Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст

0

Дар соли 2025 содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли ангур ва меваҳои донакдор коҳиш ёфта, аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, кишвар ба сафи таъминкунандагони асосии бозори Қазоқистон ворид нагардид.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи мева ба бозори Қазоқистон боқӣ мемонад, аммо ҳаҷми содироти он нисбат ба нишодиҳандаҳои кишварҳо ҳамсоя пасттар аст. Дар ин бора дар маълумоти пойгоҳи LS барои моҳҳои январ-октябри соли 2025 хабар дода шудааст.

Мавқеи асосии содироти Тоҷикистон ба ин кишвар ҳамоно ангур мебошад.

Дар зарфи 10 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 9,4 ҳазор тонна ангур ворид шудааст, ки 9,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли пешин (соли 2024) мебошад. Маблағи содироти ин мева ҳудуди 3 млн долларро ташкил додааст.

Камшавии ҳаҷми содирот, инчунин, дар гурӯҳи меваҳои донакдор низ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, аз Тоҷикистон ба бозори Қазоқистон 1,7 ҳазор тонна шафтолу, олу, гелос ва зардолу ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 2,5 маротиба камтар аст. Маблағи ин миқдор меваи донакдори ба ин кишвар воридшуда тақрибан 795 ҳазор доллар арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, аз рӯи як қатор категорияҳо Тоҷикистон ба сафи таъминкунандагони асосӣ шомил нашудааст. Масалан, Қазоқистон себро асосан аз Чин ва тарбузро аз Эрон ворид кардааст. Илова бар ин, меваҳо ба бозорои маҳаллӣ аз Чили ва Алҷазоир низ оварда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан ангур ва меваҳои донакдор содирот шуда, аз рӯйи ҳарду мавқеъ, камшавии ҳаҷми интиқол мушоҳида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон дар як сол чӣ гуна тағйир ёфт?

0

Сол гузашта нархи маҳсулоти хӯрока дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Қисме аз маҳсулот гарон шуда, қимати маҳсулоти дигар бетағйир монд ва ҳатто баъзе маҳсулот арзон шуд.

Аз ҷумла, нархи картошка дар сатҳи пешин – 5-7 сомонӣ барои 1 кг боқӣ монд. Дар ҳамин ҳол, пиёз ва сабзӣ тақрибан 1 сомонӣ гарон шуда, 1 кг карам акнун 5-7 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Аз меваҳо ба таври назаррас нархи анор поин рафт – то 18-28 сомонӣ барои 1 кг (1 сол пеш – 25-30 сомонӣ). Себу ангур ба сурати умум бо нархҳои пешина фурӯхта шуда, ҳамзамон лимӯ (лимон) гарон ва ҳоло 1 килограммаш 20-25 сомонӣ нарх дорад.

Дар нархи аксари маҳсулот тағйироти чашмрас ба назар нарасид. Орду макарон, биринҷу шакар ва шир бо ҳамон нархҳое, ки як сол пеш фурӯхта мешуд, фурӯхта шуд. Дар ҳамин ҳол, нархи тухм то 1,3-1,5 сомонӣ барои 1 дона боло рафт. Арзиши 1 литр равғани растанӣ то 16-20 сомонӣ зиёд шуд.

Соли гузашта бештар гӯшт гарон шуд. Нархи 1 кг гӯшти гов то 95-110 сомонӣ ва гӯшти мурғ – то 34-43 сомонӣ боло рафт. Дар маҷмӯъ, соли 2026 болоравии нарх бештар ба гӯшт ва маҳсулоти ҷудогонаи воридотӣ дахл карда, ҳамзамон дар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тағйироти ҷиддӣ ба мушоҳида нарасид.

Бо қимати маҳсулоти хӯрока ва муқоисаи арзиши онҳо, дар баргаҳои мо маълумоти бештар гиред. 

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 13 ЯНВАР

Соли 2003 – Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барои мубориза бо бемории сил таъсис дода шуд.

Соли 2010 – Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки мувофиқи он ҳуқуқи амалӣ фурӯши саҳмияҳои НБО "Роғун" дар баробари БДА “Амонатбонк” ба дигар бонкҳои кишвар низ дода шуд.

Соли 2010 – Дар Ню-Йорк ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаи ҳамкории созмонҳои минтақавӣ дар посдории сулҳ ва амният баргузор гардид.

Соли 2012 – Тоҷикистон бо Давлати Урдун муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.

Соли 2016 – Бонки миллии Тоҷикистон аз аҳолии кишвар даъват кард, ки аз муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ худдорӣ кунанд.

Соли 2021 – Ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид гардид, ки тибқи он ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла "Google", ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электронӣ пешниҳод мекунад, вазифадор гардид 18% андоз аз арзиши иловашуда (ААИ)-ро пардохт кунанд. Ин тағйирот бо номи "андози "Google" маъруф аст.

Соли 2022 – Нерӯҳои сулҳхоҳи СПАД аз Тоҷикистон Қазоқистонро тарк карданд.

Дар моҳи январи соли 2022, пас аз нооромиҳо дар Қазоқистон нерӯҳои посдори сулҳи СААД, аз ҷумла низомиёни Тоҷикистон, бо дархости Қосимҷомарт Тоқаев ба ин кишвар фиристода шуданд. Вазифаи онҳо таъмини амният ва субот буд. Пас аз иҷрои вазифаҳо 13-уми январ хуруҷи нерӯҳо оғоз шуда, 19 январ пурра анҷом ёфт. Ин аввалин истифодаи нерӯҳои сулҳхоҳи СААД дар таърихи созмон буд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1951 –  Зодрӯзи Азимҷон Аминҷонов, доктори илми химия, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ.

