Садамае, ки тӯйхонаро мотамхона кард. Марги 4 кас дар пайи садамаи қатори мошинҳои тӯй

0

Дар пайи садамае дар шоҳроҳи Данғара–Леваканди вилояти Хатлон, ки дар рӯзи тӯй рух дод, 4 тани наздик ба домодо ҷон бохта, 4 каси дигар маҷруҳ шудааст. Дар ин бора Давронбек Мусоев, муовини сартабиби Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ин ҳодиса рӯзи 27-уми декабр дар ҳоле рух додааст, ки қатор ё “кортеж” -и мошинҳои домод барои овардани арӯс аз ноҳияи Восеъ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мерафтааст.

"Як мошини барқӣ аз ин қатор ба худрави тамғаи “Лексус”, ки аз ҷониби муқобил ҳаракат доштааст, бармехӯрад", – гуфт манбаъи мо.

Дар натиҷаи он, се мусофири мошини барқӣ – Субҳони Сафари 17-сола (додари домод), Нур Шамсиддинови 42-сола (амаки домод), Ҳафиза Шамсиддиноваи 15-сола (духтари Нур Шамсиддинов) ва ронанда, ки дӯсти домод буд, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд. Се тан аз хеши домод сокинони ноҳияи Восеъ буда, дӯсташ аз ноҳияи Ҳамадонӣ будааст.  

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


Намози ҷанозаи се ҷонбохта дирӯз, 28-уми декабр, дар масҷиди деҳаи Ҳасанободи ноҳияи Восеъ хонда шуда, ҷасадҳояшон дар қабристони деҳаи Навободи ҳамин ноҳия ба хок супурда шудаанд. Ҷасади ронандаи мошини барқиро дар зодгоҳаш гӯрондаанд.

Давронбек Мусоев, муовини сартабиби Бемористони марказии шаҳри Леваканд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки 4 мусофири мошини “Лексус” ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнин дар шӯъбаи эҳёи беморхонаи Леваканд бистриянд.

Сабаби садама маълум нест. Мақомот то кунун расман дар ин бора иттилоъе надодаанд.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти ВКД дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ бар асари 635 садамаи нақлиётӣ 279 кас ҷон бохта, 224 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунанд, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 4

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чаҳоруми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз “Моҳӣ дар шаст”-у “Хоби сурх” то “Мулло”-ву “Сиёҳ, сурх, зард”. Беҳтарин фимҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025

0

Синамои Осиёи Миёна дар соли 2025 ҳамчун майдони андешаи иҷтимоӣ ва таҷрибаи бадеӣ муаррифӣ шуд. Фалсафаи зиндагӣ, андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ, сарнавиштҳои ба ҳам печидаи ишқӣ ва мазҳакаҳои талх, ки воқеиятҳои зиндагиро инъикос мекунанд, меҳвари филмҳои минтақаро дар соли ҷорӣ ташкил доданд.

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии синамо, ки 28-уми декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, беҳтарин филмҳои Осиёи Миёнаро, ки соли 2025 рӯйи пардаи синамо омаданд, гирд овардем. 

 

“Моҳӣ дар шаст”

“Моҳӣ дар шаст” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, моҳи октябри имсол дар ҳошияи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе нахустин маротиба ба саҳна гузошта шуд ва соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд. Филм гарчанде соли 2024 дар Тоҷикистон сабт шуд, аммо соли 2025 рӯйи экранҳои ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон омада, қабл аз намоиши расмии худ дар кишвар, дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифт ва собит кард, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир аст.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар 30-юмин Синамоҷашнвораи байналмилалии бачагон ва навҷавонон “Шилингел” дар шаҳри Хемнитсеи Олмон ва сипас 21-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Ахиран он ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аввали соли 2026 ба Булғористон ва Банлога меравад.

Ин филм бо коргардонии Муҳиддини Музаффар офарида шуда, қиссаи таъсирбахши писарбачаи даҳсолаеро бо номи Далер ҳикоят мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади қиморбоз ба сафари тӯлонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раванди сабти филмӣ "Моҳӣ дар шаст"

Ин сафар на танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак, балки тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ мебошад. Филм бо забони рамзу абзорҳои ҳунарӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамононро пеши рӯи бинанда боз мекунад ва паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ, озодагӣ ва қадру қимати инсонро дорад.

