“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 4

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чаҳоруми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Имсол дар кадом минтақаи Русия нархи “патент” боло рафт ва ҳоло қимати он чанд аст?

0

Аз 1-уми январи соли 2026 дар аксари минтақаҳои Русия арзиши иҷозатномаи кор ё патент барои муҳоҷирони меҳнатӣ боло рафт. Мақомоти шаҳру ноҳияҳои ин кишвар гуфтанд, ки бо баланд кардани нархи патент ба буҷети маҳаллӣ маблағи бештар ҷорид мешавад.

Аз ҷумла, нархи иҷозатномаи кор барои муҳоҷирон дар шаҳри Маскав ва вилояти он аз 8,9 то 10 ҳазор рубл, дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград – аз 6 то 8 ҳазор рубл боло рафт.

Имсол нархи муҷаввизи кор дар шаҳру минтақаҳои Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ чӣ қадар муайян шудааст, дар баргаҳои мо бубинед:

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ҳоло “патент” ба муҳоҷирон дар Русия ҳуқуқ медиҳад, ки дар як минтақа ва соҳаи муайян кор кунанд. Барои доштани “патент” муҳоҷирон пул пардохт мекунанд, ки арзиши моҳонаи он дар минтақаҳои Русия гуногун аст.

Дар ин матлаби мо дар бораи тағйиру иловаҳое, ки давоми соли 2026 дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ворид шуданд, маълумоти бештар пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1939 – Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии “Душанбе” ба кор даромад.

Соли 1959 – Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 1972 – Аввалин корхонаи чармгариву пойафзолдӯзии “Душанбе” дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Дар бораи вазъи кунунии ин соҳа маълумоти бештарро метавонед аз ин мавод мутолиа кунед.

Соли 2004 – Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

Соли 2010 – Вазорати энергетикаи Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Нуробод-1”, ки аз сӯи ширкати чинии "CTEAS" сохат мешуд, маъқул шуморид.

Соли 2015 – Дар Хуҷанд киностудияи хусусии “Суғдсинамо” ба фаъолият оғоз кард. Машҳуртарин филмҳои ин киностудия “12 соли интизорӣ”, “Тангно” ва “Сайёра ранг иваз мекунад” мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кадр аз филми "12 соли интизорӣ"

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон бастани ақди никоҳ байни хешовандони наздик манъ карда шуд.

Соли 2016 – Дар кишвар қонунгузорӣ барои танзими интихоби номҳо барои навзодон қабул шуд.

Соли 2017 – Реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ (лимит) дар Тоҷикистон бекор карда шуд. Бояд гуфт, имрӯз маҳдудияти барқ яке аз мушкилоти асосии мардум боқӣ мемонад ва сокинони аксар минтақаҳои кишвар шикоят доранд, ки ҳатто реҷа, ки мувофиқи он 10 соат барқ бояд дода шавад, риоя намегардад ва ҳатто дар баъзе манотиқ то 3 шабонарӯз барқ намегиранд.

Соли 2017 – Дар шаҳри Пориси Фаронса маросими имзои Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако баргузор гардид.

Соли 2019 – Ширкати “Asian Express” 30 автобуси истеҳсоли Кореяи Ҷанубиро ба истифода дод.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1843 – Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, пизишк ва шоири форс-тоҷик дар Шаҳрисабз аз олам даргузашт.

Соли 1919 – Мавлуди Нина Назарова, нахустин декани факултети иқтисод дар Тоҷикистон.

Соли 1926 – Мавлуди Мирзо Наимов, доктори илмҳои таърих, профессор.

Соли 1951 – Зодрӯзи Абдуманнон Тошматов, олим, мусиқишинос, номзади илмҳои педагогӣ.

Соли 1951 –  Мавлуди Майрам Турсунова, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Майрам Турсунова

Майрам Турсунова хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз даврони донишҷӯйӣ дар Театри академӣ-драмавии Лоҳутӣ фаъолият дорад. Ӯ аз устодони бузурги театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Майрам Исоева, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Азиза Азимова, Бурҳон Раҷабов маҳорати ҳунарпешагӣ омӯхтааст.

Ӯ давоми фаъолияти ҳунариаш дар беш аз 100 намоиши театрӣ нақшҳои самимиву таъсирбахш офаридааст.