Соли 1965 – Мавлуди Ҷамшед Усмонов, коргардон ва филмноманависи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Усмонов

Ҷамшед Усмонов яке аз чеҳраҳои синамои муосири тоҷик буда, як қатор филмҳо офаридааст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ сазовори чандин ҷоизаҳо гардидаанд. Ӯ солҳо дар студияи “Тоҷикфилм” фаъолият дошт ва айни замон дар Фаронса истиқомат мекунад.

Филмҳои “Мард”, “Чоҳ”, “Парвози занбӯр”, “Фариштаи китфи рост”, “Биҳишт фақат барои мурдагон” бо коргардонии ӯ рӯйи саҳна омада, дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Италия, Юнон, Олмон, Суис, Русия, Испания ва дигар кишварҳо соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Ӯ хатмкардаи факултаи коргардонии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва курсҳои сенаристон ва режиссёриии Маскав аст. Ҷамшед Усмонов аз соли 1988 ба ҳайси ассистент ва коргардон дар киностудияи “Тоҷикфилм” кор кардааст ва ҳоло дар Фаронса истиқомат мекунад. 

Соли 1999 – Зодрӯзи Давлат, Болтаев, муштзани тоҷик ва яке аз ҷоизадорони Олимпиадаи Порис  – 2024.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Давлат Болтаев

Ӯ дар 33-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки соли 2024 дар Порис баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард. Ба ӯ, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон 200 ҳазор сомонӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хонаи истиҷоматии якҳуҷрадор ва кумитаи кор бо ҷааонон ва варзиш 10 ҳазор доллар тақдим карданд. Ӯ яке аз даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 буд.

Давлат Болтаев соли 2023 дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин медали тилло ба даст оварда буд.

Ҳамчунин, соли 2022 дар шаҳри Тошканд қаҳрамони Осиё миёни ҷавонони то 22-сола шуд. Дар солҳои 2022–2023 Болтаев дар чандин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ ширкат варзид. Ӯ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд то марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар Бозиҳои осиёии соли 2023 дар Ҳанчжоуи Чин ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт ва ҳамзамон роҳхати иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2024-ро соҳиб шуд. Дар мусобиқот ӯ ба дарёфти медали биринҷӣ сазовор гардид.

Соли 1997 – Мӯсо Раҷабов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар 78-солагӣ дунёро падруд гуфт.

Соли 2004 – Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, адиби ҳаҷву зарофатнавис, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар синни 49-солагӣ даргузашт.

 

САНАИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Русия Иди кормандони матбуоти даврӣ таҷлил мешавад.

Ин сана ба нашри аввалин рӯзномаи чопии Русия алоқаманд аст. 13 январи соли 1703 бо фармони Петри I шумораи нахустини рӯзномаи русии “Ведомости” ба нашр расида буд.

Инчунин дар ҳамин рӯзи соли 1830 шумораи нахустини “Литературная газета” – яке аз қадимтарин нашрияҳои даврии Русия, ки ҳафтавор нашр мешуд, нашр гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 16+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 11+16º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6º сард то 12-17º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 55-57º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳақи истифода аз басомадҳои радио барои ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон садҳо баробар зиёд шуд

0

Дар Тоҷикистон тартиби пардохт барои истифодаи басомадҳои радио тағйир ёфт:  меъёрҳои нав бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 476 аз 8-уми сентябри соли 2025 тасдиқ шудааст.

Мувофиқи замимаи №16 ба қарор, андозаи пардохт барои истифодаи басомадҳои радио акнун аз рӯйи шакли нав бо назардошти коэффисиенти арзишмандии тиҷоратии спектрҳо, нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва коэффисиенти минтақавӣ ҳисоб карда мешавад. Барои шаҳри Душанбе коэффисиенти G = 3 ва барои вилоятҳои Суғду Хатлон – G = 2 муқаррар карда шудааст.

Ба ин тариқ, барои стандартҳои алоқаи мобилии 2G ва 3G коэффисиенти арзишмандии тиҷоратии 80, барои 4G ва 5G – аз 70 то 85 муқаррар шудааст. Бо назардошти нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҳаҷми 78 сомонӣ дар соли 2026, арзиши як басомади радио дар Душанбе чунин аст:

— 14 040 сомонӣ барои 2G–3G;

— аз 16380 то 19 890 сомонӣ барои 4G–5G дар як сол.

Қаблан маблағи пардохт барои як басомади радио 35 сомонӣ дар як солро ташкил медод ва ба стандарти алоқа вобаста набуд.

Ширкатҳои мобилӣ аз шарҳ расман худдорӣ мекунанд. Аммо намояндагони соҳа бо шарти ифшо нагардидани ному насабашон зикр мекунанд, ки ин ҷо сари даҳҳо миллион сомонӣ хароҷоти иловагӣ метавонад сухан равад.

“Агар пештар барои 100 басомади шартии радио ширкати мобилӣ тақрибан 3 500 сомонӣ дар як сол пардохт мекард, акнун мувофиқи қоидаҳои нав, зимни ҳисобу китоб дар шаҳри Душанбе ин маблағ барои 2G–3G метавонад то 1,4 млн сомонӣ ва барои 4G–5G – қариб то 2 млн сомонӣ зиёд шавад”, – мегӯяд намояндаи яке аз ширкатҳо.

Ба гуфтаи коршиносон, шумори басомадҳои истифодашаванда дар ширкатҳо метавонад 200, 300 ва зиёдтар аз он бошад, ки сарборӣ ба операторонро бамаротиб меафзояд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Босуръат ва дар як вақт болоравии нархи истифодаи басомадҳои радио, ҷорисозии пардохт барои нобудкунии мавҷпароканҳо, инчунин дигар қоидаҳои нав метавонанд ба болоравии нарх ба хидматрасониҳои алоқа ва интернет оварда расонанд. Ин, дар навбати худ, ба вазифаҳои бузургмиқёси аз сӯйи раисҷумҳури кишвар дар назди ширкатҳои телекоммуникатсионӣ гузошташуда, яъне васеъ кардани пӯшиши алоқаи мобилӣ дар саросари қаламрави ҷумҳурӣ, ҷорисозии стандарти 5G ва беҳтар намудани сифат ва дастрасӣ ба алоқа ва интернет мухолиф аст”, – изҳор дошт як коршиноси соҳа бо шарти ифшо нашудани ному насабаш.

Ба ҷуз алоқаи мобилӣ, дар замимаи №16 ба қарори №476 меъёрҳои нав барои дигар навъҳои истифодаи басомадҳои радио муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар бораи басомадҳои радио, ки барои телевизион, радоишунавонӣ, хатҳои радиорелеӣ, алоқаи моҳвораӣ, инчунин технологияҳои бидуни сими интиқоли маълумот истифода мешаванд, низ сухан меравад.

Мувофиқи ҳуҷҷат, пардохт тибқи шакли ягона бо истифода аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва коэффисенти минтақавӣ ҳамчунин барои дигар навъҳои истифодаи басомадҳои радио низ муқаррар мешавад. Аз ҷумла, меъёрҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– барои басомадҳои радиои телевизиони давлатӣ — 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои басомадҳои радиои телевизиони ғайридавлатӣ — 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои системаҳои радиолокатсионӣ — 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои радиоҳои радиошунавонӣ — 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои терминалҳои алоқаи моҳвораии Thuraya, Starlink, OneWeb  ва дигар системаҳои ба ин монанд — 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои пойгоҳҳои радиорелеӣ дар диапазони то 28 МГс — 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои пойгоҳҳои радиорелеӣ дар диапазони 56–500 МГс — 35 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шабакаҳои бидуни сими интиқоли маълумот бо  шумули Wi-Fi (дар диапазонҳои 2400–2483,5 МГс ва 5000–6000 МГс) — 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

– барои шабакаҳои бидуни сими стандарти WiMAX — 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Нархи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 78 сомонӣ дар соли 2026-ро ташкил медиҳад, дар ҳамин ҳол маблағи пардохт ба мисли алоқаи мобилӣ, ба коэффисенти минтақавии мавриди истифода вобаста аст.

Ба ин тариқ, қоидаҳои нав на танҳо ба операторони мобилӣ, балки ба доираи васеи корбарони басомадҳои радио, ки барояшон арзиши истифодаи спектр дар муқоиса бо меъёрҳои қаблан амалкунанда зиёд мешавад, низ таъсир хоҳад расонид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аксу наворро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун!”. Қабули қонун то куҷо ҷашну маросимро танзим кард?

0

“Хоҳиш мекунам, аксҳои аз таҷлили зодрӯзам бардоштаатро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр накун. Зиёфат заҳри тан нашавад”, – ин хоҳиши Дилшод аз як дӯсташ буд, ки чанде пеш дар зодрӯзаш ҳузур дошт ва акс бардошт.

Дилшод мегӯяд, ин эҳтиёткорӣ барои гурез аз ҷаримаи эҳтимолӣ аст, зеро тибқи қонунгузории кишвар, таҷлили зодрӯз дар тарабхона манъ аст.

“Медонам, қонун манъ кардааст, аммо чанд дӯстонро даъват карда, дар доираи хурд зодрӯзамро таҷлил кардем. Як пиёла чой надиҳӣ, нашавад… Ва ҳоло умедворам, ки ин бароям мушкилофар намешавад”, – мегӯяд Дилшод.

Бояд гуфт, ки моддаи 10-и Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлили зодрӯзро дар тарабхонаҳо манъ мекунад ва муқаррар кардааст, ки “ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронда мешавад”.

Аммо гузоришҳои мақомоти кишвар аз муҷозоти садҳо тан барои таҷлили зодрӯз дар тарабхонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки самари ин меъёри қонун дилхоҳ набудааст ва ё он на ҳамеша риоя мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

Ҳазорҳо “рейд” ва муҷозоти садҳо нафар

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон, ниҳодҳои масъули кишвар ҳар сол ҳазорҳо санҷиш гузаронида садҳо нафарро барои нақзи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” муҷозот мекунанд.

