Як муовини вазири корҳои дохилӣ ва сардорони чанд шӯъбаи ВКД дар шаҳру навоҳӣ нав шуданд. Онҳо кистанд?

0

Дирӯз, 9-уми январ бо қарори ҳукумат як муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба нафақа гусел карда шуда, ба ҷои ӯ нафари нав таъин шуд. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сардорони чанд раёсати дастгоҳи ВКД ва шӯъбаҳои ин ниҳод дар бархе аз шаҳру навоҳӣ нав шуданд.

Аз ҷумла бо қарори ҳукумат, полковники милитсия, Баҳодур Холиқзода муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон таъин гардида, дар ин вазифа Акбар Насимзодаро иваз кард. Сабаби аз вазифа озод шудани Акбар Насимзода “ба нафақа баромадан”-и ӯ гуфта мешавад.

Баҳодур Холиқзода то кунун сардори милитсияи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб буд.

Сомонаи ВКД хабар медиҳад, ки ба ҷои Холиқзода, полковники милитсия, Субҳон Мирализода сардори пулиси ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва ҳамчунин, муовини сардори РВКД дар Хатлон таъин шудааст. Ӯ дар гузашта сардори ШВКД дар Ворух ва пештар дар шаҳри Кӯлоб будааст.

Ҳамчунин, генерал-майори милитсия Ҷамшед Машрабзода роҳбари Дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ таъин гардид. Ӯ 48-сола буда, то дирӯз сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД буд. Вай дар гузашта низ солҳои 2017-2019 роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ ва пештар аз он директори Бюрои миллии марказии “Интерпол”-и ин ниҳод будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамшед Машрабзода

 

Полковники милитсия, Фирӯз Одиназода ба ҷойи Машрабзода сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД шуд. Ӯ аз моҳи апрели соли 2025 сардори Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат таъин буд.

Ҳамчунин, полковники милитсия Абдуҷаббор Сатторзода ба курсии сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД такя задааст.

Полковники милитсия Бахтиёр Вайсзода сардори нави воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр таъин шуд. Ӯ то ин замон муовини якуми сардори Раёсати давлатии бозрасии автомобилии ВКД буд. Қаблан, Рустам  Мирзомуродзода сардори ин воҳиди махсуси ВКД буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бахтиёр Вайсзода

 

Ҳамчунин, полковники милитсия Авазхон Қурбонзода сардори Муассисаи нақлиётии ВКД шудааст. Маълум нест, ки ӯ қаблан дар кадом вазифа буд. Қаблан, роҳбари Муасиссаи найқлиётии ВКД Раҳмонзода Саиднахш буд.

Ҳамчунин, полковники милитсия Азам Толеҳзода ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин гардид. Ӯ пештар аз ин муовини сардори Раёсати корҳои дохилии ВМКБ буд. Қаблан, генерал-майори милитсия Сафиало Азизуло ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД буд.

Подполковники милитсия Тоҷиддин Нуриддинзода бошад ба курсии сардори Бюрои миллии марказии “Интерпол” ВКД нишаст. Маълум нест, ки ӯ пештар чӣ вазифа дошт. То ин вақт Камол Содиқзода сардори Бюрои миллии марказии "Интерпол" буд. Маълум нест, ки ӯ ба чӣ вазифа таъин шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Боз киҳо чӣ вазифа гирифтанд?

Ҳамчунин, сардорони раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар бархе шаҳру навоҳии кишвар низ нав шуданд:

– генерал-майори милитсия Алимардон Маҳмадзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ;

– полковники милитсия Тоҷиддин Саидзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб;

– полковники милитсия Баҳром Шарифзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Фархор;

– майори милитсия Фаридуни Маҳмад, сардори ШВКД дар ноҳияи Ховалинг;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– подполковники милитсия Саидҷаъфар Икромзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалик;

– подполковники милитсия Суҳроб Абдусамадзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ;

– подполковники милитсия Мансур Рамазонзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат;

– подполковники милитсия Абдукибор Абдураҳмонзода, сардори Шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ;

– полковники милитсия Муҳаммадлоиқ Раҷабзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Файзобод;

– полковники милитсия Хуршед Раҳмонзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ;

– подполковники милитсия Нурзод Давлатзода, сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур;

– полковники милитсия Раҳматулло Каримӣ, сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;

– полковники милитсия Шӯҳрат Анварзода, сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара;

– подполковники милитсия Исо Абдуллозода, сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара;

– подполковники милитсия Ҳабибулло Аминзода, сардори Шӯъбаи ВКД оид ба хизматрасонии деҳоти “Ворух”-и шаҳри Исфара;

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– подполковники милитсия Нурулло Сулаймонзода, сардори Шӯъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров;

– подполковники милитсия Авазхон Азиззода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи  Ҷаббор Расулов;

– подполковники милитсия Умед Солизода, сардори Шӯъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон;

– полковники милитсия Давлатшоҳ Тағойзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Зафаробод;

– подполковники милитсия Бахтиёр Абдуллозода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи  Ашт;

– подполковники милитсия Абдурауф Ғаффорзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи  Роштқалъаи ВМКБ;

– подполковники милитсия Ғолиб Пирмуҳаммадзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт дар нақлиёт;

– полковники милитсия Зафар Исмоилзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар хатти истгоҳи роҳи оҳани Раёсати ВКД дар нақлиёт;

– майори милитсия Ҷамшед  Ҳакимзода, сардори Шӯъбаи ВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғди Раёсати ВКД дар нақлиёт.

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, ҳамаи онҳое, ки ба ин вазифаҳо таъин шуданд, ба ҳузур пазируфт ва кард, ки “содиқонаю бенуқсон” хидмат карда, “дар ҳама маврид манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон, зарурати таҳкими амну суботи кишвар ва таъмини зиндагии орому осудаи аҳолӣ бояд дар мадди аввал гузошта шавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст

0

Пулиси Душанбе дар соли 2025 беш аз 160 касро барои “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” ҷарима ва ҳабси маъмурӣ кардаанд. Ҳамчунин, дар ин давра алайҳи 14 кас бо гумони такроран машғул шудан ба фолбинӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора пулиси пойтахт рӯзи 9-уми январ хабар дода, навиштааст, ки соли гузашта дар умум 163 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардида, нисбати онҳо бар асоси моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷарима то 15-шабонарӯз ҳабс татбиқ шудааст.

Ин ниҳод теъдоди мушаххаси нафарони ҷарима ва ҳабсшуда, ҳамчунин, миқдори ҷаримаву рӯзҳои ҳабси онҳоро зикр накардааст.

Танҳо гуфтааст, алайҳи 14 касе, ки такроран ба фолбинӣ машғул шуданд, бар асоси моддаи 240 иловаи 1-и КҶ парвандаи ҷиноӣ боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Назари онҳое, ки ҷазо гирифтаанд ва ҳамчунин мавқеи нафароне, ки алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, маълум нест.

Бояд гуфт, ки соли 2024 ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд. Парлумони кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард ва андозаи ҷарима аз 80 то 100 нишондиҳанда ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз таъин гардид. Пештар ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро ташкил мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 1,500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Баъди ин, ВКД хабар дод,к и  дар 6 моҳи соли гузашта қариб 500 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро дар тамоми кишвар ошкор кардаанд.

Ҳамчунин, минбаъд муштариёни фолбинҳо ҳам бар асоси моддаи 482 иловаи 1-и КҲМ ҷазо дода мешаванд. Ин моддаи қонунгузорӣ аз 3900 то 4680 (аз 50 то 60 нишондиҳанда) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Роботи одамсурат дар Тоҷикистон. Он метавонад ба тоҷикӣ ҳарф занад, кор ва рақс кунад

0

"Авротоҷ" аз аввалин роботи инсоннамо дар Тоҷикистон аст. Он мерақсад, суҳбат мекунад, корҳои хонаро анҷом медиҳад ва ҳатто метавонад барои шумо қаҳва омода кунад.

