаи кишоварзӣ то сармуҳосиб ва муовини раиси иттиҳодияҳои агросаноатӣ зина ба зина фаъолият кардааст.

Дар солҳои минбаъда ӯ дар бахшҳои санҷиш, ҳисобот ва тафтишот фаъолият намуда, вазифаҳои масъулро дар идораҳои кишоварзӣ ва сохторҳои савдо ба уҳда дошт. Аз ҷумла, роҳбари Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо” ва шуъбаҳои муҳими савдои ҷумҳуриявӣ буд.

Марҳилаи навбатии фаъолияти Нусратулло Давлатзода бо низоми андоз сахт пайванд аст. Ӯ аз вазифаи сарревизор-назоратчии Вазорати молия то сардори идораҳо ва нозироти калони андоз дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолият кардааст. Солҳои 2002–2006 роҳбарии Нозироти андозсупорандагони калонро ба уҳда дошт, ки яке аз сохторҳои калидӣ дар таъмини воридоти буҷет аст.

Солҳои 2006-2009 Нусратулло Давлатзода муовини аввали раиси Кумитаи андоз буд ва аз 16-уми январи соли 2009 то имрӯз ҳамчун раиси ин кумита фаъолият мекунад. 

Соли 1965 – Зодрӯзи Аброр Зоҳир, нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагон ва ҳамзамон синамогарони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аброри Зоҳир

Аброр Зоҳир солҳои 2000-2004 директори Телевизиони Тоҷикистон, 2004-2005 директори киностудияи “Тоҷикфилм”, 2007-2011 директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 2012 директори Муассисаи давлатии “Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ”-и шаҳри Душанбе буд. Ӯ 23 ноябри соли 2015 дар 50-солагӣ аз олам чашм баст.

Аброр Зоҳир яке аз адибони пурмаҳсулест, ки баъди истиқлолияти Тоҷикистон ба майдони адабиёт ворид гардид. Ӯ нависандаи тасвирнигор аст. Ҳамчунин дар таҷассуми симоҳои таърихӣ низ муваффақ гардидааст.

Қиссаҳои “Дуроҳа”, “Моҷарои қабр”, романҳои “Шикасти зулмот”, “Рақс дар сояи девори оҳанин” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.

Соли 2013 – Рауф Баротов, геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик дар синни 91-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рауф Баротов

Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва тадқиқотчии намоёни соҳаи магматизми Осиёи Марказӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1968) мебошад.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом ва факултаи геологияи  Донишгоҳи  давлатии Осиёи Марказиро хатм карда, ба Институти геологияи Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Дар ин муассисаи илмӣ то соли 1950 ба ҳайси ходими калони илмӣ кор карда, сипас мудири Бахши петрография ва канданиҳои фоиданок таъин мешавад. Моҳи апрели соли 1953 аъзо – корреспонденти  Академияи илмҳои  Тоҷикистон  интихоб шуда, баъдан вазифаи академик – котиби  Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи фанҳо ба ӯҳдааш гузошта шуда, ба ин муносибат аъзои президиуми Акадимияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Бештар  аз 120 кори илмиаш рӯи чоп омадааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1943 дар ҳамин рӯз сохтмони бинои Пентагон ба итмом расид. Пентагон номи бинои Вазорати мудофиаи ИМА аст, ки шакли панҷкунҷаи муназзам дошта, дар Иёлати Вирҷиния, наздикии Вашингтон ҷойгир аст. Ин бино ҳамчун бузургтарин бинои маъмурӣ дар ҷаҳон ва яке аз ҳифзшудатарин иншооти ИМА дониста мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Пентагон

Пентагон танҳо дар 16 моҳ сохта шуд ва яке аз иншооти инноватсионӣ ва нотакрори замон гардид. Ин сохтмон ба Амрико дар маҷмуъ зиёда аз 83 миллион доллар хароҷот овард ва имрӯз аз он сайёҳони зиёде дидан мекунанд ва шумораашон дар як сол тақрибан 100 000 нафар аст.

Имрӯз рӯзи пайдоиши Википедия – Донишномаи озод таҷлил мегардад. Он 15 январи соли 2001 боз гардид ва асосгузорони он Ҷимми Уэйлс (Jimmy Wales) ва Ларри Сэнгер (Larry Sanger) мебошанд.

Ҳоло Википедия дар зиёда аз 300 забон бахш дорад ва ба манбаи муҳими маълумот дар саросари ҷаҳон табдил ёфтааст.

