Нархи истифодаи барқ ва гармӣ дар Тоҷикистон эҳтимол то 17% зиёд шавад

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми декабр, дар маҷлиси ҳукумат супориш додаааст, ки тарифҳо (таърифаҳо)-и нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад”. Дар маҷлиси ҳукумат, лоиҳаи Қарори ҳукумат “Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул шудааст. “Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 29-уми декабр, дар маҷлиси ҳукумат супориш додаааст, ки тарифҳо (таърифаҳо)-и нави барқу гармӣ аз 1-уми феврали соли 2026 ҷорӣ карда шавад”.

Дар маҷлиси ҳукумат, лоиҳаи Қарори ҳукумат “Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ” баррасӣ ва қабул шудааст.

“Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявию иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод гардидааст”, – навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Мақомоти расман дар бораи то чанд дарсад боло рафтани нархи барқу гармӣ иттилоъ надодаанд.

Як манбаъ аз “Барқи тоҷик” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “пешниҳод шудааст, ки нархи барқ ва гармӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳо 17 дарсад боло бурда шавад”. Ӯ таъкид кард, ки танҳо пас аз қабури қарори ниҳоӣ маълумотро пурра пешниҳод хоҳанд кард.

Дар сурати 17 дарсад боло рафтани нархи барқ арзиши ҳар киловат барқ барои аҳолӣ аз 35,36 дирам ба 41,37 дирам боло бурда мешавад.

Арзиши гармӣ бошад, барои аҳолӣ аз 1,18 дирам то 1,38 дирам боло бурда мешавад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон бори охир моҳи апрели соли 2025 арзиши барқ зиёд карда шуд. Он вақт ҳар киловат-соат барои аҳолӣ аз 30,75 дирам ба 35,36 дирам боло бурда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио