Содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст

Дар соли 2025 содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли ангур ва меваҳои донакдор коҳиш ёфта, аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, кишвар ба сафи таъминкунандагони асосии бозори Қазоқистон ворид нагардид. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи мева ба бозори Қазоқистон боқӣ мемонад, аммо ҳаҷми содироти он нисбат ба нишодиҳандаҳои кишварҳо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2025 содироти мева аз Тоҷикистон ба Қазоқистон кам шудааст, аз ҷумла ҳаҷми интиқоли ангур ва меваҳои донакдор коҳиш ёфта, аз рӯи як қатор нишондиҳандаҳо, кишвар ба сафи таъминкунандагони асосии бозори Қазоқистон ворид нагардид.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон яке аз кишварҳои содиркунандаи мева ба бозори Қазоқистон боқӣ мемонад, аммо ҳаҷми содироти он нисбат ба нишодиҳандаҳои кишварҳо ҳамсоя пасттар аст. Дар ин бора дар маълумоти пойгоҳи LS барои моҳҳои январ-октябри соли 2025 хабар дода шудааст.

Мавқеи асосии содироти Тоҷикистон ба ин кишвар ҳамоно ангур мебошад.

Дар зарфи 10 моҳи соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 9,4 ҳазор тонна ангур ворид шудааст, ки 9,7% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли пешин (соли 2024) мебошад. Маблағи содироти ин мева ҳудуди 3 млн долларро ташкил додааст.

Камшавии ҳаҷми содирот, инчунин, дар гурӯҳи меваҳои донакдор низ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҷумла, аз Тоҷикистон ба бозори Қазоқистон 1,7 ҳазор тонна шафтолу, олу, гелос ва зардолу ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш 2,5 маротиба камтар аст. Маблағи ин миқдор меваи донакдори ба ин кишвар воридшуда тақрибан 795 ҳазор доллар арзёбӣ мегардад.

Ҳамзамон, аз рӯи як қатор категорияҳо Тоҷикистон ба сафи таъминкунандагони асосӣ шомил нашудааст. Масалан, Қазоқистон себро асосан аз Чин ва тарбузро аз Эрон ворид кардааст. Илова бар ин, меваҳо ба бозорои маҳаллӣ аз Чили ва Алҷазоир низ оварда шудаанд.

Дар маҷмуъ, дар соли 2025 аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан ангур ва меваҳои донакдор содирот шуда, аз рӯйи ҳарду мавқеъ, камшавии ҳаҷми интиқол мушоҳида шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.