Нақши Каҷакхон дар намоиши “Интихоби домод” яке аз аввалин нақшҳои Марям Турсунова буд, ки муваффақ шудааст. Дар намоиши “Исёни арӯсон”, аз рӯйи асари ҳамноми Саид Аҳмад нақши Ғилдиракро иҷро намудааст, ки маъруф гардида буд.

Марям Турсунова дар нақшҳои лаҳзаина ва дувумдараҷа низ ҷилои ҳунарашро дурахшон нишон дода тавонистааст. Аз ҷумла, нақши хонум Монтекки дар намоиши “Ромео ва Ҷулйетта”-и Уилям Шекспир, ки ҳамагӣ се калима гап дораду як ё ду бор дар саҳна пайдо мешавад. 

Соли 1955 – Мавлуди Наим Ҳакимов, мусиқишинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Наим Ҳакимов, мусиқишинос, муҳаққиқи таърихи “Шашмақом” ва мусиқиву ҳунарҳои миллии тоҷикӣ буда, як муддат Раиси намояндагии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ буд.

Ӯ бо нашри як силсила асарҳо дар риштаи мусиқӣ ва ташаббусҳо дар ин самт номвар аст. Наим Ҳакимов муаллифи 26 китобу монография, 200 мақолаи илмӣ, мураттиби 50 китобу маҷмӯа ва дастурамалҳои таълимӣ мебошад.

Ӯ дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Варзоб захмӣ шуда, 28-уми декабри соли 2015 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1986 – Мавлуди овозхон Муҳаммадрофеи Кароматулло, фарзанди Кароматулло Қурбонов, овозхони шинохтаи кишвар.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадрофеъи Кароматулло

Муҳаммадрофеъи Кароматулло, овозхон ва оҳангсози тоҷик дар оилаи Кароматулло Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик ба дунё омада, шурӯъ аз соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик  қадам ниҳод. Хоҳари ӯ Нозияи Кароматулло низ яке аз сарояндагони маҳбуби кишвар аст.

Муҳаммадрофеъ аз соли 2010 роҳбари бадеии ансамбли эстрадии “Ориё” дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон мебошад ва беш аз 100 тарона сабт кардааст. Соли 2021 ин овозхон бо унвони “Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид.

Соли 2015 – Соат Чалишев, омӯзгор, адабиётшинос ва фолклоршиноси тоҷик дар синни 81-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Соат Чалишев

Соат Чалишев доктори илмҳои филологӣ, профессор ва фолклоршиноси маъруфи минтақаи Кӯлоб аст. Ӯ дар Донишгоҳи давлатии педагогии Кӯлоб таҳсил карда, аз соли 1958 то соли 2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, декани факулта ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб фаъолият кардааст.

Аз соли 2005 дар департаменти забонҳои Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон кор мекард. Ӯ беш аз 100 асари илмӣ, илмӣ-оммавӣ, дастурҳои таълимӣ доир ба фолклоршиносӣ, эҷодиёти шоирону адибони тоҷик таълиф намудааст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ӯ асосан гӯиши маросимҳои мардумӣ, аз ҷумла тӯй, мотам, гавҳорабандон, маросими дарав, ки хоси манотиқи кӯҳистони кишвар аст, таҳқиқ ва дурдонаҳҳои нодиреро ҷамъоварӣ кардааст. Яке аз ҷанбаҳои фаъолияташ таҳқиқи осори шоири халқии Тоҷикистон Саидалӣ Вализода будааст.

Соат Чалишев соли 2012 баъди бозгашт аз Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кораш идома дода, ахиран 3 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба донишгоҳ тақдим намуд.

Ӯ 14-уми феврали соли 2015 дар 81-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14-уми январи соли 1980 Маҷлиси ғайринавбатии Ассамблеяи генералии СММ вуруди нерӯҳои шӯравӣ ба Афғонистонро маҳкум намуд. Дар тамоми ҷаҳон ин қарор ҳамчун таҷовуз қабул гардид. Ғарб ба вуруди нерӯҳо таҳримҳои васеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷорӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

14-уми апрели соли 1988 Созишномаҳои Женева барои ҳалли масъалаи Афғонистон имзо шуданд. То 15-уми феврали соли 1989 тамоми нерӯҳои шӯравӣ пурра аз Афғонистон хориҷ гардиданд.