Бахши тоҷикии Википедия 27 январи соли 2004 фаъол гардид. Ҳоло Википедияи тоҷикӣ дорои зиёда аз 114 000 мақола аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Википедия

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -3+2º, то 4-9º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 20-25º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

0

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Вазорати меҳнати Тоҷикистон ҳанӯз як сол пеш ваъда дода буд, ки рақамҳоро бо Русия мувофиқа мекунад, лекин маълумот дар ин бора то ҳол нашр нашудааст.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон то ҳол маълумоти расмӣ ва мувофиқашударо дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, пешниҳод накардааст. Ин мушкилест, ки дар пасманзари арзёбии мақомоти Русия, созмонҳои байнулмилалӣ ва изҳороти ҷониби Тоҷикистон боқӣ мемонад.

То охири соли 2025 фарқияти арзёбиҳо хеле бузург буд: аз камтар аз 500 ҳазор, ки мақомоти Тоҷикистон ба он таъкид мекунанд то зиёда аз 1,2 млн нафар, ки мақомот ва таблиғотии Русия нашр мекунанд..

Мавҷуд набудани омори шаффоф натанҳо барои коршиносону рӯзноманигорон, балки мақомоти давлатии масъул ба сиёсати муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар мушкил пеш меорад.

 

Чаро омори ду кишвар тафовут доранд?

Номуайянӣ ва дарҳам-барҳамӣ барои он ба вуҷуд меояд, ки манбаъҳои гуногун ба усули гуногун ҳисоб мекунанд. Як манбаъ дар бораи дар лаҳзаи муайян ҳузур доштани чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон ва манбаи дигар доир ба вуруду хуруҷи шаҳрвандон дар як давраи муайян, масалан моҳ, ним сол ё як сол хабар медиҳанд. Бинобар ин, дар ҳамон як маълумот ё баррасиҳо метавонанд “ҳудуди миллион нафар дар Русия” ва “садҳо ҳазор вуруд дар як сол” садо диҳанд. Ин маълумот метавонад ҳатман ба якдигар зидду нақиз набошад, танҳо вазъиятро аз ҷонибҳои гуногун инъикос мекунад.

Солҳои охир Русия пайваста аз омори зиёди муҳоҷирон хабар медиҳад. Бино ба маълумоти Кремл, ки аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар моҳи ноябри соли 203 таҳия шудааст, дар Русия ҳудуди 1,2 млн нафар муҳоҷирон аз Тоҷикистон ҳузур доштаанд.

Моҳи марти соли 2025 президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар Русия “ҳудуди миллион нафар ва ҳатто зиёдтар” шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва саҳми онҳо дар иқтисоди Русия ва аҳаммияти интиқоли маблағ  ба Тоҷикистон назаррас аст. 

Маълумоти ВКД Русия иловатан онро мукаммал месозанд: соли 2024 ҳудуди 6,3 млн нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия омадаанд, ки мақсади нисфи онҳо дарёфти кор зикр шудааст. Дар ҳамин ҳол, 16,7% он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Мақомоти омори Русия дар навбати худ хабар медиҳанд, ки дар соли 2024 афзоиши вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон 128 ҳазор нафарро ташкил дод, лекин ин маълумот ҷойивазкуниҳои сабтшударо инъикос карда, теъдоди воқеии муҳоҷирони кории дар Русияро ҳузурдоштаро нишон намедиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳоҷирони тоҷик дар Русия маъмулан ба корҳои маошашон паст машғуланд

 

Маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ чӣ гуна аст?

Созмонҳои байнулмилалӣ низ ба саволи “чӣ қадар тоҷикистониён ҳозир дар Русия кор мекунанд”, яксон посух намедиҳанд, лекин теъдоди ба ин кишвар воридшудагонро нашр мекунанд.

Бино ба маълумоти Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ), то моҳи сентябри соли 2024-ум 618 ҳазору 97 шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба хориҷа рафта, ҳудуди 98%-и онҳо ба Русия рафтаанд. Барои муқоиса, дар ҳамин давраи соли 2023 теъдоди муҳоҷирони корҷӯ ба 673 ҳазору 285 нафар баробар буд (тақрибан 8% кам шудааст).

Қобили зикр аст, ки ин рақам шумори сафарҳо буда, теъдоди одамоне нест, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

 

Мавқеи Вазорати меҳнати Тоҷикистон

Ҷониби Тоҷикистон пештар нишондиҳандаи назарраси камтарро зикр мекард. Дар Вазорати меҳнат гуфта буд, ки теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия аз 500 ҳазор нафар зиёд нест.

Тафовути омори мақомоти Тоҷикистон ва Русияро ба шакли ҳисоби онҳо рабт медиҳанд.

“Мо танҳо онҳоеро ба ҳисоб мегирем, ки маҳз барои кор мераванд. Ҷониби Русия бошад, ба омор инчунин аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла кӯдакони ноболиғро ҳам дохил мекунад”, – зикр карда буданд дар Вазорат.

Ва ҳамин мувофиқа кардани ҳисобро сабаби ба таъхир афтодани пешниҳоди омори дақиқи муҳоҷирон дар баҳори соли 2025 (маҳз ҳамон вақт “Азия-Плюс” бори аввал ба Вазорат доир ба маълумот дар соли 2024 муроҷиат карда буд. – Эзоҳи идора) гуфта буданд. Аммо то охири соли 2025 омори расмии мувофиқагардида пешниҳод нашуд.

Дар иттилоия аз рӯи натиҷаи моҳҳои январ-июни соли 2025 Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар бораи кор бо ҷониби Русия ва чораҳои маъмурӣ хабар медиҳад. Миёни нишондиҳандаҳои калидӣ рақамҳои зерин оварда шудааст:

– пеш аз сафар ба Русия 3 ҳазору 890 нафарро бо сабаби маҳдудиятҳо барои вуруд бозгардонидаанд;

– дар масъалаи марбут ба феҳристи “шахсони таҳти назорат” 63 ҳазору 685 нафар шаҳрвандон аз рӯйхат хориҷ шуда, зиёда аз 23 ҳазор нафар будубоши худро қонунӣ кардаанд;

– дар зарфи ним сол 27 ҳазору 635 нафар ба намояндагии Вазорати меҳнат дар Русия муроҷиат кардаанд;

– барои кор дар хориҷа 8 ҳазору 827 нафар муташаккилона сафарбар шудаанд (то 25 июл – 9 ҳазору 478 нафар).

Дар ҳамин ҳол, дар иттилоия рақами “ҳозир дар Русия чӣ қадар ҳузур доштан/кор кардани муҳоҷирони тоҷик” зикр намешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаторае, ки аз Тоҷикистон ба Русия меравад

 

Чаро адами омори дақиқ мушкилот аст?

Бидуни оморои шаффофи мувофиқашуда анҷом додани чунин амалҳо душвор аст:

– ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва таъинотӣ кумак расонидан ба шахсоне, ки дар вазъи осебпазир қарор мегиранд;

– пешгӯӣ кардани хавфҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (шуғл дар дохили кишвар, сарборӣ ба бозори кор, вобастагии хонаводаҳо ба инитиқоли маблағ);

– баргузор намудани гуфтушунидҳо бо Русия оид ба шароити будубоши муҳоҷирон ва механизмҳои қонунигардонии ҳузури онҳо;

– роҳандозии сиёсати дарозмуҳлати муҳоҷират бар асоси маълумоти мушаххас, на арзёбиҳои гуногун.

Таҳлилгарон зикр мекунанд, ки пӯшида будани маълумот метавонад на танҳо ба “техника” ё методология, балки ба масоили дорои ангезаҳои эҳсосоти сиёсӣ низ вобаста бошад, зеро рақамҳои нашршуда миқёси вобастагии иқтисод аз даромадҳои беруна ва имконоти маҳдуди бозори дохилии корро таъкид мекунанд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ иқтисоди Тоҷикистонро ба сафи бештар вобаста ба интиқоли маблағҳо мансуб медонанд.

Мақомоти марбутаи Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ҷониби муҳоҷиронро ошкор намесозанд. Пештар онҳо дар сомонаи Бонки марказии Русия дастрас буданд, лекин пас аз оғози ҷанг дар Украина, онҳоро махфӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори ҳавошиносон аз се рӯзи ҳавои сард ва барфу борон дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон аз 16 то 19-уми январ ҳаво якбора сард шуда, дар бисёр минтақаҳо бориши барфу борон пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар Душанбе рӯзи 16-уми январ борону барф борида, 17-уми январ барф ва 18-19-уми январ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рӯзҳои 16 ва 17-уми январ эҳтимол аст, борону барф борад ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо тормеғ мефарояд. Рӯзи 18-уми январ асосан бебориш мешавад, аммо ҳаво сард хоҳад буд. Як рӯз баъ – 19-уми январ бориши барфу борон пешгӯӣ мешуавад.

Дар аксар ноҳияиҳои ВМКБ ҳам рӯзҳои 16 то 19-уми январ эҳтимол барфу борон борад. 

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Аз ҷумла, бори охир дар кишвар шабу рӯзи Соли нав барф борида буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ таъмир мешавад, вале ҳоло замони оғози бозсозӣ маълум нест

0

Мақомоти Тоҷикистон барои таъмир ё бозсозии роҳи мушкилгузари Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ, ки солҳо боз таъмирталаб буд, бо як ширкати “NARCO” – и Кувайт шарнома бастаанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дирӯз, 13-уми январ, дар хабаре гуфт, созишмнома байни ин ниҳод ва ширкати мазкур рӯзи 29-уми декабри соли 2025 имзо шуда буд ва аз 12 январи соли 2026 эътибор пайдо кард.

