Театри миллӣ таъсис шуд. Ҳунармандон аз таъсиси театри нав шоду аз паёмади он нигаронанд

0

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишвар Театри миллӣ таъсис дода шудааст. Ин театри комилан нав аст ва дар назди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур фаъолият мекунад, вале ҳоло бино надорад.

Дар ин хусус рӯзи 1-уми декабр фармони раисҷумҳур баромадааст ва дар он супориш шудааст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Театри миллӣ чораҷӯйӣ намояд. Театри миллӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ин фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кардааст, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад.

Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз гардид ва то кунун сохтмонаш ба итмом нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо барои дақиқ кардани роҳбарият ва ҳайати эҷодии Театри миллӣ бенатиҷа анҷомид. Аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар ин маврид маълумот дастрас карда натавонистем.

Аз Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки масъули пешбари театрҳои кишвар низ ҳаст, гуфтанд, ки дар ин маврид иттилоъ надоранд. Аз бахши матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол ҳам ба зангҳои мо посух надоданд, то дар мавриди таъмини бино пурсон шавем.

 

“Ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои Театри миллӣ мегузарад”

Абдукарими Машраб, роҳбари Театри Лоҳутӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мавриди таъсиси Театри миллӣ хабар надорад, вале огоҳ аст, ки ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои нави он баргузор мешавад.

 “Ҳоло дар бораи тахриби Театри Лоҳутӣ ҳам дастуре нашудааст. Маълум нест, ки мо дар бинои худ мемонем ё ба бинои нави Театри миллӣ мекӯчем. Фақат театри мо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлол ҷалб шудааст, ки он дар бинои нави Театри миллӣ баргузор мешавад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Роҳбари Театри Лоҳутӣ афзуд, намедонад, ки дар сурати таъсиси Театри миллӣ ҳайати ҳунармандони театраш тақсим мешаванд ё на. Дар мавриди роҳбарият ва ҳунармандони Театри миллӣ ҳам изҳори бехабарӣ кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз муаллиф

Аз умед то нигаронии ҳунармандон

Бояд гуфт, миёни ҳунармандон ҳарфу ҳадисҳое ҳаст, ки пас аз ба истифода додани бинои нави Театри миллӣ ҳамаи театрҳо дар як бино ҷамъ оварда мешаванд.

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар мавриди таъсиси Театри миллӣ хабар надорад, вале аз шоеоти ҳамаи театрҳои пойтахтро дар як бино ҷамъ овардан изҳори нигаронӣ кард.

“Мо аз таъсиси Театри миллӣ бисёр хурсандем ва умед дорем, ки заминаи рушди театри миллӣ ва муаррифгари фарҳангу ҳунари мо дар дохилу хориҷ мешавад. Вале ҳамаи театрҳои пойтахтро дар бинои Театри миллӣ ҷамъ овардан, агар рост бошад, кори дуруст нест. Ин боиси рукуди санъати театрӣ мешавад”, – изҳор дошт ҳунарпешаи шинохта.

Панҷ соли пеш Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо мо дар мавриди ҳамаи театрҳоро дар як бино ҷамъ овардан ҳам изҳори нигаронӣ карда буд.

“Ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва ба дигаршавии вазъ умеде намемонад”, – гуфта буд ҳунармешаи фақид.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акс аз муаллиф

Вазифаи Театри миллӣ чист?​​​​​​​

“Азия-Плюс” Оинномаи Театри миллиро дарёфт кард ва бо ҷузъиёти он ошно шуд. Тибқи он, роҳбари Театри миллиро раисҷумҳур ва муовини аввал, муовинон ва сармуҳосибро роҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин ва аз кор озод мекунанд. Роҳбари Театри миллӣ танҳо ҳуқуқи ба кор пазируфтан ё ихроҷ кардани корномандонро дораду бас.

Дар боби 3-юм, банди 15-и оиннома зикр мешавад, ки Театри миллӣ дорои вазифаҳои зерин аст:

– нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои санъати касбӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ;

– офаридан ва ба тамошобинон пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ;

– баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон;

– муаррифии санъати театрии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– ба таври пайваста мусоидат намудан бобати тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати касбӣ;

– ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ҳавасмандгардонии моддиву молиявӣ барои инкишофи маҳорати касбии ҳунарпешагон, режиссёрон, композиторон, рассомон ва мутахассисони дигари соҳа;

– таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба Театр;

– баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Театр;

– ташкили заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани намоишҳои театрӣ ва консертӣ;

– вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Бинои Театри миллӣ макони баргузории консерту чорабиниҳои фарҳангӣ​​​​​​​

Бинои Театри миллӣ ҳамчун “иншооти махсусан муҳим” ва “ганҷинаи мероси фарҳанги миллӣ” эътироф шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.

Тибқи Оиннома, дар бинои Театри миллӣ ба ҷуз ба саҳна гузоштани намоишҳо, инчунин барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Иҷозаи баргузории барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро танҳо Дастгоҳи иҷроияи президент медиҳад.

Адами толори бузург барои баргузории консертҳо мушкили чандинсолаи овозхонон дар Тоҷикистон аст. Ҳоло толори бузургтарин ва мувофиқ ба барномаҳои консертӣ дар Душанбе толори Кохи Борбад аст, ки ҳудуди 2 ҳазору 300 ҷойи нишаст дорад. Аммо он ҳам таҳти назорати Дастгоҳи иҷроияи президент аст ва чанд сол боз овозхонон наметавонанд иҷозаи баргузории консерт дар ин маконро гиранд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лоиҳаи Театри миллӣ

Акнун маълум нест, ки толори Театри миллӣ бо кадом шароит бино шудааст, то куҷо ба баргузори консертҳо мувофиқ аст ва барои ҳама овозхонон иҷозаи баргузории консерт дода мешавад ё танҳо он ҷо консертҳои давлатӣ мегузарад.

Баргузории консертҳо дар толори театрӣ дар Тоҷикистон кори нав нест. То ҳол бархе консерҳову чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори Театри опера ва балет, Театри Лоҳутӣ ва Театри ҷанонон баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе ҳунармандон аз баргузори консерту чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори театр изҳори нигарнӣ доранд ва мегӯянд, ки дар баъзе ҳолат наметавонанд машқҳои театриро гузаронанд.

 

Театри миллӣ 7 ошёна мешавад​​​​​​​

Бинои нави Театри миллӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 11, пайлӯи Боғи парчами миллӣ дар Душанбе ҷойгир аст. Тибқи лоиҳа, бинои он аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Ин театр, тибқи лоиҳа, аз 3 толори калон ва якчанд толору ҳуҷраҳои хурд иборат аст. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Барои сохтмони Театри миллӣ 680 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллӣ, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар зад. Мақомот гуфтанд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад. То кунун дар бораи ин сӯхтор дигар маълумот расонаӣ нашуд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ, аз ҷумла 1 театр дар ВМКБ, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 6 театр дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазъи ҳаво дар рӯзҳои таҷлили Соли нав. Боришоту барф дар кӯҳҳо ва хавфи тармафароӣ

0

Вазъи ҳаво дар Тоҷикистон дар рӯзҳои охири соли равон ва аввали соли оянда ноустувор мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар бисёре аз минтақаҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ вазъият метавонад бар асари боридани барф ва шамоли сахт душвортар шавад.

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми декабр ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм мешавад. Шамол муътадил аз самти ғарб мевазад.

Рӯзи 1-уми январи соли 2026 боришот боқӣ монда, лекин кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шабона ҳарорат то 0-2 дараҷа ва рӯзона боз ба сатҳи 5-7 дараҷа гарм боло меравад.

Дар водиҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф, баъзан пуршиддат дар назар аст. Шабона ҳавои сард дар назар буда, ҳарорат баъзан метавонад то 0 дараҷа поин равад.

Дар водиҳои вилояти Суғд рӯи 31-уми декабр борон мебошша ва ҳарорат то 12-13 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо боридани борону барф аз эҳтимол дур нест. Рӯзи 1-уми январ боришот ба водиҳо низ гузашта, пурзӯр шудани вазиши шамол ҳаворо хунук мекунад. Ҳаво рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои нисбатан гарм пешбинӣ мешавад. Рӯзи 31-уми декабр ҳарорат дар водиҳо 10-15 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзи 1-уми январ борон борида, дар доманакӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат то 3-8 дараҷа гарм поин меравад.

Ҳавои нисбатан хунук дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят рӯзона боришот ва поинравии ҳарорат дар назар аст. Дар шарқи минтақа ҳавои сард пешбинӣ шудааст: шабона то 25 дараҷа ва рӯзона – то 15 дараҷа хунук.

Обуҳавошиносон ҳамчунин ҳушдор медиҳанд, ки рӯзҳои 30 ва 31-уми декабр бар асари боришоти зиёд дар роҳи мошингарди Душанбе – Чанок, инчунин қитъаи роҳи Майхӯра хавфи фаромадани тарма боқӣ мемонад. Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки зимни ба нақша гирифтани сафар шароити обуҳаворо ба инобат гиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз Орун Афшор, сарояндаи маъруфи эронӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар пойтахти Тоҷикистон консерт доир мекунад. Шоми мусиқӣ соати 17:00 оғоз гардида, арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 400 то 600 сомонӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 15:00 дар “Кохи суруш” барномаи стендапи “33 сирри хушбахтӣ” баргузор мешавад. Ҷаҳонгир Зарипов, Мубориз Усмонов ва Фаррух Ҳасанзода меҳмонони барнома мебошанд. Арзиши чипта барои иштирок аз 50 то 150 сомонӣ аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 30 ДЕКАБР

Соли 1962 – Сохтмони хати интиқоли нерӯи барқи "Головная" дар Душанбе ба анҷом расид.

Соли 1964 – Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тиҷорат ва рушд тасдиқ шуд.

Соли 2011 – Технологияҳое, ки тавассути лизинг (қарордоди иҷораи молиявӣ) ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд.

Соли 2013 – Дар Тоҷикистон Академияи воситаҳои ахбори омма таъсис дода шуд.

Соли 2013 – Миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ бо иттиҳоми ғасби зиёда аз 2 миллиард доллар, ки аз фурӯши нафти Эрон ба даст омада буд, боздошт шуд. Ӯ ҳуҷҷати қалбакиеро пешниҳод кард, ки гӯё аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дода шуда, интиқоли маблағро ба ҳисоби Вазорати нефти Эрон тасдиқ мекард.

Соли 2015 – Қарори ҳукумат “Дар бораи маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ” қабул гардид, ки фаъолияти субъектҳои дар ин соҳа фаъолияткунандаро маҳдуд кард.

Соли 2020 – ИМА ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон 200 баллони оксигенӣ барои беморони COVID-19 тақдим кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1917 – Мавлуди Мулук Баҳор, сарояндаи опера, модари Фирӯз Баҳор.

Мулук Баҳор яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик буда, дар рушди санъати операвии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ солҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва муддате дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии ҶШС Ӯзбекистон фаъолият кардааст.

Мулук Баҳор дар саҳнаи театр операҳои зиёдеро иҷро кардааст, аз ҷумла Гулъизор дар операи “Шӯриши Восеъ”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Маҳин дар “Тоҳир ва Зуҳро”, Гулчеҳра дар “Оршинмололон” ва ғайра.

Соли 1927 – Зодрӯзи Бӯринисо Бердиева, рӯзноманигори шинохаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Буриниссо Бердиева

Бӯринисо Бердиева рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятии тоҷик буда, ки дар рушди матбуоти тоҷик ва бедории фикрӣ дар замони Шӯравӣ саҳм гузоштааст. Ӯ фаъолияти журналистии худро дар рӯзномаи “Барои колхози болшевикӣ” дар ноҳияи Шӯробод оғоз намуда, баъдан дар Кӯлоб то мақоми котиби дуюми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист расидааст.

Солҳои 1960–1983 сардабири рӯзномаи “Маориф ва маданият” буд, ки дар ин давра нашрия ба минбари озодфикрон ва равшанфикрони тоҷик табдил ёфта буд.

Дар замони Шӯравӣ, ки ҷашни Наврӯз мамнӯъ ё маҳдуд буд, Бӯринисо Бердиева бо ҷасорат ва истодагарӣ дар нашрияаш ба эҳёи ин ҷашни миллӣ мусоидат кард. Ӯро ҳамчун “Қаҳрамони Наврӯз” ва “Сардафтари матбуоти озоди тоҷик” ёд мекунанд, ки дар замони рукуди фикрӣ барои бедории миллӣ ва озодандешӣ талошҳои зиёде кардааст.

Бӯринисо Бердиева соли 2003 дар шаҳри Душанбе аз бемории саратон даргузашт.

Перомуни зиндагӣ ва фаъолияти Бӯриниссно Бердиева дар ин мусоҳибаи "Азия-Плюс" бо Саидаҳмад Қаландаров, яке аз ҳамкорон ва дӯстони ӯ маълумот пайдо мекунед: "Сайидаҳмад Қаландаров: "Қаҳрамони Наврӯз" ба ҷуз танбеҳ дигар унвон надошт"

Соли 1944 – Мавлуди Ҳайдаршо Пирумшоев, таърихшинос ва доктори илмҳои таърих.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳайдаршо Пирумшоев

Ҳайдаршо Пирумшоев соли 1944 дар ноҳияи Ванҷ ба дунё омад. Ӯ дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳсили илм кардааст.

Дар ҳамин боргоҳи илм аз зинаи коромӯз (ассистент) то муаллими калон, дотсент, декани факултаи таърих, мудири кафедраи таърихи Тоҷикистон фаъолият кард. Тақрибан 20 сол инҷониб ба ҳайси профессори кафедраи таърихи умумӣ ва ватании Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба муҳассилин дарс медиҳад. Муаллифи зиёда аз 300 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ аст.

Соли 1946 – Зодрӯзи Абдувалӣ Ҳаитов, зистшинос, доктори илми биологӣ.

Соли 1958 – Зодрӯзи Муртазо Зайниддинов, адабиётшинос.

Муртазо Зайниддинзода адабиётшинос, номзади илмҳои филология ва дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Ӯ хатмкардаи факултети филологияи ҳамин донишгоҳ буда, солҳо дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла дотсент ва мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Муаллифи зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ, таълимӣ-методӣ ва китобу дастурҳо мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муртазо Зайниддинов

Муртазо Зайниддинзода 5-уми октябри соли 2023 дар синни 64-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1961  – Мавлуди Ёдгор Файзов, раиси пешини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, директори пешини Фонди Оқохон дар Тоҷикистон.

Ӯ хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси байторӣ ва Мактаби олии комсомолии шаҳри Москав бо тахассуси сиёсатшиносӣ буда, солҳо дар соҳаи байторӣ фаъолият кардааст.

Соли 1986 инструктори Комитаи комсомолии ВМКБ таъин шуда, сипас мудир ва котиби якуми ин кумита буд. Соли 1992 раиси Созмони ҷавонони ВМКБ таъин шуда, солҳои баъдӣ менеҷери генералии Барномаи рушди деҳоти Фонди Оқохон ва аз соли 2004 то соли 2018 – 14 сол директори Фонди Оқохон дар Тоҷикистон буд.

Аз октябри соли 2018 то феврали соли 2019 иҷрокунанда ва сипас то 5-уми ноябри соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ёдгор Файзов

Соли 1963 – Зодрӯзи Мавлуда Рафиева, рӯзноманигор.

Мавлуда Рафиёва дар ва журналистика, махсусан соҳаи матбуоти Тоҷикистон саҳми назаррас дошт. Ӯ 13 октябри соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд даргузашт ва дар оромгоҳи шаҳри Гулистон ба хок супорида шуд.