Танҳо дар ним соли 2025 мақомоти Тоҷикистон сокинон барои риоя накардани ин қонун беш аз 5 млн сомонӣ ҷарима шудаанд

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин зимни нишасти ахири хабарӣ дар тобистони соли гузашта ба рӯзномагирон гуфт, “давоми 6 моҳи соли 2025 додгоҳҳои Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим сокинони кишварро 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима бастаанд. Аз ин маблағ то кунун 2 миллиону 691 ҳазору 436 сомонияш рӯёнида шудааст”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сулаймон Давлатзода

Дар умум, тибқи иттилои ин ниҳод, 630 парванда боз шуда, аз рӯйи 615 парванда ҷазо таъин шудааст.

Ин миқдор парванда дар пайи 9 ҳазору 607 рейд боз шудааст. Аммо сарфи назар аз муҷозот, ҳамоно меъёрҳои ин қонун поймол мешавад.

 

“Агар “рейд” набошад, мушкил нест”

Фаррух, корманди яке аз тарабхонаҳои пойтахт мегӯяд, ки ин меъёри қонун на ҳамеша риоя мешавад.

“Мо ҳам медонем, ки барои иҷозаи таҷлили бошукӯҳи зодрӯз дар тарабхона, муҷозот пешбинӣ шудааст, аммо мушоҳида мекунем, ки дар аксар ҳолат он сарфи назар мешавад. Аз муштарӣ хоҳиш мекунем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу навор нагузорад ва дар ҳама ҷо овоза накунад. Бо дӯстонаш биёянд ва ором зодрӯзро таҷлил карда, раванд”, – зикр кард Фаррух.

Ӯ таъкид кард, ки агар ягон “рейд”-и ҷиддӣ набошад, касе ба муштарӣ барои таҷлили зодрӯз халал намерасонад.

“Агар таҷлили зодрӯзу ҳамнишиниҳои дигарро пурра манъ кунем, тиҷорати мо ҳам касод мешавад”, – зикр мекунад Фаррух.

Дилшод бошад, бо канор гузоштани тиҷорат, бештар ба “гапи мардум” таваҷҷуҳ карда, мегӯяд, “вақте ба зодрӯзи касе рафтӣ ва зиёфат хӯрдӣ, бояд ту ҳам зиёфат диҳӣ”.

“Ҳоло маросими дигар ҳам, мисли таҷлили зодрӯз, бо ному баҳонаи дигар ё пинҳонӣ, вале мисли пешин таҷлил мешавад. Танҳо хароҷот ва хатари муҷозот шудан зиёд шудааст”, – мегӯяд Дилшод.

 

“Бо мурури замон одат мекунем”

Ҷомеашиносон сарфи назар кардани меъёри қонун ва бо хатари муҷозот рӯбарӯ шудани баъзе сокинонро ба одатҳои дерин рабт дода, мегӯянд, бо мурури замон он бартараф мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Беҳрӯ Насурова,

Беҳрӯ Насурова, чомеашмноси тоҷик мегӯяд, воқеан теъдоде аз сокинон меъёри қонунро риоя намекунанд, аммо дар умум, ҷомеа бо он созиш кардаву талош дорад риоя кунад.

“Ин ҳама ба оҳистагӣ ба одат табдил мешавад. Мо, ки дер боз чунин анъанаҳои серхарҷро мегузаронидем, аз насл ба насл интиқол медодем, ба якборагӣ наметавонем аз он даст кашем. Аммо бо гузашти як муддат, меъёри қонун бароямон одат мешавад ва ҳамагӣ онро риоя мекунанд”, – мегӯяд Беҳрӯ Насурова.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аввалин бор соли 2007 ва бо таҳрири нав соли 2024 қабул шуд.

Ҳадафи қабули қонун пешгирии исрофкорӣ, зиёдаравӣ ва хароҷоти зиёд дар тӯйҳо, маросими азодорӣ ва дигар ҷашнҳо гуфта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Се муовини вазири корҳои хориҷӣ ва додрасу раисони додгоҳҳои чанд шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Кӣ чӣ вазифа гирифт?

0

Имрӯз, 12-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар Додгоҳи олӣ, Додгоҳи олии иқтисодӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ чанд нафарро аз вазифа озод ва нафарони дигарро ба ҷои онҳо таъин кард.

Тавре дафтари матбуоти раисҷумҳур менависад, бо қарори ҳукумати кишвар се муовини вазири корҳои хориҷии кишвар нав шуданд. Идибек Қаландар муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин гардид. Ӯ чанде пеш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Вена озод шуда буд.

Нигина Ализода, ки имрӯз “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини якуми вазири адлияи Тоҷикистон озод гардид, муовини дигари вазири корҳои хориҷӣ таъин шуд. Ба ҷои Ализода кӣ муовини якуми вазорати адлия таъин шудааст, маълум нест. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аз чап ба рост. Идибек Қаландар, Нигина Ализода ва Саноӣ Бойзода

Саноӣ Бойзода низ ба вазифаи муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ то ин дам намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал буд.

Аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ин се курсии муовинони вазир баъди тағйироти кадрии чанд вақти охир холӣ буд.

Ҳамчунин, бо қарори ҳукумати кишвар Раъно Ҳошимзода директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин шудааст. Қаблан Илҳомуддин Иброҳимзода дар ин мансаб буд. Маълум нест, ки Раъно Ҳошимзода пеш аз ин дар кадом вазифа буд, аммо як сол пеш “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси шаҳри Гулистон озод шуда буд.