Ба иттилои манбаъ, дарозии роҳ 162 км аст ва сохтмони он дар ду қисмат, аз ноҳияи Айнӣ то маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо дарозии 80 км ва аз он аз маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ то деҳаи Деҳҳисори ин ноҳия бо дарозии 82 км тӯл ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, ба қавли ин ниҳод, тибқи нақша дар ин роҳ бунёди 27 пули мошингард ва 405 қубури обгузар дар назар аст. Вале гуфта нашудааст, ки бунёди ин роҳ кай оғоз шуда, чӣ замоне ба анҷом мерасад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи имзои созишнома

Танҳо зикр шудааст, ки ширкати машваратии "NARCO"-и Кувайт ҳамроҳ бо "Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ – ПЛИН"-и Вазорати нақлиёт ба таҳияи лоиҳаи роҳ шуруъ кардаанд.

Ба иттилои расмӣ, роҳи мошингарди Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ солҳои 60-уми қарни гузашта сохта шуда, сокинони ин ду ноҳияро ба маркази кишвар мепайвандад. Вале аз замони бунёд то имрӯз ин роҳ ягон маротиба пурра таъмир нашудааст.

Роҳи мазкур чанд минтақаи осебпазир дорад, ки дорои обҳои зеризаминӣ буда, пайваста дар ҳолати лағжиш қарор доранд.

Роҳи мазкур соли 2015 ба роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ табдил ёфт ва ба дастабандии (категорияи) V роҳҳои автомобилгард дохил карда шуд. Ҳаракат дар он, бахусус дар фасли зимистон душвор ва хатарнок аст.

Мақомот қаблан гуфта буданд, ки лоиҳаи бундёи роҳро омода кардаанд ва бо дарёфти сармоягузор ба сохтмони он шуруъ мекунанд. Қаблан, лоиҳакашии таъмири куллии ин роҳ оғоз шуда буд.

Қарор аст дар соли 2026 дар кишвар 300 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дошта бунёд шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як сокини 19-солаи Кӯлоб дар пайванд ба куштаву захмӣ шудани размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш

0

Дар пайванд ба кушта ва захмӣ шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик ва ду ҳамроҳаш дар пайи як занозании гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб, Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбар боздошт шудааст.

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаби 11-уми январи соли равон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмӣ шудаанд.

Бар зидди Сулаймон Одинаев бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” парванда боз кардаанд. Ӯ ба корд задани се тан гумонбар аст.

Радиои Озодӣ ба қавли ҳамсуҳбатонаш навиштааст, ки “баҳс аз як телефони мобилӣ сар шуда, гӯё Муҳаммадалӣ Саъдуллоев телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст”.

Фариза, як хеши Одинаев ба ин расона гуфтааст, ки гӯё размикор бо дӯстонаш Сулаймон Одинаевро азият додааст ва ӯ маҷбур шудааст, ки “худро бо корд муҳофизат кунад”. Наздикони Муҳаммадалӣ Саъдуллоев гуфтанд, ки ба ин иддао бовар надоранд, "чун ӯ як ҷавони беозор буд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадалӣ Саъдуллоев

Тафтишот фарзияи ниҳоӣ дар мавриди занозаниро хулоса накардааст.

Манобеи ин расона гуфтаанд, ки занозанӣ дар Маркази бозиҳои компютерӣ оғоз нашуда, балки яке аз ҷавонон пас аз оғози кашмакаш ба ин марказ паноҳ бурдааст ва муноқиша онҷо идома кардааст.

“Дар навори дурбинҳои назоратӣ, ки дастраси Радиои Озодӣ шуданд, дида мешавад, як нафар талош дорад, вориди Маркази бозиҳои компютерӣ шавад, вале каси дигаре ӯро бо мушту лагад мезанад. Дар навори дигар дида мешавад, ки шаш нафар вориди марказ шудаанд ва инҷо яке зоҳиран бо корд ба се нафар ҳамла мекунад”, – навиштааст ин расона.

Қаблан, Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев бо тасдиқи ин ҳодиса ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ сар задааст.

Манбаъ навиштааст, ки дар наворҳои дурбинҳои назоратӣ дида мешавад, ки пас аз ҳамла Муҳаммадалӣ қалбашро бо дасташ медорад ва аз бинои марказ берун мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ тақрибан дусад метр поинтар рафта, баъдан аз пой афтодааст. Ӯро ба бемористон бурдаанд ва пас аз соате ҷон додааст.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев рӯзи 12-уми январ ба хок супорида шуд ва ду ҳамроҳи ӯ, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардошта, ҳоло бо вазъи сиҳатии “миёна” дар бемористон қарор доранд.