Соли 2015 – Акбар Ҷӯраев, яке аз асосгузорони телевизиони тоҷик аз олам даргузашт.

Акбар Ҷӯраев яке аз поягузорони телевизиони тоҷик ва раиси пешини Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро дар Кумитаи радио ва телевизион аз даврони донишҷӯияш оғоз намуда, то ба симмати муовинии раҳбари ин ниҳод расидааст.

Акбар Ҷӯраев дар рушди телевизиони Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, дар ташаккули барномаҳои аввалини телевизионӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо фаъолона иштирок кардааст. Ӯ дар синни 80-солагӣ, 30 декабри соли 2015 бар асари беморӣ аз олам даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акбар Ҷураев

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

30-юми декабри соли 1922 дар Анҷумани якуми Иттифоқи Шӯроҳо Эъломия дар бораи таъсиси Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) қабул карда шуд.

Иттиҳоди Ҷумҳури Шӯравии Сотсиалистӣ ба яке аз бузургтарин давлатҳои ҷаҳон аз рӯи масоҳат табдил ёфт ва аз ҷиҳати иқтидори иқтисодӣ ва ҳарбӣ мақоми дуввум ва аз рӯи шумораи аҳолӣ ҷойи сеюмро ишғол кард. ИҶШС нисфи Аврупои шарқӣ ва сеяки Осиёи шимолиро дар бар мегирифт.

30-юми декабри соли 1997 дар Токио аввалин хатти метро берун аз Аврупо ва Амрико ифтитоҳ шуд. Соли 1914 соҳибкори японӣ Норитсугу Хаякава пас аз сафараш ба Англия, ки дар он ҷо метрои Лондонро истифода кард ва инчунин бо вагонҳои бароҳати зеризаминии Глазго шинос шуд, қарор кард, ки чунин метроро дар Токио созад. Аммо сохтмони он бинобар Ҷанги Якуми Ҷаҳон ба таъхир афтод. Соли 1920 Хаякава ширкати Роҳи оҳани зеризаминии Токио”-ро таъсис дод ва ниҳоят, 30 декабри соли 1927 аввалин хатти метро байни истгоҳҳои пойтахт кушода шуд. Ин хат ҳамагӣ 2,2 километр дарозӣ дошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

30-юми декабри соли 2006 Саддам Ҳусайн, президенти пешини Ироқ пас аз муҳокимаи додгоҳӣ эъдом шуд. Ӯ 13-уми декабри соли 2003 аз ҷониби нерӯҳои Амрико дар наздикии шаҳри Тикрит дастгир ва ба ҷиноятҳои зидди башарият, аз ҷумла қатли сокинони деҳаи Дуҷайл дар соли 1982 айбдор карда шуд.

Муҳокима дар Додгоҳи махсуси Ироқ баргузор шуда, 5-уми ноябри соли 2006 додгоҳ ӯро ба эъдом тавассути ба дор овехтан маҳкум кард. 30-юми декабри соли 2006, дар рӯзи аввали иди Қурбон, Саддам Ҳусайн дар Бағдод ба дор овехта шуд.

Лаҳзаҳои охирини эъдом бо навор сабт ва баъдан дар интернет паҳн шуд, ки баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Дар дохили Ироқ вокунишҳо гуногун буданд: бархе онро адолат, дигарон қасос медонистанд.

Дар сатҳи байналмилалӣ низ назарҳо мухталиф буда, баъзе созмонҳои ҳуқуқи инсон иҷрои ҳукми эъдомро маҳкум карданд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саддам Ҳусейн

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо баъзан борон ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳалқаи газ дар Осиёи Марказӣ. Оё бунёди он имконпазир аст?

0

Коршиноси соҳаи нафту газ аз Қазоқистон Аскар Исмоилов пешниҳод кардааст, ки “Ҳалқаи гази Осиёи Марказӣ” таъсис дода шавад. Он метавонад низомҳои интиқоли гази панҷ кишварро ба шабакаи ягона мисли Низоми муттаҳидаи ягонаи энергетикии минтақа муттаҳид созад. То кадом андоза ин воқеист?

Зимни суханронӣ дар Форуми байнулмилалии Central Asia Oil & Gas, ки аввали моҳи ноябр дар Тошканд баргузор шуд, Исмоилов зикр кард, ки газ на танҳо сӯзишворист, балки як тарзи ҳарф задан ба як забон аст, “зеро зерсохтори умумӣ метавонад кафили устуворӣ барои тамоми Осиёи Марказӣ бошад”. Гуфтаҳои ӯро портали таҳлилии spik.kz овардааст.

Тибқи ҳисобу китоби ӯ, пешниҳоди ироашуда тавозуни интиқоли мавсимиро таъмин ва хавфҳои ба вуҷуд омадани буҳронҳои энергетикиро мисли ду соли пеш дар Тошканд коҳиш медиҳад ва барои таъмини мунтазами Қирғизистон ва Тоҷикистон бо газ имкон фароҳам меорад.

Ташаббуси Исмоилов аз ҷониби иштирокчиёни форум дастгирии васеъ ёфт. Роҳбари Маркази глобалии газ Валери Дюкро лоиҳаро “меъмории нави ҳамкории энергетикии Осиёи Марказӣ” унвон кард ва зикр намуд, ки он “барои амалисозӣ имконоти бузург дошта, ба нафъи воқеии ҳамаи иштирокчииён аст”.

Дюкро бар ин назар аст, ки сиёсати ҳамгироишудаи минтақавӣ дар соҳаи газ ба ҷалби сармоягузориҳои нави байнулмилалӣ қодир буда, бунёди зерсохтори умумӣ ба баланд бардоштани амнияти энергетикӣ ва устувории интиқол дар пасманзари тағйирёбии глобалӣ мусоидат мекунад.

Бино ба арзёбии портали қазоқистонии таҳлилии SPIK, агар “ҳалқаи газ” амалӣ шавад, он лоиҳаи калидии зерсохтории даҳсола хоҳад шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо тариқи лӯлаву қубурҳо, балки манфиатҳои умумӣ муттаҳид месозад. Гузашта аз ин, онҳо бар ин назаранд, ки ташаббуси Исмоилов ба таъмини амнияти энергетикии минтақа қодир аст.

Мутахассисони созмони таҳқиқотии SpecialEurasia аҳаммияти лоиҳаро барои меъмории энергетикии Осиёи Марказӣ ва имконоти онро аз лиҳози таҳкими устувории минтақавӣ таъкид кард.

“Дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат лоиҳаи “Ҳалқаи газ” ҷиҳати табдил ёфтан ба яке аз таркибҳои калидии амнияти энергетикии минтақа қодир аст. Он метавонад ба устувории интиқол, баланд бардоштани ҷолибияти минтақа ба сармоягузорӣ ва густариши робита дар соҳаҳои нақлиёту энергетика мусоидат намояд.

Барои Қазоқистону Туркманистон ва Ӯзбекистон ин имконоти иловагии содиротӣ  ва афзоиши даромад ва барои Қирғизистону Тоҷикистон таъмини боэътимоди интиқол ва ҳамгироӣ ба шабакаи бештар васеъи зерсохторро боз мекунад.

Шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Чин ва Иттиҳоди Аврупо низ эҳтимол тариқи маблағгузорӣ ва рушди зерсохтор ба лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Русия ҷиҳати иштирок дар нархгузорӣ ва логистика талош хоҳад варзид”, – таъкид доштаанд онҳо.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Оғози сохтмони чоҳи Шаҳринав-п дар қитъаи Сариқамиш, соли 2010

Тибқи ҳисобу китоби Исмоилов, масофаи ҳалқаи асосӣ ҳудуди 3000-3500 км лӯлаҳои шоҳроҳиро ташкил медиҳад.

“Дар ҳамаи ин қитъаҳо иваз талаб мешавад, лекин қисмати зиёди он ба таъмиру навсозӣ ниёз дорад. Тахминан 4-5 млрд доллар лозим аст. Ба ин маблағ ҳам сохтмони қитъаҳои нав ва ҳам таъмиру навсозии қитъаҳои кӯҳна дохил мешаванд. Ҳудуди 30-40%-и онҳо ба сохтмони нав ва 60-70% ба таъмиру навсозии қубурҳои интиқолии мавҷуда рост меоянд.