 

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, коргардони он Шаҳром Мукрӣ аз Эрон аст. Дар он ҳунармандони тоҷику эронӣ нақш офаридаанд.

Нахустнамоиши филми мазкур 24-уми сентябри имсол дар толори синамоии “Ватан” дар пойтахт баргузор шуд. Наворбардорӣ се моҳ давом карда, саҳнаҳои филм дар муассисаи давлати “Тоҷикфилм”, мавзеъҳои Ҳисор ва Варзоб бардошта шудаанд.

Он ахиран дар ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳойнон дар ҷазираи Ҳойнони Чин бо дарёфти ҷоизаи “Норгили тиллоӣ” унвони “Беҳтарин филм”-ро соҳиб шудааст. Ин филм аз синамоҷашнвораи “Пусан” низ ҷоизаи “Чашмандози байналмилалӣ дар синамои Осиё”-ро ба даст оварда буд.

Чанде пеш Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гуфта буд, ки тасмим дорад, филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”-ро ба ҷоизаи Оскар пешниҳод кунад.

Муҳтавои асосии филм он аст, ки ҳеҷ чиз беҷавоб намемонад ва таърих такрор мешавад. Қиссаи асосӣ дар бораи як зан аст, ки баъд аз садама зиндагиаш тағйир ёфта, ҳаводиси атрофи ӯ дигаргун пеш мераванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

 

“Хоби сурх”

Филми бадеии “Хоби сурх” бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, 16-уми майи имсол дар толори синамои “Ватан” нахустин маротиба намоиш дода шуд. Филм қаблан “Девона” ном дошта, сипас унвони “Хоби сурх”-ро гирифтааст. 

Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ҳунармандони шинохтаи тоҷик, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Қандил Тоиров ва дигарон офаридаанд.

Достони филм тасвири зиндагии нафарест, ки дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи банаворгирии филми "Хоби сурх"

Филм дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони рӯҳӣ, мехоҳад Иттиҳодияи Шуравиро барқарор кунад.

Дар филми “Хоби сурх” андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ ба таври вижа ба тасвир омада, масоили замонаро низ матраҳ мекунад.

 

“Сиёҳ, сурх, зард”

Филми “Сиёҳ, сурх, зард” маҳсули филмофарони Қирғизистон буда, соли 2025 бо коргардони Актан Абдикаликов рӯйи пардаи синамо омадааст. 

Филм моҳи июни имсол дар Синамоҷашнвораи Шанхай дар Чин нахустин маротиба намоиш дода шуда, “Ҷоми тиллоӣ”, ҷоизаи асосии ин ҷашнвораро ба даст овард.

Он дар бораи се сарнавишти ба ҳам даромехта қисса мекунад, ки меҳвари он ишқи ду сокини одии деҳа аст, ишқе, ки аз озмоиши замон мегузарад ва такондиҳанда аст. Дар филм масъулияти ахлоқӣ дар оила, инчунин арзиши ҳифз ва эҳтироми мутақобил мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар меҳвари қисса Турдигул ном ягона бофандаи қолин дар деҳа қарор дорад, ки қолинҳои бофтааш рамзианд. Дар дасти ӯ ҳар қолин ба оинаи сарнавишти соҳибаш табдил меёбад: яке сиёҳ, дигаре сурх ва саввумӣ зард. Ин рангҳо рамзи табиати инсонанд, яъне сиёҳ – ором ва устувор, сурх – оташин ва пуршиддат, зард – пур аз ҳасрату андешаҳои ғамолуд.

Тавассути ҳунари ӯ, умқи зиндагии рӯзмарра, қувваи эҳсосии суннатҳо ва чӣ гуна дар ҳар тору пуд ба ҳам пайвастани шахс бо тақдир инъикос шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзае аз филм

 

“Худо ҳифз кунад”

“Худо ҳифз кунад” (Құдай сақтасын) филми маъруфи комедӣ-драмавии қирғизӣ аст, ки соли 2025 бо коргардонии Эрболот Тойгонбаев дар ин кишвар рӯйи пардаи синамо омад ва моҳи август дар Қирғизистон аввалин маротиба намоиш дода шуд.

