Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад

0

Моҳи январи соли 2026 дар қисми зиёди қаламрави Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳона 1-2 дараҷа зиёдтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда, боришот баъзан поинтар аз меъёр пешгӯӣ шудааст. Дар ин бора Оҷонии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

 

Вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Дар водиҳо ҳарорати миёна, 4-5 дараҷа гарм ва дар доманакӯҳҳо 1-2 дараҷа гарм пешбинӣ мешавад.

Шабона ҳарорат аз 5 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм тағйир ёфта, рӯзона аз 3 дараҷа то 12 дараҷа гарм мешавад.

Аз 5 то 14-уми январ акасаран ҳавои хушк пешгӯӣ мешавад. Дар нимаи дуюми моҳ боридани борону барф ва барфи тар аз эҳтимол дур нест. Рӯзҳои ҷудогона, фаромадани туман ва пурзӯр шудани суръати вазидани шамол то 15-20 м/сония пешбинӣ шудааст.

 

Вилояти Суғд

Ҳарорат дар ҳудуди меъёр ва баъзан зиёдтар аз меъёр пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо шабона ҳарорати аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 13 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ, шабона ҳарорат метавонад то 16 дараҷа хунук поин рафта, рӯзона аз 6 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм шавад.

Дар нимаи аввали моҳ эҳтимоли боришот кам буда, дар нимаи дуюми моҳ боридани борону барф ва дар кӯҳҳо акасран барф пешбинӣ шудааст. Суръати вазидани шамол баъзан то 17-22 м/сония пурзӯр шуда, фаромадани туман дар назар аст.

 

Ноҳияҳои кӯҳӣ ва ғарби ВМКБ

Ҳарорати миёнаи моҳона 3-9 дараҷа гармро ташкил хоҳад дод, ки аз меъёр баландтар аст.

Дар давраҳои ҷудогона сардиҳои шабона метавонанд то 18-20 дараҷа расида, рӯзона ҳарорат аз 5 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Миқдори боришот дар ҳудуд ва баъзан поинтар аз меъёр пешбинӣ шуда, рӯзҳои ҷудогона суръати вазидани шамол метавонад то 12-17 м/сонияро ташкил диҳад.

 

Шарқи ВМКБ

Ин минтақа сардтарин боқӣ мемонад. Ҳарорати миёна 14-17 дараҷа хунукро ташкил хоҳад дод.

Дар даҳаи сеюми моҳ, ҳарорат шабона метавонад то 35 дараҷа хунук поин рафта, рӯзона то 15 дараҷа хунук мешавад. Боришот нисбатан кам аст.

Ба сурати умум, моҳи январи соли 2026 дар Тоҷикистон ҳавои нисбатан гарм дар муқоиса бо маъмулӣ дар назар аст. Боришот камтар шуда, ҳарорат босуръат ва тез-тез тағйир меёбад, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1926 – Дар шаҳри Душанбе аввалин мағозаи китобфурӯшӣ бо номи “Китоб” кушода шуд.

Соли 1930 – Шӯрои Комиссарони халқии Тоҷикистони Шӯравӣ дар бораи бақайдгирӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ қарор қабул кард.

Соли 1944 – Дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа  (ҳозира минтақаи Бохтари вилояти Хатлон) ноҳияи Вахш таъсис ёфт.

Соли 1952 – Корхонаи механикии Ленинобод (ҳозира Суғд) мавриди истифода қарор гирифт. Корхона ба истеҳсоли техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, механизмҳои саноатӣ ва таҷҳизоти гуногуни механикӣ машғул буд.

Соли 1993 – Байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.

Соли 2001 – Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо вирӯси норасоии масунияти одавм (ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) таъсис дода шуд.

Соли 2016 – Баъди таъмир ва навсозӣ маҷмааи истироҳативу сайёҳӣ ва лижаронии “Сафед-Дара” расман ифтитоҳ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафеддара

Соли 2020 – Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини вақти сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд санади байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистонро имзо кард. Аз ҷониби Ӯзбекистон санадро муовини сарвазир Элёр Ғаниев имзо намуд.

Соли 2022 – Парлумони Тоҷикистон фиристодани 200 хизматчии ҳарбиро ба Қазоқистон дар доираи рисолати сулҳпарварии СААД тасдиқ кард.

Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон фармон имзо кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1924 – Зодрӯзи Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдуҷаббор Қодирӣ

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ соли 1940 ба ҷодаи адабиёт ворид гардид ва дар жанрҳои шеър, достон ва драма асарҳо офаридааст.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо оғози ҷанги Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Олмон ба майдони ҷанг рафт ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш Конибодом баргашт ва минбаъд ба кори адабиву илмӣ рӯ овард. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар ин баробар драма ва асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст.

Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, дар навиштаҳояш тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббат эҳсос мешаванд.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои шеърии “Гули баҳор”, “Шукуфаҳои аз хун дамида”, достонҳои “Гуфтугӯ бо меҳмон”, “Шаби пеш аз марг”, драмаҳои “Қаҳрамони ҷавон”, “Таркиш” ва асарҳои мансури “Гардиши айём” ва “Конибодом” аст.

Асарҳои мансураш дар китобҳои “Гардиши айём”, “Умри ғанимат” ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, як қатор драмаҳояш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.

Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ 18 январи соли 2007 дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1943 – Мавлуди Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (2000).

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳақназар Ғоиб

Ҳақназар Ғоиб, шоир ва тарҷумони тоҷик буда, беш аз 50 сол инҷониб дар саҳнаи адабиёти тоҷик аст ва наздик ба 30 маҷмуа нашр кардааст. Ӯ дар баробари кори эҷод, рӯзноманигор ҳам ҳаст ва муддатҳо дар расонаҳои вилояти Хатлон ҳамчун сармуҳаррири рӯзномаҳои вилоятиву шаҳрӣ фаъолият мекунад.

Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи педагогӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, як сол омӯзгорӣ ҳам кардааст.

Ҳақназар Ғоиб солҳои 1974-1981 раиси Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, то соли 1989 котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва солҳои 1990-1993 аввал сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” ва сипас “Навиди Кӯлоб” будааст. Аз соли 2002 бахши вилояти Хатлони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриро роҳбарӣ мекунад.

Ӯ хеле барвақт ба шеъргӯӣ оғоз кард ва чакидаҳои аввалини эҷодаш дар маҷаллаву рӯзномаҳо рӯйи чоп меомаданд. Номбурда муаллифи достонҳои “Эҳёнома”, “Ҳасрати Фирдавсӣ”, “Ҳасрати Эйнштейн”, “Ашки Офтоб”, “Сурӯши Хатлон” аст, ки дар эҷодиёти ӯ мақоми хоса доранд.

Баъдан маҷмӯаҳои ашъораш “Тӯшаи роҳ”, “Рамзи ҳаёт”, “Нафас то бар нафас овози вақт аст”, “Қиссаи аспи хатлӣ”, “Навҳаи Фирдавсӣ бар марги Рустам” ва дигар маҷмӯаҳо нашр шуданд.

Соли 1950 – Зодрӯзи Муқаддас Набиева, сарояндаи маъруфи тоҷик, яке аз ситораҳои ансамбли “Гулшан”

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муқаддас Набиева

Муқаддас Набиева зодаи ноҳияи Фархор буда, нахуст ба варзиш машғул ва дар ин ришта таҳсил кардааст. Аммо баъдтар ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор ҳамроҳ шуда, вориди ҷодаи санъат гардид. Соли 1973 дар озмуни “Бӯстон” суруди “Республикаи ман”-ро иҷро кард.

Муқаддас Набиева дар як муддати кӯтоҳ дар ин ансамбл навгонӣ ворид кард ва дар ҳунари сарояндагӣ, махсусан дар санъати эстрада роҳи наву сабки хоси сурудхонӣ кушод.

“Кӯи ту”, “Хуршеди ҳаёт”, “Нури ман”, “Шарораи хотираҳо”, “Боди сабо”, “Садои дил”, “Ба ишқат интизорам”, “Дили зорам” “Муҳаббат нест бе оташ” аз таронаҳои маҳбуби ӯ буда, дар ин қатор наздик ба 50 таронаи ӯ дар хазинаи санъати тоҷик ҳифз мешаванд.

Муқаддас Набиева 30-юми сентябри соли 1979 дар синни 29-солагӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳангоми сафар дар мавзеи Такфони ноҳияи Айнӣ аз олам даргузашт. Дар бораи роҳи тайкардаи Муқаддас Набиева ӯ дар санъат дар ин маводи мо шинос шавед. 

Соли 1960 – Зодрӯзи Маъруф Қобилов, доктори илмҳои физика ва математика.

Соли 1961 – Мавлуди Амирбеки Мӯсо, оҳангсоз, навозанда ва раиси пешини Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Соли 1965 – Зодрӯзи Шариф Муллоев, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

Соли 1966 – Мавлуди Шарифмурод Исрофилниё, олим, адабиётшиноси тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шарифмурод Исрофилниё

Шарифмурод Исрофилниё яке аз муҳаққиқони варзидаи адабиёт аст, ки бисёр таҳқиқоти илмиву адабӣ анҷом додааст. Ӯ муаллифи дастикам 7 китоб ва 500 мақолаҳои илмӣ-адабӣ аст.

Солҳо дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилот фаъолият бурдааст.

Соли 1993 – Зодрӯзи Комроншоҳ Устопирён, варзишгари шинохта, ҷудокори номии тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Комроншоҳ Устопириён

Ӯ яке аз варзишгарони номии кишвар буда, ба кишвар чандин ҷоизаҳои баланди ҷаҳонӣ дар соҳаи варзиш овардааст. Ӯ куштигир, ҷудокор ва варзишгари самбо аст.

Комроншоҳи Устопириён, ки то соли 2012 дар варзиши самбо куштӣ мегирифт, пас аз он ба варзиши ҷудо рӯй овард. Ӯ аз даҳҳо мусобиқаҳои ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст. Аз ҷумла ин варзишгар аввалин ва то имрӯз ягона қаҳрамони ҷудои мардони Осиё аз Тоҷикистон аст.

Вай ҳамчунин барандаи медалҳои чандинн мусобиқаҳои “Гран-при” ва “Гранд слам” аст.

Ӯ се маротиба дар бозиҳои олимпӣ аз намуди ҷудо иштирок кард, аммо натавонист медал ба даст орад. Пас аз шикаст дар бозиҳои олимпии Порис дар соли 2024 Комроншоҳ эълон кард, ки корномаи варзишиашро хотима медиҳад.

Соли 2016 – Гурез Зарипов,роҳбари пешини Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар 68-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Гурез Зарипов

Гурез Зарипов аз моҳи январи соли 1992, замони таъсисёбии хадамоти гумрук дар ин низом фаъолият дошт. Дар мансабҳои сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон, мақомҳои роҳбарикунанда дар Кумитаи андоз ва Агенти назорати маводи нашъаовар ифои вазифа кардааст.

Моҳи декабри соли 2006 роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда, охири соли 2013 ӯро дар ин вазифа Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори ҳозираи душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон иваз кард.

Соли 2021 – Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарпешаи театру синамои тоҷик дар синни 74 аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маҳмадалӣ Муҳаммадиев

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев аз ҳунарпешагони маъруфи тоҷик буда, бо иҷрои нақшҳои муассир дар синамо ва театр номи худро мондагор кардааст. 

Ӯ хатмкардаи Институти театру кинои Маскав буда, дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ ва як силсила нақшҳо офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии “Одам пӯсташро иваз мекунад”, “Шикори охирин”, “Хайр кабудии тобистон”, “Тали мамнӯъ”, “Ситораҳо дар шаб”, “Соя” ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев ҷолибанд.

Ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили “Парвози хушдоманам”, “Сабзабаноз”, “Қисмат”, “Фиреби хаёл”, “Шифо”, “Чакидаҳо” низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

 

 САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз яке аз ҷашнҳо масеҳӣ ва ҳамзамон иди давлатӣ дар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон – Мавлуди Исои Масеҳ таҷлил мегардад. Мавлуди Масеҳ поёни рӯзаи чилрӯзаи Мавлуди Исо маҳсуб меёбад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шаби 6 ба 7-уми январ дар калисоҳои православӣ маросимҳои идонаи мавлуд баргузор мешаванд. Пас аз он 12 рӯзи муқаддас оғоз меёбад, ки дар тӯли онҳо ҷашн идома мекунад.

7-уми январи соли 1610 донишманди маъруф Галилео Галилей моҳвораҳои сайёраи Юпитерро кашф кард. Ӯ барои ин мақсад телескопи сохтаи худро бо қувваи 32-карата ба осмон равона намуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Галилей на танҳо манзараи рӯи Моҳ, қаторкӯҳҳо ва қуллаҳоро мушоҳида кард, балки чор моҳвораи бузургтарини Юпитерро низ кашф кард, ки имрӯз бо номи “ҳамроҳони галилеӣ” маъруфанд.

7-уми январи соли 1989 Акихито, валиаҳди Ҷопон 125-умин императори ин кишвар эълон гардид. Давраи ҳукмронии ӯ бо номи Ҳэйсэй (Heisei – расидан ба сулҳ дар дохили кишвар ва берун аз он) маъруф аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

30-юми апрели соли 2019 император Акихито ихтиёран аз тахт даст кашид ва ба истеъфо рафта, тахтро ба писари калониаш – валиаҳд Нарухито супорид. Ӯ нахустин императори Ҷопон дар давоми ду асри охир гардид, ки ба таври ихтиёрӣ аз тахт канор рафтааст.

7-уми январи соли 2015 дар идораи ҳафтаномаи ҳаҷвии "Charlie Hebdo" дар шаҳри Париж амали террористӣ ба вуқуъ пайваст. Дар натиҷаи ҳамлаи афроди мусаллаҳ 12 нафар кушта ва 11 кас захмӣ шуданд. Гумонбарони асосии ин ҳамла бародарон Саид ва Шериф Куаши рӯзи 9-уми январ зимни амалиёти махсус аз ҷониби нерӯҳои амниятии Фаронса нобуд карда шуданд.

Масъулияти ин амали террористиро созмони террористии “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб” ба уҳда гирифт. Ҳамзамон, намояндагони созмони террористии “Давлати исломӣ” (дар Тоҷикистон ташкилоти террористӣ эълон шудааст) низ аз даст доштани худ дар ин ҳодиса изҳорот доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин амали террористӣ вокуниш ба нашри карикатура дар бораи Паёмбари Муҳаммад (с) аз ҷониби ҳафтаномаи "Charlie Hebdo" арзёбӣ мешавад. 

Ҳамла ба идораи "Charlie Hebdo" оғози силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса дар рӯзҳои 7-9 январи соли 2015 гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+8º гарм, шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+11º гарм, дар  доманакӯҳҳо  рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳои куҳӣ то -1+4º, шабона дар водиҳо -4+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард,

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5+7º гарм,  дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, шабона дар ғарби вилоят 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 48-50º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025

0

Соли 2025 муҳтавои таҳиякардаи “Азия-Плюс”-ро 24 миллиону 200 ҳазор маротиба хондаанд. Танҳо муҳтавои дар бахши тоҷикӣ нашршударо ҳудуди 6 миллион бор хондаанд.

Дар умум, соли гузашта аз сомонаи “Азия-Плюс” қариб 16 миллион бор дидан кардаанд. Аз ин беш аз 6 миллиону 200 ҳазор корбарони истисноӣ ҳастанд. Яъне корбароне, ки чанд маротиба ба сомона ворид шудаанд, аммо ҳамчун як корбар ҳисоб шудаанд.

Давоми соли гузашта дар бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс” қариб 3 ҳазору 500 мавод нашр шудааст. 3 ҳазору 355 маводи нашршуда беш аз ҳазор хонанда доштаанд. 543 маводи нашршуда беш аз 5 ҳазор бор хонда шудаанд. 61 маводи нашркарда беш аз 10 ҳазор бор хонда шудаанд.

Бо такя ба маълумоти ироакардаи “Yandex.Metrica”, мо 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс”-ро дар соли 2025, ки аз 12 то беш аз 53 ҳазор хонанда доштанд, интихоб кардем.

Дар умум, агар ба таври хеле мухтасар зикр кунем, мубориза бо ифротгароӣ, масоили иҷтимоӣ, муҳоҷират, ҳаводиси сиёсии ҷаҳон, тағйироти кадрӣ, хабарҳои марбут ба фаъолияти раисҷумҳур ва ҳалли масоили марзӣ серхонандатарин мавзӯъ дар соли 2025 будааст.

 

1. Пешгирии экстремизм дар Тоҷикистон. Чаро корҳои иттилоотиву огоҳибахшӣ имрӯз муҳимтаранд?

Дар садри феҳристи пурхонандатарин матолиб маводи дар мавзӯи мубориза бо ифротгароӣ навишта қарор дорад. Ин мақоларо беш 53 ҳазор маротиба хондаанд. Дар ин матлаб, муаллиф талош кардааст василаҳои муассири мубориза бо ифротгароӣ тавассути пешниҳоди иттилоъро мавриди таҳлил қарор диҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

2. Таниш миёни Боку ва Маскав. Оё Русия муносибати худ бо кишварҳои Осиёи Марказиро дигар мекунад?

Дар ин матлаб тағйири равобит миёни Маскаву Боку дар пайи суқут додани тайёраи мусофирбари Озарбойҷон дар фазои Русия ва баъди он, боздошти хушунатомези озариҳо дар Русияву русҳо дар Озарбойҷон бозгӯ шудаааст. Ҳамчунин, ба ин суол посух ҷуста шудааст, ки оё таниш миёни Боку ва Маскав муносибати Русияро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тағйир медиҳад ё не? Ин матлабро беш аз 15 ҳазору 400 бор хондаанд.

3. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Шавкат Мирзиёев дар Самарқанд

Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Самарқанд барои иштирок дар Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” ва мулоқоти ӯ бо роҳбарони минтақа низ аз серхонандатарин гузоришҳо дар соли гузашта буд. Онро беш аз 15 ҳазор бор хондаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Урсула фон дер Ляйен

 

4. Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?

Таҷлил аз ҷашни Меҳргон, ки солҳои охир бо ташаббуси мақомоти давлатӣ дар кишвар маъмул шуд, барои хонандагон низ ҷолиб будааст. Гузориши аз ин ҷашн таҳикардаи моро беш аз 15 ҳазор бор хондаанд.

5. Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд

Хабарҳои марбут ба тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон маъмулан серхонандаанд. Агар он дар пайи интиқоди раисҷумҳур ё ҳаводиси дигаре иттифоқ афтад, таваҷҷуҳба он боз ҳам бештар мешавад. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарикунандаи ВКД, ки баъди ҳаводиси силсилакушторҳо дар шимоли кишвар иттифоқ афтод, яке аз серхонандатарин матолиби соли гузашта буд, ки қариб 14 ҳазор  маротиба хондаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тағйироти кадрӣ

 

6. Директори Фурудгоҳи байналмилалӣ бо муовинонаш аз мансаб барканор шуданд. Боз кӣ аз вазифа озод ва мансаби нав гирифт?

