Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб

0

Ширкати IRS марги ду корманди БДА-ро, ки гуфта мешуд, дар Варзоб зери тарма мондаанд, тасдиқ кард. Хабари марги онҳо 1-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.

Ин ширкат, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқ аст ва барои он аз ронандагон пул мегирад, дар баёнияе ба хонаводаи Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода таслият гуфт ва зикр кард, ки онҳо “зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҳалок шуданд”.

Радиои Озодӣ навишт, ки ҷасади ду корманди БДА ба наздиконашон супорида шуда, дирӯз, 2-юми январ, маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш Файзобод баргузор мешавад.

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносии кишвар аз хатари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва қитъаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб ҳушдор дода буд.

Боридани барф ва фаромадани тарма боиси мушкил ва маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар масири ягона аз пойтахт ба шимоли кишвар гардидааст. Ронандагони зиёд бо нашри наворҳо мегӯянд, дар баъзе қитъаҳо ҳаракат танҳо аз як самт иҷоза аст ва баъзан онҳо маҷбур мешаванд, соатҳо интизори боз шудани роҳ монанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS мегӯяд, роҳ кушода аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард

0

Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат барои 5 соли оянда қариб 100 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки он барои баргузории фестивалу озмуну маҳфил ва рушди театру рақамисозии китобхонаҳо, тарбияи кадрҳо ва пажӯҳишҳои илмиву тадқиқоти фарҳангӣ, тағйири низоми идоракунӣ ва таъмини таҷҳизоти замонавӣ равона мешавад.

Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030”-ро рӯзи 26-уми ноябр тасдиқ кард. “Азия-Плюс” барномаро дастрас кард ва бо мундариҷаи он ошно шуд.

Барнома бо маблағгузории умумии 94 миллиону 140 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки аз манбаъҳои гуногун таъмин мешавад. Маблағгузорӣ дар 5 сол зина ба зина қариб 5 маротиба меафзояд: аз 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 то 24 миллион 900 ҳазор сомонӣ дар соли 2030.

Қисми калонтарини буҷет ба инфрасохтори фарҳангӣ равона мешавад, аз ҷумла барои сохтмони қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Вахш ва Панҷ – 15,2 млн сомонӣ ва барои бунёди боғҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Айнӣ (9 млн сомонӣ), Мурғоб (9 млн сомонӣ), Балҷувон (8 млн сомонӣ) ва Сангвор (6 млн сомонӣ) ҷудо шуааст.

Чуноне дар Барнома зикр шудааст, имрӯз дар кишвар 368 муассисаи фарҳангии таъмирталаб ва 75 адад садамавӣ вуҷуд доранд. Вазъияти ҷойгиршавии муассисаҳо боиси нигаронист: 886 муассиса дар макони номувофиқ ҷойгир шудаанд – 77-тои онҳо дар хонаҳои шахсӣ, 154-то дар биноҳои мактабҳо, 270-то дар биноҳои ҷамоат ва 60-то дар бунгоҳҳои тиббӣ қарор доранд.

Китобхонаҳо бо мушкилоти махсус рӯбарӯянд. Ба навиштаи манбаъ, “дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ, китобҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа куҳна афзалият дошта, танҳо 38 дарсади фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил дода, саҳми аксари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест”.

Масъалаи кадрҳо дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат низ ҳадде ҷиддӣ аст: аз 10 ҳазору 814 воҳиди корӣ, танҳо 10 ҳазору 245 нафар дар ҷойҳои корӣ машғуланд. Норасоии кадрӣ 1 ҳазору 693 нафарро ташкил медиҳад, ки барои рушди соҳа халалрасон аст.

Барои рафъи ин мушкилот “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030” маблағ ҷудо кардааст. Инчунин, Барнома 18 фестивал, озмун ва маҳфили доимиро пешбинӣ мекунад, ки баъзе аз онҳо барои аввалин маротиба баргузор мешаванд.

Таваҷҷуҳи махсус ба маҳфилҳои эҷодии шеъру суруд дода шудааст – барои баргузории маҳофили “Рӯдакихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Ғазали Ҳофиз”, “Шеъри Камол”, “Ҷони ширин”, “Лоиқхонӣ” 240 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.

Дар бораи ба кадом самт чӣ миқдор маблағ равона шудан дар баргаи “Азия-Плюс” маълумоти муфассал гиред.

 


 

🎭 Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард

Барномаи давлатии рушди фарҳанг ва санъат дар солҳои 2026-2030

💰 Самтҳои асосии маблағгузорӣ

🏗️

Сохтмон, таъмир ва азнавсозии иншооти фарҳангӣ
60.8 млн
Сохтмони қасрҳои фарҳанг, таъмири осорхонаҳо ва бунёди боғҳои фарҳангӣ
🎪

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
12.8 млн
Фестивалҳо, озмунҳо ва маҳфилҳои эҷодӣ дар тамоми кишвар
📚

Ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангӣ
6.7 млн
Сабт дар ЮНЕСКО, нашри китобҳо ва экспедитсияҳо
👨‍🎓

Тарбияи кадрҳо
4.9 млн
Семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос
💻

Таҷҳизоти муосири техникӣ
4.9 млн
Компютерҳо, созҳои мусиқӣ ва дастгоҳҳои муосир
🏛️

Низоми ташкилу идоракунӣ
1.4 млн
Такмили заминаи меъёрӣ ва созмондиҳии соҳа
🔬

Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ
1.4 млн
Пажӯҳишҳои илмӣ ва тадқиқоти фарҳангӣ
🖥️

Автоматикунонии китобхонаҳо
0.7 млн
Барномаи Aleph ва рақамикунонии хидматрасонӣ
🏪

Таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ
1.5 млн
Мағозаҳо, шабакаи интернет ва китобхонаҳои электронӣ