Он нахустин асари синамоӣ дар Қирғизистон аст, ки тасдиқи Комиссияи давлатии корҳои динӣ ва муфтиётро гирифтааст ва ин далел муносибати эҳтиромомези филмро нисбат ба арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ тасдиқ мекунад.

Филми мазкур саргузашти Ҷумабек ва Рамазон ном ду ғоратгарро қисса мекунад, ки пас аз дуздидани пул, ҳангоми фирор аз таъқиби пулис маҷбур мешаванд, ба масҷид паноҳ баранд ва худро имомони масҷиди деҳот вонамуд созанд. Ин иттифоқ сабаб мегардад, ки Ҷумабек ва Рамазон дар ҷараёни ин ҳодисаҳо ба таври ғайричашмдошт маънои нави зиндагиро барои худ кашф кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

 

“Патрул. Фармони охирин”

“Патрул. Фармони охирин” истеҳсоли филмофарони Қазоқистон дар соли 2025 буда, бо коргардонии Рустам Умаров дар жанри мазҳака офарида шудааст. Он ҳамчун идомаи филми маъруфи “Патрул”, ки соли 2015 рӯйи экранҳои ҷаҳонӣ омад, саргузашти ҷолиби кормандони пулисро ба тасвир кашидааст.

Ҳодисаҳои филм дар шаҳри Семей дар остонаи як рӯйдоди муҳим – сафари расмии раисҷумҳури кишвар рух медиҳанд. Қисса аз он шурӯъ мешавад, ки роҳбарият бо назардошти таҷриба ва иштибоҳҳои қаблӣ кормандони пулисро ба гурӯҳе, ки президентро ҳамроҳӣ бояд кунанд, роҳ намедиҳад. Ин масъулият ба афсарони интихобшуда – Дима ва Ренат вогузор мешавад ва дигар кормандони пулис аз ин қарор норозӣ шуда, тасмим мегиранд, ки бо ҳар роҳе набошад, исбот кунанд, ки онҳо ба ин масъулият сазоворанд.

Сужаи филм кӯшишҳои ин кормандони пулисро барои баргардонидани эътимоди роҳбарият дарбар мегирад, ки ба ҳолатҳои хандаовар, ҳодисаҳои ғайриинтизор ва нофаҳмиҳо мувоҷеҳ мегарданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҷараёни ҳодисаҳо онҳо на танҳо мушкилоти касбиро эҳсос мекунанд, балки масъулият ва рисолати воқеии вазифаи худро дарк карда, муносибати байниҳамдигариро меомӯзанд.

Дар филм, ки моҳи апрел дар Қазоқистон муаррифӣ шуд, ҳунармандони маъруфи ин кишвар нақш офаридаанд ва филм давоми чанд моҳ дар ин кишвар ва берун аз он аз маҳбубияти вижа бархурдор гардид.

 

“Мулло”

“Мулло” (Молда) яке аз маъруфтарин филмҳои Қазоқистон дар соли 2025 аст. Он бо коргардонии Абдусаид Шайхисломӯғлӣ дар жанри мазҳака рӯйи пардаи синамо омада, нахустнамоишаш моҳи феврал дар Қазоқистон доир шуд. 

Филм қиссаи пуртаниши як ҷинояткорро нақл мекунад, ки аз фармони роҳбари худ сар мепечад ва ин қарор ба қадами сарнавиштсоз дар ҳаёти ӯ табдил меёбад. Ӯ фавран хоин эълон мешавад ва хатарноктарин гурӯҳҳои ҷиноии ИДМ ба таъқибаш оғоз мекунанд. Қаҳрамони филм тасмим мегирад, дар ягона маконе, ки ба гумонаш касе ӯро ҷустуҷӯ нахоҳад кард – масҷид наҷот пайдо кунад.

Қаҳрамони асосӣ дар макони муқаддас пинҳон шуда, на танҳо бо таҳдидҳои беруна, балки бо кашмакашҳои ботинии худ низ рӯбарӯ мешавад. Хомӯшии масҷид хотираҳои гузашта, ҳисси гуноҳ, шакку тардид ва тарсро бедор мекунад. Ҳар ҳаракат ва ҳар садое аз паси девор, барои ӯ  аз наздик будани ҷазо нишона медод. 