Дар дохили ин “паҳлавони оҳанин” муҳаррикҳои пуриқтидор бо имкони иҷрои 23 навъ ҳаракат ҷойгир аст.

Кӣ ва барои чӣ ин роботро ба Тоҷикистон овардааст? Ва ӯ боз чӣ корҳоеро анҷом дода метавонад?

Дар гузориши мо бинед.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 1

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми якуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чехов, романи “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Соли 2025 қурби сомонӣ нисбат ба доллару евро боло, вале дар муқобили рубл поин рафт

0

Соли 2025 қурби арзи миллии Тоҷикистон (сомонӣ) нисбат ба доллари амрикоӣ ва евро боло рафта, вале нисбат ба рубли Русия каме поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар давоми соли гузашта ба андозаи 15,4% – аз 10.9355 сомонӣ (барои 1 доллар) дар рӯзи 1-уми январи соли 2025 то 9.2470 сомонӣ дар ҳамин рӯзи соли равон боло рафт.

Қурби пули миллии Тоҷикистон нисбат ба евро дар ин давра ба миқдори 4,6% – аз 11.3828 сомонӣ (барои 1 евро) то 10.8578 сомонӣ мустаҳкам шуд.  

Қурби сомонӣ нисбат ба рубли Русия ба андозаи 2,5% – аз 0.1109 сомонӣ то 0.1137 сомонӣ (барои 1 рубл) поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 9 рӯзи моҳи январ қурби ин асъор каме тағйир ёфта, рӯзи 9 январ дар сатҳи зерин қарор гиифтанд:

– 1 доллар – 9.3086 сомонӣ;

– 1 евро – 10.8706 сомонӣ;

– 1 рубл – 0.1157 сомонӣ.

Тибқи санади “Самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон дар соли 2026 ва давраи миёнамуҳлат”, БМТ дар давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбиеро роҳандозӣ мекунад, ки ба реҷаи “қурби шинокунандаи танзимшаванда бидуни муайян ва эълони ҳудудҳои тағйири қурб” асос ёфтааст.

 “Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор ва шохис (индекс)-и самарнокии воқеии он бо мақсади пешгирии омилҳои берунаи манфӣ муқаррар карда мешавад”, – гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Мувофиқи реҷаи зикршуда, Бонки миллии Тоҷикистон танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат кунад.

Қурби расмии БМТ қурби табодули асъори хориҷӣ ба сомонӣ аст, ки барои ҳадафҳои расмӣ муқаррар карда мешавад ва қурби бозории харид/фурӯши бонкҳои тиҷоратӣ шуморида намешавад.

Он бо мақсадҳои зерин истифода мешавад:

– барои баҳисобгирии муҳосибӣ дар мақомоти давлатӣ ва дар корхонаҳо;

– барои ҳисоббаробарӣ кардан дар пардохти боҷҳои гумрукӣ;

– зимни муайян кардани арзиш бо асъори хориҷӣ ҳангоми ворид/содир намудани молу маҳсулот;

– дар ҳисоботи расмӣ ва омор;

– дар ҳисоббаробарӣ кардани андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки дар қонунгузорӣ марбут будани онҳо ба қурби расмӣ муайян карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?

0

Дар Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли равон таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои ҳамаи истеъмолгарони барқ, аз ҷумла аҳолӣ боло меравад. Аз ҷумла, арзиши истифодаи барқ барои аҳолӣ 17% қимат шуда, аз 35,36 дирами ҳозира ба 41,37 дирам барои 1 кВт/соат мерасад.

Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ҳамчунин, сар аз 1-уми феврал бори аввал барои пур кардани барқи  электромобилҳо таърифаҳои махсус муайян мешавад. Минбаъд барои пур кардани ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқи электромобилҳо нуқтаҳои пуркунандаи барқ 94,65 дирам пардохт мекунанд.

Ин миқдор маблағ барои нуқтаҳои барқпуркунии тиҷоратӣ ҳисоб шуда, дар он нақлиёти барқии мансуб ба ҳукумат, аз ҷумла автобусу тролейбусҳои барқӣ, ки моли ҳукумати шаҳру навоҳӣ бошад, инчунин барои "эҳтиёҷоти худи аҳолӣ" дохил намешавад.

Мақомот таъкид мекунанд, ки муайян кардани тарифи алоҳида барои нақлиёти барқӣ ба рушди инфрасохтори “сабз" ва танзими бозори нави хизматрасониҳо дар ин соҳа мусоидат хоҳад кард.

Ғайр аз ин, барои ширкати “Комбинати металлургии Тоҷикистон” акнун таърифаи ягона – барои ҳар 1 кВт/соат нерӯи барқ 24,30 дирам муқаррар шудааст. Қаблан нархи барқ барои ин корхона вобаста ба фасли сол (тобистон ва зимистон) тағйир меёфт, аммо ҳоло ин тафовут аз байн бардошта шуд.

Истеъмолгарони нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим мешаванд. Тибқи нархномаи нав онҳо аз 1-уми феврали соли 2026 барои 1 кВт/соат нерӯи барқ кӣ чӣ қадар маблағ месупораед, дар баргаҳои “Азия-Плюс” бубинед.

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












Ҳамзамон, аз 1-уми феврал таърифа барои истеҳсоли нерӯи барқ, ки аз ҷониби ҶСК “Барқи Тоҷик” ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” интиқол дода мешавад – барои 1 кВт/соат 24,77 дирам ва барои интиқоли нерӯи барқ аз ҷониби ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – барои 1 кВт/соат 4,55 дирам муайян шудааст.

Ин қарор “бо мақсади танзими фаъолияти инҳисороти табиӣ ва таъмини устувории низоми энергетикӣ” қабул шудааст.

Ҳамчунин, дар қарор зикр мешавад, ки агар оила дар як моҳ аз 10 ҳазор кВт/соат зиёд нерӯи барқ масраф кунад, маблағи зиёдатӣ на бо нархи маъмулии аҳолӣ, балки бо тарифи баланди саноатӣ – 94,65 дирам ҳисоб карда мешавад.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар маҷлиси ҳукумат супориш дода буд, ки тарифҳо (таърифаҳо)-и нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад.

Дар Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқ зиёд карда шуд. Он вақт ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам ба 35,36 дирам боло бурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.

Танҳо дар солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ кунад.

Боло бурдани таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки норасоии нерӯи барқ аз мушкилоти мубрами кишвар ба шумор меравад. Ҳар сол бо фарорасии сардиҳо дар навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, вале сокинон шикоят мекунанд, ки аз соатҳои расман муқарраргардида камтар барқ мегиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад. Соли 2007 маҳз дар ҳамин рӯз ин Агентӣ таъсис ёфтааст. Аз соли 2017 инҷониб 10 январ ҳамчун иди касбии кормандони ин идора таҷлил мешавад.

Соли 1935 – Дар Тоҷикистон ноҳияи Регар таъсис дода шуд. Ин ноҳия 7-уми феврали соли 1978 расман ба ноҳияи Турсунзода тағйири ном кард ва дертар мақоми шаҳрро гирифт.

Соли 1965 – Фабрикаи қаннодии “Ширин” дар Душанбе расман ифтитоҳ гардид.

Соли 2001 – Тоҷикистон бо Фонди Кувайт оид ба ҷудо намудани 16,25 миллион доллар қарз барои сохтмони шоҳроҳи “Шкев-Зиғар” созишнома ба имзо расонид.

Соли 2003 – Саидбек Чолов, ки муовини сардори Раёсати гумруки шаҳри Душанбе буд, бо қарори додгоҳ ба 6 соли зиндон маҳкум гардид. Тибқи иттилои манбаъҳо, парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ бар асоси иттиҳомоти марбут ба қонуншиканиҳои молиявӣ ва фасодкорӣ оғоз шуда буд.

Соли 2014 – Қисми аввали Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 50 мегаватт/соат ба истифода дода шуд.

Соли 2021 – Ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба Кодекси оила ҷиҳати маҳрум кардан аз ҳуқуқи волидайнӣ барои хушунати ҷинсӣ тағйирот ворид карда шавад.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1918 – Зодрӯзи Самариддин Саъдиев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самариддин Саъдиев

Самариддин Саъдиев яке аз чеҳраҳои мондагори санъати театру синамои тоҷик буда, бо иҷрои нақши мӯзадӯз дар филми бадеӣ-мазҳакавии “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.

Ӯ ҳанӯз дар 13-солагӣ вориди олами санъат шуд ва дар театри “Кӯккӯйлак”-и шаҳри Самарқанд ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард. Замони дар омӯзишгоҳи мусиқавии шаҳри Тошканд таҳсил карданаш низ дар театри “Малые формы” (“Нақшҳои хурд”)-и шаҳри Тошканд ҳунарнамоӣ мекард.

Ӯ соли 1936 бо даъвати Тоҷикистон ба Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ омад. Соли 1940 дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, ки нав ташкил гардид, ба фаъолият оғоз кард ва баъди ду сол ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон омад ва қариб 30 сол, то соли 1970 дар он ҳунарнамоӣ кардааст.

Номбурда муддате дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон низ кор кардааст.

Ҳамчунин дар як қатор филмҳои маъруфи тоҷикӣ – “Вақти зангирии писар расид”, “Қиссаҳои хурд дар бораи бачаҳое, ки…”, “Тӯфон дар водӣ”, “Бо завқ нигоҳ кун” нақш офаридааст.

Ӯ 29-уми майи соли 1983 дар синни 65-солагӣ даргузашт.

Соли 1930 – Мавлуди Нусратулло Абдулҳақов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нусратулло Абдулҳақов

Нусратулло Абдулҳақов, ки дар гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, фаъолияташро аз соҳаи маориф оғоз кардааст. Ӯ пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Институти давлатии педагогии Кӯлоб дар мактабҳои ноҳияи Балҷувон ба омӯзгорӣ пардохт.

Аз соли 1950 роҳи ӯ ба ҳизб боз шуд ва ӯ котиби якуми Комитети комсомолии ноҳияи Балҷувон таъин шуд. Баъдан, дар солҳои 1952–1953 ба ҳайси мудири шуъбаи Комитети Ҳизби коммунистии ҳамин ноҳия фаъолият кард. Солҳои минбаъда ӯ вазифаҳои масъули ҳизбиро дар ноҳияҳои Данғара ва Даштиҷум бар уҳда дошт.

Соли 1961 раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритуз ва сипас котиби якуми Комитети ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб буд.

Аз соли 1965 Нусратулло Абдулҳақов дар вазифаҳои котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, муовини раиси Шӯрои вазирон ва ҳамзамон раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ кор кардааст. Соли 1965-1972 роҳбари Комитети назорати халқии ҷумҳурӣ буд, ки яке аз сохторҳои муҳими назоратӣ ба шумор мерафт.

Қуллаи фаъолияти хизматии ӯ ба солҳои 1972-1980 аст, замоне ки Нусратулло Абдулҳақов вазифаи вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Номбурда соли 2004 дар синни 74 даргузашт.

Соли 1930 – Зодрӯзи Борис Наматиев, ҳунарпешаи театр, овозхон ва навозанда.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Борис Наматиев

Борис Наматиев, ҳунарманди маъруфи театри тоҷик ва овозхони “Шашмақом” аст. Ӯ аз зумраи шахсиятҳои намоёни яҳудиёни Бухорост, ки дар асри 20 дар пешбурди фарҳанги тоҷикӣ хидмати зиёд доштаанд.

Ӯ соли 1930 дар Бухоро ба дунё омада, ҳанӯз дар синни 14-солагӣ ба ҳунарнамоӣ дар театри тамошобини ҷавони Бухоро ба кор шурӯъ кард. Дар соли 1948, вақте ҳамагӣ 18 сол дошт, Наматиевро ба театри Лоҳутии шаҳри Душанбе даъват карданд. Ӯ ибтидо дар ин театр ҳамчун доирадаст кор мекард, вале як рӯз иттифоқан, вақте иҷрокунандаи нақши асосии намоишномаи “Шаби ҳафтум” (бар асоси қиссаҳои “Ҳазору як шаб”) бемор шуд, ин нақшро ба Наматиев супурданд. Ӯ ҳамин тавр ба ҳунарпешагӣ дар ин театр оғоз кард ва беш аз 40 сол, то соли 1992, замони ба Исроил кӯчиданаш аз саромадони театри академии Лоҳутӣ буд.

Борис Наматиев соли 1970 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва соли 1989 баъди намоишномаи “Шамшер ва сухан” унвони Ҳунарманди мардумии кишварро ба даст овард.

Ӯ ҳамчунин, аз хонандаҳои эътирофшудаи “Шашмақом” буд ва дар соли 1988 албоми таронаҳояшро бо номи “Зулфи парешон” ва дар соли 1990 албоми дувумашро нашр кард.

Наматиев моҳи январи соли 2016 дар Байтулмуқаддас дар синни 86 даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Исомиддин Салоҳиддинов, ходими давлатӣ, собиқ мушовири президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исомиддин Салоҳиддинов

Исомиддин Салоҳиддинов яке аз чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ барои муддате роҳбарии Анҷумани форсизабонони “Пайванд”-ро бар дӯш дошт ва дар ин мақом ба тақвияти равобити фарҳангиву идеологӣ миёни форсизабонон саҳм гузошт.

Пештар Исомиддин Салоҳиддинов тақрибан ду сол раиси шаҳри Панҷакент буд. Солҳои 1998-2001 ӯ ба ҳайси мушовири Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои равобит бо ҷомеаи байналмилалӣ фаъолият кардааст.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буда, муддате дар ҳамин донишгоҳ ба омӯзгорӣ низ машғул буд.

Дар давраи Шӯравӣ Исомиддин Салоҳиддинов вазифаи дабири Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти шаҳри Душанберо иҷро кардааст. Ҳамчунин соли 1995 узви парлумони Тоҷикистон интихоб шуда, муддате роҳбарии бахши сохтмони давлатиро низ ба уҳда дошт.

Салоҳиддинов 5-уми ноябри соли 2016 дар 67-солагӣ аз олам чашм баст.

Соли 1947 – Зодрӯзи Шодӣ Солеҳ, ҳунарпешаи шинохта, коргардон ва драматурги тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шодӣ Солеҳ

Ӯ хатмкардаи Донишкадаи театрии ба номи Луначарскийи Маскав буда, фаъолияти ҳунарии худро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз кард ва қариб 20 сол он ҷо фаъолият дошт. Соли 1988 директори Театри драмавии ба номи Лоҳутӣ таъин шуд, танҳо ду сол дар ин мансаб монд. Аз соли 1990 то ҳол дар Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳамчун ҳунарпеша, коргардон ва драматург фаъолият дорад.