🎨 Фестивалҳо, озмунҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ

📖
Фестивали ҷумҳуриявии "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон"
250 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
👨‍👩‍👧‍👦
Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ "Дунёи саодат"
150 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
🎤
Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ "Андалеб"
600 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎨
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ "Бозори ҳунар"
750 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
👗
Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ
1.5 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🏺
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фолклорӣ-этнографӣ "Ганҷи ниёгон"
400 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎵
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии мақомсароён "Навои Шашмақом"
1.0 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🎼
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён "Садои дил"
500 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
💃
Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс "Тараннуми Истиқлол"
100 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
📚
Озмуни ҷумҳуриявии "Библиомарафон" – "Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ"
200 ҳазор сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)
🏛️
Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо "Оинаи таърих"
100 ҳазор сомонӣ
2028, 2030
📖
Озмуни ҷумҳуриявии китобхонаҳо "Чароғи ҳидоят"
100 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🌳
Озмуни ҷумҳуриявии боғҳои фарҳангию фароғатӣ "Гулзори маърифат"
200 ҳазор сомонӣ
2028, 2030
🎭
Озмуни ҷумҳуриявии муассисаҳои клубӣ "Даргоҳи ҳунар ва маърифат"
240 ҳазор сомонӣ
2026, 2028, 2030
🎪
Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ "Ҷонбахши сатрҳо"
160 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
📝
Маҳфилҳои эҷодии шеъру суруд (Рӯдакихонӣ, Шоҳномахонӣ ва ғайра)
240 ҳазор сомонӣ
2027, 2029
🎊
Рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо дар Душанбе "Ваҳдат мароми мост"
600 ҳазор сомонӣ
2027, 2030
🚐
Ташкили сафари "Корвони китоб"
5.0 млн сомонӣ
Ҳар сол (2026-2030)

📊 Маблағгузорӣ барои 5 соли оянда

2026
 
5.8
млн сомонӣ
 
2027
 
21.1
млн сомонӣ
 
2028
 
21.8
млн сомонӣ
 
2029
 
20.4
млн сомонӣ
 
2030
 
24.9
млн сомонӣ
 
БАЛАНД
Маблағи ибтидоӣ
5.8 млн
📈
+329%
Афзоиш
Маблағи охирон
24.9 млн

💡 Маблағгузорӣ аз соли 2027 ба таври назаррас меафзояд ва дар соли 2030 ба баландтарин сатҳ мерасад

Миқдорҳо бо миллион сомонӣ

 

💼 Сарчашмаҳои маблағгузорӣ

🏛️
76.9 млн
Буҷети ҷумҳуриявӣ
🎭
15.0 млн
Маблағҳои Вазорати фарҳанг
🌍
1.7 млн
Ҷалби маблағҳои грантӣ
🏘️
0.5 млн
Буҷети маҳаллӣ
94.1 млн сомонӣ
Маблағгузории умумӣ барои солҳои 2026-2030

 

Вале муваффақияти барнома на танҳо ба маблағ, балки ба сифати иҷро, шаффофияти харҷҳо ва ҷалби фаъолонаи ҷомеа ва бахши хусусӣ вобаста мебошад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки маблағҳои грантӣ ва буҷети маҳаллӣ низ бояд дуруст. Комил ва саривақт таъмин гарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши солинавии “Афсонаи кӯҳӣ” намоиш дода мешавад. Коргардони намоиш Шервонӣ Толибов буда, он дар бораи Шарора ном духтараке аз деҳаи Сафедкӯҳ қисса мекунад. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 3 ЯНВАР

Соли 2007 – Дар шаҳри Душанбе аввалин маркази миллии омӯзишӣ дар Осиёи Марказӣ барои омодасозии кадрҳо дар самти мубориза бо савдои инсон ифтитоҳ ёфт.

Соли 2014 – Дар Эрон миллиардер Бобак Занҷонӣ, муассиси ҶСК “Холдинг Конт Групп Тоҷикистон”, ки сохторҳои он аз ҷумла терминали нақлиётии “Asian Express” дар Душанбе ва ширкатҳои дигарро дар бар мегирифт, боздошт шуд.

Соли 2019 – Маҷаллаи байналмилалии  “Financial Times” Тоҷикистонро ба рӯйхати ҳашт давлате ворид намуд, ки ба сайёҳон барои ташриф дар соли 2019 тавсия медиҳад.

Соли 2021 – Футболбози машҳури тоҷик ҳимоятгар Раҳматулло Фузайлов сармураббии дастаи футболи “Истаравшан” таъин гардид. Қаблан ин вазифаро Алиёр Ашурмамадов иҷро мекард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳматулло Фузайлов

Соли 2024 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба қонунҳо “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ имзо гузошт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1501 – Алишер Навоӣ, шоир, муттафакири ӯзбек, ки ба забони форсӣ низ эҷод мекард, дар синни 59 дар Ҳирот даргузашт.

Алишер Навоӣ шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ буда, бо ду забон эҷод мекард ва осори форсиаш бо тахаллусӣ “Фонӣ” эҷод шудааст.

Навоӣ беш аз 30 асар навиштааст, ки машҳуртарини онҳо маҷмӯаи “Хамса” мебошад, ки дар пайравӣ ба “Хамса”-и Низомӣ навишта шудааст.

Ӯ шогирди Абдураҳмони Ҷомӣ буд ва нақши ӯро дар зиндагӣ ва эҷодаш беназир арзёбӣ кардааст. Алишер Навоӣ аз Абдураҳмони Ҷомӣ на танҳо ба унвони мураббии маънавиаш, ҳамзамон чун дӯст ва ҳамдаму ҳамрози зиндагиаш бо самимият ва ихлос ном бурдааст.

Ахиран дар бораи ин ду мутафаккири барҷаста филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон бо унвони “Дурахшии ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба навор бардошта шуд. Пиромуни ин филм ва чолишҳое, ки атрофи он ба мийн омад, дар ин мусоҳибаи “Азия-Плюс” мутолиа кунед: Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тандиси Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ дар Душанбе

Соли 1891 – Зодрӯзи Мирзораҳмат Алимов, ҳунарманд-наққош, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ;

Соли 1947 –  Мавлуди Тағоймурод Солеҳов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика;

Соли 1949 –  Зодрӯзи Наврӯз Гулзода, забоншинос, номзади илмҳои филология;

Соли 1949 – Мавлуди Саидҷалол Саидов, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.

Саидҷалол Саидов солҳо дар риштаи журналистика фаъолият карда, баъдтар ба кори эҷодӣ пардохтааст. Як муддат директори киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” буд. Баъдан ёвари Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон буд ва соли 2012 ба нафақа баромад. “Хидматгузори се хоҷа, ё вазири як дарбор”, “Чакидаҳо аз андешаҳо”, “Бофтаҳо аз тофтаҳо”, “Омӯзонда, омӯхтем” аз чакидаҳои қалами ӯянд.