Аз вазифа сабукдӯш ва боздошт кардани директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки баъдар барои тасарруфи ҳудуди 1 млрд сомонӣ муттаҳам шуд, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ кашид. Хабари аз вазифа озод шудани ӯ дар сомонаи раисҷумҳури кишвар нашр шуд ва сабаби он "ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон" зикр мешуд.

Баъдтар расонаҳо навиштанд, ки ӯ боздошт шудааст. Дертар директори Оҷонсии зиддифасод тасдиқ кард, ки роҳбари пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои тасарруфи беш аз 1 млрд сомонӣ пули давлат боздошт шудааст. Баъдтар ин ниҳод аз тағйири чораи ҳабси пешакӣ хабар дод. Хабари аз вазифа сабукдӯш шудани ӯро беш аз 13 ҳазору 700 бор хондаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исматулло Абдуллозода

 

7. “Пештар обрӯяш бештар буд". Имрӯз омӯзгори тоҷик чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро баланд бардорем?

Баъди таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ва пешниҳоди он ба парлумони кишвар, “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид, ки “Имрӯз омӯзгор дар ҷомеа чӣ мақом дорад ва чӣ тавр онро метавон баланд бардошт?”. Посухи сокинонро беш аз 13 ҳазору 600 маротиба тамошо кардаанд.

8. Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?

Поёни соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон дастур дод, ки маошу нафақа ва идрорпулӣ аз моҳи сентябри соли 2025 зиёд карда шавад. Дар ин матлаб мо таҳлил кардем, ки он чанд пул зиёд мешавад, сарчашмаи зиёдшавӣ чӣ аст ва то куҷо метавонад зиндагии аҳолиро тағйир диҳад. Ин матлаби моро қариб 13 ҳазору 500 бор хондаанд.

9.  “Нерӯи нарм”. Русия барои ҳифзи нуфузи худ дар Тоҷикистон аз кадом василаҳо истифода мекунад?

Пас аз оғози ҷанг дар Украина ва таҳримҳои Ғарб, Русия ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир кард ва кӯшиш дорад, нуфузашро дар минтақа ҳифз кунад. Аммо ин бор на бо зӯр, балки тавассути таълим, фарҳанг ва тарғиби арзишҳо, ки дар маҷмӯъ “нерӯи нарм” дониста мешавад. Дар ин матлаб мо таҳқиқ кардем, ки Русия аз ин василаҳо чӣ гуна истифода мекунад ва то куҷо муваффақ шудааст. Онро беш аз 13 ҳазору 300 маротиба тамошо кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

10. “Саркӯбшудаҳо сафед шаванд”. Дар Қирғизистон қонуни офиятбахшии таъқибу саркӯбшудагони замони шӯравӣ қабул шуд

Ин матлаб дар бораи талошҳои ҳамсоякишвари Қирғизистон барои бозбинии таърихи гузашта, махсусан дар замони Шӯравӣ аст. Ин кишвар бо қабули қонун, роҳро барои бозбинии ҳазорҳо парванда, ки дар замони таъқиботи Шӯравӣ бидуни далел ва бар пояи туҳмат боз шуда, ҳазорон танро ба зиндон бурд ё нобуд сохт, боз кард ва имкон дод, ки бегуноҳии садҳо нафар собит шавад. Ин матлабро беш аз 12 ҳазору 500 маротиба хондаанд, ки гувоҳи таваҷҷуҳи сокинони Тоҷикистон ба ин мавзуъ аст.

11. Нархи барқ барои аҳолӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Дар ин матлаб арзиши барқ дар кишварҳои Осиёи Миёна дар баробари музди меҳнати миёна муқоиса шудааст. Маълум шуд, ки нархи барқ дар Тоҷикистон танҳо аз Ӯзбекистону Қазоқистон арзонтар, аммо аз Қирғизистон гаронтар будааст. Аммо музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон камтар аз ҳар кишвари минтақа будааст. ИН матлаби моро беш аз 12 ҳазору 300 бор хондаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

12. Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳалли баҳси марзи миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар солҳои гуногун боиси низоъ ва кушта шудани садҳо нафар шуда буд, яке аз ҳаводиси муҳими соли гузашта буд. Дар пайи ҳалли баҳси марзӣ, гузаргоҳҳои сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки чанд муддат ин ҷониб баста буд, боз шуд ва мо аз ин рухдод гузориш омода кардем, ки онро қариб 12 ҳазору 300 бор хонданд.

13.Волидайни Рухшона Ҳакимова барои додхоҳӣ ба Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардаанд

Волидайни Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори тоҷик, ки моҳи феврали соли гузашта бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” 8 сол равонаи зиндон шуд, бо ирсоли як мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки баҳри озодии ӯ иқдом кунад. Ин мактуб дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва мо онро дар сомонаи хуб бознашр кардем, ки қариб 12 ҳазору 300 маротиба хонда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рухшона Ҳакимова

 

14. Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?

Дар пайи тақвияти равобити Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, афзоиши гардиши мол миёни ҷонибҳо мо талош кардем ба ин суол, ки “Чаро Осиёи Марказӣ барои Эрон муҳим аст?” посух ёбем. Ҳамчунин, дақиқ кунем, ки аз рушди равобит бо Эрон кишварҳои минтақа чӣ манфиат мебардоранд. Ин матлабро беш аз 12 ҳазор бор хондаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

 

15.Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Соли гузашта дар Тоҷикистон Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои  саратон  дар кишвар барои солҳои 2025-2029 қабул шуд. Хабари қабули ин барномаро қариб 12 ҳазор бор хондаанд.

PS: Хонандагони гиромӣ, умедворем, соли шумо низ бобарор гузашт, онро хуб ҷамъбаст карда, хулоса ва нақшаҳои соли ояндаатонро  маълум кардед. Бо мо бимонед, ваъда медиҳем, ки шуморо аз охирин ва муҳимтарин хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон огоҳ хоҳем кард ва онҳоро барои шумо шарҳ хоҳем дод. Рисолати мо расонидани хабари сареъ ва боэътимод ба хонандаи худ аст, ки ҳамоно ба он пойбандем.

Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо

0

Рӯзи нӯҳум аст, ки дар баъзе аз шаҳрҳои Эрон эътирози сокинони ин кишвар идома дорад. Эътирозгаронро асосан мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла уфти қурби пули миллӣ дар қиболи доллар ба хиёбон овардааст. Роҳбарияти Эрон мушкили иқтисодиро эътироф кард ва гуфт, бо эътирозгарон муколама мекунад, аммо дар баробари ин, ҳушдор дод, ки бо ошӯбгарон мубориза мебарад, чун дар эътирозҳо “дасти хориҷӣ” низ дида мешавад. Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Амрико бори дуюм ба роҳбарияти Эрон ҳушдор дод, ки бархӯрди хашин бо эътирозгарон паёмади нохуш хоҳад дошт.

 

Омили эътирозот чӣ аст?

Эътирозот дар Эрон рӯзи 28-уми декабри соли 2025 оғоз шуд. Ба иттилои Агентии расмии хабарии Эрон (IRNA), тоҷирони бозори калони Теҳрон дари дӯконҳои худро пӯшида, аз вазъи иқтисодии кишвар эътироз карданд.

Ба иттилои расонаҳо, сабаби асосии эътирозот уфти арзиши пули риёл (пули миллии Эрон) ва афзоиши таваррум аст. Риёли эронӣ рӯзи 28-уми декабр то 1,42 миллион риёл барои як доллари амрикоӣ расид, ки ин гуна уфти арз бесобиқа буд. Ба маълумоти Al Jazeera, нисбат ба 6 моҳи қабл  арзиши риёл 56% паст шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҷирони эътирозгар дар бозоре дар Теҳрон

Дар пайи эътирозот, ба навиштаи IRNA, рӯзи 29-уми декабр Муҳаммадризо Фарзин аз вазифаи раиси Бонки марказӣ истеъфо дод. Аз вақте ки ӯ дар соли 2022 раиси Бонки марказии Эрон шуд, қурби доллар дар ин кишвар беш аз 3 баробар гарон шуд: 1 доллар аз 430 ҳазор то ба зиёда аз 1,4 миллион риёл расид. Ба ҷойи Муҳаммадризо Фарзин ҳамакнун Абдулносир Ҳимматӣ раиси Бонки марказӣ интихоб шудааст.

 

Омори мутафовити боздоштшудагону ҷонбохтагон

Дар бораи боздоштшудагон ва ҷонбохтагон расонаҳо маълумоти гуногун нашр мекунанд. Расонаҳои расмии Эрон аз боздошти садҳо тан хабар медиҳанд, аммо мушаххас аз рақаме намегӯянд. Танҳо дар баъзе расонаҳои расмии Эрон ишора шудааст, ки дар баробари эътирозгарон, чанд корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ осеб бардоштаанд ё ҷон бохтаанд.

Аммо расонаҳои хориҷӣ бо такя ба маълумоти созмонҳое, ки берун аз Эрон амал мекунанд ва худро чун мудофеи ҳуқуқи инсон муаррифӣ мекунанд, хабар медиҳанд, ки дар пайи эътирозот ва пахши он беш аз даҳ нафар кушта шудаанд.

ВВС менависад, ки дар ҳаводиси як ҳафтаи охир дар Эрон ҳадди ақал 19 эътирозгар ва як корманди нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд. Он афсар Амирҳусом Худоёрфарди 21-сола буда, дар вилояти Лурустон ҳангоми парешон кардани эътирозгарон ҷароҳат бардошта, дертар даргузаштааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, 13 афсари дигар захмӣ шудаанд.

Инчунин, дар 9 рӯзи охир ҳадди аққал 1 ҳазору 200 эътирозгар дар саросари Эрон боздошт шудаанд, ки миёни онҳо занону донишҷӯён низ ҳастанд.

Аммо мақомоти расмии Эрон ин рақамҳоро такзиб ё тасдиқ накардаанд.

Ҳамчунин, ҳеҷ як расонаи ҷаҳонӣ аз дохил аз ҷараёни ҳаводиси ахири Эрон гузориш омода ва нашр накардааст.

 

Эътирозгарон ва ошӯбгарон​​​​​

Алии Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон рӯзи 3-юми январи 2026 барои аввалин бор дар бораи эътирозот изҳорот дод ва таҷаммӯъи мардумро ба ду гурӯҳ ҷудо кард: эътирозгарон ва ошӯбгарон.

“Мо бо эътирозгарон суҳбат мекунем, мақомдорон бояд бо онҳо суҳбат кунанд. Вале суҳбат бо ошӯбгарон фоидае надорад. Ошӯбгаронро бояд ба ҷояшон нишонд”, – изҳор дошт Алии Хоманаӣ.

Роҳбари олии Эрон иброз дошт, ки дар ин таҷаммӯъи мардум “дасти хориҷиён” шарик аст ва таъкид дошт, ки “мо ба душманон тан намедиҳем. Бо такя ба Худо, бо пуштибонии мардум, душманро ба зону дармеорем”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ҳам талабҳои қонунии эътирозгаронро эътироф карда, гуфт, “агар мо мушкилоти маишии халқро ҳал накунем, ба ҷаҳаннам меравем”. Пизишкиён ҳамчунин таъкид кард, “мо дар ҷанги тамом бо Исроил, Аврупо ва Амрико ҳастем”.

Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ (порлумон) ҳам бо ишора ба “дасти хориҷӣ” иброз дошт, ки “одамони бадхоҳ ва ҳаракатҳои ташкилёфта” мехоҳанд талабҳоро ба “ошӯб” табдил диҳанд, вале масъалаҳои марбут ба маишати мардумро масъулона ҳал хоҳем кард.

Фотима Муҳоҷиронӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, “мо мебинем, ки чӣ гуна мардум дар ин рӯзҳо бо мушкилоти рӯзгорашон мубориза мебаранд. Яке аз вазифаҳои ҳукумат ин аст, ки гӯши шунаванда дошта бошем. Ҳар ҷое, ки дард аст, фарёд ҳам ҳаст. Мо эътирозҳо, бӯҳронҳо ва душвориҳоро мебинем, мешунавем ва эътироф мекунем”.