Дар Ҳиндустон ҳамасола, 14-уми январ Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ дар ғарби Ҳиндустон, дар шаҳри Аҳмадобод, ки бузургтарин шаҳри иёлати Гуҷарот мебошад, баргузор мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар Фестивали байналмилалии паррандаҳои коғазӣ касбомӯзон ва дӯстдорони ин ҳунар, истеҳсолкунандагон ва коршиносони паррандаҳои коғазӣ на танҳо аз Ҳиндустон, балки аз тамоми гӯшаҳои дунё ҷамъ меоянд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона аз 0+5º гарм то 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5-10º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 55-57º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз ихтирои робот то барномасозӣ. Чӣ тавр ҷавони тоҷик бо забони тоҷикӣ ҳуши маснуӣ сохт?

0

Барномаҳои интернетии зиёде мавҷуд аст, ки бо забонҳои гуногун матнро ба овоз ва овозро ба матн бармегардонад, аммо ба забони тоҷикӣ кам аст. Агар ҳам, ки ҳаст, на ҳамеша бо риояи қоидаи забони тоҷикӣ баргардон мекунад. Бо дарки ин нукта, Абдулазиз Авезов, барномасози ҷавон, тасмим гирифт ин фазои холиро бо барномаи “TajikVoice AI” пур кунад.

Тавассути “TajikVoice AI” метавон бо истифода аз матн садо офарид ва бо истифода аз садоро ба матн навишт, дар зери навор зернавишти худкор гузошт ё аз он дар марказҳои тамос ва сомонаҳои хабарӣ ба ҳайси ёвар истифода кард. Ин барнома имсол барандаи ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” шуд. Абдулазиз Авезов дар мавриди имкониятҳои ин барномаи ҳуши маснуӣ ва таърихи чӣ тавр ба барномасозӣ омадани худ ба “Азия Плюс” қисса кард.

 

Дар ҳалли мушкили худ

“Ҳар дафъа аз истифодаи тарҷумони онлайнӣ хаста мешудам. Меандешидам, ки кош “YouTube” мисле ки наворҳоро ба русӣ зернавишта мегузорад, ба тоҷикӣ низ зернавишт мегузошт. Рӯзе ба сарам ғояи таҳияи барномаи ҳуши маснуӣ омад”, – гуфт ӯ.

Абдулазиз мегӯяд, вақте наворҳои омӯзишӣ вобаста ба барномасозиро ҷустуҷӯ мекард, бештари онҳо бо забони англисӣ буд. Ӯ барои ҳалли мушкили худ ба таҳияи барномаи ҳуши маснуӣ бо забони тоҷикӣ пардохт.

“Баъзан мехостам ба ҷои суруд аудиокитоб гӯш кунам, аммо бо забони тоҷикӣ китоби дилхоҳамро намеёфтам. Вақте ки дар бораи ҳар як ниёзи худ фикр мекардам, ба барнома навгонӣ ворид менамудам. Ҳамин тавр, боз чанд вазифа ё имконияти дигар низ ба он зам шуд”, – таъкид кард Абдулазиз.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чаро ӯ соҳиби шоҳҷоиза нашуд?

Абдулазиз мегӯяд, ин лоиҳаро ба номинаи ҳуши маснӯӣ ва барномасозии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” низ пешниҳод кард. Барнома бо 77 хол барандаи ҷойи якум ва 70 ҳазор сомонӣ шуд. Аммо барои ӯ шоҳҷоиза тақдим нашуд.

Бояд гуфт, шоҳҷоизаи ин озмун танҳо ба яке аз ғолибони ҷойи аввали номинаҳои ҳуши маснӯӣ ва барномасозию навоварӣ дода мешуд. Абдулазиз ҳам талабгори шоҳҷоиза будааст. Ӯ мегӯяд, бо ин мақсад ба Вазорати маориф ва илм рафта, сабаби ба шоҳҷоиза пешниҳод нашудани лоиҳаашро пурсидааст.

“Аз вазорат гуфтанд, ки барои гирифтани шоҳҷоиза бояд зиёда аз 90 хол дошта бошӣ. Аммо дар низомнома омадааст, ки иштирокчӣ бояд дар номинаи худ ҷойи аввалро ишғол кунад ва танҳо баъд метавонад барои шоҳҷоиза рақобат кунашд”, – изҳор дошт Абдулазиз.