Соли 1949 – Мавлуди Турсунбой Аҳмадов, доктори илмҳои кишоварзӣ;

Соли 1953 – Зодрӯзи Тошпӯлод Гулмуродов, ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илмҳои тиб, Барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино;

Соли 1957 – Мавлуди Аслиддин Сатторов, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон;

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аслиддин Сатторов

Аслиддин Сатторов соли 1957дар деҳаи Варзи Манори ноҳияи Айнӣ зода шуда, Институти кишоварзии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур)-ро хатм кардааст. Аммо шавқу ҳавасе, ки ба санъат дошт, ӯро ба ин ҷода овард.  “Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ”, “Деҳқон”, “Хуш омадӣ”, “Тоҷикистон”, “Як рӯзи умр”, “Падарҷон”, “Интизорӣ” аз шумули маъруфтарин таронаҳои ӯ мебошанд.

Соли 1961 – Мавлуди Александр Азимов, футболбоз, бозигари дастаи “Помир”;

Соли 1963 – Зодрӯзи Очил Зоҳидов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа;

Соли 1978 – Зодрӯзи Озода Раҳмон, ходими давлатӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озода Раҳмон

Озода Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон, соли 1978 дар Данғара зода шудааст. Ӯ ходими давлатӣ, Сафири фавқулода ва мухтори дараҷаи 2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Ӯ солҳои 1995-2000 дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст. Аз 27 январи соли 2016 Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ин дар Вазорати корҳои хориҷӣ то ҳайси муовини вазир кор кардааст.

Соли 2010 – Муҳаммадраҳими Сайдар, журналисти маъруфи тоҷик дар бемористони шаҳри Тулаи Русия дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

3 январ дар ҷаҳон як иди ғайриодӣ таҷлил мешавад – ин санаро ҳамчун Рӯзи пайдоиши найча барои "коктейл" ҷашн мегиранд.

Дар ибтидо, найча барои нӯшидани "коктейл"-ҳо аз пояҳои холии гиёҳҳои ғалладона, ба монанди ҷуворӣ сохта мешуд. Тибқи ривоят, аввалин найчаи сунъӣ барои "коктейл"-ро соҳибкори амрикоӣ Марвин Стоун, ки соҳиби корхонаи истеҳсоли найчаи қоғазӣ барои сигор буд, ихтироъ кардааст.

3-юми январи соли 1963 аввалин парвози ҳавопаймои "Ил-62" дар Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёфт. "Ил-62" барои интиқоли гурӯҳҳои то 60 кас дар масофаи муайян бо роҳпаймоии 10 ҳазор км пешбинӣ шуда буд.

Дар оғози солҳои 1990 ҳавопаймо аз ҷиҳати техникӣ кӯҳна гардид. Он керасини зиёд сарф мекард. Аз миёнаи солҳои 1990 истифодаи "Ил-62" коҳиш ёфт ва соли 2005 ширкати “Аэрофлот”, ки яке аз бузургтарин истифодабарандагонаш буд, аз он даст кашид. Ҳамагӣ 276 ҳавопаймои "Ил-62" сохта шуда, охиринаш соли 2004 барои ҳукумати Судон истеҳсол гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

3-юми январи соли 1960 Аляска ҳамчун 49-умин иёлоти ИМА шинохта шуд ва ба бузургтарин иёлот аз рӯи масоҳат табдил ёфт.

Ҳанӯз соли 1812 тоҷири рус Иван Кусков дар Аляска шаҳраки Форт Русро таъсис дод, ки он барои даҳсолаҳо ҳамчун нуқтаи пуштибонӣ барои Ширкати русӣ-амрикоӣ, ки ба шикори ҳайвоноти пӯстдор ва савдо дар қитъаи Амрико машғул буд, хидмат мекард.

30 марти соли 1867 созишномаи фурӯши Аляска ва ҷазираҳои Алеут аз ҷониби Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имзо шуд. Дар моҳи октябри ҳамон сол, Аляска расман ба ИМА дода шуд. Русия барои нимҷазираи 700-километраи Аляска 7 миллион 200 ҳазор доллар гирифт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барфмеборад ва дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?

0

Барои амалисозии "Барномаи рушди соҳаи электроэнергетика барои солҳои 2026-2030" 60,4 млрд сомонӣ (ҳудуди 6,5 млрд доллар) маблағ лозим аст.

Дар назар аст, ки ин маблағ, аз ҳисоби манбаъҳои сармоягузорӣ, шарикони рушд, сармоягузориҳои хусусӣ, маблағҳое, ки ҳар сол аз буҷети давлатӣ ҷудо карда мешаванд (асосан, барои сохтмони НБО “Роғун”), ҷалб шаванд.

Манбаъҳои асосии маблағгузорӣ ба барнома инҳоянд:

– маблағҳои шарикони рушд – 36 млрд 570,9 млн сомонӣ;

– маблағҳои бахши хусусӣ — 23 млрд 785,9 млн сомонӣ;

– маблағҳои буҷети давлатӣ барои сохтмони НБО “Роғун”, ки ҳамасола дар ҳаҷмҳои муайян дар буҷети давлатӣ пешбинӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки барои татбиқи лоиҳаи НБО “Роғун” имсол аз буҷети давлатӣ зиёда аз 9 млрд сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки ҳудуди 20% аз хароҷоти тасдиқшудаи буҷетро ташкил медиҳад.

Дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2026, барои маҷмааи сӯзишворӣ ва энергетика  15 млрд сомонӣ (беш аз 1,6 млрд доллар) ҷудо мешавад. Ин маблағ ба 22,4% аз хароҷоти умумии буҷет дар соли оянда баробар аст.

 

Дар доираи Барнома чӣ ба нақша гирифта шудааст?

Дар давраи амалисозии барнома, ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Шӯроб” ва “Чарсем”, инчунин таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. Аз ҷумла, то соли 2030 ба истифода додани 4 агрегати боқимондаи нерӯгоҳи “Роғун” ва ивази 2 чархаи кории доимии ин нерӯгоҳ дар назар аст. Ин тадбирҳо ҷиҳати ба таври назаррас зиёд кардани иқтидор ва барқарор намудани захираҳои талафёфта имкон медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ НБО "Роғун"

Ғайр аз ин, рушди нерӯи офтобӣ ва бодӣ аз самтҳои афзалиятноки барнома боқӣ мемонанд. Оянда сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори 1,5 ГВт дар вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин таҳқиқу омӯзиши имконоти нерӯи бодӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тоҷикистон ҳамчунин фаъолона ба содироти нерӯи барқ машғул буда, хидматрасониҳои танзими басомад дар шабакаҳои барқиии минтақавиро ба сифати самти калидӣ ҷиҳати тақвияти мавқеъ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мекунад. Барои ин таъмиру таҷдиди зерсохтори интиқоли барқ зарур аст. Аз ҷумла сохтмони хатҳои баландшиддати барқи “Роғун – Сайҳун 500 кВ” ва таъмиру навсозии зеристгоҳҳои мавҷуда пешбинӣ шудааст.