Шодӣ Солещ бо иҷрои як қатор нақшҳо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома дар санъати театру синамои тоҷик худро муаррифӣ кардааст. Солеҳов дар филмҳои “Ҳафт домоди рабудашуда”, “Достони Сиёвуш”, “Ашк ва шамшер” нақш офарида, худ намоишномаҳои “Муҷассама”, “Ятимҳои бехона”-ро рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ махсусан дар жанри ҳаҷв ҳунари воло дошт ва дар садҳо намоишномаву саҳнаҳои ҳаҷвии телевизонӣ нақш бозидааст.

Ҳамчунин муаллифи 20 асари саҳнавӣ, 200 саҳначаи хурди ҳаҷвӣ ва беш аз 100 сенарияи телевизионию радиоӣ аст. 

Соли 1950 – Мавлуди Абдураҳмон Азимов, собиқ муовини сарвазири кишвар ва фармондеҳи собиқи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдураҳим Азимов

Абдураҳмон Азимов дар давоми фаъолияти худ дар қудрати низомӣ ёвари раиси Кумитаи амнияти миллӣ, раиси Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва солҳои 1996 – 1999 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Азимов инчунин вакили палатаи поёнии парлумон буд ва дар он Кумита оид ба мудофиа ва амниятро сарварӣ мекард.

Ӯ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Кӯлоб муддате муаллим ва сипас раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи ин донишгоҳ, сипас нозири Комитети Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб, корманди Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон ва ёвари сардори идораи Комитети амнияти миллӣ буд. Соли 1993 сардори идораи КАМ дар Хатлон ва соли 1996 Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1999 дар ин мансаб буд.

Ӯ 15-уми майи соли 2020 аз бемории дил дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Соли 1950 – Зодрӯзи Атобек Амирбеков, математик, муаллифи китобҳои илмию методӣ барои хонандагони мактаб.

Соли 1955 – Зодрӯзи Абдушукур Раҷабзод, донишноманавис.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдушукур Раҷабзод

Яке аз муаллифони “Энсиклопедияи милли тоҷик”. Ӯ яке аз қомуснигорони маъруфи кишвар буда. Махсусан дар илми тиб ва биология асарҳои зиёд таълиф намудааст.

Аз ҷумла дар табъу нашри китоби ҳаштҷилдаи “Энсиклопедияи Советии Тоҷик”, “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ва як қатор донишномаҳои дигари соҳавӣ низ саҳми арзанда дорад.

Соли 1958 – Мавлуди Рустам Аҳадов, коргардони филм, садобардор.

Соли 1958 – Зодрӯзи Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигор, муҳаққиқи таърихи журналистика.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қироншоҳ Шарифзода

Қироншоҳ Шарифзода рӯзноманигори маъруф, муҳаққиқи таърихи журналистика ва устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ фаъолияти касбии худро аз рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз намуда, солҳои зиёд дар нашрияи парлумонии “Садои мардум” ҳамчун шореҳ фаъолият дошт.

Қироншоҳ Шарифзода муаллифи 8 китоб ва тадқиқоти амиқ дар соҳаи таърихи журналистика, аз ҷумла рӯзномаи аввалини тоҷикӣ – “Бухорои шариф” мебошад. Ӯ устоди вораста ва шахсияти шариф дониста мешавад, ки дар тарбияи наслҳои нави рӯзноманигорон саҳми бузург гузоштааст.

Пиромуни зиндагӣ ва эҷодиёту фаъолияти ӯ дар маводи Инсони шарифу рӯзноманигори вораста. Қироншоҳ Шарифзода 66-сола шуд, ки соле пеш “Азия-Плюс” бахшида ба мавлудаш нашҳр карда буд, мутолиа кунед.

Соли 1961 – Зодрӯзи Давлатшоҳ Гулмамадзода, сафири ҳозираи Тоҷикистон дар Русия ва муовини пешини сарвазири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

Ӯ яке аз чеҳраҳои матраҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода солҳо ба дар  бахши заминсозии кишвар, аз ҷумла, раиси Кумитаи заминсозии кишвар (2001-2006), баъдтар директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди ҳукумати  Тоҷикистон (2006-2008), сонитар қариб 7 сол раиси вилояти Хатлон (2013-2019), ҳамчунин, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист (2019-2020) кор кардааст.

Аз соли 2020 то 2021 муовини сарвазири Тоҷикистон буд. Аз августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия мебошад.

Соли 1964 – Зодрӯзи Абдушариф Боқизода, донишманд ва ховаршиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдушариф Бақозода

Абдушариф Боқизода яке аз пажӯҳишгари улуми исломӣ буда, таърихи исломро омӯхта, асарҳои зиёде дар ин ришта таълиф кардааст. “Таърихи ислом”, “Имоми Аъзам бузургмарди таърихи башарият”, “Тафсири навини Қуръони карим” аз ин қабиланд.

Солҳои охири зиндагиаш ӯ дар Энсиклопедияи миллии тоҷик фаъолият мекард ва 27 сентябри соли 2024 дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1997 – Ашӯр Сафар, Шоири халқии Тоҷикистон дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ашӯр Сафар

Ӯ хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, пеш аз таҳсил дар донишгоҳ муддате омӯзгорӣ ва баъди хатми таҳсил дар шуъбаи маориф, рӯзномаи “Ҳақиқати Кӯлоб” кор карда, муддате директори Хонаи пешоҳангон, директори Бунгоҳи табиатшиносони ҷавони вилояти Кӯлоб буд.

Номбурда дар тамоми ин муддат аз фаъолияти омӯзгорӣ дур нашуда, ба толибилмон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфтааст.

Аввалин маҷмӯаи ашъори ӯ “Ибтидои роҳ” унвон дошта, сипас шеъру қиссаҳояш, ки ҷанбаи пурқуввати лирикиву иҷтимоӣ доштанд, дар маҷмӯаҳои “Илҳом”, “Хандаи гулҳо”, “Фарзанди аср” мунташир шуданд.

Хонандагони хурдсол шеъру афсона ва чистонҳои бисёри шоирро, ки дар китобҳои “Дастёри додо”, “Гулгардонӣ”, “Э мойнӣ, мойнӣ” гирд омадаанд, мутолиа ва ҳифз кардаанд.

Шеърҳои ҳаҷвии шоир аз намунаҳои беҳтарини ҳаҷвиёти адабиёти муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки маҷмӯаи дар “Гапи подор” нашр шудааст.

Ӯ 10-уми январи соли 1997 дар 68-солагӣ даргузашт.

Соли 2022 – Ҳокими Азиз, яке аз журналистони шинохтаи телевизион ва муаллифи барномаи машҳури "Суҳбати мардона" дар телевизон бар асари беморӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10 январи соли 1863 дар шаҳри Лондон, Британияи Кабир аввалин хати метро дар ҷаҳон ифтитоҳ шуд. 

Ин хатро ширкати "Metropolitan Railway" сохта буд ва он ҳамчун роҳи оҳани зеризаминӣ барои ҳамлу нақли мусофирон истифода мешуд. Аввалин хати метро Лондонро бо минтақаҳои дигар пайваст мекард ва имрӯз Лондон дорои яке аз васеътарин шабакаҳои метро дар ҷаҳон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аввалин метро дар Лондон

10 январи соли 1946 дар Лондон иҷлосияи якуми Ассамблеяи Генералии СММ оғоз ёфт. Ҷолиб ин аст, ки ин сана ба солгарди ташкил ёфтани Лигаи Миллатҳо — ҳаракати умумиҷаҳонии сулҳ ва ҳамкории байни халқҳо, ки 10 январи соли 1920 таъсис ёфта буд, рост меояд. Он аввалин ташкилоти байналхалқии сиёсӣ гардид. Ин ташкилот 18-уми апрели соли 1946 барҳам дода шуд  ва дороиҳо ва уҳдадориҳои он ба СММ интиқол дода шуд.

Имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи одамони вижа ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба шахсоне, ки тарзи тафаккури фарқкунанда ва хос доранд, бахшида шудааст. Онҳо ҳамеша қолаб ва меъёрҳоро рад карда, бо андешаҳои нав дар бораи дигаргун сохтани ҷаҳони мавҷуда фикр мекунанд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 5-10º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм,  дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, дар  доманакӯҳҳо 7+12º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат:  рӯзона дар водиҳо 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 16-18º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 8-13º сард, дар баъзе минтақаҳо то 19-21º сард, дар ғарби вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 50-52º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 12+14º гарм, шабона 2+4º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0+2º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 10 ба 11-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз НБО “Роғун” то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд

0

Соли 2025 барои Тоҷикистон соли тасмимгирӣ, ҷорӣ шудани қоидаҳои нав ва баъзе маҳдудиятҳо буд. Дар умум, масоили муҳоҷирату иқлим, таъминот бо барқ, муҳити шаҳр ва соҳаи маориф мубрам буданд.

Масоили муҳими дар сархати расонаҳо қарордоштаи соли 2025 дар Тоҷикистонро мо бо ёрии ҳуши маснӯӣ муайян кардем. Он мунтазам чӣ гуна инъикос шудани мавзӯъҳоро дар хабару гузоришҳо пайгирӣ карда, муайян кард, ки кадоме аз онҳо дар сомонаи мо "писандидатарин" ва "мавриди баҳсу баррасӣ" буд.

 

НБО "Роғун" – рамзи амният ва сарбории қарз

Соли 2025 Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” яке аз мавзуъҳое буд, ки бо ҳаҷми сармоягузорӣ ва баҳсу баррасиҳо, бахусус дар пасманзари маҳдудияти шадиди таъминоти аҳолӣ бо барқ, таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кард.

Лоиҳа аз чаҳорчӯби “сохтмони аср” берун рафта, ба ҷузъе аз сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва энергетикии кишвар табдил ёфт. 

Масъалаи калидӣ маблағгузории байнулмилалӣ бо шартҳо аст. Агентии Standard & Poor’s ошкоро ишора кард, ки сармоягузорони байнулмилалӣ ба маблағгузории ҳудуди 50% аз 6,4 млрд доллари зарурии боқимонда барои анҷоми сохтмон омодаанд, лекин танҳо бо шарти риояи талаботи марбут ба шаффофият, экология, бехатарии сарбанд ва модели устувори молиявӣ.

Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ, ки маблағгузорӣ ба лоиҳаро то 500 млн доллар афзуд, инчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки намояндагонашон соли 2025 аз нерӯгоҳи “Роғун” боздид карда, таваҷҷуҳашон ба лоиҳаро дар мазҳари ом изҳор доштанд, ба ин монанд мавқеъгирӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Майдони сохтмони НБО "Роғун"

 

Ҳамзамон сарбории зиёд ба буҷет боқӣ мемонад. Соли 2025 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ҳудуди 5 млрд сомонӣ ё худ қариб 10%-и ҳамаи хароҷоти давлатӣ равона шуда, иловатан маблағҳои Фонди муътадилсозӣ истифода шуданд. Дар ҳамин ҳол, арзиши лоиҳа зиёда аз 2 баробар – аз 3 млрд то 6,4 млрд доллар афзуд.

Боз як ҳушдори муҳим таъсиси “Фонди тақсими фоидаҳо” аз фурӯши барқи нерӯгоҳи “Роғун” шуд. Мақомот изҳор доштанд, ки қисме аз даромадҳои оянда ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва зерсохтор равона мешавад, ки ин як посух ба дархости иҷтимоӣ буд: чӣ гуна кишвар аз лоиҳаи бузургтарин бурд мекунад.

 

Ҳаво ва тӯфони гарду ғубор. Экология ба “мушкилоти маишӣ” табдил ёфт

Соли гузашта сифати ҳаво дар Тоҷикистон бешак, яке аз мавзӯъҳои сербаҳс шуд. Тӯфонҳои чангу ғубор, сатҳи баланди заррачаҳои РМ2.5 ва давраҳои зиёди фаромадани туман тавонистанд ба ҳаёти рӯмарраи мардум, бахусус дар Душанбе мустақиман таъсир расонанд.

Тибқи маълумоти мониторингҳои байнулмилалӣ, ҷамъшавии РМ2.5 дар пойтахт мунтазам аз меъёрҳои тавсияшудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чандин маротиба зиёд аст.

Давоми сол Душанбе дар сафи шаҳрҳое, ки ҳавояш олуда аст, қарор гирифт.

Бино ба арзёбии Бонҷи ҷаҳонӣ, барои ба таври назаррас беҳтар шудани ҳаво дар Душанбе ҳудуди 111 млн доллар сармоягузорӣ талаб мешавад. Ин маблағ барои таъмиру навсозии низоми гармидиҳӣ, коҳиши истифодаи сӯзишвории дурушт (сахт), рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва тавсеъаи низоми мониторинги сифати ҳаво зарур аст.

Манбаъҳои асосии ифлосшавӣ мисли пешина боқӣ мемонанд: чангу ғубор ва хоки заволёфта, гармидиҳӣ ба бахши хусусӣ бо сӯзишвории дурушт, энергетика ва нақлиёт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Душанбе, тирамоҳи соли 2024

 

Муҳоҷират. Қоидаҳои сангин

Ин сол барои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия боз ҳам душвортар шуд. Қариб ҳамаи тағйирот ба як чиз ҷамъбаст шуд: ҳуҷҷатҳо бояд пешакӣ ва дуруст тартиб дода шаванд, зеро бе ин кору зиндагӣ дар Русия ғайриимкон шуд.

Дар зер тағйироти соли 2025, ки воқеъан ба муҳоҷирони корӣ  аз Тоҷикистон таъсир расониданд:

Маҳдудияти муҳлати будубош. Аз 1-уми январи соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон на дертар аз 90 рӯз дар соли тақвимӣ метавонанд дар Русия ҳузур дошта бошанд. Реҷаи то ин замон амалкунандаи “90 рӯз дар ним сол” дигар амал намекунад ва зиёд шудани ин муҳлат риоя накардани қоидаҳои муҳоҷират шуморида мешавад.

Симои рақамӣ ва биометрия. Аз тобистони соли 2025 барои шахсоне, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, таҳияи симои рақамӣ оғоз шуд. Он аз огоҳиномаи онлайн дар бораи ҳадаф ва муҳлати сафар, ки зимни вуруд дода шуда, ба низоми рақамӣ тариқи замимаи RuID (Хадамоти давлатӣ) дохил мешаванд, иборат аст.

Огоҳиномаи онлайн ихтиёрӣ дониста шуда, худ ба худ барои рад кардани вуруд асос шуда наметавонад, лекин мақомот тавсия медиҳанд, ки аз вуруд пешакӣ огоҳ карда шавад, вагарна хавфи санҷишҳои иловагӣ ва мушкилот дар сарҳад зиёд мешавад. Профили рақамӣ ба мақомот ҷиҳати пайгирии роҳи муҳоҷирати шахс – аз вуруд то будубош ва кор имкон медиҳад.

Рӯйхати шахсони таҳти назорат ва ихроҷ бидуни қарори додгоҳ. Мақомоти ҳуқуқ пайдо карданд, ки муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кунанд. Шахсонеро, ки қоидаро риоя намекунанд, ба рӯйхати махсуси манъи кор, бақайдгирӣ, анҷоми муомилот ва ҳатто ақди никоҳ бастан шомил мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

 

Болоравии нархнома ва ҷаримаҳо. Акнун қариб ҳама гуна амал бо ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст: патент, тамдиди муҳлат, бақайдгирӣ. Ҷаримаҳо барои қоидавайронкуниҳо боло рафта, риоя накардани ҳама гуна қоидаҳои муҳоҷират бештар бо ихроҷ хотима меёбанд.