Ин озмуни ҷумҳуривӣ аввалин дастоварди Абдулазиз дар самти фанновариҳои навин нест. Ӯ овони мактабхонӣ ду маротиба ғолиби озмуни вилоятии ихтироъкорони наврас шудааст.

Завқи Абдулазиз ба фанновариҳои муосир аз кӯдакӣ оғоз ёфта буд. Ӯ аз “YouTube” тарзи сохтани роботехникаро меомӯхт.

“Таҷҳизоте, ки барои сохтани робот лозим буд, дар деҳа дастрас набуд. Дар бораи фурӯшгоҳҳои интернетӣ бошад, тамоман маълумот надоштам. Аз шаҳр мошинчаи идорашаванда мехаридаму ҷузъҳои онро барои робот истифода мебурдам”, – ёд меорад Абдулазиз.

Ӯ мегӯяд, баъдтар ба устои телефон шогирд шуд ва ин рағбати ӯро барои омӯзиши барномасозӣ бештар кард.

 

“TajikVoice AI” чӣ имкониятҳо дорад?

Абдулазиз дар бораи имкониятҳои барномаи “TajikVoice AI”  гуфт, ки он метавонад садоро аз садоҳои берунӣ бо фанноварии 16kHz тоза кунад. Барнома танҳо гӯиши адабиро мешиносад ва менависад. Он 10 ҳазор калимаро дар 23 сония ба садо баргардон мекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Агар барнома ба сомонаи хабарӣ пайваст шавад, метавонад онро мисли наттоқ хонад.

“Барои ба даст овардани натиҷаи беҳтар, овоз бояд бе садоҳои заминавӣ  бошад. Барнома вақти баргардон кардани садо ба матн 90 – 95% калимаҳоро дуруст менависад, аммо вақти баргардонии матн ба садо то 85% бехато кор мекунад”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Дар баробари ин, таъкид мекунад, ки барнома ҳар лаҳза такмил ва кораш хубта мешавад. Агар аз он зиёд истифода кард ва ба ӯ кумак кард, ки калимаҳои нав омӯзад, садоро дуруст барояш талаффуз кард, пас кори он боз ҳам беҳтар мешавад.

Ба гуфтаи Абдулазиз, барномаро метавон дар марказҳои тамос ҳамчун ёвар истифода бурд. Он дар охири моҳ, ҳисоботи моҳонаро таҳлил мекунад, ки чанд нафар занг задааст, аз куҷо ва бо кадом масъалаҳо.

“Кӯшиш дорам, ки ин барнома мисли “Алиса”-и русӣ, фармонҳоро бо забони тоҷикӣ иҷро кунад, хоҳ дар хонаҳои ҳушманд бошад, хоҳ дар идора”, – гуфт ин ҷавони барномасоз.

Абдулазиз мегӯяд, ки барнома ҳоло дар шакли замимаи мобилӣ дар дастраси умум нест, аммо дар рӯзҳои наздик он барои ҷомеа пешниҳод мешавад.

Ӯ мегӯяд, баъди дастраси умум шудани барнома, шояд истифода аз онро пулакӣ кунад ва барои истифодабаранда тарофаҳои “Pro” ва “Business” пешниҳод кунад.

Абдулазиз умед дорад, ки дар соли 2026 барномааш “TajikVoice AI” -ро  зиёда аз 30 ҳазор корбар истифода мекунанд ва ӯ стартапи худро оғоз мемекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Аз суръати интернет розӣ нестам”

Абдулазиз бовар дорад, ки дар бахши барномасозӣ ва навоварӣ зарфиятҳои ҷавонони кишвар зиёд аст, аммо як мушкили аслӣ дар ин роҳ, суръати пасти интернет дар кишвар аст. Ӯ мегӯяд, вақти боргирии навору барномаҳо бо асабоният вақти зиёд сарф мекунад ва ин кори ӯро ба дер меандозад.

“Ҳоло на ҳамаи калонсолону кӯдакон аз интернет истифода мебаранд. Аммо дар ду соли оянда, агар як миллион нафар аз як намуди симкорт ба интернет пайваст шаванд, оё интернет тавони бардошташро дорад, даргумон аст”, – изҳори нигаронӣ мекунад ӯ.

Бояд гуфт, Абдулазиз ҳадаф дорад, ки баъди хатми зинаи бакалавр барои идома таҳсил дар зинаи магистратура ба Донишгоҳи Сингапур дохил шавад ва дар ширкатҳое чун Google, Microsoft ё Amazon фаъолият кунад.

