Пулиси Душанбе соли гузашта беш аз 160 фолбину сеҳргарро ҷарима ва ҳабс кардааст

Пулиси Душанбе дар соли 2025 беш аз 160 касро барои “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” ҷарима ва ҳабси маъмурӣ кардаанд. Ҳамчунин, дар ин давра алайҳи 14 кас бо гумони такроран машғул шудан ба фолбинӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора пулиси пойтахт рӯзи 9-уми январ хабар дода, навиштааст, ки соли гузашта дар умум […]

Asia-Plus

Пулиси Душанбе дар соли 2025 беш аз 160 касро барои “машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ” ҷарима ва ҳабси маъмурӣ кардаанд. Ҳамчунин, дар ин давра алайҳи 14 кас бо гумони такроран машғул шудан ба фолбинӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ин бора пулиси пойтахт рӯзи 9-уми январ хабар дода, навиштааст, ки соли гузашта дар умум 163 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардида, нисбати онҳо бар асоси моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷарима то 15-шабонарӯз ҳабс татбиқ шудааст.

Ин ниҳод теъдоди мушаххаси нафарони ҷарима ва ҳабсшуда, ҳамчунин, миқдори ҷаримаву рӯзҳои ҳабси онҳоро зикр накардааст.

Танҳо гуфтааст, алайҳи 14 касе, ки такроран ба фолбинӣ машғул шуданд, бар асоси моддаи 240 иловаи 1-и КҶ парвандаи ҷиноӣ боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 2 сол зиндон пешбинӣ мекунад.

Назари онҳое, ки ҷазо гирифтаанд ва ҳамчунин мавқеи нафароне, ки алайҳашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, маълум нест.

Бояд гуфт, ки соли 2024 ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ сахттар шуд. Парлумони кишвар ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйирот ворид кард ва андозаи ҷарима аз 80 то 100 нишондиҳанда ва ҳабси маъмурӣ аз 10 то 15 шабонарӯз таъин гардид. Пештар ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳандаро ташкил мекард.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироте, ки ба моддаи 240 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ (агар чунин кирдор давоми сол баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад) аз 1,500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё аз 1 то 2 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Баъди ин, ВКД хабар дод,к и  дар 6 моҳи соли гузашта қариб 500 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро дар тамоми кишвар ошкор кардаанд.

Ҳамчунин, минбаъд муштариёни фолбинҳо ҳам бар асоси моддаи 482 иловаи 1-и КҲМ ҷазо дода мешаванд. Ин моддаи қонунгузорӣ аз 3900 то 4680 (аз 50 то 60 нишондиҳанда) ҷарима пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.