Барои таъмини боэътимод бо барқ дар сатҳи миллӣ таъмиру навсозии шабакаҳои тақсимот, ивази таҷҳизот ва насби ҳикобкунакҳо бо ҳуши маснӯӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Чӣ гуна натиҷаҳо дар назаранд?

Дар натиҷаи амалисозии барнома расидан ба ҳадафҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– 2680 МВт иқтидорҳои нав дар пайи истеҳсоли барқ аз ҳисоби нарӯгоҳҳои нав;

– 253 МВт иқтидорҳои иловагӣ ар пайи истеҳсоли барқ аз ҳисоби таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда ва барқарорсозии 440 МВт иқтидори талафёфта бар асари фарсудаву кӯҳнашавии таҷҳизот;

– 1500 МВт нерӯи барқи офтобӣ;

– то 3%; коҳиш ёфтани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои интиқол;

– то 9% коҳиш ёфтани сатҳи талафоти барқ дар шабакаҳои тақсимот;

– то 5 миллиард киловатт/соат содироти нерӯи барқ.

Дар паёми охири президенти кишвар зикр гардид, ки талабот ба барқ дар дохили кишвар сол то сол афзуда, дар соли 2030 дар муқоиса бо соли 2025 ба андозаи 31% зиёд мешавад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, тайи 10 соли ахир ба соҳаи энергетикаи кишвар 60 млрд сомонӣ маблағгузорӣ шуда, дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзуданд.

Қабули барномаи рушди соҳаи электроэнергетика дар ҳолест, ки маҳдудият ё худ лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи сентябр амал мекунад. Охири моҳи ноябр, вақте ки барои дастрасӣ ба нерӯи барқ маҳдудиятҳои иловагӣ ҷорӣ шуданд, вазъият ба таври назаррас душвортар шуд. Ҳоло сокинони минтақаҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки субҳу шомгоҳон ҳамагӣ ду-се соатӣ барқ мегиранд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Дов” оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад

0

Бори аввал ва ба муносибати Соли нав филми ҳунарии “Дов” дастраси ҳама ҳаводорони синамо гардид. Акнун сокинони кишвар метавонанд ин филмро дар пойгоҳи “Оила ТВ” тамошо кунанд.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки он соати 18:00-и рӯзи 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастраси ҳама бинандагон шуд.

“Филми “Дов” пас аз сайри ҷаҳон акнун бори аввал дастраси ҳамаи ҳаводорони синамо мешавад. Қаблан, бинандагон онро танҳо дар толорҳои синамоӣ медиданд. Акнун метавонанд онро дар хонаву коргоҳ ё ҷои дигар нишаста дар экрани телевизор, компютер ё телефониҳои худ бинанд”, – гуфт коргардон.

Ба гуфтаи ӯ, акнун ҳар шахсе, ки замимаи “Оила ТВ”-ро дар дастрас дорад, филми “Дов”-ро дида метавонад. Ин пойгоҳ барои бархе ширкатҳои мобилӣ ройгон аст ва барои бархеи дигар бо пардохти маблағи рӯзона ё моҳона дастрас мешавад.

Бо ин пайванд – https://onelink.to/oilatv19 “Оила ТВ”-ро боргирӣ ва “Дов”-ро тамошо карда метавонед.

Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шудааст.

Филм дар бораи ду рафиқ – Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.

Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале барои пушаймонӣ дер шуда буд…

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябри соли 2023 дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Баъд аз ин, “Дов” тӯли 2 сол дар чандин кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шуд.

Давоми 2 сол ин филми тоҷикӣ дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аз он 27 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард. Аз ҷумла, 4 ҷоизаи байналмилалии “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард, ки ҷоизаи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муваффақияти  филми “Дов”, коргардони он моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи филмбардории “Довфилм”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард

0

Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ба Нилуфар Сафоева, модари Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар як мактабе дар канораи Маскав бар пояи нафрати миллӣ аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия кушта шуд, 300 ҳазор сомонӣ (тахминан 30 ҳазор доллар) кӯмак кардааст.

Дар ин бора хабаргузории давлатии “Ховар” хабар дода, навиштааст, “ин иқдом ва дастгирӣ нишони ҳамбастагӣ, ғамхорӣ ва қадршиносии арзишҳои инсонӣ дар ҷомеа мебошад”.

Пештар аз ин ба Нилуфар Сафоева аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон хона тақдим шуда буд. Яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев ба хабарнигорони “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “хонаро аз номи ҳукумати кишвар тақдим карданд”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озода Раҳмон

Ҳамчунин, тибқи иттилои дастрас, Умар Алиматов, яке аз соҳибкорони кишвар масъул шудааст, ки Нилуфар Сафоеваро бо кори маошаш 10 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 1000 доллар) таъмин кунад.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин куштор як шаҳрванди 15-сола ва шаҳрванди Русияро боздошт карда, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз карда, бо қарори додгоҳ, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ин кушторро маҳкум карда, ба мақомоти Русия “нота” ва барои таҳқиқи беғаразонаву саривақтии ҷиноят дархосту мактуб ирсол карданд.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд

0

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик ҷойи кор пешниҳод кардааст. Ин дархости корфармоён дар ҳудуди Русия будааст ва талаботу шароити он ҳам зикр шудааст.

Дар шаҳри Маскав ширкати ҶДММ "Прогресс М" ба вазифаи сангтарош коргаронро бо маоши аз 60 000 рубл мепазирад. Шахси масъул Амирхон Дадаев (+7 965 176 66 66) буда, ширкат ҳуҷҷатгузорӣ, ҷойи хоб ва ғизои нисфирӯзиро таъмин менамояд.