“Ҳар касе пеши худ ҳадаф гузоштааст ва барои иҷрои он талош мекунад, муваффақ мешавад. Ман ба ин бовар дорад ва ба худ ҳам эътимод дорам, ки метавонам муваффақ шавад”, – хулоса мекунад Абдулазиз.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷон бохтани 9 тан, аз ҷумла 4 ноболиғ дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир

0

Дар пайи ҳодисаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир дар роҳҳои Тоҷикистон дастикам 9 нафар кушта ва 1 тани дигар захмиву дар беморхона бистарӣ шудааст.

Вазорати корҳои дохилӣ дар хабаре, ки рӯзи 12-уми  январ нашр кардааст, гуфтааст, ки аксари ин садамаҳо бо "сабаби идора карда натавонистани мошин аз сӯйи ронандагон рух додаанд".

Аз ҷумла, нимашаби рӯзи 9-уми январ, Мандон Холиқов, сокини 22-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар  ноҳияи Хуросон марди тахминан 30-35-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷаи пиёдагард кушта шудааст.

Дар пайи садамаи дигар, ки дар ҳамин рӯз рух додааст, ронанда ва ду писари 2 ва 4-солааш дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 6-солааш дар беморхона бистарӣ шудааст.  Мақомот аз ронанда  Ҷӯрабек Сафаров, сокини  32-солаи ноҳияи Қубодиён ном бурда гуфтаанд, ки ӯ ҳангоми ҳаракат дар роҳ мошинро идора карда натавониста, дар канали обгузари назди хонаи истиқоматиаш  сарозер шудааст. 

Ҳодисаи дигари нақлиётӣ, рӯзи 10-уми январ рух додааст, ки дар пайи он ду тани дигар кушта шудаанд. ВКД дар шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки Абдукарим Сафаров, сокини 32-солаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёти “Трактор “Т-82” набаромада, “тракторро дар канори чапи роҳ ба чуқурии дарозиаш 10 метр чаппа кардааст”.

Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири дохили трактор Фатҳулло Юлдошев, сокини 36-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҷойи ҳодиса кушта шудаанд.

Дар пайи се ҳодисаи дигари нақлиётӣ, ки рӯзи 11-уми январ рух додаанд, чанд тани дигар қурбон шудаанд. Аз ҷумла Сайдулло Бадалов, ронандаи мошини тамғаи “ДЭУ-СИЕЛО”, сокини 39-солаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, дар роҳи деҳаи Сомониён мошинро идора карда натавониста Абдураҳмон Шарифзода, дучархарони 17-солаи сокини ҳамин ноҳияро пахш кардааст, ки дар натиҷа наврас ҷон бохтааст.

Инчунин дар пайи ду садамаи дигари нақлиётии рӯзи 11-уми январ Хурам Абдуллоев, ронандаи 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода ва Имронбек Иноятуллоев, кӯдаки 4-солаи сокини ноҳияи Хуросон кушта шудаанд.

Мақомоти корҳои дохилӣ гуфтаанд, ки оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад. Назари пайвандони кушташудаҳо дар пайванд ба ин ҳодисаҳо маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Будубоши бидуни сабт то 60 рӯз. Тасвиби созишномае, ки будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистонро танзим мекунад

0

Парлумони Тоҷикистон созишномае қабул кардааст, ки тибқи он  шаҳрвандони  Тоҷикистону Қирғизистон то 60 рӯз бидуни бақайдгирии расмӣ, ҳуқуқи будубош дар қаламрави ҳамдигарро пайдо мекунанд.

Вакилони парлумон тарҳи “Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Қирғизистон ва шаҳрвандони Қирғизистон дар ҳудуди Тоҷикистон”-ро, ки ҳанӯз 1-уми феврали соли 2018 имзо шуда буд, рӯзи 9-уми январи соли 2026 ба тасвиб расониданд.

Дар бораи он, ки ин созишнома дар парлумони Қирғизистон низ ба тасвиб расидааст ё не, маълумот дастрас нест. 

Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳи қонун дар назди вакилон гуфтааст, ки созишнома ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди кишварҳои якдигар мусоидат мекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдураҳмон Аламшозода

“Дар созишнома муҳлатҳои аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ озод карда шудани шаҳрвандон дар мақомоти салоҳиятдори тарафҳо, будубоши муваққатӣ дар ҳудуди тарафҳо, номгӯи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда барои ворид шудан ба ҳудуди тарафҳо ва дигар меъёрҳое, ки будубоши қонунии шаҳрвандонро тибқи талаботи шартномаҳои байналмилалӣ ба танзим медароранд, пешбинӣ шудааст”,- шарҳ додааст Аламшозода.

Номбурда зимни муаррифии лоиҳаи созишнома дар хусуси мӯҳлати сабт, чизе нагуфта, танҳо зикр кардааст, ки созишнома аз 10 модда иборат буда, “дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст”.

Шуҳрат Ғанизода, вакили парлумон, ки дар ҷаласаи парлумон тарҳи созишномаро муаррифӣ кардааст, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” кӯтоҳ мӯҳлати будубоши қонунии шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди кишварҳои якдигарро шарҳ дод.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шуҳрат Ғанизода

“Дар тарҳи созишнома дарҷ шудааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон то 60 рӯз бе сабти расмӣ, ҳуқуқи будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигарро хоҳанд дошт”,-иброз дошт Ғанизода.

Номбурда зимни муаррифии тарҳи созишнома гуфтааст, ки танзими ҳуқуқии сафарҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ба кишварҳои якдигар, “ба ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои сокинони ин ҳарду кишвар мусоидат хоҳад кард”.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди чандин соли баҳси марзӣ, ки боиси даргирӣ ва қурбонии садҳо нафар аз ду ҷониб шуд, дар масъалаи мушаххассозии хати сарҳад ба созиш расиданд.

Моҳи марти соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар шаҳри Бишкек имзо карданд.

Ҳамчунин, бо ширкати роҳбарони ду давлат ду гузаргоҳи марзӣ ва ҳамин тариқ, марзи ду кишвар, ки беш аз 4 соли ахир баста буд, ба таври тантанавӣ боз шуданд. Рӯзҳои 18-19 март парлумонҳои ду кишвар ин шартномаро ба тасвиб расониданд.

Ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар матлаби “Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Душанбе боз як бинои дорои кошикориро тахриб мекунанд

0

Як бинои истиқоматӣ, ки дар буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Абӯалӣ ибни Сино (роҳи ҳалқавии маҳалли маъруф ба "Профсоюз")-и ноҳияи Сино ҷойгир аст, тахриб мекунанд. Дар паҳлӯи ин бино кошикории замони Шӯравӣ, ки дар он дастовардҳои илми тоҷик, махсусан фатҳи кайҳон ва таъсири он ба  илми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаккокӣ шудааст, тасвир ёфтааст.

Мақомот тахриби ин биноро то ҳол шарҳ надоданд. Вале як сокини ин бино ва сохтмончиёне, ки дар ин маҳал  кор мекунанд, ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "дар ҷои ин бино маҷмаи муосири биноҳои истиқоматӣ қомат меафрозад". Корҳои сохтмониро ширкати сохтмони "Abreshim GROUP" бар уҳда дорад.

Ҳоло дар ин минтақа, атрофи биноҳо аз бозори “Баҳор”- хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Абӯали ибни Сино, дар наздикии Филармонияи давлатии ба номи номи Акашариф Ҷӯраев пӯшонида шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Кошкорие, ки дар қисмате аз ин бино ҳаст, соли 1980 таҳия шудаааст. Иля Рахнаев, рассом-манзаранигор ва  Александ Григорйев ва Иля Иляев, иҷрокунандагони он мебошанд, ки ному насабашон дар паҳлӯи поёни он сабт шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Дар кошикорӣ, Абӯалӣ ибни Сино, мутафаккир ва донишманди барҷастаи тоҷик, кайҳоннавардону муҳандисон, коргарону олимони тоҷик ба сифати қаҳрамон ва дар болои сари онҳо аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Чанд соли охир тахриби биноҳое, ки замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон сохта шудааст идома дошта, ба ҷои онҳо биноҳои баландошёнаи нави истиқоматӣ ва ё муаҷмааҳои савдоу хидматрасонӣ сохта мешавад. Дар ин байн, чанд биное ҳам буд, ки кошкорӣ доштанд. Аз ҷумла, кошикории "Шашмақом" дар бинои собиқи ТВ "Сафина", ки тахриб ва ҳифзи ояндаи он баҳсҳоеро дар пай дошт. Мақомот он замон гуфта буданд, ки онро ҳифз ва дар ҷои дигар насб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар куҷо ва чӣ гуна метавон идораи паҳпод омӯхт?