Ҳамчунин, Довуд Ализода, ба ҷои Хурсанд Содиқзодамуовини якуми директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шудааст. Бо қарори дигар, Дилором Муқимӣ ба ҷои Дилафрӯз Назарализода муовини дигари директори Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шуд. Маълум нест, ки Назарализода ба чӣ вазифа таъин шудааст.

Инчунин, Мирзошо Ҳукматов “бо сабаби ба нафақа баромадан” аз вазифаи директори генералии “Маҷмӯи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон” озод шуда, Некрӯз Назирзода ба ин вазифа таъин шудааст.

Фарангис Шарифзода низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи муовини директори Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон озод шуда, Парвиз Абдуллозода ба ҷойи ӯ муовини директори Марказ таъин шудааст. Комрон Ҷамшедзода бошад, ба вазифаи муовини якуми директори ин ниҳод таъин шудааст. То имрӯз Муҳаммадҷон Соҳибзода муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ буд.

 

Раисони додгоҳҳои шаҳру навоҳӣ низ нав шуданд

Бо фармони раисҷумҳури кишвар раисони додгоҳу додгоҳҳои иқтисодӣ ва додрасҳои чанд шаҳру навоҳӣ аз вазифа озод ва ба вазифаҳои дигар таъин гардиданд. Аз ҷумла, президенти кишвар ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст, ки Муҳаммадҷалолиддин Кенҷазода ва Сафарбек Ғуломзода, додрасҳои Додгоҳи олӣ “бинобар ба охир расидани муҳлати ваколаташон” бозхонд шуда, аз нав ба ин вазифа интихоб гарданд. Ҳамчунин раисҷумҳур интихоби Одил Нурализода, додраси Додгоҳи иқтисодии Душанберо ба вазифаи додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст.

Саидхоҷа Шарифзода барои “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Роғун озод карда шудааст. Аммо мушаххас гуфта намешавад, ки ӯ чӣ кирдор содир кардааст.

Ҳамчунин, Икром Раҳмонзода аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Хуросон, Одил Нурализода аз вазифаи судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Маҳинабону Сафарзода аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Норак “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод шудаанд. Вазифаҳои нави онҳо низ маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Додрасҳое, ки 12-уми январ ба вазифа таъин шуданд.

Ҳамза Акрамзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз вазифаи додраси додгоҳи шаҳри Кӯлоб озод шудааст.

Аҳмад Бобозода низ аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Сино озод шудааст. Аммо сабаби барканориаш ва вазифаи дигари ӯ гуфта намешавад. Ҳамчунин, раисони додгоҳ ва додрасҳои зерин аз вазифа озод ва ба вазифаи нав таъин шудаанд:

Гулбону Саидзода аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуд.

Муҳаммад Мирзозода, аз аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Исфара озод гардида, ба ҷойи Гулбону Саидзода раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид.

Акбаралӣ Каримӣ, аз мансаби раиси додгоҳи ноҳияи Мурғоби ВМКБ озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳристон таъин шуд.

Раҳимшо Ғарибшозода, ки то имрӯз муовини раиси додгоҳи иқтисодии ВМКБ буд, раиси суди ноҳияи Мурғоби ин вилоят таъин гардид.

Аҳлиддин Назарзода, аз вазифаи додраси вилояти Хатлон озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Вахш таъин шуд.

Фарҳод Наимзода, ки то имрӯз додраси ноҳияи Ёвон буд, раиси додгоҳи ноҳияи Ховалинг таъин шуд.

Алиҷон Ҳамдамзода, ки то ин дам муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон буд, раиси додгоҳи шаҳри Норак шуд. 

Муҳаммад Салимзода, ки то имрӯз раиси додгоҳи ноҳияи Сангвор буд, раиси додгоҳи ноҳияи Рашт таъин шуд.

Бахтиёр Искандарзода раиси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ таъин шуд. Ӯ то имрӯз раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон буд.

Раҳмоналӣ Исмоилзода, ки то имрӯз муовини раиси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд буд, муовини раиси додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Толори мурофиаи додгоҳӣ

Фаррух Хоҷазода додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон шуд. Ӯ имрӯз бо сабаби анҷом ёфтани муҳлати ваколаташ аз вазифаи додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд озод гардид.

Суҳроб Нурализода, ки то ин дам додраси додгоҳи ВМКБ буд, додраси додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид. 

Нодир Назирзода, ки то имрӯз додраси додгоҳи ноҳияи Данғара буд, додраси додгоҳи вилояти Хатлон таъин шуд.

Рустам Садирзода, ки пеш аз ин додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон буд, муовини раиси додгоҳи ин ноҳия таъин шуд.

Муродҷон Раҷабзода додраси додгоҳи вилояти Суғд таъин гардид. Ӯ имрӯз аз вазифаи муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов озод шуд.

Амриддин Сафозода, ки қаблан аз вазифаи додраси додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт буд, додраси додгоҳи вилояти Суғд таъин гардид.

Сӯҳроб Хайруллозода ба ҷойи Муродҷон Раҷабзода муовини раиси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шуд. Ӯ пештар додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд.

Одинашоҳ Аёмзода, ки то имрӯз додраси додгоҳи ВМКБ буд, додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинги вилояти шуд.

Содиқ Саидназарзода додраси додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таъин шуд. Ӯ то имрӯз додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинг буд.