Навори муноқишаи гурӯҳе аз наврасон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор иштироки дастикам 7 наврас дида мешавад. Дар пайи занозанӣ яке аз онҳо захмӣ шуда, ба замин меафтад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар шиносномаи варзишгар дарҷ шудааст ӯ мутаваллиди соли 2010 будааст, аммо дар як ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, соли таваллуди Муҳаммадалӣ 2007 ва насабаш Исуфов навишта шудааст. Сабаби ин тафовут дар ҳуҷҷатҳо маълум нест.

Қаблан низ занозанӣ ва кордкашӣ миёни наврасон  рух дода буд, ки дар он гоҳе наврасон аз корду силоҳҳои дигар истифода мекарданд. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли гузашта  дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дари манзилашон муҳр зада шудааст”. Бо гузашти беш аз як моҳ далели марги 3 узви як оила дар Исфара ошкор нашудааст

0

Бо гузашти беш аз як моҳ аз марги Искандар Шафеиён (Маликӣ) ва ҳамсару духтари 4-солааш “дар пайи заҳролудшавӣ” асрори фавти онҳо кушода нашудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло натиҷаи ташхиси марги онҳо ниҳоӣ нашудааст, вале наздикони ин оила аз ҳолатҳои шубҳаноки ин ҳодиса суҳбат мекунанд.

Искандар Шафеиён, сардори пешини шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати Исфара бо ҳамсару духтараш шаби 7-уми декабри соли 2025 ба ҳалокат расиданд.

Он замон як манбаъи аз ҳодиса огоҳ гуфта буд, “баъди хӯроки шом вазъи ҳамаи аъзои оила бад шуд ва то омадани табибон падару модар ва як духтарчаи онҳо фавтида, модар ва фарзанди дигари Шафеиён ба беморхонаи Исфара бурда шуданд”.

Он замон аз Раёсати тандурустии Суғд гуфтанд, ки “тафтишот маълум мекунад, ки онҳо аз чӣ фавтидаанд”. Аммо то ҳол тафтишот аз натиҷаҳои ташхис хабар надодааст ва маълум нест, ки се узви ин оила аз чӣ фавтидаанд.

Муҳаммад Шафиев, бародари Искандар Шафеиён дирӯз, 12-уми январ, дар як суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, “то ҳол аз Додситонии шаҳри Исфара, ки дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, ягон ҷавоби расмӣ нагирифтаанд”.

Вале Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ аз додситонии шаҳр менависад, ки “ҳоло парванда боз нашудааст ва танҳо санҷиш идома дорад. Кимиёшиносон ҳанӯз ҷавоби ташхисро ба мо надодаанд”.

“Аксари нишондодҳоро барои ташхисии ниҳоии тиббӣ ба Ӯзбекистон фиристодаанд ва интизори ҷавоби он ҳастанд. Пас аз маълум шудани сабаби фавти онҳо ин маълумот расонаӣ карда мешавад”, -гуфтааст як манбаъи ин расона, ки аз рафтаи тафтишот огоҳ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Искандар Шафеиён бо ҳамсараш

 

“Марги ин хонавода асрорангез менамояд”

“Азия-Плюс” бо яке аз наздикони Муаттарахони 29-сола, ҳамсари Шафеиён суҳбат кард ва ӯ баъзе ҷузъиёти шаби ҳодисаро ошкор кард.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш ошкор шавад, пайвандони Муаттарахон 7-уми декабр, тамоми рӯз ба духтарашон занг мезананд, аммо касе ҷавоб намедиҳад.

Ба қавли манбаъ, дертар, баъди соати 19:00 “модари Шафеиён гӯширо бардошта, аз номи Муаттарахон ҳарф мезанад”. Аммо каме дертар дубора тариқи “Ватсап” занг зада, мегӯяд, ки вазъи саломатии писараш хуб нест.

“Гуфтем, ки “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кунанд, вале ӯ гуфт, дар Исфара касеро намешиносад ва намедонад ба куҷо муроҷиат кунад. Ба пурсиши мо аз Муаттарахон гуфт, дар хонаи дигар аст ва гӯширо гузошт”,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, дигар ба зангҳои пайдарпайи онҳо касе ҷавоб надодааст, аммо чанде пас духтари калонии Шафеиён – Рухшонаи 7-сола тариқи занги видеоӣ дар “Ватсап” тамос гирифта, модарашро нишон дода, гуфтааст, ки “ӯ беҳуш аст”

Дертар, тақрибан соати 23:00 модари Шафеиён ба модари келинаш занг зада, аз марги писараш – Шафеиён хабар додааст.

