Дар Душанбе боз як бинои дорои кошикориро тахриб мекунанд

Як бинои истиқоматӣ, ки дар буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Абӯалӣ ибни Сино (роҳи ҳалқавии маҳалли маъруф ба "Профсоюз")-и ноҳияи Сино ҷойгир аст, тахриб мекунанд. Дар паҳлӯи ин бино кошикории замони Шӯравӣ, ки дар он дастовардҳои илми тоҷик, махсусан фатҳи кайҳон ва таъсири он ба  илми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаккокӣ шудааст, тасвир ёфтааст. Мақомот тахриби ин биноро то ҳол шарҳ надоданд. Вале […]

Asia-Plus

Як бинои истиқоматӣ, ки дар буриши кӯчаҳои Саъдии Шерозӣ ва Абӯалӣ ибни Сино (роҳи ҳалқавии маҳалли маъруф ба "Профсоюз")-и ноҳияи Сино ҷойгир аст, тахриб мекунанд. Дар паҳлӯи ин бино кошикории замони Шӯравӣ, ки дар он дастовардҳои илми тоҷик, махсусан фатҳи кайҳон ва таъсири он ба  илми Иттиҳоди Шӯравӣ ҳаккокӣ шудааст, тасвир ёфтааст.

Мақомот тахриби ин биноро то ҳол шарҳ надоданд. Вале як сокини ин бино ва сохтмончиёне, ки дар ин маҳал  кор мекунанд, ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки "дар ҷои ин бино маҷмаи муосири биноҳои истиқоматӣ қомат меафрозад". Корҳои сохтмониро ширкати сохтмони "Abreshim GROUP" бар уҳда дорад.

Ҳоло дар ин минтақа, атрофи биноҳо аз бозори “Баҳор”- хиёбони Саъдии Шерозӣ то кӯчаи Абӯали ибни Сино, дар наздикии Филармонияи давлатии ба номи номи Акашариф Ҷӯраев пӯшонида шудааст.

Кошкорие, ки дар қисмате аз ин бино ҳаст, соли 1980 таҳия шудаааст. Иля Рахнаев, рассом-манзаранигор ва  Александ Григорйев ва Иля Иляев, иҷрокунандагони он мебошанд, ки ному насабашон дар паҳлӯи поёни он сабт шудааст.

Дар кошикорӣ, Абӯалӣ ибни Сино, мутафаккир ва донишманди барҷастаи тоҷик, кайҳоннавардону муҳандисон, коргарону олимони тоҷик ба сифати қаҳрамон ва дар болои сари онҳо аломатҳои бурҷи дувоздаҳгона ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Чанд соли охир тахриби биноҳое, ки замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон сохта шудааст идома дошта, ба ҷои онҳо биноҳои баландошёнаи нави истиқоматӣ ва ё муаҷмааҳои савдоу хидматрасонӣ сохта мешавад. Дар ин байн, чанд биное ҳам буд, ки кошкорӣ доштанд. Аз ҷумла, кошикории "Шашмақом" дар бинои собиқи ТВ "Сафина", ки тахриб ва ҳифзи ояндаи он баҳсҳоеро дар пай дошт. Мақомот он замон гуфта буданд, ки онро ҳифз ва дар ҷои дигар насб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.