Инчунин ҶДММ "Вагоноремонтное Депо" дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Череповетс, Уфа ва дигар минтақаҳо ба кафшергарон аз 100 000 рубл ва оҳангарон аз 90 000 рубл маош пешниҳод мекунад. Масъули қабул Озод Ташматов (тел: +7 963 975 69 70) мебошад ва коргарон бо ҷойи хоб, ғизо ва ҳуҷҷатгузорӣ таъмин мешаванд.

Ширкати ҶДММ "Экосистемаи Маҳаллӣ" дар шаҳри Маскав боркашонҳоро бо пардохти соатии 230 рубл ва 50 рубл барои ҳар як фармоиш ба кор даъват мекунад, ки масъули он Александр Водолазский (тел: +7 937 639 00 04) аст.

Дар вилояти Маскав, шаҳри Лобня, ҶСК "Петромакс" ба ронандагони мошинҳои боркаш 80 000 рубл маош медиҳад. Масъули қабул Александр Водолазский (тел: 89376390004) аст ва ба коргар ҷойи хоб, бақайдгирӣ ва пардохти патентро аз ҳисоби корфармо кафолат медиҳад.

Дар минтақаҳои дурдасти Русия, аз ҷумла Новий Уренгой ва Салехард, соҳибкори инфиродӣ Хабибулин Руслан Рафаэлевич ба электрикҳо маоши аз 200 000 рубл ваъда мекунад. Масъули қабул Селиванова Марина Владимировна (тел: 89058242303) буда, маблағи ҷойи хоб, патент ва бақайдгирӣ аз ҳисоби ширкат пардохт мебошад.

Дар шаҳру вилояти Маскав ҶДММ "Ук Алянс" ба фаррошҳо аз 80 000 рубл ва коргарони амбор аз 100 000 рубл боло маош медиҳад. Сапронова Кристина Алексеевна (тел: 89773330320) масъули таъмини коргарон бо ҷойи хоб, патент ва бақайдгирӣ мебошад.

КВД "Жилишники ноҳияи Зюзино"-и шаҳри Маскав дарбонҳо ва коргарони умумиро бо маоши аз 60 000 то 70 000 рубл ба кор мегирад. Масъул Антон Юриевич Пошешулин (тел: 84953188636) буда, шароити ҷойи хоб ва пардохти патентро фароҳам меорад.

Ҷамъияти саҳҳомии “Аякс Инжиниринг” дар вилояти Амур ба коргарони умумӣ маоши аз 130 000 рубл пешниҳод намудаааст. Масъул Ирина Алимова (тел: 89858923203) мебошад. Ин ширкат маблағи ҷойи хоб, ҳуҷҷатҳо ва ҳатто парвоз аз Тоҷикистонро то ҷойи корро пурра пардохт мекунад.

Дар шаҳри Маскав ҶДММ “ПЭК” низ коргарони амборро бо маоши аз 70 000 рубл боло мепазирад, ки масъулин Шерхон (тел: 89775507941) ва Зафар (тел: 89296036675) зикр мешаванд ва онҳо коргарро бо ҷойи хобу ғизо таъмин ва маблағи патентро пардохт менамоянд.

Адами ҷойи кор бо маоши хуб дар Тоҷикистон ҳазорон шаҳрванди кишварро ба муҳоҷират бурдааст. Ҳоло наздики 1 млн шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор дошта, сарфи назар аз душвориҳо, дар муқоиса бо Ватан ҷойҳои кории маошаш баландтар пайдо мекунанд.

Ба вижа, дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик монеаву душвориҳои зиёди сунъиву қонунӣ вуҷуд дорад. Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия: барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир меёбад? Дар ин маводи “Азия-Плюс” маълумоти муфассал гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муҳсин Муҳаммадиевро дар Лучоб ба хок месупоранд. Ин устураи футболи тоҷик дирӯз даргузашт

0

Чеҳраи шинохтаи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дирӯз, 1-уми январ, дар синни 60-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад. Ҷанозаи марҳум, фардо, 3-юми январ, дар масиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе, пас аз адои намози пешин, соати 13:00 баргузор мешавад.

Муҳсин Муҳаммадиев пас аз бемории тӯлонӣ 1-уми январ, дар шаҳри Маскав ин дунёро падруд гуфт.

Ӯ моҳи феврали соли 2025 сактаи мағзиро аз сар гузаронд. Аз моҳи ноябр ба баъд дар Маскав табобат мегирифт ва вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешуд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳми Муҳсин Муҳаммадиевро дар рушди футболи тоҷик бебаҳо арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ӯ дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони Муҳсин Муҳаммадиев сабри ҷамил хостааст.

Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе ба дунё омада, аз маъруфтарин футболбозони тоҷик дар солҳои 80-уми асри 20 ба ҳисоб мерафт.

Ӯ ҳамчун футболбоз дар дастаҳои маъруфе монанди "Помир" (Душанбе), "Локомотив" (Маскав), "Анкарагучу” (Туркия), "Спартак" (Маскав) ва дигар тимҳо бозӣ кардааст. Ин футболбози тоҷик дар ҳайати "Спартак"-и Маскав соли 1994 қаҳрамони Русия шуда буд.

Як бор дар тими миллии Тоҷикистон (1992) ва як бор дар ҳайати дастаи мунтахаби Русия (1995) ба майдон омадааст.

Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт ва дар чандин дастаҳои дохилу хориҷ фаъолият кард. Ӯ аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии тими миллии Тоҷикистон ҳам буд.

Муҳаммадиев замони сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе будан чанд маротиба қаҳрамони Лигаи олӣ ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон, инчунин, Суперҷоми кишвар шуда буд.

Ӯ дар Маскав мезист ва оиладору соҳиби се духтар буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистониҳое, ки дар соли 2025 кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд

0

Ҳар сол шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла мутахассисон аз соҳаҳои гуногун, Тоҷикистонро дар ҷаҳон бештар шинохтатар мекунанд. Дар ин мавод дар бораи касоне маълумот медиҳем, ки ватанро дар арсаи ҷаҳонӣ маъруфу машҳур карданд.