“Мо дарҳол ба Исфара роҳ гирифтем ва вақте расидем, соат аз 1-и шаб гузашта буд. Вақте ба хона даромадем, ҷисми беҷони Искандар дар як хона ва Муаттарахону духтари 4-солаи онҳо дар хонаи дигар мехобид”, – афзуд манбаи мо.

Баъдан модари Муаттарахон ҳамсояҳоро фарёд ва Ёрии таъҷилӣ даъват мекунад. Тақрибан соати 2-и шаб ду фарзанди дигари онҳо – Сумаяхони 6-сола ва Муҳаммадҷони 4-моҳаро “дар ҳолати вазнин” ба беморхонаи шаҳри Исфара мебаранд.

Фарзанди калонии оила – Рухшонахони 7-сола ва модари Шафеиён заҳролуд нашудаанд.

Пайвандони ҳамсари Шафеиён шубҳа доранд, ки “марги ин хонавода заҳролудшавии табиӣ набуда, асроромез менамояд”. Онҳо барои таҳқиқи ҳодиса ба Додситонии вилояти Суғд низ муроҷиат кардаанд, аммо то ҳанӯз посух нагирифтаанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло дари манзили зисти Шафеиён дар Исфара мӯҳр зада шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи наздикони онҳо, мақомот боре ҳам аз ҳоли кӯдакони ятиммондаи Шафеиён суроғ накардааст.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Ҳамчунин, кӯшишҳои мо барои суҳбат бо модари Искандар Шафеиён, ки шоҳиди ҳодиса дониста мешавад, то ин дам натиҷа надод.

Ҳоло се фарзанди зиндамондаи ин оила дар хонаи бибии модариашон дар Хуҷанд буда, модари Шафеиён дар Панҷакент бо бародараш будааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷасади Искандар Шафеиён, ҳамсар ва фарзандаш рӯзи 8-уми декабр дар деҳаи Вешисти шаҳри Панҷакент ба хок супорида шудааст.

Номи Искандар Шафеиён замоне расонаӣ шуд, ки дар задухӯрдҳои марзӣ бо Қирғизистон ҷароҳат бардошт. Баъдан алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парванда боз ва ӯро ҷаримаву аз вазифа озод карданд. Вақтҳои охир ба соҳибкорӣ машғул буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Додрасеро, ки аз ошёнаи 9-уми бино афтода ҷон бохт, дар зодгоҳаш ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд

0

Ҷамшед Ҷамшедзода, додраси Додгоҳи конститутсионӣ, ки дирӯз  аз ошёнаи 9-уми бинои истиқоматӣ афтода, ҷон бохт, имрӯз, 14-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа ба хок месупоранд.

Дар ин бора ёрдамчии Ҷамшед Ҷамшедзода дар Додгоҳи конститутсионӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки дирӯз, 13-уми январ тахминан соати 18-и бегоҳӣ ҷасади додрасро пас аз гузаштан аз ташхис (экспертиза) ба зодгоҳаш деҳаи Шоди ноҳияи Роштқалъа бурдаанд.

“Гуфтанд то соати 10:00 ба зодгоҳашон мерасанд. Вақти хондани ҷаноза маълум нест. Дар робита ба маргашон низ чизе намедонем, танҳо гуфтанд афтодааст”,-гуфтанд аз додгоҳ.

Дар бораи марги Ҷамшед Ҷамшедзода, нахуст Радиои Озодӣ хабар дода, навишт, ки ҳодиса дирӯз,13-уми январ дар маҳаллаи Гулистон (наздик ба “Сирк”-и давлатӣ) рух додааст. То ҳол маълум нест, ки Ҷамшедзода аз бино афтодааст ва ё худро ба поён партофтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Макони ҳодиса

Аммо бархе корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамсояи додрас муаррифӣ карда навиштаанд, ки Ҷамшедзода мехостааст ноқили телевизионро пайваст кунад, ки “дар натиҷа сараш тоб хурда ба замин афтодааст”.

Назари пайвандони марҳум дар пайванд ба ин ҳодиса маълум нест. Мақомот низ то кунун расман дар ин бора хабаре надодаанд.

Танҳо Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ дар як баёнияи расмӣ, марги Ҷамшедзодаро  “талафоти бузург” хонда, гуфтаанд, ки “хизматҳои содиқонаи марҳум барои ҳокимияти додгоҳӣ ва илми ҳуқуқшиносӣ мондагор мебошад”.