 

Ноустувории энергетикӣ. "Лимит"-и интиқоли барқ

Қариб дар ҳар як давраи тирамоҳу зимистон масъалаи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон дар сархати хабарҳо қарор мегирад. Ин аллакай ба мушкили музмин табдил ёфтааст.

Сабаби ин ҳолат дар вобастагии зиёди низоми энергетикӣ ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва сатҳи об дар дарёҳо ифода меёбад. Дар давраҳои хушки тирамоҳ резиши об ба нерӯгоҳи “Норак” кам шуда, истеҳсоли барқро маҳдуд месозад ва ба реҷаи маҳдуди интиқоли барқ барои истифода оварда мерасонад.

Ноустувории энергетикӣ мустақиман ба фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҳаёти рӯзмарраи оилаҳо таъсир мерасонад.

Мақомот камбуди барқро ба тағйирёбии сатҳи об дар обанборҳо ва афзоиши истифодаи дохилӣ нисбат медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, содироти барқ ба хориҷи кишвар идома дошта, шиддати вазъият дар ҷомеаро тақвият медиҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки соли 2027 аз ҳисоби ба истифода додани иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун”, “мушкили барқ дар кишвар ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад”.

 

Саноат ва “монеаҳо”-и рушд

Имсол талабот ба рушди иқтисод бахусус назаррас буда, дар пасманзари ин мухтасар 5 монеъаи доимии саноатро ошкор месозем: кадомашро метавон зуд ҳал кард ва кадомашро танҳо ба воситаи ислоҳот.

Яке аз монеъаҳои калидӣ арзиши аслии баланди маҳсулот бар асари ашёи хоми гарон ва хароҷот ба барқ мебошад. Мушкили таъминот бо барқ ва интиқоли ноустувори он низ душвориҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд. Ин мушкилро метавон дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба воситаи баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмиру навсозии зерсохтор ҳаллу фасл кард.

Монеъаи дигари муҳим норасии кадрҳои ҳирфаӣ ва технологияҳои муосир аст, ки талошҳои дарозмуҳлатро тақозо мекунад. Ҳалли ин мушкил бидуни ислоҳот дар соҳаи маориф ва ҷорисозии технологияҳои нав дар истеҳсолот ғайриимкон аст.

Ҳамчунин зерсохтори заъиф низ монеъаи ҷиддӣ маҳсуб меёбад, бахусус дар минтақаҳои дурдаст. Ин логистика ва дастрасӣ ба захираҳои заруриро душвор месозад. Сохтмони иншооти нав маблағгузории назаррасро тақозо мекунад, лекин натиҷа дарозмуҳлат хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, сатҳи пасти коркарди ашёи хом дар кишвар низ имконоти рушдро маҳдуд месозад. Инро метавон аз ҳисоби ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав беҳтар кард.

 

Соли кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсол, аммо мушкил

Дар паcманзари болоравии нарху даромадҳо, мардум ҳамчунин ба ҳосили зироат, содирот, дурнамо ва хавфҳои минбаъда низ таваҷҷуҳ доранд.

Соли 2025 барои соҳаи кишоварзӣ соли рекордҳо буд. Кишвар дар истеҳсоли сабзавоту мева, аз ҷумла ангуру себ ва зардолу ба натиҷаҳои муассир ноил шуд. Ин ба афзоиши назарраси содирот боис шуда, дар нимсолаи аввал бо афзоиши содирот ба андозаи 17,5% ҳудуди 34 млн доллар даромад ба даст оварда шуд.

Сарфи назар аз чунин дастовардҳо, дар бахши кишоварзӣ масоили ҷиддии ҳалталаб боқӣ монда, Тоҷикистон бо мушкилоте дучор аст, ки метавонанд барои рушди минбаъда монъа эҷод созанд.

Мушкилоти асосӣ дар логистика, захираву нигаҳдории маҳсулот ва роҳ ёфтан ба бозорҳои нав аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамъоварии ангур дар Тоҷикистон

 

Ҳамчунин дар Тоҷикистон коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба таври кофӣ роҳандозӣ нашуда, ҷумҳурӣ ба мушкилоти зерсохтори нақлиётӣ рӯбарӯст, ки имконот барои афзоиши содиротро маҳдуд месозад.

Масъалаи вобастагии хеле зиёд ба воридот ва мавҷуд набудани марказҳои муосири логистикӣ ҳаллу фасл тақозо мекунанд.

Дар шароити тағйироти глобалӣ дар иқтисод ва иқлим, яқинан маълум мешавад, ки барои рушди устувор сармоягузорӣ ба коркард, беҳбуди иншооти зерсохтор ва бунёди занҷираҳои самараноки логистикӣ зарур аст.

 

“Соли гармшавӣ”. Дарк ва эҳсоси тағйирёбии иқлим чун меъёри нав

Соли 2025 гармтарин сол дар таърих шуда, таваҷҷуҳро ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ҷалб кард. Таъсири гармои шадид ба бахши кишоварзӣ, солимии одамон ва зерсохтор оғоз шуда, дарки ба меъёри нав табдил ёфтани тағйирот дар иқлимро тақвият дод.

Бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба обёрӣ вобаста буда, вазъи марбут ба захираҳои об сол то сол бад мешавад. Ҳаҷми пиряхҳо, ки маъмулан кишварро бо об таъмин мекунанд, бар асари болоравии ҳарорат кам мешавад. Соли 2025 вазъияти пиряхҳо, аз ҷумла Деҳдал бад шуда, хавфи амнияти ғизоиро зиёд кард. Гармӣ инчунин ба солимии одамон таъсир мерасонад.

Бемориҳо аз ҳавои гарм, нуқсонҳои дилу рагҳо ва бадшавии вазъияти рӯҳӣ торафт маъмул мешаванд. Ин бахусус ҳаёти касонеро, ки дар ҳавои кушод кор мекунанд, мушкил месозад. Низоми тандурустӣ сарбории навро эҳсос намуда, хароҷот барои табобатро зиёд мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тағйироти иқлим ба иншооти зерсохтор таъсир мерасонад. Хушксолӣ ва гармиҳои шадид роҳу пулҳоро тахриб карда, вазъи таъминот бо барқро бад мекунанд. Ин дар навбати худ ба болоравии арзиши ҳаёт ва душвор шудани кори иқтисод оварда мерасонад.

Барои мутобиқат Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро зарур аст, ки ба обёрӣ, таъмиру навсозии зерсохтор ва ҳифз аз хавфҳои иқлимӣ маблағгузорӣ кунанд. Бидуни ин кор оқибатҳои гармшавии иқлим боз ҳам амиқтар шуда, метавонанд ба зиёни зиёд дар низоми экологӣ ва иқтисодӣ боис шаванд.

 

Иқлим ва пиряхҳо. Душанбе ба сифати майдони дипломатияи иқлим

Соли 2025 мавзӯи иқлим ва пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сатҳи байнулмилалӣ баромад. Душанбе ба майдони якумин Конфронси байнулмилии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил ёфт. Дар кори он намояндагони даҳҳо кишвар, созмонҳои байнулмилалӣ ва олимон ширкат варзиданд. Иқлим аз мушкили тахайюлӣ ба масоили сиёсату иқтисод ва амният дар соҳаи об табдил ёфт.