Танҳоӣ ва ҷудоии иҷборӣ ӯро водор месозад, ки дар бораи қимати вафодорӣ, масъулияти интихоб ва пайомадҳои ногузири қарорҳои худ амиқ андеша кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи филм

 

“Арлан. Даври ҳалкунанда”

Филми “Арлан. Даври ҳалкунанда” драмаи варзишии филмофарони Қазоқистон буда, бо коргардонии Давлат Ҷумабоев офарида шудааст. 

Он саргузашти Арлан ном муштзани ҷавонеро бозгӯ мекунад, ки маҷбур мешавад аз орзуи деринаи худ – иштирок дар Бозиҳои олимпӣ даст кашад ва барои наҷоти бародари бемораш ба муборизаҳои ғайриқонунӣ рӯ оварад.

Ӯ варзишгари боистеъдод буда, дар дастаи захираи олимпӣ тамрин мекунад. Вақте ки вазъи бародари хурдсолаш ногаҳон вазнин мешавад, табибон фавран анҷом додани амалиёти ҷарроҳиро, ки маблағи калонро талаб мекард, тавсия медиҳанд. Арлан барои ба даст овардани пул ба роҳи хатарнок қадам мегузорад ва бо маслиҳати дӯсташ вориди ҷаҳони муборизаҳои ғайриқонунӣ мешавад. 

Дар ин майдон Никита Адай ном муборизи “мағлубнашаванда” ҳукмрон аст, ки то имрӯз касе бар ӯ пирӯз нашудааст. Маҳз ӯ ҳарифи Арлан дар рақобат барои ҷоизаи асосӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаҳрамони филм

 

“Аз дунболи баҳор”

“Аз дунболи баҳор” (Bahorni quvib) филми драмавии киностудияи “Ӯзбекфилм” буда, соли 2025 таҳти коргардонии Аюб Шаҳобиддинов ба навор гирифта шудааст. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм моҳи июли имсол дар доираи Ҷашнвораи синамои Шанхай дар Чин баргузор ва соҳиби ҷоиза ҳам шуд.

Филм қиссаи занеро нақл мекунад, ки пас аз солҳои тӯлонии фирор ба зодгоҳаш бармегардад ва бо фишори ҷомеа, хотираҳои сангин ва талафоти гузашта рӯ ба рӯ мешавад.

Кашмакашҳои даврони Шӯравӣ, ки замоне ҷавонӣ ва муҳаббати ӯро хароб карда буданд, ҳамоно ба ӯ соя меафкананд. Аммо ӯ барои барқарор кардани робита бо сокинони деҳа тобовар ва матин буда, барои оромиши ботинии худ талош мекунад.

Филм дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Канада ва дигар кишварҳо иштирок кардааст.

Мунаққидони синамо расидан ба умқи эҳсосот, воқеиятнигории равонӣ ва тасвири табиии ҳаёти деҳотро аз бартариҳои асосии филм медонанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Посетри филм

 

“Духтари таҷрибаомӯз”

“Духтари таҷрибаомӯз” (Amaliyotchi qiz) яке аз филмҳои ҳунарии мазҳакавии Ӯзбекистон буда, таҳти коргардонии Иқбол Мелиқозиев офарида шудааст.

Филм фаъолияти шуъбаи ноҳиявии адлияро аз нигоҳи духтари таҷрибаомӯз бозгӯ мекунад. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ қаҳрамон бо шахсиятҳои гуногун ва ҳолатҳои аҷибу ҳамзамон андешабарангез рӯ ба рӯ мешавад. 

Муаллифон филмро ҳамчун “мазҳакаи ҷиддӣ” муаррифӣ мекунанд, зеро он бар пояи рӯйдодҳои воқеӣ сохта шуда, паёми иҷтимоии равшан дорад.