 

Тадбирҳои ҳукумат

Дар пайи ин эътирозоти мардум ҳукумати Эрон барои ором кардани вазъият як силсила тадбирҳо пеш гирифт. Дар баробари истеъфои раиси Бонки марказӣ, дирӯз, 5-уми январ, Маҷлиси Шӯрои исломӣ (порлумони Эрон) ба буҷети давлат тағйирот ворид кард. Аз ҷумла, то 43% афзоиши зина ба зинаи маош аз 20% то ин замон муқарраршуда, коҳиши андоз аз арзиши иловашуда аз 12% ба 10% ва пешбинии 8,8 миллиард доллар арзи тарҷиҳӣ (қурби имтиёзнок) барои пешгирӣ аз афзоиши нархи калоҳои асосӣ, ба тасвиб расид.

Бар асоси ин гузоришҳо, дар буҷети нав қариб 7 млрд доллар барои хариди кафолатдори гандум ҷиҳати таъмини нон ва беш аз 4 млрд доллар барои мутаносибсозии ҳуқуқи бознишастагон (кӯмак ба нафақахӯрон) пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Масъуд Пизишкиён дар маҷлиси Шӯрои исломӣ лоиҳаи буҷаро ба Муҳаммадбоқир Қолибоф медиҳад.

 

Таҳдиди Амрико ва вокуниши Эрон

Дар пайи ин эътирозҳо, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар як ҳафтаи охир ду бор дар бораи эътирозоти Эрон изҳорот дода, ҳамзамон перомуни ҳамла ба Эрон ҳушдорҳои ошкоро дод.

Трамп рӯзи 2-юми январ дар шабкаи “Truth Social” навишт, ки “агар Эрон ба эътирозгарони осоишта тир андозад ва бо зӯроварӣ онҳоро кушад, Амрико ба ёрии онҳо мешитобад”. Пасон рӯзи 5-уми январ ҳам дар суҳбат бо хабарнигорон ин ҳарфҳоро такрор кард.

Алӣ Лориҷонӣ, котиби Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ва собиқ раиси маҷлис, дар посух ба Трамп дар шабакаи “X” (“Твиттер”-и собиқ) навишт:

“Мо мавқеи тоҷирони эътирозкунандаро аз унсурҳои харобгар ҷудо мекунем. Трамп бояд бидонад, ки дахолати амрикоӣ дар ин масъалаи дохилӣ баробари ошӯб дар тамоми минтақа ва нобудшавии манфиатҳои амрикоӣ аст. Амрико бояд ғами сарбозони худро бихӯрад”.

Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷаи Эрон, ҳам дар “X” навишт: “Халқи бузурги Эрон ҳар гуна дахолатро дар корҳои дохилии худ қатъиян рад мекунад. Ҳамчунин, нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди мо омодаанд ва дақиқан медонанд, ки дар сурати ҳар гуна поймолии ҳокимияти Эрон куҷоро нишона бигиранд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Ароқчӣ

Ароқчӣ гуфт, ки таҳдидҳои Амрико “вайронкунии ошкори қонуни байналмилалӣ” аст ва ҳар гуна таҷовуз ба Эрон бо ҷавоби “қатъӣ ва сангин” рӯбарӯ мешавад.

Русия ва Чин, ду кишвари ҳампаймони Эрон, то ҳол бевосита дар бораи ҳаводиси дохилии Эрон изҳорот надодаанд. Ба маълумоти PBS News, Чин ҳамчунон харидори калони нафти эронӣ боқӣ мондааст, аммо пуштибонии ошкори ҳарбӣ надодааст. Русия низ ҳамин тавр дар мавриди эътирозоти Эрон ва таҳдиди Амрико то ҳол вокунише надоштааст.

Бояд зикр кард, ки эътирозҳои кунунӣ дар Эрон аз эътирозҳои қаблӣ аз нигоҳи замина ва ҳаҷми воқеаҳо фарқ мекунанд. Бархилофи эътирозҳои гузашта, ки меҳвари онҳо мавзӯи интихобот ва ҳуқуқи занон буд, мавҷи ҷории норозигиҳо аз мушкилоти иқтисодӣ оғоз шудааст ва ҳукумат ин дафъа кӯшиш дорад ба фарқ аз таҷрибаи пешин, бо лаҳни миёнараву оромтар вазъро идора кунад.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?

0

Дар Тоҷикистон 16 сол пеш, 6-уми январи соли 2010, бо мақсади сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО) “Роғун” фурӯши густардаи саҳмияҳо оғоз гардид. Дар маҷмӯъ, аз фурӯши саҳмияҳо ва маблағҳои хайриявӣ 890 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ гардид. Тақдири ин маблағ чӣ шуд ва соҳибони саҳмияҳо кай метавонанд аз он баҳра гиранд?

Ҳукумат ба маблағи 6 млрд сомонӣ 5 миллион коғази қиматнок нашр кард. Бо ин мақсад, дар назди шуъбаҳои Бонки давлатии “Амонатбонк” дар саросари кишвар зиёда аз 580 нуқта ташкил карда шуд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ саҳмияҳоро бо пули нақд ё тавассути ҳисобҳои бонкӣ харидорӣ карданд.

Бо фармони президент он бояд ихтиёрӣ фурӯхта мешуд, вале дар амал ҳолатҳое низ буданд, ки мақомот зердастони худро барои харидани коғазҳои қиматнок маҷбур мекарданд. Ҳатто донишҷӯёнро маҷбур карда буданд, ки саҳмияҳои 100-сомониро харанд.

Саҳмияҳоро бо арзиши 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ харидан мумкин буд. Танҳо саҳмияҳои 5000 сомонӣ номӣ буданд, боқимонда саҳмияҳои оддӣ буданд. Фарқи саҳмияҳои номӣ аз оддӣ дар он буд, ки дар баргаҳои номӣ исми харидор навишта мешуд ва ӯ ҳақ надошт, ки онро ба дигар кас фурӯшад ва ё раванди фурухтани он тавассути биржаи коғазҳои қимматнок амалӣ мешуд.

Ҳукумат гуфт, ки 22 ҳазор саҳмияҳои номӣ ва 2 миллион саҳмияҳои оддӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи мақомот, маблағҳое, ки аз фурӯши саҳмияҳо ҷамъ шуда буданд, барои харидории таҷҳизот барои сохтмони иншоот истифода шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Майдони сохтмони неругоҳ

Зимнан,  дар соли 2010 маъракаи фурӯши саҳмияҳо ва сертификати саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун”  танҳо баъди дахолати намоядагии Сандуқи байналмилалии пул хотима ёфт. Он Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ин миқдор маблағ як дарсад рушди иқтисоди кишварро боздошта сармоягузорӣ ба бахши хусусӣ коҳиш хоҳад ёфт.

“Ин раванд метавонад суръати рушди иқтисодиро муваққатан коҳиш диҳад, зеро мардум барои харидани саҳмияҳо истеъмолашонро коҳиш медиҳанд ва корхонаҳо сармоягузории худро кам мекунанд”, – гуфта буд роҳбари ҳайати Сандуқи Байналмилалии Асъор дар Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг дар моҳи апрели ҳамон сол, дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумотҳои мавҷуда, дар тӯли ду моҳи пас аз ҷамъоварии маблағи саҳмияҳо ду дарсади он “тӯъма”-и таваррум шуд. Баъдан Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба хулосае омад, ки 175 миллион сомонии ин пулҳоро ба панҷ бонки тиҷории кишвар бо баҳрабардории солонаи 10% вом диҳад.

Пас аз як соли додани вом Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири вақти молияи кишвар эълон кард, ки вомҳои дар бонкҳои тиҷорӣ гузошташудаи “Роғун” 11,9 миллион сомонӣ фоида оварданд.

Дар пайи фурӯши саҳмияҳо Ширкати саҳҳомии “Нерӯгоҳи Роғун” таъсис ёфт ва ҳоло он аз бузургтарин ширкати саҳҳомӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Тибқи ойинномаи ширкат фоида аз саҳмияҳои нерӯгоҳи “Роғун” танҳо баъд аз мавриди комили истифода қарор гирифтани ин нерӯгоҳ пардохт карда мешавад. То он замон афроди саҳҳомдор наметавонанд фоида талаб кунанд ё ҳатто ин саҳмияҳоро ба ҷамъият фурӯшанд.

Танҳо дар сурати ба пуррагӣ ба кор даромадани 6 чархаи НБО “Роғун” ва анҷоми расмии сохтмони он сокинон метавонанд аз он коғазҳои қиматнок даромад гиранд.

Ҳамасола ҷаласаи саҳмодорони “Роғун” баргузор мешавад ва роҳбарияти тарҳ дар робита ба корҳои анҷомдодашуда ба саҳмдорон ҳисобот медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Маблағҳо аз куҷоянд?

Дар аввал ҳукумат мақсад дошт, ки бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо ба роҳ монда мешавад. Аммо дертар ҳукумат эълон кард, ки барои сохтмони ин иншоот сармоя ҷалб мекунад.

Ҳамин тариқ, соли 2021 ҳукумати кишвар барои ҷалби сармоя ба шарикони байналмилалӣ муроҷиат кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суҳбат бо сохтмончиёни НБО “Роғун” дар моҳи августи соли 2025 гуфта буд, аз соли 2008 то имрӯз ҳукумати кишвар барои анҷом додани корҳои сохтмони нерӯгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона кардааст.

Аз ҷумла, моҳи январи соли 2023 Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ кӯмаки бебозгашти молиявиро ба маблағи 15 млн доллар баҳри баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” маъқул шуморид ва моҳи феврал ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳа дар ҳаҷми 150 млн доллар қарзи имтиёзнок бо таркибҳои грант бо Бонки исломии рушд тавофуқ ҳосил шуд.

Моҳи майи соли 2023 Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (Чин) дар бораи пешниҳод гардидани қарзи имтиёзнок ба маблағи 500 млн доллар хабар дод. Моҳи декабри соли 2023 бошад, Фонди саудии рушд дар бораи додани қарз дар ҳаҷми 100 млн доллар барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” қарордод ба имзо расонид.

Дар соли 2024 барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии (НБО)-и “Роғун” Бонки ҷаҳонӣ 350 млн доллари амрикоӣ маблағи грантӣ, Бонки исломии рушд 150 млн доллар ва фондҳои кишварҳои араб 400 млн доллар, Бонки осиёии сармоягузорӣ ва инфрасохтор (БОСИ) 270 милллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин созишнома оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (Чин) ба маблағи 500 млн доллар ба имзо расидааст.

Ҳамчунин моҳи августи соли 2025 Фонди рушди Қатар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба Тоҷикистон ба маблағи 50 миллион доллар созишномаи қарзӣ имзо кард.

1-уми сентябри соли 2025 бошад, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар бораи ҷудо кардани 500 млн доллари дигар барои сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тасмим гирифт. Ин тасмими бонкро Ҷин Литсюн, президенти он дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дар доираи вохӯрии сарони кишварҳои СҲШ ироа кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охирини худ ба парлумони кишвар, ки 16-уми декабр баргузор шуд, эълон кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба кор дароварда мешавад ва “истиқлоли энергетикии кишвар таъмин мегардад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зимни шиносоӣ аз корҳои сохтмонӣ

Ба гуфтаи ӯ, соли 2025 барои бунёди нерӯгоҳ аз буҷаи кишвар 9 миллиард сомонӣ  равона шуда, то имрӯз 60%  корҳои сохтмони нерӯгоҳ анҷом пазируфтаанд.

“Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”-ро пайваста идома медиҳад”, – гуфт ӯ зимни ироаи паёми худ.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.

 

Арзиши “Роғун” чӣ қадар аст?

Аз соли 2008 то имрӯз арзиши амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” борҳо тағйир ёфт. Агар соли 2008, замони барқарор шудани амалисозии лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ шуда бошад, соли 2016 зимни баргузории тендери байналмилалӣ оид ба интихоби паймонкори кулл барои сохтмони сарбанд, арзиши иншоот 3,9 млрд доллар эълон шуд.

Соли 2022 Вазорати энергетикаи кишвар эълон кард, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” беш аз 5 млрд доллар зарур аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон барои идомаи корҳои сохтмон дар доираи ҷадвалҳои тасдиқшуда ҳамасола 1 млрд доллар ва барои амалисозии пурраи лоиҳа 6,2 млрд доллар маблағ лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ

0

Мақомот аз ду ҳолати “дуздӣ”-и барқ бо роҳи пинҳонӣ кашидани хатти барқ аз зеристгоҳ то хонаи истиқоматӣ аз сӯи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика гуфт, барои ин кирдор, корманди “Шабакаҳои тақсимоти барқ”- и ноҳияи Ҳамадонӣ 2 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шуда, алайҳи устои зеристгоҳи “Явроз” –и шаҳри Ваҳдат парвандаи маъмурӣ боз шудааст. Тибқи ин банди қонунгузорӣ, ӯро то 2 ҳазору 340 сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Манбаъ аз корманди шабакаҳои тақсимоти барқи Ҳамадонӣ, Зайниддин Садриддинов ном бурда, гуфтааст, ки ӯ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Ҳамадонӣ” то хонаи зисташ “хатти барқро пинҳонӣ тавассути зери замин кашида, бидуни пайвастшавӣ ба ҳисобкунаки барқӣ аз нерӯи барқ ба таври ғайриқонунӣ истифода мекардааст”.