Баҳона барои чунин таваҷҷуҳ муҳим буд: тайи даҳсолаи ахир Тоҷикистн қисми зиёди пиряхҳои худро аз даст дод. Тибқи арзёбии мутахассисон, тайи 50-60 соли ахир сеяки майдони онҳо коҳиш ёфт. Ин мустақиман ба дарёҳо, бахши энергетика, кишоварзӣ ва дастрасӣ ба об на танҳо дар дохили кишвар, балки саросари минтақа таъсир мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қуллаҳои Помир

Натиҷаи калидии конфронс дар Душанбе қабули Эъломияи Душанбе шуд, ки дар он кишварҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, табодули маълумот ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин, таъсиси Фонди байнулмилалӣ эълон шуд, ки бояд ба таҳқиқоти илмӣ, мониторинг ва тадбирҳои амалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маблағгузорӣ кунад.

Чунин тадбирҳо ба тақвияти таваҷҷуҳи ҷомеаи байнулмилалӣ ба нақши Тоҷикистон ба сифати яке аз манбаъҳои калидии захираҳои об дар минтақа мусоидат карданд.

 

Рақамисозии молия ва технологияҳои молиявӣ: рақобати бонкҳо

Дар соли 2025 ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ба як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарра дар Тоҷикистон табдил ёфта, одатҳои одамон ва тарзи кор бо амалиёти молиявиро ба таври назаррас тағйир доданд.

Бонк ва ширкатҳои технологияҳои молиявӣ фаъолона хадамоти қулайи онлайнро ҷорӣ месозанд.

Ҷорисозии технологияҳо, аз ҷумла худкор гардонидан ва ҳуши маснӯӣ ба бонкҳо ҷиҳати зудтар пешниҳод намудани хидматрасониҳо ва босифат кардани онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин сатҳи баланди бехатарии чунин амалиёт омили муҳим аст, ки ба туфайли низомҳои муосири ҳифзи маълумот кафолат дода мешавад.

Замимаҳои мобилӣ барои амалиёти молиявӣ натанҳо барои пардохтҳои ҳамарӯза, балки барои интиқолҳои байнулмилалӣ низ қулай мешаванд, ки акнун онҳоро метавон бо пахши чанд тугма анҷом дод. Ин дастрасӣ ба хадамоти молиявиро барои теъдоди зиёди одамон сарфи назар аз макони ҷойгишавии онҳо ва вақт, беҳтар месозад.

Дар натиҷа ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ дар соли 2025 соҳаи молия ба таври назаррас дигаргун ва барои ҳама бештар дастрасу қулай ва бехатар шуд. 

 

Душанбе. Танбашавӣ, тарҳрезӣ ва сифати ҳаёти шаҳрнишинон

Соли 2025 ҳолатҳои танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе яке аз мавзӯъҳое буданд, ки миёни сокинон зиёд баррасӣ мешуданд. Аз ҷойе ба ҷойе рафтан агар пештар 20-30 дақиқа вақтро мегирифт, акнун як соат ё зиёда аз он тӯл мекашад. Васеъ кардани кӯчаҳо ва сохтмони чорраҳа ва роҳҳои ҳамшафат ҳоло натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

Афзоиши шумори мошинҳои шахсӣ дар пойтахт идома дошта, ҳамзамон нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳоли рушд нест. Автобусҳо дар ҳамон ҳолатҳои танбашавӣ дармонда, мардум бештар нақлиёти шахсӣ мегиранд, ки ин дар навбати худ, сарборӣ ба роҳҳоро зиёд мекунад.

Вазъиятро сохтмони зичи биноҳо боз ҳам душвортар месозад. Нисбат ба роҳу таваққуфгоҳ ва иншооти зерсохтори иҷтимоӣ, маҷмааҳои нави истиқоматӣ тезтар қомат меафрозанд. Ин ба зиёд шудани шумори автомобилҳо ва сарбории бе ин ҳам зиёд дар роҳҳо боис мегардад.

Давоми сол мутахассисон роҳу воситаҳои имконпазири ҳалли мушкилро баррасӣ карданд, аз ҷумла харитасозии рақамии роҳҳо, истифодаи технологияҳои идоракунии ҳаракат ва афзоиши таваққуфгоҳҳои пулакӣ, инчунин насби чароғакҳои ҳушманд, хатҳои ҷудогардида барои нақлиёти ҷамъиятӣ, таваққуфгоҳҳои бисёрқабата ва бозбинии шабакаи хатсайрҳо барои алоқаи мустақим байни ноҳияҳо.

 

Маориф. Ислоҳот, мамнуият ва мубориза барои сифат

Яке аз тағйироти назаррас дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2025 гузаштан ба баҳогузории 10-баллӣ мебошад.

Дар Вазорати маориф шарҳ доданд, ки тариқи низоми дақиқ муайян кардани дониши хонанда ва ба таҷрибаи байнулмилалӣ мувофиқ шудани сатҳи дониш муносибтар аст.

Дар давоми сол баррасии масъалаи гузаштан ба таълими 12-сола баррасӣ шуд, ки анҷоми он дар соли хониши 2029-2030 ба нақша гирифта шудааст. Мушкили асосӣ мисли пешин ба омодагии мактабҳо, аз ҷумла норасоии омӯзгорон, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муосир барои модели нави таълим вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мактабхонҳои Душанбе, акс аз бойгонӣ

 

Ҳамчунин қарорҳое мавриди баррасӣ қарор доштанд, ки мустақиман ба сифати таълим вобаста нестанд, лекин ба ҳаёти мактаб таъсир мерасонанд. Ин ҷо сари манъи истифодаи смартфон дар мактабҳо ва маҳдудияти бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён, ки барои риоя нашудани онҳо чораҳои шадид пешбинӣ шудааст, сухан меравад.

Мушкилиҳо зимни қабули кӯдакон ба синфи якум, бахусус кӯдакони дорои талаботи махсус ба таълим мавзӯи ҷудогона боқӣ мемонад. Волидон дар бораи зарурати рушди таълими фарогир (инклюзивӣ), инчунин норасоии дастгирӣ ва шароитҳо барои мутобиқати чунин хонандагон дар мактабҳои маъмулӣ изҳори назар карданд.

 

Қаллобӣ ва хатарҳои рақамӣ: аз кормандони “сохта” то ахбори бардурӯғ

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет идома дошта, соли 2025 роҳу воситаҳои нави фиреб пайдо шуданд.

Яке аз усулҳои маъмул худро корманди ширкатҳо, масалан операторони мобилӣ муаррифӣ кардан мебошад. Қаллобон гузаштан ба суроғаҳо ва ворид намудани рамзҳои тасдиқро дархост мекунанд, ки метавонад ба дуздии маълумот боис гардад. Дар хотир доштан муҳим аст, ки ширкатҳои расмӣ тариқи телефон пешниҳоди чунин маълумотро дархост намекунанд.

Боз як методи дигар пешбурди лоиҳаҳои сармоягузории қалбакӣ аст, ки дар онҳо хеле зиёд дарёфт кардани пул ваъда дода мешавад. Қаллобон дар аввал аз маблағҳои начандон зиёд оғоз намуда, сипас ҳарчи бештар пул талаб мекунанд ва баъдан нопадид мегарданд.

Паҳн кардани ахбори бардурӯғ (фейкҳо) низ ба хатари ҷиддӣ табдил ёфт. Қаллобон саҳифаҳои сохтаи тамғаҳо (брендҳо)-ро таҳия намуда, тахфифҳои қалбакӣ ва бозиҳои бурднок роҳандозӣ мекунанд, то ки маълумоти шахсӣ ҷамъ оваранд.  

Ахбори бардурӯғи амиқ ё худ дипфейк дар ҳолатҳои қаллобӣ нақши бузург мебозанд. Қаллобон метавонанд видеои шахсони маъруфро иваз намуда, доир ба роҳу воситаҳои фоидаовар ахбори бардӯрӯғ таҳия кунанд. Шинохтани ин наворҳо душвор буда, хавфи фиребро бештар мекунад.