Асар бо иштироки ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Матёқуб Матҷонов ва Раъно Ярашева офарида шуда, ҳамчун намунаи мазҳакаи иҷтимоӣ бо мазмуни ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

Дар бораи филмҳои тозае, ки соли 2025 дар Туркманистон ба навор гирифта шудаанд, маълумоти боэътимод пайдо накардем. Манбаъҳои байналмилалӣ низ нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир синамои Туркманистон асарҳои чашмрас кам пешниҳод кардааст ва иттилоъ дар бораи лоиҳаҳои нав, аз ҷумла раванди истеҳсол, чандон дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 18:30 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети Чайковский бо номи “Чормағзшикан” (Шелкунчик) намоиш дода мешавад. Арзиши чипта вобаста ба ҷойи нишаст аз 55 то 88 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи echipta.tj дастрас кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз дар Сирки давлатии Тоҷикистон ҳунармандони машҳури ҷаҳонии сирк – Флавио ва Бруно Тони барномаи бошукӯҳеро пешкаши тамошобинон мекунанд. Онҳо панҷкарата ғолибони Фестивали байналмилалии сирк дар Монте-Карло мебошанд. Дар барнома ҳунарнамоии акробатҳо, гимнастҳои ҳавоӣ, жонглёрҳои моҳир ва намоиши ҷолиб бо палангҳои омӯзонидашуда дар назар аст.

Арзиши чипта аз 80 то 150 сомонӣ буда, аз хазинаи Сирки давлатӣ ва ё сомонаи ticketon.tj метавон дастрас кард.

Телефон барои маълумоти иловагӣ ва фармоиши чипта: +992 755 77 11 77.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз ҳамчунин дар Театри драма ва мазҳакаи ба номи А. С. Пушкин-и шаҳри Бӯстон (Чкаловск) намоиши интерактивии кӯдаконаи “Бобои барфӣ баргузор мегардад. Ин намоиш дар таҳияи Раъно Раҳматуллоева рӯйи саҳна оварда мешавад. Арзиши чипта 15 сомонӣ аст.

Телефон барои маълумот ва фармоиши чипта: +992 929 20 00 66.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз соати 10:00 дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд барои кӯдакон намоиши солинавии “Золушка” ба забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 10 сомонӣ буда, аз сомонаи театр метавон дастрас кард.

Телефон барои маълумот ва фармоиш: 927 64 53 31.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 29 ДЕКАБР

Соли 1939 –Дар Тоҷикистони Шӯравӣ тибқи Конститутсияи нав аввалин интихоботи Шӯроҳои маҳаллӣ баргузор гардид. Ин рӯйдод дар таърихи Тоҷикистони нав ҳамчун қадами муҳим дар рушди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Соли 1954 – Ба Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик гузошта шуд.

Соли 1960 – Нахустин қатораи мусофирбар аз Маскав ба Сталинобод (Душанбеи ҳозира) омад.

Соли 1973 – Вилояти Кӯлоб дубора таъсис ёфт ва то 8 сентябри соли 1988 фаъолият кард, ки баъдан бо вилояти Қурғонтеппа якҷоя шуда, вилояти Хатлонро ташкил доданд. Қаблан 27 октябри соли 1939 таъсис ёфта, 24 августи соли 1955 барҳам дода шуда буд.

Соли 2006 – Ҳукумати Тоҷикистон ба ҶСК “Газпром” барои гузаронидани корҳои омӯзиши геологӣ дар майдонҳои нафту гази “Саргазон” ва “Ренгон” иҷозатнома дод.

Соли 2010 – Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қонун “Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли тамоку”-ро ба имзо расонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Соли 2012 –Эмомалӣ Раҳмон, Қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро ба имзо расониданд.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон дар бораи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани соли 2018 фармон ба имзо расонид.

Соли 2014- Ҳукумати Тоҷикистон “Стратегияи ғизо ва фаъолияти ҷисмониро то соли 2024” тасдиқ кард.

Соли 2020 – Бонки Осиёии Рушд барои азнавсозии роҳҳо дар вилояти Хатлон созишномаи гранти бо беш аз 67 миллион доллар тасдиқ кард.

Соли 2021- Эмомалӣ Раҳмон бори чорум президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Зодрӯзи Усмон Мадёров, оҳангсоз.

Соли 1946 – Мавлуди Бобоҷон Атобеков, журналист.