Ҷамшед Ҷамшедзода, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон моҳи июли соли 2019 додраси Додгоҳи конститутсионӣ интихоб гардида буд.

Марҳум солҳои зиёд дар Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Солҳои 2017 – 2019 дар вазифаи  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва  робитаҳои байналмилалии  Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон кор кардааст.

 Ӯ 52-сол дошт ва соҳиби ҳамсару се фарзанд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон ва Эрон раводидро барои ронандагони якдигар бекор мекунанд

0

Аз аввали моҳи март Тоҷикистон ва Эрон реҷаи раводид (виза)-ро барои ронандагони ҳамлу нақли байналмилалии якдигар бекор мекунанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим дар асоси қарорҳои ҳукуматҳои ду кишвар ва созишномаи дуҷониба гирифта шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, акнун ронандагон ва ёвари ронандаи мошинҳои боркашонии байналмилалӣ, ки дорои шиносномаи оддии Тоҷикистон ва Эрон ҳастанд, метавонанд бидуни раводид тариқи тамоми гузаргоҳҳои марзӣ ба қаламрави якдигар ворид шаванд. Ронандагони тоҷику эронӣ то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза (яъне дар се моҳ 30 рӯз) бидуни гирифтани раводид дар қаламрави кишварҳои якдигар метавонанд иқомат кунанд.

“Ин тадбир ба осон шудани ҳамлу нақли байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва баланд бардоштани фоидаоварии логистика миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард”, – гуфтанд аз ВКХ-и кишвар ба “Азия-Плюс”.

Бояд гуфт, ки лағви раводид тавассути роҳҳои заминӣ миёни Тоҷикистону Эрон моҳи апрели соли 2025 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо Искандар Муъминӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон баррасӣ шуда шуд.

Он замон расонаҳои эронӣ аз забони Искандар Муъминӣ навишта буданд, ки “тасмим гирифта шуд, ки дар қадами баъдӣ бо лағви раводид барои сафарҳои заминӣ шароити бароҳати сафар барои шаҳрвандони ду кишвар фароҳам шавад”.

Қаблан, дар соли 2025 Тоҷикистон ва Эрон низоми раводид барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ҳарду кишварро пурра лағв карда буданд.

Мувофиқи он шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд. Вале вуруди шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар тавассути роҳҳои заминӣ то ҳол бо раводид сурат мегирад.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Саодат Амиршоева даргузашт. Аввалин генералбонуи тоҷик дар замони истиқлол кист ва чӣ корнома дошт?

0

Саодат Амиршоева, аввалин генералзани тоҷик ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон, дар 73-солагӣ даргузашт. Ӯ бо пешниҳодҳои ба гуфтаи бархеҳо, ҷасурона дар парлумон ва фаъолияташ дар мақомоти адлия шӯҳрат дошт.

Дӯстону наздикони марҳум дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Саодат Амиршоева субҳи имрӯз, 14-уми январи соли 2026, вафот кардааст. Сабаби даргузашти номбурда то ҳол маълум нест.

Гуфта мешавад, ҷанозаи генералбону пас аз намози пешини имрӯз дар шаҳри Бохтар, поёни бозори Ҳоҷӣ Шариф баргузор мегардад.

 

Амиршоева кист ва чӣ гуна генерал шуд?

Саодат Амиршоева 10-уми ноябри соли 1953 дар деҳаи Парнаки ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, соли 1978 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Роҳи касбиаш аз идораи нотариуси шаҳри Душанбе (1972-1975) оғоз ёфт. Баъдтар сарнотариуси шаҳри Кӯлоб (1975-1985), додраси Додгоҳи халқии шаҳри Кӯлоб (1987-1993) шуд ва соли 1993 сардори Идораи адлияи вилояти Хатлон таъин гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Моҳи сентябри соли 1999, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён ва 70-солагии мақомоти адлияи Тоҷикистон, Амиршоева рутбаи генерал-майор ва унвони “Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон”-ро гирифт. Ӯ аввалин занест, ки дар замони истиқлол, либоси генералиро дар Тоҷикистон ба бар кардааст.

Дар як мусоҳиба бо “Азия-Плюс”, Амиршоева соли 2022 гуфта буд, “дар асл, ман аввалин зани тоҷик будам, ки либоси генералӣ ба бар кардам. Мутаассифона, ман онро танҳо дар рӯзҳои ид ва мавридҳои махсус мепӯшидам. Акнун бо худ фикр мекунам, ки агар боз ҷавон мешудам, онро ҳар рӯз бо ифтихор мепӯшидам”.