0

Дар кишвар лоиҳаи махсуси таълимие оғоз шуд, ки ҳадафаш фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои омӯзиши технологияи муосир аст. Дар муддати ҳамагӣ 2 моҳ ҳар шахси хоҳишманди аз 16 то 70-сола метавонад аз навкор ба халабони дорои сертификати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин (дронҳо) табдил ёбад.

Тақрибан чаҳор моҳ пеш дар ҷумҳурӣ татбиқи барномаи бузургмиқёси “Беҳтар кардани малакаҳои касбӣ ва имконоти шуғл” оғоз гардид. Ин на танҳо як давраи омӯзишӣ, балки бахше аз стратегияи давлатӣ барои суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар аст.

Чаро паҳподҳо?

Ҷаҳон босуръат дар ҳоли тағйир аст ва бахши кишоварзии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор нест. Имрӯз паҳпод дигар "бозича" нест, балки ба як “ёвари оқил”-и деҳқонон табдил ёфтааст. Истифодаи онҳо на танҳо самаранокии кори кишоварзонро афзоиш медиҳад, балки ба рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ низ мусоидат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тарҳи паҳподе, ки дар саҳро истифода мешавад

Истифодаи паҳподҳо имкон медиҳад, ки замин "бо дақиқият" бо нуриҳои маъданӣ ғизо дода шавад ва ба ин васила ҳосилнокӣ баланд шуда, хароҷот коҳиш ёбад. Барои истифодаи чунин техника, кишвар ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, тасмим гирифтааст, ки таълиму омӯзиши ройгони онҳоро ба роҳ монад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маркази рушди малакаҳои назди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ

Шартҳои омӯзиш

Лоиҳа ба ҳамаи хоҳишмандон шароити яксон фароҳам оварда, шартҳое пешниҳод мекунад, ки қаблан дар бозори таълиму омӯзиш вуҷуд надоштанд:

ИЗОБРАЖЕНИЕ Платформа барои омӯзиш

Муҳлати таълим: Ҳамагӣ 2 моҳ омӯзиши ҷиддӣ.

Ҷадвали устувор: Машғулиятҳо ҳамарӯза дар 2 баст баргузор мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд вақти барояшон мувофиқро интихоб кунанд: нимаи аввали рӯз: 09:00 – 12:00; баъди нисфирӯзӣ: 14:00 – 17:00

Синну сол: Аз 16 то 70-сола. Дар барнома ҳам хатмкунандагони мактаб ва ҳам нафақахӯрон имкони иштирок доранд.

Тавозуни гендерӣ: Дар барнома маҳдудияти ҷинсӣ вуҷуд надорад. Аммо қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз қисмати зиёди таълимгирандагонро занону ҷавонони аз 16 то 30-сола ташкил медиҳанд.

Имтиёзҳо барои хатмкунандагони муваффақ

Пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ва муваффақона супоридани санҷиш (аттестатсия), ҳар як хатмкунанда аз имтиёзҳои зерин бархурдор мешавад:

– идрорпулии якдафъаина ба маблағи 120 доллар.

– гувоҳномаи намунаи байналмилалӣ, ки имкони фаъолият дар ширкатҳои бузургро фароҳам меорад.

– тавсиянома барои дарёфти ҷойи кор, ки барои ҳарчи зудтар пайдо кардани шуғл мусоидат мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тренажёри машқу омӯзиш

Операторон дар куҷо таълим мегиранд?

Пойгоҳи асосии омодасозии идоракунандагони ҳавопаймоҳои бесарнишин барои бахши кишоварзӣ, дар Маркази рушди малакаҳо, таълими касбӣ ва хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Экрани омӯзиши тарзи кор бо паҳподҳо

Бо вуҷуди ин, амалисозии лоиҳа танҳо бо пойтахт маҳдуд нашуда, саросари кишварро фаро мегирад. Дар маҷмуъ, 6 маркази муосир нуқтаҳои зерин таъсис дода шудаанд:

– Душанбе: сайёҳӣ, хидматрасонӣ ва операторони паҳподҳо.