 

Дастовардҳои варзишӣ

Ҳамасола варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ мукофоту ҷоизаҳо ба даст меоранд. Дар байни онҳо на танҳо варзишгарони касбии маъруф, балки наврасон низ ҳастанд. Яке аз ин наврасон Мадина Қурбонзода, ҷудокори тоҷик, ки аввали моҳи май дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025” нахустин духтар-зане дар Тоҷикистон шуд, ки ба дарёфти медали биринҷӣ даст ёфт. Навори шодии ӯро ҳамроҳи падараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон нафар тамошо карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мадина Қурбонзода

 

Дар "Тоскулоҳи бузурги Душанбе -2025" мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмуъ, 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст овард. Медалҳоро Нуралӣ Эмомалӣ, Меҳрзод Сӯфиев, Ёсин Бобокалонов, Муҳиддин Асадуллоев, Сомон Маҳмадбеков, Абӯбакр Шеров, Темур Раҳимов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов ба даст оварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Моҳи ноябри соли 2025-ум Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Ар-Риёзи Арабистони Саудӣ барои варзишгарони тоҷик боз як рӯйдоди таърихӣ шуд. Дар ин мусобиқа онҳо ба дарёфти 3 медали нуқра ва 3 биринҷӣ даст ёфта, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи 28-умро касб карданд.

Ҷудокори тоҷик Абӯбакр Шеров медали нуқра, гӯштингири тарзи озод Абдулмаҷид Кудиев (65 кг) медали нуқра ва дар варзиши тенниси рӯйи миз Саъдӣ Исмоилов медали биринҷӣ ба даст оварданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ

 

Ҷудокорон дар вазни вазнин ду медал гирифтанд: Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (+100 кг) – медали нуқра. Дар вазни 52 кг ҷудокорзани навраси тоҷик Мадина Қурбонзода медали нуқра ба даст овард.

Ҳамчунин, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар вазни сабук (61,2 кг) дар радабандии навшудаи WBA мақоми 9-умро касб кард. Ин нахустин чунин натиҷаи баланди варзишгари тоҷик аст.

Бежан Абдуллоев, пойгарони мошинҳо дар мусобиқаи "FIA China Racing Karting Championship" дар Ухани Чин пирӯзӣ ба даст овард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бежан Абдуллоев

 

Аввали моҳи декабр ӯ дар даври финалии мусобиқоти Чин CRKC 2025 пирӯз шуда, мавсимро бо нишондиҳандаҳои рекордӣ ба анҷом расонид. 

 

Уфуқҳои нав дар тиҷорат

Дилшод Ҷӯразода имсол ба курсии мудири кулли КВД "TajInvest" нишаста, аллакай чанд маротиба иконоти сармоягузории Тоҷикистонро барои сармоягузорони хориҷӣ муаррифӣ кард. Моҳи ноябр "TajInvest" дар Ню-Йорк чорабинии сармоягузории "Presentation on Tajikistan’s Investment Opportunities" роҳандозӣ кард.

Дар он худи Дилшод Ҷураев доир ба муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва кафолатҳои қонунгузорӣ, механизмҳои дастраси маъмурӣ ва ҳуқуқии дастгирӣ, инчунин хадамоти "One-Stop-Shop" барои ҳамроҳӣ ба сармоягузоронро муаррифӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилшод Ҷӯразода

 

Пештар аз ин, ин ниҳод имконоти сармоягузории кишварро дар зиёфати шомгоҳӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб муаррифӣ карда, 15 пешниҳоди тиҷоратӣ манзур кард. Ба иттилои ин мақомот, ин пешниҳодҳо аллакай аз ҷониби сармоягузорони  хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. 

Азизҷон Азимӣ яке аз пешгомони ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) дар Осиёи Марказӣ, хатмкардаи Стэнфорд ва Ҳарвард, муассиси "TajRupt" ва Академияи ҳуши маснӯӣ аст. Ӯ ширкати "zypl.ai"-ро таъсис дод, ки ба қатори созмондиҳандагони яке аз рӯйдодҳои бузургмиқёси оли равон – конфронси байнулмилалии "AI Conf 2025" шомил мегардад.

Ин ҳамоиш, 200 иштирокчӣ аз зиёда аз 30 кишвар бо шумули роҳбарони ширкатҳоро бо сармояи умумии беш аз 8,4 трлн доллар гирдиҳам овард. 

Аз рӯи натиҷаҳои "AI Conf 2025" ба маблағи 117 млн доллар созишномаҳо ба имзо расида, инчунин дар самти роҳандозии ҳуши маснӯӣ дар соҳаи маориф, идоракунии давлатӣ ва нахустин маркази додаҳои сабз дар бораи нерӯи барқи обӣ дар Дарвоз лоиҳаҳо оғоз шуданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Азизҷон Азимӣ

 

Пирӯзӣ дар номинаи "Best Use of AI in Financial Services" дар "AI World Series 2025" дастоварди шахсии "zypl.ai" маҳсуб меёбад, ки моҳи ноябр доир гардид. Ширкат аз чор дастаи ба финал роҳёфта пеш гузашт, ки миёни онҳо бонкҳои комилан ба ҳуши маснӯӣ асосёфта ҳузур доштанд. Ғайр аз ин, Азизҷон раиси Шӯро дар бораи  ҳуши маснӯии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буда, соли 2018 аввалин тоҷикистонӣ буд, ки ба рӯйхати "Forbes 30 то 30" шомил шуд.

 

Дастовардҳои олимон

Моҳи октябр олими тоҷик Фаррух Шарофзода ва Мақсуд Саидаминов ду олими тоҷик ба феҳристи муҳаққиқони беҳтарини ҷаҳон шомил шуданд. Фаррух Шарофзода, корманди Маркази инноватсионии маҳсулоти табиии Чину Тоҷикистон дар Академияи милли илмҳои Тоҷикистон бууда,  мебошад. Корҳои ӯ дар соҳаи кимиёи растаниҳо ва метаболитҳои дуюмдараҷа аз ҷониби ҷомеаи байнулмилалӣ эътироф шуд.

Мақсуд Саидаминов роҳбари илмии "Canada Research Chair Tier II" дар самти “Маводи пешрафттаи корбурдӣ” ва профессори кафедраи кимиёи Донишгози Виктория дар Канада аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаррух Шарофзода ва Мақсуд Саидаминов

 

Ин рӯйхат  ҳамасола аз ҷониби Донигоҳи Стэнфорд таҳия мешавад.

Имсол занон ҳамр маъруфияти илми тоҷик саҳм доштанд. Моҳи июн чанд зани олими тоҷик дар Намоишгоҳи ихтирои занони Корея – KIWIE 2025 10 ҷоиза ба даст оварданд: 5 медали тилло, 2 нуқра ва 3 медали биринҷӣ.