Ҳамчунин, Бахтиёр Наимзода, додраси додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд, Суҳроб Қурбонализода, додраси додгоҳи ноҳияи Син, Маҳмадҷони Ҳасанзод додраси додгоҳи ноҳияи Ёвон, Саидасрор Ҷалилзода додраси додгоҳи ноҳияи Хуросон, Саидбасир Ҳабибзода додраси додгоҳи ноҳияи Ҷаллолиддини Балхӣ таъин шуданд.

Ҳамасола дар оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом мешавад. Аз ҷумла чанде пеш раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, ду муовини раиси вилояти Хатлон, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Савдогарони бозори сӯхтаи “Гулистон”-и Панҷакентро ба ҷои дигар мекӯчонанд

0

Ҳукумати шаҳри Панҷакент савдогарони бозори “Гулистон” ("Латтабозор")-ро, ки ду моҳ пеш ба коми оташ рафта буд, ба ҷои дигар мекӯчонанд. Масъулини шаҳр мегӯянд, бозори нав охири моҳи январи соли равон ба истифода дода мешавад.

Сабурҷон Собирзода, муовини аввали шаҳрдори Панҷакент ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бозори нав дар масоҳати беш аз 780 метри мураббаъ бо фарогирии 400 нуқтаи савдо ва хидматрасонӣ дар бинои собиқ корхонаи консервабарории “Шарбат” бунёд шуда истодааст. Ҳоло мумфаршкунии роҳи гирду атрофи бино ва раванди гузаронидани сими барқ идома дорад.

“Дар инҷо ба ҳамаи савдогароне, ки дар сӯхтори бозори “Гулистон” осеб дидаанд, дӯкон дода мешавад. Онҳо 6 моҳ аз пардохти андози давлатӣ озод мешаванд. Вале дар бораи маблағи иҷораи дӯконҳо тасмим гирифта нашудааст”,-гуфт Собирзода.

Кӯшишҳои мо барои дарёфти маълумот оиди ҷуброни зарари савдогарон аз роҳбарияти бозор то лаҳзаи интишори матлаб бенатиҷа анҷомид. Ибодулло Раҳимов, раиси бозори “Гулистон”-и Панҷакент ба саволи онки ба савдогарон чӣ имтиёзҳо дода мешавад посух нагуфт ва ба зангҳои минбаъдаи мо ҷавоб надод.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Маълум нест, ки савдогарон аз пардохти иҷораи дӯконҳо озод мешаванд ё баръакс. Як савдогари ин бозор, ки дар сӯхтор зарар дидааст, рӯзи 8-уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, “баъди сар задани сӯхтор роҳбарияти бозор ваъдаи ройгон додани дӯконро дода буданд, вале ҳоло мегӯянд, вақте дӯконҳо ба истифода дода шавад, мефаҳмед”.

“То ин муддат ягон кӯмакпулие низ дарёфт накардаем. Раиси шаҳр ваъда дода буд, ки ба ҳар як савдогари зарардида 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ медиҳад, ки онро ҳам ҳанӯз нагирифтаем”,-афзуд ӯ.

Дар робита ба дарёфти кӯмакпулӣ ба саводагрони бозор, Собирзода гуфт, 300 ҳазор сомонӣ, ки аз фонди раиси шаҳри Панҷакент ҷудо шудааст, ба 280 савдогари дар сӯхтор зарардидаи бозори “Гулистон” "дар наздиктарин фурсат тақсим карда мешавад”.

Бояд гуфт, сӯхтор дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор” низ машҳур аст, шаби 12 ба 13- уми ноябри соли гузашта сар зад. Тибқи иттилои расмӣ, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мурабаъ доман густурда, дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор сӯхта ё зарар диданд.  

Аз ҳукумати ин шаҳр гуфтанд, ки сабабу хисороти сӯхторро додситонии шаҳри Панҷакент тафтиш карда истодааст. Кӯшишҳои мо барои дарёфти натиҷаи тафтишот аз мақомот бенатиҷа анҷомид.

Дар хабари Сарраёсати оташнишонӣ  зикр шудааст, ки қисме аз молу колои бозор ба маблағи 27 миллион сомонӣ наҷот дода шудааст. Аммо дар наворҳои баъди сӯхтор нашршуда мушоҳида мегардид, ки бозор қариб пурра сӯхтааст.

Бояд зикр кард, ки солҳои пеш ҳам дар бозорҳои кишвар сӯхтор сар зада буд ва дар аксар ҳолат, мақомот сабаби сӯхторҳоро риоя нашудани коидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ё расиши ноқилҳо гуфта буданд. Соҳибкорони аз сӯхтор зарардида шикоят карда буданд, ки дар пайи чунин сӯхторҳо молу колои онҳо ба коми оташ меравад, вале баъдан касе ба онҳо ҷуброн намекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷузъиёти кушта шудани Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар Кӯлоб

0

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев, размикори тоҷик кушта ва ду иштирокчии дигари ин муноқиша захмиву ҳоло дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Камол Валиев, устоди Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳодиса тахминан соати 20:00 –и рӯзи 11-уми январ дар яке аз марказҳои бозии компютерӣ рух додааст.

“Муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ сар задааст, ки дар натиҷа ба дили Муҳаммадалӣ яке аз наврасон корд задааст. Ӯ дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст, ҳатто то беморхона рафтан фурсат надошт. Кордча дар тарафи дилаш 12 сантиметр даромадааст”,-гуфт устоди варзишгар.