“…зимни муоина боз панҷ хатти дигари пинҳонӣ ошкор карда шуданд, ки дар ҳолати ғайрифаъол қарор дошта ба самтҳои гуногун кашида бурда шудаанд”,-гуфтааст Оҷонсӣ.

Аз Раёсати Оҷонсии назорат дар соҳаи энергетика дар минтақаи Кӯлоб ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар асоси моддаи 382 (риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Зайниддин Садриддинов 2 ҳазору 250 сомонӣ (ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025) ҷарима шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Манбаъ гуфт, Садриддинов уҳдадор шудааст, ки маблағи барқи истифодашударо пардохт кунад. Вале аз ин ниҳод ҳаҷми барқи истифодашуда бидуни ҳисобкунакро нагуфтанд.

Назари худи Зайниддин Садриддинов дар робита ба гуфтаҳои мақомот маълум нест.

Ҳолати дигари “дуздӣ”-и барқ аз сӯйи Садриддин Назруллоев, устои зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и “Явроз”-и деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат ошкор шудааст.

Оҷонсӣ гуфтааст, ки ӯ “бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи ҳаққи нерӯи барқ аз зеристгоҳ то хонаи истиқоматиаш хатти дуздии барқ кашидааст”.

Худи Садриддин Назруллоев дар гузориши мақомот гуфтааст, ки “зарари ошкоршударо ҷуброн менамоям”.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати ӯ бо иттиҳоми “риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ” (моддаи 382)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парванда боз кардаанд.

Ин банди қонунгузорӣ барои шахсони воқеӣ аз 1 ҳазору 560 то 2 ҳазору 340 сомонӣ (аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2026) ҷарима пешбинӣ мекунад.

“Шикори барқдуздон” замоне оғоз шуд, ки соли гузашта ҷазо барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва саркашӣ аз пардохти пули он сангин шуд. Бар асоси Кодекси ҷиноятӣ касоне, ки қоидаҳои истифодаи нерӯи барқро вайрон ва аз пардохти пули он саркашӣ мекунанд, аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 сол зиндонӣ мешаванд. Ҷазои маъмурӣ ё ҷарима ҳам барои “дӯздӣ”-и барқ зиёд шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар чанде пеш дар паёми солонааш аз тарафи кормандони соҳа сӯисфтифода аз мансабро танқид кард.

Ӯ гуфта буд, ки “аз тарафи баъзе кормандони соҳа, пардохтҳо пурра ба ҳисоб гирифта намешуданд ва талафоти беасоси нерӯи барқ ба таври сунъӣ ба зимаи аҳолӣ ва дигар гурӯҳҳои истифодабарндагони нерӯи барқ гузаронида мешуд”. 

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард

0

Маҳмурод Ашӯров, кӯҳнаварде, ки соли 1969 дар минтақаи Сағирдашт Назурбибӣ, духтараки 7-солаи бо тайёра ба садама дуҷоршударо наҷот дод ва то чанд рӯзи пеш ӯро меҷуст, бо гузашти 57 сол ӯро пайдо кард.

Қиссаи наҷоти Назурбибии 7-соларо Маҳмурод Ашӯров ду ҳафта пеш ба “Азия-Плюс” нақл кард ва гуфт, он “духтаракро меҷӯям, аммо то ҳол наёфтаам”.

“Азия-Плюс” ин қиссаро таҳти унвони “Аввалин тоҷики фотеҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ”. Маҳмурод Ашӯров чаро Назурбибиро меҷӯяд?” нашр кард. Баъди нашри мавод, Назурбибӣ аз худ дарак дод ва ба дидори наҷотбахши худ – Маҳмурод Ашӯров рафт.

Мо аз ин мулоқот гузориш омода кардем:

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст

0

Шаби 31-уми декабри соли 2025 ба 1-уми январи соли 2026, яъне шаби Соли нав дар Тоҷикистон 698 кӯдак таваллуд шудааст. Бештари ин тифлон дар вилояти Хатлон ва теъдоди ками онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омадаанд.

Дар ин бора аз Раёсати ташкили хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар шаби Соли нав

дар вилояти Хатлон – 248 кӯдак,

дар вилояти Суғд – 162 кӯдак,

дар ВМКБ – 8 кӯдак,

дар шаҳри Душанбе – 120 кӯдак,

дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 160 кӯдак зода шудааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар шаби Соли нави 2025-ум 610 кӯдак таваллуд шуда буд.  

Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.

То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд

0

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА/FIFA) феҳристи расмии доваронеро, ки дар соли ҷорӣ бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст. 

Ба ин рӯйхат 18 довари тоҷик ворид гардидаанд – 7 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва 2 довари футзали ФИФА. Ҳамчунин, 4 довари тоҷик, ки дар рӯйхати мазкур қарор доранд, ҳаққи ҳакамӣ кардани бозиҳои байнлмилалиро ҳамчун довари навор ё VAR пайдо кардаанд.

Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта 1 кас афзоиш ёфта, аз 17 нафар ба 18 кас расидааст. 

Феҳристи доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, ба таври зайл аст:

Доварони ФИФА:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);

Насрулло Кабиров (Норак);

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Абдулло Давлатов (Шаҳринав);

Амирҷон Хоркашев (Душанбе);

Нодира Мирзоева (Душанбе);

Наталя Сотникова (Душанбе);

 

Ёварони доварони ФИФА:

Акмал Буриев (Турсунзода);

Хусрави Сиддиқзод (Душанбе);

 Ҳасан Каримов (Норак);

 Фарҳод Қуралов (Душанбе);

 Вафо Қараев (Шаҳринав);

 Исмоил Нуралиев (Норак);

 Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав);

 Дилшода Раҳмонова (Душанбе);

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

 Доварони футзали ФИФА:

 Суҳроб Сатторов (Турсунзода);

Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе);

 

Доварони видео (VAR):

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);

Абдулло Давлатов (Шаҳринав);

Амирҷон Хоркашев (Душанбе);

Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).

Қаблан ФФТ хабар дода буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми якуми ҳикояи “Хоб” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.