Дар ифодаи пулӣ ин тахминан 1,5-2 млрд доллар барои лӯлаҳои нави интиқоли газ ва 2,5-3 млрд доллар барои таъмиру навсозии лӯлаҳои шоҳроҳӣ (таъмир/ивази қубурҳо, истгоҳҳои фишор, низоми назорат) аст”, – хулоса кардааст ӯ.

Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷуз Туркманистон, нисбат ба содирот, бештар гази табиӣ ворид мекунанд (нетто-воридкунанда). Тибқи маълумоти Созмони кишварҳои содиркунандаи газ ё худ ОПЕК, Туркманистон ба панҷгонаи пешсафони дорои захираҳои бузурги ин навъи сӯзишворӣ (пас аз Русия, Эрон, Қатар ва ИМА) дохил мешавад.    

Туркманистон

Тибқи маълумоти Раёсати иттилооти энергетикии ИМА, то 1 январи соли 2025 захираҳои собитшудаи гази табиӣ дар Туркманистон 400 трлн фути мукааб (11,33 трлн метри мукааб)-ро ташкил медиҳанд. ров), Дар ин бора newscentralasia.net хабар медиҳад.

Дар соли 2023 истихроҷи гази табии хушк (поккоришуда аз омехтаҳо – Эзоҳи идора)  дар Туркманистон 3,9 тарлн мукааб фут (85 млрд метри мукааб ва истифодаи он – 1,6 трлн. мукааб фут (45 млрд метри мукааб)-ро ташкил додааст.

Мақомоти Туркманистон бошанд, захираҳои гази табиии худро 4,5 баробар зиёдтар – 50 триллион метри мукааб арзёбӣ мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зерсохтори соҳаи гази Туркманистон

Воридкунандаи асосии газ аз Туркманистон Чин мебошад (бо лӯла тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон) мебошад. Ҳамчунин Эрон, Ткркия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ аз ин кишвар газ мегиранд.

Қазоқистон

Захираҳои собитшудаи Қазоқистон, тавре ки inform.kz бо истинод ба Кумитаи геологияи Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон хабар медиҳад, 3,8 триллион метри мукаабро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, British Petroleum хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти онҳо, ҳаҷми захираҳои собитшудаи газ дар Қазоқиситон ба 2,3 триллион метри мукааб баробар аст, ки нишондиҳандаи 15-ум (1,2% аз ҳаҷми умумии захираҳои ҷаҳонӣ) мебошад.

Чунин номувофиқатиро дар Вазорати энергетикаи Қазоқистон “ҳиссаи зиёди ҳамроҳи гази нафтӣ дар захираои газии Қазоқистон ва фарқиятҳо дар методикаи ҳисобу китоби захираҳо маънидод карданд, ки тибқи онҳо, ояндаи наздик ҷумҳурӣ гузаштан ба меъёрҳои байнулмилалиро ба нақша гирифтааст”.

Дар радабандӣ оид ба захираҳои газ ОПЕК Қазоқистонро бо захираи ҳудуди 1,9 триллион метри муккаб дар зинаи 19-ум ҷой додааст.

Ба қавли Аскар Исмоилов, аз соли 2023 Қазоқистон ба кишварри нетто воридкунандаи газ (воридот аз содирот зиёдтар) табдил ёфтааст.

“То соли 2030 норасоӣ метавонад ба 10 млрд метри мукааб расад. Аз як тараф, афзоиши талаботи дохилӣ нишондиҳандаи мусбати болоравии иқтисод аст. Вале аз ҷониби дигар бошад, мо дида истодаем, ки ҳаҷми истеҳсоли газ ба сифати маҳсулот афзоиши талаботи дохилӣ ва уҳдаориҳо барои содироти моро рӯйпӯш намекунад”, – иброз доштааст ӯ.

Барои рӯйпӯш сохтани истифодаи дохилӣ дар давраҳои талаботи баланд, Қазоқистон газро аз Русия ва Турркманистон ворид мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зерсохтори "Қазтрансгаз"

Ӯзбекистон

Захираҳои гази табиӣ дар Ӯзбекистон, тибқи маълумоти “Узбекнефтегаз”, 1,13 триллион метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Аз ҳаҷми умумии газ 940 млрд метри мукааб ба захираҳои тасдиқшудаи категорияи АВС1 рост омада, боқимонда 195 млрд метри мукааб ба категоияи С2 дохил мешаванд, ки ба захираҳои пешакӣ кашфшуда дохил мешаванд.

Дар солҳои беҳтарин кишвар то 70 млрд метри мукааб газ истихроҷ мекард, лекин солҳои ахир коҳиши ҳаҷми истихроҷ оғоз ёфт. Масалан, соли 2024 ҳаҷми истихроҷи газ 4,5% кам шуд. Ин ба камшавӣ ва фарсудашавии чанде аз конҳо рабт дода мешавад.

Дар давраи зимистон Ӯзбекистон тайи солҳои ахир барои қонеъ сохтани истеъмоли дохилӣ аз Туркманистон ва Русия газ ворид мекунад. Сабаби асосии воридот давраҳои авҷи мавсими истеъмол, бахусус дар фасли сармо унвон мешавад.

Гази Туркманистон барои амнияти энергетикии Ӯзбекистон муҳим буда, гази Русия манбаи эҳтиётӣ аст. Минбаъд Ӯзбекистон имкони гуногунсамт сохтани воридот тариқи лоиҳаҳои зерсохторӣ бо кишварҳои ҳамсояро баррасӣ мекунад.

Дар рӯйхати ОПЕК аз рӯйи захираҳои гази табиӣ Ӯзбекистон бо захираи 1,5 триллион метри мукааб дар мақоми 22-юм дар ҷаҳон қарор дорад.

Қирғизистон

Захираҳои расман собитшудаи гази табиӣ дар Қирғизисон тақрибан 6 млрд метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Дар як қатор манбаъҳо пештар баҳогузории геологии захираҳо (на ҳатман истехҷромешуда) – то 26 млрд метри мукааб зикр мешуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бо газ таъмин кардани ҷануби Қирғизистон

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, соли 2024 ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ дар ин кишвар ҳудуди 30 млн метри мукаабро ташкил додааст.

Ин миқдор барои таъмини ҳиссаи назарраси талаботи дохилӣ хеле ночиз буда, ба ин тариқ, истихроҷи худӣ бештар на нақши заминавӣ, балки иловагиро мебозад.

Ҳаҷми воридот даҳҳо миллион метри мукааб дар як солро ташкил медиҳанд, ки тақрибан ба қариб 90-95%-и истифода дар кишвар мувофиқ аст.

Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, захираҳои гази табиӣ дар кишвар 3 млрд метри мукаабро ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, манбаъҳои дигар ин захираҳоро то 6 млрд метри мукааб арзёбӣ мекунанд.

Ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 тибқи маълумоти расмӣ, 362,4 ҳазор метри мукааб ва ҳаҷми воридот – 267 млн метри мукаабро ташкил додааст. Ин маънои онро дорад, ки кишвар қариб пурра ба воридоти газ вобаста аст. Воридот истисноӣ аз Ӯзбекистон сурат мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи Бохтар Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи маҳсулоти нафту газ ва сӯзишворӣ машғул аст. Нахуст аз соли 2008 корҳо аз рӯйи ин лоиҳаи бузургмиқёси нафту газ аз ҷониби ширкати Tethys Petroleum-и Канада гузаронида мешуданд. Соли 2011 Tethys аз кашфи захраҳои бузурги нафту газ хабар дод, ки таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги байнулмиллӣ, аз ҷумла Total и CNPC-ро ҷалб кард.