Падараш корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва ба гуфтаи худаш, ҳамеша орзу мекард, ки духтарашро дар либоси генералӣ бинанд. Аммо падари Амиршоева моҳи апрели соли 1999, якчанд моҳ пеш аз гирифтани рутбаи генералӣ, вафот кард.

 

Дар парлумон чӣ корномаҳо дошт?

Соли 2008, пас аз 16 сол роҳбарии Идораи адлияи вилояти Хатлон, Амиршоева вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон шуд. Ӯ вақте ки ӯ дар интихоботи миёндаврии моҳи августи соли 2008 ғолиб омад, узви ҳизби Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) набуд. Баъдтар, соли 2010 аз номи ҲХДТ  боз ба парлумон роҳ ёфт.

Амиршоева узви Кумитаи парлумон оид ба дифоъ, ҳуқуқу тартиботи ҷамъиятӣ ва амният буд ва бо пешниҳодҳои ҷасурона дар ҷомеа шӯҳрат пайдо кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саодат Амиршоева дар парлумон

Яке аз корномаҳои ӯ пешниҳоди манъи никоҳи хешутаборӣ дар Тоҷикистон буд. Соли 2012 вақте ин пешниҳодро манзур кард, бархе вакилон зид баромаданд, вале Амиршоева пас нагашт. Ӯ дар ҳамон мусоҳиба бо мо гуфта буд, “ояндаи миллатро бояд наҷот дод ва тавре бояд амал кард, ки тоҷик дигар фарзанди маъюб таваллуд накунад”.

Баъдтар, пас аз баррасии васеъ ва таҳқиқи таҷрибаи дигар кишварҳо, ин пешниҳод амалӣ шуд. Амиршоева он вақт муътақид буд, ки ҳатто агар қонун қабул нашавад ҳам, баҳси оғозшуда 80% ҷавононро огоҳ кардааст. Воқеан, ин пешниҳод ва баъдан қабул шудани он дар ҷомеа баҳсҳои тундро дар пай дошт.

 

Мухолифи никоҳи духтарони тоҷик бо хориҷиён

Истодагарии генерал Амиршоева дар баробари ба хориҷиён шавҳар кардани занону духтарони тоҷик яке аз дигар пайкорҳои замони ваколаташ буд.

Ӯ соли 2022 ҳам гуфта буд, “ҳоло ҳам зидди шавҳар кардани духтари тоҷик бо хориҷиён ҳастам. Ин кор ба хотири сарвату маблағ мешавад, вале барои ояндаи миллат хатарнок аст”.

“Масалан, агар имрӯз сад духтари тоҷик шавҳари чинӣ кунад, фардо сад фарзанди чинӣ таваллуд мешавад ва дақиқ аст, ки чиноӣ номи фарзандашро тоҷик намегузаронад. Маълум мешавад, ки дар як сол дар Тоҷикистон сад чинӣ зиёд шуд. Баъди 50 сол дар ин ҷо аз тоҷик ному нишон намемонад. Мо бояд духтаронамонро дуруст тарбият кунем, ки ба чунин роҳҳо наравад. Духтарони тоҷик шарафу номуси мо ҳастад”, – мегуфт генерали фақид.

Аммо Амиршоева эътироф карда буд, ки ин пешниҳодро ба парлумон манзур накардааст, чунки он хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, ки озодии никоҳро кафолат медиҳанд.

 

Дар бораи масъалаҳои артиш ва хидмати пулакӣ

Амиршоева бо дидгоҳи танқидӣ ба масъалаи хидмати пулакӣ дар артиш менигарист. Ӯ мегуфт, “ин қонун танҳо ба табақаи дороҳову тоҷирону сарватмандон ва қишри алоҳидаи аҳолӣ нигаронида шудааст ва дар доираи ин қонун танҳо фарзандони онҳо хидмат карда метавонанд”.

“Ин роҳи баромадан аз мушкилӣ нест. Бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандустиву меҳанпарастӣ ва мардонагиву шарафмандӣ тарбият кард”, – таъкид мекард нахустгенералзани тоҷик.

Соли 2015 Амиршоева қарор дод, ки дар интихоботи парлумонии он сол иштирок накунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “парлумонро тарк мекунам, аммо хонашин намешавам”.

Баъди хориҷ шудан аз парлумон, Амиршоева ҳамчун вакили дифоъ дар шаҳри Бохтар кор кард ва узви Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон шуд.

Дар мусоҳибаи соли 2022 бо “Азия-Плюс” ӯ гуфта буд, ки мардум бештар бо мушкилиҳои оилавӣ, даъвоҳои никоҳ, манзил ва замин муроҷиат мекунанд. Аммо бо оғози пандемияи коронавирус, бинобар синну сол ва вазъи саломатӣ, фаъолияташро маҳдуд карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.