Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд

Дар соли 2024-ум 154 хоҷагӣ ва 2025-ум 174 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Камолзода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” иттилоъ додаааст. Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 12-тои он офати табиӣ […]

Asia-Plus

Дар соли 2024-ум 154 хоҷагӣ ва 2025-ум 174 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд. Дар ин бора Ҷамшед Камолзода, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” иттилоъ додаааст.

Ӯ ҳамчунин, гуфтааст, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 287 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 12-тои он офати табиӣ мебошад. Ҳаҷми умумии зарари расонидаи ин ҳодисаҳо беш аз 20 миллион сомониро ташкил додааст.

“Дар Тоҷикистон бештар офатҳои табиии сел, заминларза ва тармафароӣ ба қайд гирифта мешаванд. Хисороти асосии молию ҷонӣ низ маҳз аз ҳамин навъи офатҳо ба иқтисоди миллӣ ва амнияти аҳолӣ мерасад. Дар байни онҳо заминларза аз ҷиҳати ҳаҷми зарар хатарноктарин арзёбӣ мегардад”, – гуфтааст Ҷамшед Камолзода.

Ба гуфтаи номбурда, чунин офатҳо бештар дар минтақаҳои кӯҳӣ — ВМКБ, ноҳияҳои минтақаи Рашт, водии Зарафшон ва шаҳру ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд мушоҳида мешаванд.

Ба қавли ӯ, соли 2025 барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва дигар тадбирҳои пешгирикунанда беш аз 28 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин пул маводи сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харида шуда, ба беш аз 20 шаҳру ноҳияи осебпазир бурда шудаанд.

Соли 2024 КҲФ хабар дода буд, ки дар қаламрави кишвар 1209 минтақаи хавфнок ба қайд гирифта шуда, аҳолӣ аз ин ҷойҳо тадриҷан кӯчонида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.