Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст

Шаби 31-уми декабри соли 2025 ба 1-уми январи соли 2026, яъне шаби Соли нав дар Тоҷикистон 698 кӯдак таваллуд шудааст. Бештари ин тифлон дар вилояти Хатлон ва теъдоди ками онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омадаанд. Дар ин бора аз Раёсати ташкили хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Шаби 31-уми декабри соли 2025 ба 1-уми январи соли 2026, яъне шаби Соли нав дар Тоҷикистон 698 кӯдак таваллуд шудааст. Бештари ин тифлон дар вилояти Хатлон ва теъдоди ками онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба дунё омадаанд.

Дар ин бора аз Раёсати ташкили хидматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар шаби Соли нав

дар вилояти Хатлон – 248 кӯдак,

дар вилояти Суғд – 162 кӯдак,

дар ВМКБ – 8 кӯдак,

дар шаҳри Душанбе – 120 кӯдак,

дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 160 кӯдак зода шудааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки дар шаби Соли нави 2025-ум 610 кӯдак таваллуд шуда буд.  

Бояд гуфт, ки дар шаш моҳи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 117 ҳазору 932 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2024-ум (114 ҳазору 627) 3 ҳазору 305 тифл зиёд мебошад.

Ҳамчунин, дар ин давра 17 ҳазору 387 нафар дар Тоҷикистон фавтидааст, ки дар муқоиса ба нимаи якуми соли гузашта (16 ҳазору 778 фвт) 609 фавт бештар аст.

То 1-уми июли соли 2025 теъдоди аҳолии Тоҷикистон бо дарназардошти сабти таваллуд, фавтида ва муҳоҷират ба 10 млн 603,8 ҳазор нафар расидааст. Тибқи иттилои Оҷонсии омори кишвар ин теъдод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (10 млн 505,9 ҳазор) 98,9 ҳазор нафар ё 2,1% зиёд будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.