Ба гуфтаи Валиев, падари Муҳаммадалӣ, баъди шунидани марги писараш имрӯз, 12-уми январ, аз Русия ба Тоҷикистон омадааст.

Ҷанозаи Саъдуллоев имрӯз вақти намози пешин дар шаҳраки 10-уми шаҳри Кӯлоб хонда шуда, ҷасадашро ба хок супурданд.

Аз ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар пайи он ҳамчунин, ду нафари дигар захмӣ шуда, ҳоло дар беморхона бистарианд. Вале нагуфтанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса чанд нафар боздошт шудааст.

Мақомоти қудратӣ то ба ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд. Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон гуфтанд, “дертар ин ҳодисаро шарҳ медиҳем”.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ менависад, ки дар пайванд ба ин ҳодиса бо иттиҳоми "қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ва авбошӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, ду гумонбар боздошт шудаанд ва тафтиши парванда идома дорад.

Бояд гуфт, навори муноқишаи гуруҳе аз наврасон нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Дар ин навор иштироки дастикам 7 наврас дида мешавад. Дар пайи занозанӣ яке аз онҳо захмӣ шуда, ба замин меафтад.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев дар соли 2024 унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта ва қаҳрамони Тоҷикистон дар ин риштаро ба даст овардааст. Тибқи маълумоте, ки дар шиносномаи варзишгар дарҷ шудааст ӯ мутаваллиди соли 2010 будааст, аммо дар як ҳуҷҷати дигари тасдиқкунанда, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, соли таваллуди Муҳаммадалӣ 2007 навишта шудааст.

Камол Валиев гуфт, ки дар робита ба гуногун будани соли таваллуди шогирдаш маълумоти дақиқ надорад ва хонаводааш, ки огоҳанд, “дар ин вазъ сӯҳбат карда наметавонанд”.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати кушта шудани ноболиғон дар пайи задухӯрди гуруҳӣ нест. Моҳи ноябри соли гузашта  дар пайи ҷанҷоли як гурӯҳ ноболиғон Душанбе ду наврас куштаву захмӣ шуданд. Мақомот дар шаҳри ин ҳодиса гуфтанд, ки муноқиша дар пайи нофаҳмиҳои лафзӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ сар задааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Се узви як оилаи тоҷикро, ки дар Самара аз бӯйи газ ба ҳалокат расиданд, дар зодгоҳашон ба хок супоридаанд

0

Ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки чанд рӯз пеш дар Русия ба ҳалокат расида буданд, субҳи имрӯз, 12-уми январ дар зодгоҳашон, деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супоридаанд.

Яке аз наздикони ин хонавода ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷасади Алиҷон Набиеви 28-сола ҳамроҳи ҳамсару духтарчаашро, ки рӯзи 7-уми январ дар шаҳри Самараи Русия аз манзили зисташон пайдо шуда буд, шаби 11 ба 12-уми январ ба Тоҷикистон овардаанд. Зан дар батнаш кӯдаки 6-моҳа ҳам доштааст.

Манбаъ гуфт, Алиҷон ва ҳамсару духтарчааш ба эҳтимоли зиёд аз бӯйи газ заҳролуд шудаанд.

“Наздикони ин оила баъди зангҳои бешумор ба Алиҷон Набиев ба ташвиш афтода, рӯзи 7-уми январ ба манзили зисташон мераванд ва баъди шикастани дари хона ҷасади зану шавҳар ва кӯдаки онҳоро пайдо мекунанд”, – гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ, як сол қабл дар пайи сӯхтор дар ҳамин манзили ин оила, духтарчаи сесолаи онҳо низ фавтида будааст ва онҳо қасд доштаанд, ки ба Тоҷикистон баргарданд.

“Танҳо ба итмом расидани таъмири хонаи навашон дар яке аз баландошёнаҳои шаҳри Бохтарро интизор буданд” – афзуд манбаъи мо.

Бояд гуфт, дар бораи ҳалокати се узви як оилаи тоҷик дар шаҳри Самараи Русия қаблан “Радиои Озодӣ” хабар дода буд.

Ин расона навишта буд, “баъди заҳролуд шудан аз газ, Алӣ аз хоб бедор шуда, кӯшиш мекунад дари ҳаммомро кушояд, аммо ҳамонҷо мефавтад”.

Мақомоти кишвар то ҳол ҳодиса ва тафсилоти онро шарҳ надодаанд.

Бояд гуфт, ҳамасола даҳҳо пайкари беҷони муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия аз беморӣ ва ё дигар ҳаводис ба ҳолакат мерасанд, ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати нақлиёт гуфт, ки сохтмони роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ, ки дар пайи ҳамлаҳо аз Афғонистон қатъ шудааст, кай барқарор мешавад

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, корҳои сохтмонӣ дар қитаъи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон), ки ҷузъе аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма буда, дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва захмиву кушта шудани чанд шаҳрванди Чин дар авоили моҳи гузашта, қатъ шуд, "то пурра барқарор шудани амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барқарор намешаванд".

Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" сабаби боздошта шудани роҳсозиро ба ҳамлаи мусалаҳона аз хоки Афғонистон ба кормандони ширкати паймонкор дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ҳамла ба коргарони ширкати роҳсозии чинии "China Road and Bridge Corporation" рӯзи 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аз хоки Афғонистон анҷом шуд. Дар натиҷаи он, 2 шаҳрванди Чин кушта ва 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

Ширкати "China Road and Bridge Corporation" аз моҳи сентябри соли 2022 ба сохтмони қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ дар роҳи мошингарди Душанбе – Кулма (сарҳади Чин) машғул буд.