Барои тарзу усули табобати бемориҳои музмини роҳҳои нафас Ганҷина Наврӯззода ҷоизаҳои тиллоӣ гирифт. Гуландом Каримзода низ барои методи нави табобати ҷароҳати даст ба ҷоизаи тилло сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин занони олими дигари тоҷик дар соҳаи тиб Сафия Сайфиева ва Фариза Ҳалимова барои ихтирои тарзу усулҳои нави табобат медали тилло ва аз Пажуҳишгоҳи якуми муҳаққиқон ва ихтироъкорони Эрон ҷоизаи махсус гирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Занони олим

 

Барои ихтирои шамъчаи хушбӯй ба Чаманоро Шозиёева, барои сарулибоси мактабӣ ба Заррина Мадалиева ва барои усули танзими сарбориҳо барои варзишгарон ба Зилола  Мавлонова ҷоизаҳои биринҷӣ тақдим шуданд.

Охири соли 2024 дар шаҳр Ослои Норвегия шарқшинос ва фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ таҳти унвони “Робитаҳои фарҳангии Шарқ ва Ғарб дар асри XXI” китоб ба нашр расонид. Дар он ӯ аз назарҳои адабӣ ва аҳаммияти тоҷикон ба сифати халқи бофарҳанг, босавод ва арҷгузор ба адабиёт маълумот медиҳад.

Китоб дар донишгоҳҳои ҷаҳон маъруфият пайдо карда, худи Мунира Шаҳидиро барои рӯнамоӣ ба Кембриҷ даъват каранд. Баъдан китоб дар макотиби олии Берлин, Прага, Лондон ва Самарқанд муаррифӣ шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мунира Шаҳидӣ

 

Оҳангсозони тоҷик  дар саҳнаҳои ҷаҳон

Самир Абдураззоқов, пианинонавози маъруф аз Тоҷикистон имсол ба унвони "Young Steinway Artist" пешбарӣ шуд. Ин на танҳо ҷоизаи маъруф аст, балки Самир якумин тоҷик дар "Young Steinway Artist" дар Шветсия хоҳад буд. То ин дам Самир ба даври финалии озмуни "Unga Solister" дар Шветсия роҳ ёфта, аллакай чанд маротиба дар толорҳои гуногуни ҷаҳон консертҳо додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Самир Абдураззоқов

 

Овозхони ҷавон Шоҳрух Юнусов имсол дар Амстердам ба муносибати ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон консерти шахсӣ барпо кард. Ӯ аввалин донишҷӯи тоҷик дар Консерваторияи Милан аст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шоҳрух Юнусов

 

Пианинонавози ҷавон ва боистеъдод Ҷаннат Ҳусейнзода дар консерт дар Амстердам ҳамроҳи Шоҳрух ҳунарнамоӣ кард. Қаблан ӯ дар Консерваторияи шоҳигарии Брюссел таҳсил када, дар синни 9-солагӣ дар озмуни шаҳрии пианинонавозони "San’at gunchalari" ғолиб омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷаннат Ҳусейнзода

 

Боз як ҳунари дигар

Сабрина Бобоева, машшота (ороишгари ҳусн) аз Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии ҳунари машшотагӣ, ки аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, сазовори ҷои дуввум ва соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 3 ҳазор нафар аз 45 кишвар ширкат карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сабрина Бобоева

 

Ӯ дар ин мусобиқа маҳорати баланди ҳунармандӣ нишон дода, дар муқоиса ба дигар иштирокчиён малакаи хубтар нишон дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Дар ҳайати Тоҷикистони шӯравӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) таъсис дода шуд. Ин вилоят дар шарқи Тоҷикистон, дар кӯҳсори Помир ҷойгир буда, маркази он шаҳри Хоруғ мебошад. ВМКБ 44,5% масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бо Қирғизистон, Чин ва Афғонистон ҳаммарз аст. Аҳолии вилоят асосан ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ (шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, вахӣ, ишкошимӣ) ҳарф мезананд.

Соли 1992 – Дар Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон, ки баъдтар Институти ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ном гирифт, аввалин машғулиятҳо оғоз гардиданд. Ин институт ҳоло бо номи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф аст.

Соли 2010 – Дар ноҳияи Ванҷ заминларзаи шадид бо шиддати 5,1 балл рух дод, ки боиси хисороти ҷиддӣ гардид. Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ, хисороти ворида аз ин заминларза зиёда аз 1,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Биноҳои маъмурии идораҳои давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот зарар диданд.

Соли 2019 – Президенти кишвар дар бораи эълон намудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фармон ба имзо расонд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард. Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон вазифадор шуданд, ки аз хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқие, ки ҳамчун ташкилоти экстремистӣ дар ҷумҳурӣ эътироф шудаанд, даст кашанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1920 – Зодрӯзи Маҳмадулло Холов, собиқ раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ дар солҳои 1963-1984.

Маҳмадулло Холов яке аз арбобони намоёни давлатӣ ва сиёсӣ дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистони шӯравӣ буд. Номи ӯ пеш аз ҳама бо солҳои тӯлонии раҳбарӣ дар мақоми олии давлатии ҷумҳурӣ – Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистони шӯравӣ пайванд аст.

Пас аз анҷоми хизмати ҳарбӣ, аз соли 1947 фаъолияти ӯ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва сохторҳои ҳизбӣ пайванд гардид. Ӯ зина ба зина дар сохтори ҳизбӣ боло рафта, соли 1954 ба мақоми котиби кумитаи ноҳиявии ҳизб дар Обигарм расид. Баъдан ҳамчун котиби аввали кумитаи ҳизбии ноҳияи Москва фаъолият бурд ва соли 1963 раиси кумитаи иҷроияи ноҳияи Куйбишев таъин шуд.

Марҳалаи муҳимтарин дар фаъолияти сиёсии ӯ аз 29 марти соли 1963 оғоз меёбад. Дар ин рӯз Маҳмадулло Холов Раиси Президиуми Совети Олии Тоҷикистони шуравӣ интихоб гардид ва то 17 феврали соли 1984, беш аз бист сол, ин вазифаро ба уҳда дошт.