Аммо дар соли 2013 бар асари мушкилоти молиявӣ ва тадорукотии пайдошуда, Tethys маҷбур шуд, ки лоиҳаро тарк кунад ва аз соли 2015 корпоратсияи нафту гази CNPC-и Чин ва ширкати Total-и Фаронса иштирокчиёни асосии он шуданд. Соли 2017 додгоҳи байнулмилалии ҳакамӣ амалҳои Tethys-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, соли 218 ширкат расман аз лоиҳа хориҷ шуд.

Пас аз хориҷ шудани Total, CNPC ягона иштирокчӣ боқӣ монда, ба амалисози лоиҳа идома медиҳад. Моҳи марти соли 2024 парлумони Тоҷикистон интиқоли ҳиссаи иштирок дар лоиҳаи Бохтар аз Total ба нафъи корпоратсияи CNPC-и Чинро тасдиқ кард.

Ҳамчунин аз соли 2005 корхонаи фаръии “Газпром”-и Русия дар ғарби кишвар ба ҷустуҷӯи маҳсуоти нафту газ ва сӯзишворӣ машғул буд, лекин дарёфти шохаҳои кофии саноатӣ (шохаҳо – исботи мавҷуд будани захираҳои бузурги нафту газ аст – Эзоҳи идора) барояш муяссар нагардид.

Ба ин тариқ, захираҳои газ ва зерсохтори заминавӣ дар минатқа мавҷуданд, лекин барои амалисозии муваффақонаи лоиҳаи “Ҳалқаи газ” ба гумони ғолиб, анҷоми корҳои назарраси таъмиру навсозӣ, сохтмони қитъаҳои нав ва ҷалби сармоягузорӣ лозим меояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Миннатдории Чин ба мақомоти Тоҷикистон барои кумак ба коргарони дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон захмишудаи чинӣ

0

Сафорати Чин дар Душанбе ба мақомоти Тоҷикистон барои кумак ба коргарони дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон захмишудаи чинӣ миннатдорӣ баён кардааст.

Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода, навиштааст, ки Сун Хэ, мушовири масоили тиҷоративу иқтисодии Сафорати Чин дар дидор бо Азим Иброҳим, вазири нақлиёти кишвар барои “расонидани кӯмаки ҳамаҷониба дар интиқол ва бистарӣ сохтани кормандони ширкати чинии “China Road & Bridge Corporation” миннатдории ҷониби Чинро баён дошт”.

Мулоқоти вазири нақлиёт бо мушовири Сафорати Чин рӯзи 24-уми декабр сурат гирифтааст. Маълум нест, ки дар ин дидор дар мавририди ҳамла ба коргарони чинӣ боз чӣ гуфтугӯҳое шудааст.

Бояд гуфт, ҳамла ба коргарони ширкати роҳсозии чинии "China Road and Bridge Corporation" рӯзи 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аз хоки Афғонистон анҷом шуд. Дар натиҷаи он, 2 шаҳрванди Чин кушта ва 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дидори Азим Иброҳим бо Сун Хэ

Дар пайи ин ҳодиса, мақомоти Тоҷикистон аз “Толибон” хостанд, ҳамлагаронро дастгир кунанд ва барои таъмини амну субот дар хатти марзи Тоҷикистону Афғонистон "тадбирҳои муассири саривақтӣ" андешанд.

Пештар аз ин, рӯзи 27-уми ноябри соли 2025 ВКХ Тоҷикистон гуфт, ки ба бошишгоҳи коргарони корхонаи "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак аз хоки Афғонистон ҳамла сурат гирифта, дар пайи он се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо, ВКХ-и Толибон*  гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Бо гузашти чанд рӯз, расонаҳои Афғонистон бо такя ба як намояндаи ҳукумати Толибон навиштаанд, ки мақомоти ин гурӯҳ дар пайванд ба ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон ду танро боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи Эҳсонуллоҳ Комгор, сухангӯи фармондеҳии амнияти Толибон дар Бадахшони Афғонистон, ин ду нафар аз вулусволии Моймии ин вилоят дастгир шудаанд. Ин минтақаест, ки ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, аз он ҷо ба роҳсозони чинӣ дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҳамла шудааст. Аммо ҳувияти боздоштшудаҳо ошкор нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нархи истифодаи барқ ва гармӣ дар Тоҷикистон эҳтимол то 17% зиёд шавад

0

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми декабр, дар маҷлиси ҳукумат супориш додаааст, ки тарифҳо (таърифаҳо)-и нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад”.

Дар маҷлиси ҳукумат, лоиҳаи Қарори ҳукумат “Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул шудааст.

“Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст”, – навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Мақомоти расман дар бораи то чанд дарсад боло рафтани нархи барқу гармӣ иттилоъ надодаанд.

Як манбаъ аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “пешниҳод шудааст, ки нархи барқ ва гармӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳо 17 дарсад боло бурда шавад”. Ӯ таъкид кард, ки танҳо пас аз қабури қарори ниҳоӣ маълумотро пурра пешниҳод хоҳанд кард.

Дар сурати 17 дарсад боло рафтани нархи барқ арзиши ҳар киловат барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад.

Арзиши гармӣ бошад, барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боло бурда мешавад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқ зиёд карда шуд. Он вақт ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам ба 35,36 дирам боло бурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ба қонун “Дар бораи забон”-ро имзо кард. Акнун забони таблиғу эълон ва лавҳаю овезаҳо тоҷикӣ мешаванд?

0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз пеш Қонун дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ”-ро имзо кард. Дар асоси он, акнун дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ мунташир шуда, нишастҳои матбуотӣ бо забони тоҷикӣ сурат мегиранд.

Қаблан ин қонунро вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва тасдиқ карда буданд.

Мувофиқи тағйирот, ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” ду моддаи нав илова гардида, ду моддаи дигари мавҷуда дар таҳрири нав пешниҳод шуданд.

Акнун, эълону таблиғ ва ҳамаи матнҳои иттилоотӣ аз боло ва ё аз тарафи чап ба забони давлатӣ, аз пойин ё аз тарафи рост ба забонҳои дигар бо ҳарфҳои баробар ҷой дода мешаванд. Ҳамчунин, номгузории ташкилоту корхонаҳои хориҷӣ ва муштарак дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба забонҳои дигар низ бо ҳарфҳои баробар ҳуруфгардон ва ё тарҷума мешаванд.

Бояд зикр кард, ки “Азия-Плюс” чанд моҳ пештар дар бораи номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо дар пойтахт матлаби таҳлилӣ омода карда буд ва маълум шуд, ки ҳоло низ бисёре аз соҳибкорон талаботи қонун дар бораи забони давлатӣ (тоҷикӣ)-ро риоя намекунанд.

Мувофиқи тағйироти дигар, ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” моддаи 41 бо номи “Забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” илова шуд, ки аз се қисм иборат аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қисми аввал забони имову ишораро ҳамчун забони муошират эътироф  карда, таъкид мекунад, ки он ба забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар қисми дигар гуфта мешавад, ки “дар Тоҷикистон барои омӯзиш ва омода кардани мутахассисони забони имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забони давлатӣ шароит фароҳам оварда мешавад”.

Мувофиқи қисми сеюм, барои истифодаи имову ишора барои ногӯён ва ношунавоён ба забонҳои дигар низ шароит фароҳам хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ба Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” моддаи нави 121 бо номи “Забони нишастҳои матбуотӣ” ворид шуд.

“Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар ба забони давлатӣ баргузор мешаванд”, – гуфта мешавад дар он.

Бояд гуфт, бо вуҷуди он ки баъзе бандҳои меъёрҳои болозикр қаблан низ дар қонун ишора мешуд, аммо риояи онҳо аксаран аз ҷониби масъулин ва соҳибкорон сарфи назар мешавад. Ин мушкил аз ҷумла имсол доғтар шуд ва зиёиён низ борҳо аз риоя нагардидани меъёри забон нигаронӣ карданд.

Бо ҷузъиёти дигари тағйирот ба “Қонун дар бораи забони давлатӣ” дар матлаби “Эълону таблиғ, лавҳаю овеза… аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд бештар мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз баҳси интихоби ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ то мувофиқа бо “боло”. Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Қурбони Собир

0

Сабти филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба охир нарасида, кори тадвини он оғоз шуд. Аммо аз оғози сабти филм он мавриди баҳси ҷомеа қарор гирифт: Маҳмадсаид Шоҳиён, роҳбари “Тоҷикфилм” ба нақши Ҷомӣ баргузида шуду дар пайи интиқоди ҷомеа ва бо дастури “боло” аз нақшофарӣ канор рафт ва Қурбони Собир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик ба ҷойи ӯ интихоб шуд.

“Азия-Плюс” Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар Душанбе дарёфт ва дар атрофи сабти ин филми муштарак гуфтугӯ кард. Дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки чӣ гуна ҷойгузини Маҳмадсаид Шоҳиён шуд?

 

“Ҳарфу ҳадис”-и нақши Ҷомӣ

– Дар аввал дар филм нақши шоҳ Узун Ҳасанро меофаридам. Коргардон танҳо ҳамин қисмати филмномаро дод, хондам, писандам омад ва барои хуб бозидани он тамоми ҳунарамро харҷ кардам. Мо 5 рӯз дар коргоҳи вижаи филмбардорӣ (павилион)-и “Тоҷикфилм” онро сабт кардем.

Баъдан бо як гурӯҳи ҳунармандон ба Эрон рафтем. Дар шаҳри Теҳрон будам, ки Файзулло Файзов, коргардони филм, занг заду гуфт, ки ҳарфу ҳадисҳое шудаву хост таъҷилан бо ҳам вохӯрем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Росташ, аз вокунишҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ будам ва пай бурдам, ки “ҳарфу ҳадис” сари нақши Ҷомӣ аст. Ба коргардон гуфтам, ки чанд рӯзи дигар дар Теҳрон ҳастам ва нахостам сари гиреҳи масъаларо кушоям. Пас аз баргашт ҳам чанд рӯз аз пайи корҳои хусусиям будаму суроғи “ҳарфу ҳадисҳо” нагаштам.

Дар Бохтар будам, ки Маҳмадсаид Шоҳиён занг зада, маро ба Душанбе барои мулоқот даъват кард. Як рӯз пас мо бо ҳам вохӯрдем.

 

Дидори ду “Ҷомӣ”

– Он дидор чӣ гуна буд ва дақиқан чӣ гуфтумоне сурат гирифт?

– Дидор бо шӯхӣ оғоз шуд. Ман тибқи маъмул, пас аз салому ҳолпурсӣ, гуфтам, ки чӣ хабар? Шоҳиён бо табассум ҷавоб дод: хабар якто – Ҷомиро гирифтанд! Ҳарду домони хандаро сар додем. Ин гуфтугӯро баъдан ба ҳамаи бачаҳо мегуфтему механдидем. Ва моҷарои нақши Ҷомӣ бо ҳамин шӯхӣ маҷрои дигар гирифту қазияи гуфтумони он ба поён расид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадсаид Шоҳиён ва Қурбони Собир, ҳарду дар нақши Ҷомӣ

– Яъне, Шоҳиён барои аз нақши Ҷомӣ канор рафтан дар ташвиш набуд ва барои чунин ранг гирифтани қазия омодагӣ дошт?

– Ҳар кас дардашро худаш медонад. Ин кори саҳлу осон нест. Эҳтимол, худро ҷамъу гир карда буду омодагии чунин тағйиротро дошт. Вақте ҳалли мушкилро бо шӯхӣ оғоз кард, ҳам барои худаш осон буду ҳам барои мо.

 

“Супориши бозхонди ҳунарманди нақши Ҷомӣ дода шуд”

– Дар мавриди “Ҷомиро гирифтанд” шарҳе пурсидед ва барои пазироии нақш шарте гузоштед?

– Не, ҳар ду ҷониб тақрибан пасманзари қазияро медонистем ва ҳар суоли дигаре ноҷову беодобона буд. Дар ҳоле ки Шоҳиён мушкилро бо шӯхӣ сар кард, агар таҳи қазияро мепурсидам, ба рӯйи захмаш намак пошидан маҳсуб мешуд ва идомаи кор мушкил мешуд. Ҳеҷ шарте ҳам нагузоштам. Фақат хостам, ки маро боэҳтиром ба майдони сабт баранду расман муаррифӣ кунанд. Ин корро худи Шоҳиён анҷом дод.

Дар мавриди “гирифтанд”, ба фикрам, беш аз 20 рӯз вокунишҳои тунду тез дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гӯши “боло” расид ва супориши бозхонди ҳунарманди нақши Ҷомӣ дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Шумо ҳам барои нақши Ҷомӣ, чуноне мегӯед, бо “боло” мувофиқа шудед: дар ин маврид дидоре бо нафари хосе доштед?

– На. Ман танҳо бо Маҳмадсаид Шоҳиён ҳарф задам ва аз ҷузъиёти “мувофиқа бо боло” хабар надорам. Шояд ин масъаларо худи Шоҳиён ҳал карда бошад.

– То ҷое мо огоҳем, дар озмуни интихоби ҳунармандони филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” Шумо ҳам бо шумули чанд ҳунарманди дигар барои нақши Ҷомӣ имтиҳон шудед. Дар ин озмун кадом ҳунармандон ҳузур доштанд? Шоҳиён низ дар озмун буд? Ва саволи матраҳ ин аст, ки чаро аз аввал неву баъди интиқоди ҷомеа иҷрои нақши Ҷомӣ сари Қурбони Собир афтод?

– Дар озмун барои нақши Ҷомӣ бо шумули ман, боз Маҳмадалӣ Маҳмадов, Фирӯз Умаров, Абдулмуъмин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев ва Маҳмадсаид Шоҳиён ҳузур доштанд. Ба саволи чаро бори аввал неву пас аз моҷаро маро интихоб карданд, бояд коргардон ва дигар масъулон посух диҳанд.

Вале, агар аз ҳақ нагузарем, вақте озмунро ҷамъбаст кардем, боварӣ доштам, ки барои нақши Ҷомӣ интихоб мешавам. Зеро нисбат ба дигар ҳунармандон, имкониятҳои банда бештар буд: ба ҷаҳони адабиёт амиқтар ворид будам, зиндагиву осори Мавлоно (манзур аз Мавлоно – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аст)-ро нағз медонистам, дар қироати шеър ҳам афзалият доштам ва синну қаду тану тӯшам ба Ҷомии дар филм буда мувофиқтар буд. Ҳамаи ин ба ман ҳақ медод, ки умедвори нақши Ҷомӣ бошам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Сабаби сукути Қурбони Собир чист?

– Ҳоло Шумо даъвои бартарӣ доред, вале вақте Шоҳиён ба нақши Ҷомӣ пазируфта шуд, вокунише доштед? Агар “не”, сабаби сукут чӣ буд?

– Ҳеҷ гоҳ барои чизе даъво накардаам ва инро барои худ муносиб намедонам. Ман шогирди Фаррух Қосим ҳастам ва ҳамеша мекӯшам ҳунарамро нишон диҳам, на бо даъво ба ҷое расам. Аз нигоҳи ҳунар Шоҳиён бо ман муқоисанашаванда аст. Аз нигоҳи роҳбарӣ ва соҳибкорӣ бошад, ман бо Шоҳиён муқоисанашаванда ҳастам. Аммо интихоб барои нақши Ҷомӣ на ба дасти ман буду на Шоҳиён. Бояд аз аввал коргардон интихоби муносибу мувофиқ мекард, то ин гуна моҷаро пеш наояд. Агар ҳунарманди хуб бошиву коргардон интихобат накунад, вокунишу даъвое ба дард намехӯрад. Ҳарчанд гоҳо коргардонҳо ҳам дасткӯтоҳанд…

Қаблан ҳамин гуна таҷрибаи талхи дигаре доштам. Солҳои 90-ум коргардони номвари тоҷик Бақо Содиқ мехостанд филми Камоли Хуҷандиро ба навор бардоранд. Он кас назди мани ҷавон омаданду филмномаро доданду хостанд нақши Камоли Хуҷандиро бозам. Филм аз ду қисм иборат буду дар он чеҳраҳои таърихиву адабӣ, аз ҷумла Темури лангу Ҳофизи Шерозӣ таҷассум мешуданд.

