Баъди 25 сол. Боздошти марде бо гумони рабудани писари собиқ муовини Додситонии нақлиёт

Пулиси Душанбе пас аз 25 сол як сокини шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми дуздидани писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон боздошт кардааст ва ҳамдастони ӯ ҳоло ҷустуҷӯ мешаванд. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз дар ин бора гузориш мунташир карда, гуфт, ҳодиса субҳи 21-уми январи соли 2000-ум дар назди мактаби рақами 55, дар ҳудуди ноҳияи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Пулиси Душанбе пас аз 25 сол як сокини шаҳри Ваҳдатро бо иттиҳоми дуздидани писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон боздошт кардааст ва ҳамдастони ӯ ҳоло ҷустуҷӯ мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе субҳи имрӯз дар ин бора гузориш мунташир карда, гуфт, ҳодиса субҳи 21-уми январи соли 2000-ум дар назди мактаби рақами 55, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рух додааст.

Дар гузориш ҷабрдида, ки Манучеҳр Шарипов муаррифӣ мешавад, мегӯяд, ду нафар дар назди мактаб ӯро дошта, бо иттиҳоми “дуздӣ”, ба мошин савор карда, “муште мезананд, ки ӯ беҳуш мешавад”.

Таври пулиси Душанбе гуфтааст, гумонбарон ҷабрдидаро, ки он замон синфи 9 буд, “маҷбурӣ” ба мошин савор карда, “ба қароргоҳи худ, воқеъ дар деҳаи Тангаии болои ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бурдаанд”.

Пулиси пойтахт гуфтааст, ин одамрабоӣ бо дастури Худойназар Одинаев ва ҳаммаслаконаш Абдулҳақ Самадов, Ривоҷиддин Одинаев ва дигар аъзиёни ин гурӯҳ – ҳама сокинони шаҳри Ваҳдат бо ангезаи хусумати шахсӣ ва бо мақсади ба даст овардани маблағи зиёд содир шудааст.

Номбурдагон, ба гуфтаи манбаъ, “ноболиғи гаравгонро таҳти назорати шахси силоҳбадаст 65 шабонарӯз нигоҳ доштаанд” ва барои озодии ноболиғ аз волидонаш “50 ҳазор доллари амрикоӣ талаб карда, гирифтаанд”.

Гуфта мешавад, ки номбурдагон пас аз пурра гирифтани маблағ, ноболиғро озод кардаанд. Ин ноболиғ писари муовини собиқи Додситонии нақлиёти Тоҷикистон будааст, аммо маълум нест, ки маблағи зикршуда аз куҷо ва чӣ гуна ба дасти гумонбарон расонида шудааст.

Абдулҳақ Самадов, ки аз сӯйи пулиси пойтахт бо гумони даст доштан ба ин одамрабоӣ пас аз 25 сол боздошт шудааст, дар гузориши нашршуда ба гуноҳаш эътироф мекунад. Маълум нест, ин эътироф таҳти кадом шароит гирифта шудааст.

Ҳоло нисбати ҳамаи гумонбарони ин ҷиноят дар асоси қисми 2-и моддаи 130-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст ва танҳо Самадов дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ба гуфтаи мақомот, Ривоҷиддин Одинаев ва дигар аъзоёни гурӯҳ, ки номашон зикр намешавад, дар ҷӯстуҷӯи расмӣ қарор доранд.

Ин банди қонун, ки “одамрабоӣ” аст, аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба иттиҳоми мақомот, ин гурӯҳ солҳо ҷиноятҳои вазнин ва "махсусан вазнин"-ро содир кардаанд. Аммо дақиқ гуфта намешавад, ки онҳо дар кадом ҷиноятҳо даст доштаанд.

Пулиси пойтахт мегӯяд, Худойназар Одинаев соли 2013 “пас аз содир намудани ҷинояти навбатии махсусан вазнин” ҳангоми боздошт ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, безарар гардонида шудааст”. Ҷузъиёти ин ҷиноят дар гузориш зикр нашудааст.

Назари гумонбарон ва пайвандони онҳо ба ин иттиҳом маълум нест.

Баъди солҳо кушода шудани риштаи ҷиноят дар Тоҷикистон хабари нав нест. Аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ моҳи январи соли 2025 пас аз 26 сол ҷинояти одамкушӣ ва ташкили гурӯҳи ҷиноиро ошкор кард ва Додгоҳи вилояти Хатлон як зодаи ноҳияи Ҷайҳунро бо ин ҷурм 15 сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.