Ҳамзамон Холов узви Президиуми Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1966–1971 ӯ дар ҳайати Комиссияи марказии тафтишотии ҲКИШ фаъолият кард ва аз соли 1971 то 1986 номзад ба аъзогии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Холов соли 1989 дар 69-солагӣ даргузашт.

Соли 1930 – Мавлуди Муътабар Иброҳимова, ҳунарпешаи театр ва синамо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муътабар Иброҳимова

Муътабар Иброҳимова дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Ленинобод фаъолияти кориашро шурӯъ карда, 4 даҳсола онҷо ҳунарнамоӣ кард. Ӯ дар саҳнаи театр дар намоишномаҳои “Равшан ва Зулхумор”, “Фарҳод ва Ширин”, “Пӯлод ва Гулрӯ”, “Гулсара”, “Исёни арӯсон”, “Отелло”, “Рамаяна” нақш офаридааст.

Инчунин дар филмҳои “Вақте ки осиё бозмонд”, “Ғуломони сарсахт”, “Сандуқ барои арӯс”, “Гирдоб”, “Агар дӯст дорӣ” низ нақш иҷро кардааст.

Соли 1940 – Зодрӯзи Сталина Азаматова, устоди санъати балет, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сталина Азаматова

Вай барои рушди санъати балети тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Ӯ солҳо дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ кард.

Ӯ дар саҳнаи балет нақшҳои Ҷулйетта “Ромео ва Ҷулйетта”, Медора, Жизел дар “Корсар”, “Жизел”, Франческа дар “Франческа да Римини” Клеопатра дар “Шабҳои Миср” ва ғайра. Ҳамчун балетмейстер балетҳои “Писарча ва Карлсон”, “Марги судхӯр”, “Вини Пух ва дигарон”-ро иҷро кардааст.

Сталина Азаматова 17 апрели соли 2020 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1942 – Зодрӯзи Нуқра Раҳматова, сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нуқра Раҳматова

Нуқра Раҳматова зодаи деҳаи Бартанги ноҳияи Рӯшон аст. Ӯ нахуст аъзои дастаи ҳаваскорони санъати мактаби миёна буд. Баъдан дар Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳамчун овозхон ба фаъоляит шуруъ кард. Аз соли 1967 овозхони Ансамбли мақомхонон буд.

Ӯ асосан бо иҷрои сурудҳои лирикӣ дар саҳнаи санъат мақом пайдо кард. Нуқра на танҳо дар Тоҷикистон, инчунин дар дигар кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ низ маъруф аст.

Нуқра Раҳматова дар филми “Коваи оҳангар” нақши духтари кӯҳсорро иҷро кардааст.

Соли 1950  – Мавлуди Алӣ Барот, нависандаи муосири тоҷик.

Соли 1953 – Мавлуди Абулфайз Атоӣ, рӯзноманигор ва дипломати собиқадор.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулфайз Атоӣ

Ӯ охири моҳи август дар шаҳри Душанбе дар доираи парвандаи чеҳраҳои саршинос ва бо “иттиҳоми хиёнат ба давлат” боздошт гардид. Тибқи иттилои охир, ӯ ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст. Тибқи иттилои охир, ӯ ба “қаллобӣ” низ гумонзад шудааст.

Абдулфайз Атоӣ барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият (моддаи 306, қисми 1), сохтакории ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 340, қисми 2) ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ (моддаи 38 (1), қисми 2, банди “б”) гунаҳкор дониста шуда, 17 сол равонаи зиндон шуд.Ҳукми онҳо рӯзи 5-уми феврали соли 2025 эълон гардид.

Соли 1950 – Зодрӯзи Халифабобо Ҳамидов, собиқ вазири адлияи Тоҷикистон.

Соли 2010 – Фаттоҳ Одина, бастакори тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар синни 72-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фаттоҳ Одина

Фаттоҳ Одина, бастакори барҷастаи тоҷик беш аз 50 сол дар майдони санъат заҳмат кашидааст. Ӯ тавонистааст, мусиқии ҷаҳониро бо оҳангҳои классикӣ ва мардумии тоҷик даромезад ва дарду армони миллат ва ҷомеаро дар оҳангҳояш инъикос кунад.

Ӯ таҳсилро аз омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе шурӯъ намуда, ба консерваторияи Маскав роҳ ёфт. Бо навиштани даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравиву симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо ҳамчун эҷодкори барҷаста исми худро дар таърихи санъату мусиқии волои тоҷик сабт намуд.

Ӯ оҳангсози операи “Парасту”, операи бачагонаи “Бузаки ҷингилаппо”, достони “Аҳурамаздо”, таронаҳои “Ватанро месароям”, “Иқболи баланд”, “Бақои дустӣ”, “Ману дарё”, “Тоҷикистон”, “Арӯси 18-сола”, “Аспи саманд”, “Маъвои Роғун”, “Садбарги сафед” ва “Аскарбача” аст.

Соли 2016 – Бароат Хоҷибоева, адабиётшиноси тоҷик дар синни 89-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи фантастикаи илмӣ (Science Fiction Day) ҷашн гирифта мешавад. Осори нависандагони ин жанр, ки дар пардаи синамо рӯйи саҳна меоянд, барои аксарият оғози шиносоӣ бо ҷаҳони фантастикаи илмӣ аст. Ин рӯз баҳонаи хубест, ки асари нав ё қаблан хондашударо ба даст гирифта, худро дар олами он эҳсос кунем.

2-юми январи соли 1959 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нахустин истгоҳи автоматии байнисайёравӣ – “Луна-1” ба фазо партоб гардид. Парвози мушаки 8К72 бо ин истгоҳ дар се зина бидуни мушкил анҷом ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз як рӯз бо истифода аз дастгоҳи махсуси зинаи сеюми мушак абри натрий бо вазни 1 килограмм ба фазо бароварда шуд. Ин абр дар тӯли чанд дақиқа аз рӯи Замин ҳамчун ҷирми осмонӣ, монанд ба кометаи дараҷаи шашуми равшании ситоравӣ, мушоҳида гардид.

2-юми январи соли 1939 Луи Дагер,  мусаввири фаронсавӣ нахустин маротиба Моҳро аксбардорӣ кард. Моҳ моҳвораи табиии Замин буда, дар фосилаи миёнаи 384 ҳазору 400 километр аз он қарор дорад ва бо нури офтобе, ки ба сатҳи он бархӯрда бозтоб меёбад, медурахшад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона -3+2º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.