Бинобар сабаби хеле зуд афзоиш ёфтани хавфҳои рақамӣ, болоравии таваҷҷуҳ ба амният ва зиёд шудани ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет, инро метавон ба қатори тамоюлҳои  асосии соли 2025 мансуб донист.

 

Чӣ натиҷа ҳосил шуд?

Инак, 3 тамоюли аз ҷониби ҳуши маснӯӣ интихобшуда аз 12 тамоюл ба масоили иқлим ва экология дахл доранд, яъне ин ҳамон мушкилест, ки мақомот дар оянда ба онҳо бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Ҳамчунин масъалаи амнияти энергетикӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо гармӣ ва барқ рӯзмарра боқӣ мемонад.

Технологияҳои рақамӣ ва ҳамроҳи онҳо хавфу таҳдидҳои марбут ба онҳо ба зинаҳои аввал мебароянд.

Мавзӯи муҳоҷират ин аллакай тамоюли як даҳсола набуда, ин ба сифати таълим низ дахл дорад.

Лекин тамоюли шаҳршавии пойтахт падидаи каме нав аст ва шаҳрвандонро ҳарчи бештар мушкили тарҳрезии сохтмони шаҳр ба ташвиш меорад. Таваҷҷуҳ ба ин масъала низ муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА фармонеро имзо кард, ки тибқи он кишвараш узвияти худро дар 66 созмон ва созишномаи байналмилалӣ қатъ мекунад. Ин рӯйхат 31 сохтори СММ ва 35 созмони дигари ҷаҳониро дар бар мегирад.

 

Нуктаҳои асосии фармон

Кохи сафед матни ин фармонро рӯзи 7-уми январ нашр кард. Дар он омадааст, ки ин ташаббус дар пайи машваратҳо бо Котиби давлатӣ ва аъзои ҳукумат дар идомаи сиёсати моҳи феврали соли 2025 қабул шудааст.

Доналд Трамп гуфтааст, ки узвият дар ин созмонҳо “бар хилофи манфиатҳои Иёлоти Муттаҳида” мебошад.

“Дар асоси ваколатҳое, ки тибқи сарқонун ва қонунҳои Амрико ба ман ҳамчун раисҷумҳур дода шудаанд, ман ба ҳамаи департаментҳо ва идораҳои иҷроия дастур медиҳам, ки фавран ҷиҳати амалӣ кардани хуруҷи ИМА аз созмонҳои дар фасли 2-юми ин фармон зикршуда дар фурсати кӯтоҳтарин чораҳо андешанд. Нисбат ба сохторҳои СММ, хуруҷ маънои қатъи иштирок ё қатъи маблағгузории ин сохторҳоро дар доираи муқаррарнамудаи қонун дорад”, – омадааст дар матни фармони Трамп.

Аммо вокуниши расмии Конгресси Амрико ба ин фармон ҳанӯз маълум нест. Конгресс ҳуқуқи тасвиби буҷет ва маблағгузорӣ ба созмонҳои байналмилалиро дорад ва метавонад тавассути қонунгузорӣ ба қарорҳои президент таъсир расонад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк

Дар ҳамин ҳол, дар фармони Трамп номи чандин созмону комиссиюни муҳими байналмилалӣ зикр шудааст, ки Амрико аз онҳо хориҷ мешавад. Яке аз онҳо Комиссиюни Венетсиягии Шӯрои Аврупо мебошад – сохторе, ки меъёрҳои конститутсионӣ ва волоияти қонунро муайян мекунад.

Дар соҳаи ҳуқуқи башар Амрико аз чанд сохтори муҳим, аз ҷумла Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, Конвенсияи СММ бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва Комиссияи байналмилалии ҳуқуқ берун меояд.

Амрико инчунин аз Эъломияи СММ оид ба тағйироти иқлим берун меояд. Вашингтон танҳо кишваре дар ҷаҳон аст, ки расман аз ин санади калидӣ канора гирифт. Ҳамчунин ИМА аз Агентии байналмилалии энержӣ ва Иттиҳоди байналмилалӣ барои ҳифзи табиат хориҷ мешавад.

Дар умум, Амрико аз даҳҳо созмону конвенсияву эътилофҳо дар самти иқтисод, савдо ва рушд, ҳуқуқ, демократия ва идоракунӣ, энергетика ва технология, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва баробарии ҷинсӣ, амният ва сулҳ берун мешавад. Рӯйхати ҳамаи онҳоро дар ҷадвали зерини “Азия-Плюс” бубинед.

 

МЕДИА (IFRAME)

 

Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”

Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ рӯзи панҷшанбе аз ин қарори Трамп “изҳори таассуф” карда, ҳамзамон таъкид доштааст, ки ин ниҳод ба иҷрои ҳамаи вазифаҳои худ идома медиҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Антониу Гутерриш

Стефан Дужаррик, сухангӯи СММ, ба “Reuters” гуфтааст, ки ин созмон “аз маъмурияти Трамп ягон огоҳиномаи расмӣ нагирифтааст”. Вай таъкид кардааст, ИМА баъзе созмонҳои шартномавӣ мехоҳад хориҷ шавад, ки барои ин кор огоҳии расмӣ лозиманд.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла муовини раиси Комиссияи Аврупо Тереза Рибера ва комиссари иқлим Вопке Хукстра, ин тасмими ИМА-ро маҳкум карда, “изҳори нодида гирифтани муҳит, саломатӣ ва дардҳои мардум” номида, ҳамзамон гуфтаанд, ки “Амрико аз ин тасмимаш пушаймон мешавад”.

Конгресси Амрико расман дар бораи ин фармони Трамп вокуниш накардааст, вале вакилони Маҷлисаи намояндагон ҷудогона ин тасмими раисҷумҳурро танқид мекунанд. Аз ҷумла, Ҷегри Микс, раиси Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси намояндагон, онро “ҳадя ба душманон” номидааст.

“Фармони раисҷумҳур идомаи ҳуҷуми ӯ ба низоми бисёрҷониба ва ба қоидаҳо асосёфта мебошад, ки ИМА дар сохтори он кӯмак карда буд ва худаш ҳам аз он суд мегирифт. Ин хуруҷи якҷониба ба рақибони мо қудрат мебахшад ва Иёлоти Муттаҳидаро аз ҳаққи овоз дар дохили ин ниҳодҳо маҳрум сохта, тавоноии моро маҳдуд месозад”, – гуфтааст Микс.

Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп пештар низ маблағгузорӣ ба бахшҳои гуногуни СММ-ро қатъ карда, худи созмонро шадидан интиқод карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд

0

Дар соли 2024-ум 154 хоҷагӣ ва 2025-ум 174 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Камолзода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” иттилоъ додаааст.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 12-тои он офати табиӣ мебошад. Ҳаҷми умумии зарари расонидаи ин ҳодисаҳо беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.

“Дар Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад. Дар байни онҳо заминларза аз ҷиҳати ҳаҷми зарар хатарноктарин арзёбӣ мегардад”, – гуфтааст Ҷамшед Камолзода.

Ба гуфтаи номбурда, чунин офатҳо бештар дар минтақаҳои кӯҳӣ — ВМКБ, ноҳияҳои минтақаи Рашт, водии Зарафшон ва шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд мушоҳида мешаванд.

Ба қавли ӯ, соли 2025 барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда беш аз 28 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин пул маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида шуда, ба беш аз 20 шаҳру ноҳияи осебпазир бурда шудаанд.

Соли 2024 КҲФ хабар дода буд, ки дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.