Аз Вазорати нақлиёт гуфтанд, бо дастури сафорати Чин дар Тоҷикистон, аз 1-уми декабри соли 2025 корҳои сохтмонӣ то пурра барқарор шудани шароити бехатар барои кор муваққатан боздошта шудааст.

 

Лоиҳа чӣ фоидаҳо дорад?

Ба иттилои ин ниҳод, қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ, ки аз қаторкӯҳҳои ноҳияи Дарвоз мегузарад, яке аз душвортарин қитъаҳо дар кишвар маҳсуб ёфта, солҳои тӯлонӣ таъмир нашудаааст.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ бо шумули сохтмони ду нақби дарозии умумиашон 5,2 километр масофаи роҳ 16,7 километр кам шавад. Масофаи умумии қитъа пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ аз 109 км то 92,3 км кам мешавад – 53 километр дар қаламрави Дарвоз ва 39,3 км – дар қаламрави Ванҷ.

Дар Вазорати нақлиёт илова карданд, ки ҳадафи аслии амалисозии лоиҳа, "баланд бардоштани сатҳи амнияту бехатарӣ, таъмини ҳаракати мунтазами нақлиёт дар ҳама гуна фасли сол ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани роҳ мебошад".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Корҳои таъмиру навсозӣ дар қитъаи роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

 

"Инчунин: кам кардани вақти сафар дар роҳ ва хароҷоти сӯзишворӣ ҳангоми интиқоли молу маҳсулот; таъсиси ҷойҳои корӣ ва мусоидат ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар", – гуфтанд аз ин ниҳод.

 

Лоиҳа чӣ гуна маблағгузорӣ мешавад?

Барои анҷоми корҳои таъмиру навсозии ин қитъаи роҳ ҳукумати Чин 230 млн доллар кумаки бебозгашт ҷудо кардааст.

Қаблан аз Вазорати нақлиёт гуфта буданд, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи таъмиру навсозии қитъаи роҳи Рӯшон – Вархедз (наздикии марзи маъмурии ноҳияи Мурғоб) таҳия ва муваффақона аз ташхис гузашт.

Гуфта мешуд, ки бо ҳукумати Чин дар мавриди маблағгузорӣ ба ин лоиҳа гуфтушунидҳо ҷараён доранд. Дар қисми боқимондаи роҳи мошингарди Душанбе – Кулма (дар қаламрави ноҳияи Мурғоб то сарҳади Чин дар масфоаи 296 км) корҳои саҳроӣ анҷом дода шуда, корҳои лоиҳакашӣ оғоз мешаванд.

Дар назар аст, ки пас аз анҷоми пурраи корҳои таъмиру навсозӣ, роҳи мошингарди Душанбе – Кулма ба долони мултимодалӣ, ки “барои ҷумҳурӣ аз аҳаммияти хосса бархӯрдор аст”, табдил ёбад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қитъаи роҳи мошингарди Қалъаи Хумб – Ванҷ

 

Лоиҳа аз чӣ иборат аст?

Корҳои сохтмон дар қитъаи Қалъаи Хумб – Ванҷ (то марзи ноҳияи Рӯшон) 20-уми сентябри соли 2022 оғоз ёфтанд.

Фармоишгар: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Татбиқкунанда: Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок.

Ширкати идоракунии муштарак: "China Railway Design Corporation" (CRDC).

Машваратчӣ: КВД "Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ".

Пудратчӣ: "China Road & Bridge Corporation" (CRBC).

Муҳлати татбиқи лоиҳа:

– Оғоз: 29 июни соли 2022.

– Анҷом: 20 сентябри соли 2028.

Роҳ мувофиқи талаботи дараҷаи III техникии роҳҳои автомобилгард лоиҳакашӣ шудааст. Он аз ду хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии умумии роҳ 12 метр ва паҳноии қисмати ҳаракат 7,0 метрро ташкил медиҳад. Канорҳои роҳ аз ҳар ду тараф 2,5 метр мебошанд.

Лоиҳа аз роҳи автомобилгард ба дарозии 92,34 км, 2 нақб бо дарозии 3,4 км ва 1,8 км, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии умумии 490,43 м, 14 пул бо дарозии умумии 617,29 м ва дигар иншооти муҳандисӣ иборат аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дарвозаи вуруд ба ноҳияи Ванҷи ВМКБ

Вазорат мегӯяд, корҳои нақбканӣ ва бетонкунӣ дар нақбҳои №1 ва №2 пурра анҷом ёфта, корҳои насби шабакаҳои коммуникатсионӣ, равшанидиҳӣ, низоми оташхомӯшкунӣ ва сохтмони бинои маркази идоракунӣ идома доранд. Ҳамчунин, аз 14 пул корҳои сохтмонӣ дар 12 адад пурра ба анҷом расида, 2 пули боқимонда дар марҳилаи иҷро мебошанд.

Дар 5 долони зиддитармавӣ корҳои бетонӣ ва арматурбофӣ идома доранд. Мумфаршкунии қабати поёнии роҳ дар масофаи 78 км ва қабати болоии роҳ дар масофаи 44 км ба анҷом расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.