18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА/FIFA) феҳристи расмии доваронеро, ки дар соли ҷорӣ бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст.  Ба ин рӯйхат 18 довари тоҷик ворид гардидаанд – 7 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва 2 довари футзали ФИФА. Ҳамчунин, 4 довари тоҷик, ки дар рӯйхати мазкур қарор доранд, ҳаққи ҳакамӣ кардани бозиҳои байнлмилалиро ҳамчун довари […]

Asia-Plus

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА/FIFA) феҳристи расмии доваронеро, ки дар соли ҷорӣ бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кардааст. 

Ба ин рӯйхат 18 довари тоҷик ворид гардидаанд – 7 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва 2 довари футзали ФИФА. Ҳамчунин, 4 довари тоҷик, ки дар рӯйхати мазкур қарор доранд, ҳаққи ҳакамӣ кардани бозиҳои байнлмилалиро ҳамчун довари навор ё VAR пайдо кардаанд.

Теъдоди доварони тоҷик дар ин рӯйхат нисбат ба соли гузашта 1 кас афзоиш ёфта, аз 17 нафар ба 18 кас расидааст. 

Феҳристи доварон аз Тоҷикистон, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, ба таври зайл аст:

Доварони ФИФА:

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);

Насрулло Кабиров (Норак);

Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Абдулло Давлатов (Шаҳринав);

Амирҷон Хоркашев (Душанбе);

Нодира Мирзоева (Душанбе);

Наталя Сотникова (Душанбе);

 

Ёварони доварони ФИФА:

Акмал Буриев (Турсунзода);

Хусрави Сиддиқзод (Душанбе);

 Ҳасан Каримов (Норак);

 Фарҳод Қуралов (Душанбе);

 Вафо Қараев (Шаҳринав);

 Исмоил Нуралиев (Норак);

 Ғайрат Рӯзибоев (Шаҳринав);

 Дилшода Раҳмонова (Душанбе);

 

 Доварони футзали ФИФА:

 Суҳроб Сатторов (Турсунзода);

Сафаралӣ Маҳмадизода (Душанбе);

 

Доварони видео (VAR):

Гулмуроди Саъдулло (Душанбе);

Абдулло Давлатов (Шаҳринав);

Амирҷон Хоркашев (Душанбе);

Зуҳал Хуҷаназарова (Душанбе).

Қаблан ФФТ хабар дода буд, ки Гулмуроди Саъдулло, ки довари ФИФА аз Тоҷикистон аст, бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро ҳакамӣ мекунад.

Ӯ якҷо бо дастааш дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «С» миёни дастаҳои мунтахаби Чин ва Арабистони Саудӣ, ки 10 сентябр дар шаҳри Даляни Чин баргузор мешавад, сардовар таъин шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.