Муҳсин Муҳаммадиевро дар Лучоб ба хок месупоранд. Ин устураи футболи тоҷик дирӯз даргузашт

Чеҳраи шинохтаи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дирӯз, 1-уми январ, дар синни 60-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад. Ҷанозаи марҳум, фардо, 3-юми январ, дар масиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе, пас аз адои намози пешин, соати 13:00 баргузор мешавад. Муҳсин Муҳаммадиев пас аз бемории тӯлонӣ 1-уми январ, дар шаҳри Маскав ин дунёро падруд […]

Asia-Plus

Чеҳраи шинохтаи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев, ки дирӯз, 1-уми январ, дар синни 60-солагӣ даргузашт, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад. Ҷанозаи марҳум, фардо, 3-юми январ, дар масиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе, пас аз адои намози пешин, соати 13:00 баргузор мешавад.

Муҳсин Муҳаммадиев пас аз бемории тӯлонӣ 1-уми январ, дар шаҳри Маскав ин дунёро падруд гуфт.

Ӯ моҳи феврали соли 2025 сактаи мағзиро аз сар гузаронд. Аз моҳи ноябр ба баъд дар Маскав табобат мегирифт ва вазъи саломатияш вазнин арзёбӣ мешуд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон саҳми Муҳсин Муҳаммадиевро дар рушди футболи тоҷик бебаҳо арзёбӣ карда, таъкид кард, ки ӯ дар хотираи мухлисон, ҳамкорон ва шогирдонаш абадан боқӣ хоҳад монд. Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ ба наздикону пайвандони Муҳсин Муҳаммадиев сабри ҷамил хостааст.

Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 дар Душанбе ба дунё омада, аз маъруфтарин футболбозони тоҷик дар солҳои 80-уми асри 20 ба ҳисоб мерафт.

Ӯ ҳамчун футболбоз дар дастаҳои маъруфе монанди "Помир" (Душанбе), "Локомотив" (Маскав), "Анкарагучу” (Туркия), "Спартак" (Маскав) ва дигар тимҳо бозӣ кардааст. Ин футболбози тоҷик дар ҳайати "Спартак"-и Маскав соли 1994 қаҳрамони Русия шуда буд.

Як бор дар тими миллии Тоҷикистон (1992) ва як бор дар ҳайати дастаи мунтахаби Русия (1995) ба майдон омадааст.

Аз соли 2003 ба кори мураббигӣ гузашт ва дар чандин дастаҳои дохилу хориҷ фаъолият кард. Ӯ аз моҳи июли соли 2013 то июли соли 2015 сармураббии тими миллии Тоҷикистон ҳам буд.

Муҳаммадиев замони сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе будан чанд маротиба қаҳрамони Лигаи олӣ ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон, инчунин, Суперҷоми кишвар шуда буд.

Ӯ дар Маскав мезист ва оиладору соҳиби се духтар буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.