– Роғун: энергетика.

– Данғара: соҳаи кишоварзӣ.

– Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ: таълими касбӣ ва хидматрасонӣ. 

Ин чӣ гуна имконпазир шуд?

Лоиҳа дар асоси созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии он мутобиқ сохтани шаҳрвандони кишвар ба талаботи бозори муосири меҳнат унвон мешавад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони дорои малакаҳои кор бо технологияҳои нав эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, дар доираи лоиҳа дастгирии ҷӯяндагони кор барои мубориза бо хатарҳо ва тағйироти бозори муосири меҳнат пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баъди 25 сол. Боздошти марде бо гумони рабудани писари собиқ муовини Додситонии нақлиёт

0

Пулиси Душанбе пас аз 25 сол як сокини шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми дуздидани писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон боздошт кардааст ва ҳамдастони ӯ ҳоло ҷустуҷӯ мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз дар ин бора гузориш мунташир карда, гуфт, ҳодиса субҳи 21-уми январи соли 2000-ум дар назди мактаби рақами 55, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рух додааст.

Дар гузориш ҷабрдида, ки Манучеҳр Шарипов муаррифӣ мешавад, мегӯяд, ду нафар дар назди мактаб ӯро дошта, бо иттиҳоми “дуздӣ”, ба мошин савор карда, “муште мезананд, ки ӯ беҳуш мешавад”.

Таври пулиси Душанбе гуфтааст, гумонбарон ҷабрдидаро, ки он замон синфи 9 буд, “маҷбурӣ” ба мошин савор карда, “ба қароргоҳи худ, воқеъ дар деҳаи Тангаии болои ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бурдаанд”.

Пулиси пойтахт гуфтааст, ин одамрабоӣ бо дастури Худойназар Одинаев ва ҳаммаслаконаш Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигар аъзиёни ин гурӯҳ – ҳама сокинони шаҳри Ваҳдат бо ангезаи хусумати шахсӣ ва бо мақсади ба даст овардани маблағи зиёд содир шудааст.

Номбурдагон, ба гуфтаи манбаъ, “ноболиғи гаравгонро таҳти назорати шахси силоҳбадаст 65 шабонарӯз нигоҳ доштаанд” ва барои озодии ноболиғ аз волидонаш “50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, гирифтаанд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Се гумонбари дар ин ҷиноят дастдошта

Гуфта мешавад, ки номбурдагон пас аз пурра гирифтани маблағ, ноболиғро озод кардаанд. Ин ноболиғ писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон будааст, аммо маълум нест, ки маблағи зикршуда аз куҷо ва чӣ гуна ба дасти гумонбарон расонида шудааст.

Абдулҳақ Самадов, ки аз сӯйи пулиси пойтахт бо гумони даст доштан ба ин одамрабоӣ пас аз 25 сол боздошт шудааст, дар гузориши нашршуда ба гуноҳаш эътироф мекунад. Маълум нест, ин эътироф таҳти кадом шароит гирифта шудааст.

Ҳоло нисбати ҳамаи гумонбарони ин ҷиноят дар асоси қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва танҳо Самадов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба гуфтаи мақомот, Ривоҷиддин Одинаев ва дигар аъзоёни гурӯҳ, ки номашон зикр намешавад, дар ҷӯстуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Ин банди қонун, ки “одамрабоӣ” аст, аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттиҳоми мақомот, ин гурӯҳ солҳо ҷиноятҳои вазнин ва "махсусан вазнин"-ро содир кардаанд. Аммо дақиқ гуфта намешавад, ки онҳо дар кадом ҷиноятҳо даст доштаанд.

Пулиси пойтахт мегӯяд, Худойназар Одинаев соли 2013 “пас аз содир намудани ҷинояти навбатии махсусан вазнин” ҳангоми боздошт ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, безарар гардонида шудааст”. Ҷузъиёти ин ҷиноят дар гузориш зикр нашудааст.

Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ба ин иттиҳом маълум нест.

Баъди солҳо кушода шудани риштаи ҷиноят дар Тоҷикистон хабари нав нест. Аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моҳи январи соли 2025 пас аз 26 сол ҷинояти одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноиро ошкор кард ва Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро бо ин ҷурм 15 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 3

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми севуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.