Ман қариб се сол барои нақши Камол, ҳам рӯҳан ва ҳам ҷисман, омода шудам. Вале Шӯравӣ пош хӯрд, ҷанги шаҳрвандӣ сар зад ва коргардон тарки Тоҷикистон кард. Баъди чанд вақт Аъзам Сидқӣ дар бораи Камоли Хуҷандӣ филмнома навишту Тоҳир Собиров онро рӯйи пардаи синамо овард ва Ортиқ Қодир нақши Камолро офарид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин бароям шикасти сахте буд, ки ангораҳои бинокардаам якбора ба замин яксон гашт. Пас аз ин, дар ҳеҷ коре пешдастӣ накардаму пешакӣ омода нашудаму даъвое ҳам надоштам.

– Дар кастинги аввал, ба гуфтаи Шумо, 6 ҳунарманд барои нақши Ҷомӣ рақобат карданд. Бори дуввум чӣ: ё интихоби ягона Шумо будед?

– Не, бори дуввум бо шумули ҳунармандони болозикр, боз номи Нурулло Абдуллоев ва Ортиқ Қодир пайдо шуд. Аммо чанд ҳунармандон қабул нашуданд ва чанд тани дигар худашон даст кашиданд. Ва аз рӯйи шунидам, Маҳмадсаид Шоҳиён зиёд талош мекунад, ки Қурбон Собир дар нақши Ҷомӣ интихоб шавад. Пеш аз оғози сабти филм, ман ба акаи Нурулло ва акаи Ортиқ занг зада, дуо гирифтам.

 

“Рӯзи аввали кор бисёр бад буд”

– Муаррифии Шумо дар нақши Ҷомӣ чӣ гуна сурат гирифт? Аз кадом саҳна вориди филм шудед? Ва тавонистед ба зудӣ вориди ҷаҳони ботинии Ҷомӣ шавед?

– Интихоби ман барои иҷрои нақши Ҷомӣ бо шӯхӣ сурат гирифт. Дар “Тоҷикфилм” бо Шоҳиён гуфтему хандидем. Баъдан, ӯ гуфт, ки биё ман туро бурда муаррифӣ мекунам. Савори мошин шудему роҳи Хуҷандро пеш гирифтем. Маро дар Қалъаи Хуҷанд ба гурӯҳи эҷодӣ расман муаррифӣ карду лаҳзае пас аллакай дар майдони сабт будам.

Рӯзи аввали кор бисёр бад буд, он гунае, ки ҳам худам ва ҳам коргардонҳо мехостанд, намешуд. Мутаассифона, фурсати зиёд надоштам, шабона дар соҳили рӯди Сир қадам задаму филмномаро пурра хондаму барои фардо омода шудам. Рӯзҳои дигар кор беҳтар мешуд.

 

“Чеҳраи Ҷомӣ дар филм боз намешавад”

– Лаҳзаи душвортарини ҳунарофарӣ кадом қисмати филм буд, ки барои Шумо ҳам заҳматталабу ҳам хотирмон шуд?

– Лаҳзаи аз ҳама душвор ҷон додани Мавлоно Ҷомӣ буд. Инчунин, лаҳзаи душвори дигар аз даст додани фарзанду тавлиди шеъри “Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар”-ро мешуморам.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Рӯзгору раҳоварди Ҷомӣ дар филм то куҷо тасвир шудааст ва Шумо барои кушодани симои шоир чӣ кардед?

– Зиндагии шоир дар филм пурра тасвир нашудааст. Хатти филмофарӣ як сафари ӯро фаро мегираду бас. Аз миёнсолагии Мавлоно Ҷомӣ оғоз мешавад, аз Ҳирот ба Астаробод сафар мекунад ва боз ба Ҳирот бармегардаду ҷон медиҳад. Чӣ гуна шакл гирифтани шахсияти Ҷомӣ, олими забардасту фатводеҳ будани ӯ ва дигар бартариҳои рӯзгораш қариб тасвир нашудааст. Танҳо як ҷаноза мехонаду дар чанд порчаи дигар ба муридонаш дарс мегӯяд. Бо вуҷуди ин, ман тамоми ҳунарамро харҷ кардам, то Ҷомиро беҳтару хубтар офарам.

 

Аз рӯзгори Алишер Навоӣ филми дигаре мешавад

– Пас дар филми мазкур бинанда метавонад шахсият, андешаву афкор ва ҷаҳони ботинии Ҷомиро бубинаду варо шиносад?

– Бале, ба шарте ки хуб танзиму тадвин шавад. Вале агар мо дар Тоҷикистон аз зиндагиномаи мукаммали Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ филм гирем, беҳтару хубтар аст. Зеро он гунае хабар ёфтам, ҳоло дар Ӯзбекистон аз рӯзгори Алишер Навоӣ филми дигаре ба навор бардошта истодаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар миёни ҷомеа дар мавриди нақши Ҷомӣ нигароние ҳаст, ки оё он ба таври воқеӣ ва тибқи навиштаи адабиётшиносону таърихнигорон намоиш дода мешавад ва ё на. Ба ин андешаҳои зиддунақиз Шумо ҳамчун офарандаи ин нақш чӣ посух доред?

– Агар филм танҳо дар бораи ин шоиру орифи забардаст мебуд, шояд эроду нигарониҳо меафзуд, вале филм хатти сафару ҳаводиси ҳамон айёмро нишон медиҳад ва ба рӯзгору мавқею мартабаи Ҷомӣ ва Навоӣ камтар тамаркуз мешавад. Яъне, Мавлоно Ҷомӣ хобе мебинад, ки дар Астаробод ҷанг мешавад, роҳи сафар пеш мегирад ва мушкилоти дигар пешорӯ меоянд. Дар умум мавқеъ ва таъсири Ҷомӣ ба ҳаводиси айём тасвир мешавад, на рӯзгору осораш. Шоириву орифии Ҷомӣ дар филм камтар тасвир мешавад ва нақши ӯ ҳамчун сиёсатмадор бештар аст.

Дар ҳамаи саҳнаҳое, ки бо ҳузури ман ба навор гирифта шуд, Ҷомӣ ҳамеша ё канори Навоӣ буд ва ё аз ӯ як қадам пештар. Аз саҳнаҳое, ки ман набудам ва баъдан баҳсашро шунидам, дар як ҷо ба дасти Навоӣ шашшер медиҳанд, ки ба ҷанг равад. Ин нишони қудрати Навоӣ аст, вале Файзулло Файзов, коргардони тоҷикистонии филм, аз он норозӣ буд. Ҳоло мебинем, ки он саҳнаро дар танзим мебуранд ва ё на.

– Шумо аз филмнома ва раванди сабт қонеъ ҳастед?

– Агар росташро гӯям, вақте филмномаро хондам, чандон писандам наомад, чуноне гуфтам, рӯзгору осори Ҷомӣ камтар таҷассум мешавад. Аммо натиҷаи танзим нишон медиҳад, ки филм хуб аст ва ё бад.

– Барои нақши Ҷомӣ чӣ миқдор маблағ мегиред?

– То ҳол шартнома набастаам ва дар бораи маблағ ҳам ҳарфе назадаам. Барои нақши Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ агар маблағе надиҳанд ҳам, розиям ва боз ҳам даъвое надорам. Ҳоло бароям фақат ва фақат хуб ва арзишманд баромандани нақш муҳим асту бас.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Чаро сабти филм якмаром пеш нарафт ва кори наворбардорӣ кай ба анҷом мерасад?

– Барои он ки коргоҳи вижаи филмбардории “Ӯзбекфилм” омода набуд, мо барои як муддат ба Тоҷикистон баргаштем, вале ҳамоно он тайёр нашудааст. Ба эҳтимол, идомаи сабти филм ба моҳи январ гузошта шуд. Ҳар вақте он омода мешавад, фикр мекунам, ба сабти филм идома медиҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Масъалаи қаламравҳои Украина ҳал нашуд”. Гуфтугӯи Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Флорида бо чӣ анҷом ёфт?

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки музокирот бо Владимир Зеленский, ҳамтои украиниаш барои хотима додан ба ҷанг дар Украина пешрафт доштааст, аммо “як ё ду масъалаи ҳассос ва муҳим" – бахусус мавзуи қаламравҳои ин кишвар, ҳанӯз ҳал нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сарони Амрико ва Украин гуфтаанд, дар мулоқоташон дар иёлати Флорида, ки ба вақти маҳаллӣ, рӯзи якшанбе доир шуда, ҳудуди 3 соат давом ёфт, ба пешрафтҳои назаррасе даст ёфтаанд.

Зеленский изҳор дошт, ки баъзе аз бахшҳои тарҳи 20-бандии сулҳ "90 дарсад" ниҳоӣ шудаанд ва замонатҳои амниятии Амрико барои Украина пурра мувофиқа гардидаанд, аммо Трамп ин рақамро "наздик ба 95 дарсад" арзёбӣ кард.

Трамп гуфт, гуфтугӯҳо ҳамчунон “бисёр печидаанд”, аммо аз ироаи мӯҳлати дақиқ барои поёни ҷанг худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Амрико гуфт, “фикр мекунам, дар зарфи чанд ҳафта мо ба як натиҷа мерасем. Ба як самт ё самти дигар”.

Яке аз масъалаҳои асосии ҳалнашуда, ба гуфтаи Трамп, мавзуи қаламрав, ба хусус назорат кардан ба минтақаи Донбасс аст. Ҳоло, ба навиштаи расонаҳо, қисматҳои Донбасс, ки Русия онҳоро назорат мекунад, тақрибан 75%-и Донетск ва 99%-и Луҳанскро дар бар мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Зеленский бори дигар ба мавқеи доимии худ дар ин масъала таъкид кард ва гуфт, “мо бояд ба қонун ва мардумамон эҳтиром гузорем”.

Қонуни асосии Украина иҷозат намедиҳад, ки ин кишвар қаламрави худро тавассути овоздиҳии парлумонӣ сарфи назар кунад. Тасмим дар бораи вогузории сарзамин бояд тавассути ҳамапурсӣ ва овоздиҳии мардум тасдиқ карда шавад.

Трамп ҳамчунин, аз эҳтимоли мулоқоти ояндаи Владимир Зеленский ва Владимир Путин дар “вақти муносиб” сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ҳарду президент ба хотима додан ба ҷанг тамоюл доранд.

Ӯ эҳтимоли пайдо шудани мушкилоти ғайричашмдоштро дар раванди баррасии сулҳ  истисно накард ва афзуд, ки ҳар нукта дар нақшаи сулҳ "метавонад хеле муҳим бошад" ва тамоми созишномаро халалдор кунад.

Ба гуфтаи Трамп, баъди мулоқот бо Зеленский, бо чанд роҳбари кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Норвегия, Италия, Бритониё ва Олмон, низ суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст.

Пас аз ин суҳбат, Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “X” (“Твитер”-и пешин) навишт, ки “Аврупо омода аст, ки бо Украина ва шарикони амрикоии худ барои тақвияти пешрафт (дар гуфтушунидҳо ба даст омада) ҳамкорӣ кунад. Дар маркази ин талошҳо бояд таъмини кафолатҳои амниятии қавӣ бошад".

Сухангӯи сарвазири Бритониё Кир Стармер, ки низ дар ин мулоқоти маҷозӣ ҳузур дошт, гуфтааст, ҳам Стармер ва ҳам роҳбарони аврупоӣ "аҳамияти кафолатҳои амниятии қатъӣ ва зарурати ҳарҷӣ зудтар хотима додан ба ин ҷанги ваҳшиёнаро таъкид карданд".

Русия то ҳол дар робита ба ин мулоқот вокуниш накардааст. Танҳо Кирилл Дмитриев, фиристодаи махсуси президенти ин кишвар дар шабакаи “X” аз Доналд Трамп изҳори сипос кард ва илова кард, ки “тамоми ҷаҳон талошҳои сулҳҷӯёнаи президент Трамп ва дастаи ӯро қадр мекунад".

Мулоқоти Трамп ва Зеленский дар Мар-а-Лаго, қароргоҳи шахсии Доналд Трамп дар иёлати Флорида баргузор шуд.

Пеш аз шуруъи мулоқоти Зеленский ва Трамп, раисҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки фикр мекунад раисҷумҳурҳои Украина ва Русия “ҳарду мехоҳанд ба созиш расанд”. Ба андешаи Трамп, Владимир Путин, ҳамтои руси ӯ барои сулҳ бо Украина “ҷиддӣ аст”.

Зеленский гуфта буд, ки ин "яке аз муаасиртарин рӯзҳои дипломатии сол" хоҳад буд ва "бисёр чизҳо" метавонанд дар соли 2025 ҳал шаванд.

Соате пеш аз ин, Трамп эълон кард, ки бо Путин суҳбати телефонии “бисёр созанда”-е доштааст.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфта буд, Путин дар суҳбат бо Трамп изҳор дошт, ки ба оташбаси муваққатӣ розӣ нест ва ин "танҳо боиси тӯлонитар шудани ҷанг мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Амрико ҳам ба ин дидгоҳ розӣ аст.

Қарор аст пас анҷоми дидори Трамп бо Зеленский, раисҷумҳурҳои Амрико ва Русия дигарбора тамос гиранд. 

Ёдовар мешавем, ки Амрико тарҳеро барои поён додани ҷанг дар Украина таҳия карда буд. Қаблан ин тарҳро Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Кохи Сафед ва Владимир Путин ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ИМА дар Кремл баррасӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи як хушдоман бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш

0

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон алайҳи як зани 48-сола аз ноҳияи Ҷайҳун бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 27-уми декабр, дар иттилоияе гуфтааст, ки ин хушдоман нисбати келини 23-солааш аз ноҳияи Ҷайҳун аз соли 2019 ба баъд “муомилаи бераҳмона” мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, зани 48-сола “пайваста келинашро мавриди латтукӯб қарор дода, шаъну шарафи ӯро паст мезадааст”.

Ба қавли ВКД, ҷабрдида ба “муносибати бераҳмонаи хушдоманаш тоқат накарда”, 8-уми сентябри соли ҷорӣ “бо мақсади халосӣ ёфтан” аз ин ҳолат, сирко истеъмол карда, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ҷон бохтааст.

Назари хушдоман ва пайвандони келин дар робита ба ин ҳодиса маълум нест. Мақомот ҳам ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардаанд ва ҳатто аз онҳо ном набурдаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки хушдоман дар боздошт аст ё не.

Нисбати хушдоман бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” (қисми 1 моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳси муносибати келину хушдоман солҳост дар Тоҷикистон доғ аст. Иддае даъво доранд, ки аксари хушдоманҳо бо келинҳои худ муносибати ношоистаро раво мебинанд ва онҳоро чун хизматгор истифода мебаранд. Гурӯҳи дигар ба он андешаанд, ки муносибати келину хушдоман ин масъалаи оилавӣ буда, набояд ба баҳси оммавӣ кашида шавад.

Вале дар гузашта мақомот чанд хушдоманро барои ба худкӯшӣ расонидани келинҳояшон ба солҳои дароз зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, моҳи майи соли 2023 баъди чанд соли баҳсу баррасӣ, Додгоҳи олӣ хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ як наварӯс дар ноҳияи Файзободро барои хадкӯши расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон кард. Ин аз камтарин қазияи пурмаҷаро дар робита ба худкӯшӣ расонидани келин аз сӯи хушдоман буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.