Соли 1947 – Зодрӯзи Юсуфҷон Аҳмадзода, шоир, нависанда, тарҷумон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юсуфҷон Аҳмадзода

Юсуфҷон Аҳмадзода хатмкардаи факулати филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Ӯ як муддат дар нашриёти “Ирфон” фаъолият бурд. Дар тӯли фаъолияти корӣ аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми ҷонишини раиси нашриёти “Адиб” расид.

Ӯ ҳамчун шоир ва нависанда ҳам шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд. Нахустин маҷмӯаи ашъораш “Тӯҳфаҳо” унвон дошта,  соли 1978 чоп шудааст.

Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ бо номи “Ҳафт рӯъё” ва соли 2010 романи “Ишқи духтари кулаҳпӯш”-аш ба нашр расидааст.

Соли 1954 – Мавалуди Нусратулло Юсуфбеков, табиб, ҷарроҳи асаб.

Нусратулло Юсуфбеков яке аз табибони варзидаи кишвар буда, солҳо дар Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе ҳамчун духтури ҷарроҳ, сардухтур ва роҳбарии шӯъбаи ҷарроҳии асаб фаъолият намудааст.

Ӯ зодаи шаҳри Панҷакент ва хатмкардаи Донишкадаи тиббии ба номи Ибни Сино аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии “виолончел” (ғижжаки калони чорторӣ) аст, ки ҳамчун иди ғайрирасмии мусиқачиён-виолончелистҳо ва дӯстдорони мусиқӣ таҷлил мешавад. Дар ин сана интихоб шудани ин ҷашн ба рӯзи таваллуди Пабло Казалс, бастакори маъруфи каталонӣ марбут аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Казалс яке аз бузургтарин виолончелистҳои асри 20 мебошад, ки саҳми ӯ дар рушди иҷроишҳои виолончелӣ ва фарҳанги ҷаҳонии мусиқӣ бориз аст.

29-уми декабри соли 1993 яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист – Конвенсияи гуногунии биологӣ (Convention on Biological Diversity, CBD) расман мавриди амал қарор гирифт.

Ин конвенсия қаблан, 22 майи соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейро (Бразилия) қабул шуда буд, вале пас аз тасдиқи шумораи зарурии кишварҳо, маҳз 29-уми декабри соли 1993 қувваи ҳуқуқӣ пайдо кард.

Конвенсияи гуногунии биологӣ яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ мебошад, ки масъалаҳои муҳити зистро бо рушди устувор ва манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пайванд медиҳад. Имрӯз аксари кишварҳои ҷаҳон узви ин конвенсия мебошанд. 

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боришот борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Tarona Music Award 2025”: Шоме саршор аз муҳаббат, мусиқӣ ва эҳсосоти самимӣ!

0

Шоми дурахшон, роҳрави сурх, ситораҳои эстрадаи тоҷик ва туҳфаҳое, ки касеро бетараф нагузошт. Дар Душанбе рӯйдоди мусиқавии сол аз Гурӯҳи расонаҳои “Азия–Плюс” ва "IM Goup" – "Tarona Music Award-2025" баргузор шуд.

Дар саҳнаи Филармонияи давлатӣ беҳтарин сарояндаҳои кишвар ҷамъ омаданд – онҳое, ки тӯли сол дар эфири радио садо доданд ва муҳаббати мардумро соҳиб шуданд.

Имсол ҳамагӣ 19 сароянда соҳиби ҷоиза шуданд: Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматулло, Меҳринигори Рустам, Сафармуҳаммад, Умедҷони Бурҳон, Рустам Азимӣ, Фотима Машрабова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ҷаҳонгир Зарипов, Афзалшоҳ Сафарзода, Ҷамшед Исмоилов, Нилуфари Сарбоз, Сая Муса ва панҷгонаи орзуҳо, ки таронаашон «Ман тоҷикам» имсол ба як хити воқеии мардумӣ табдил ёфт: Сироҷиддин Фозилов, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Мубориз Усмонов, Фаррух Ҳасанов.

Маросим чӣ тавр гузашт? Дар гузориши махсуси навбатдори мо бубинед.

МЕДИА (YOUTUBE)

 

"Tarona Music Award-2025" ба шарофати шарикони мо дар сатҳи болотарин гузашт:

Шарики кулл — IM Group;

Шарики расмӣ — “Васл Бонк”;

Шарики рақамӣ — Tcell;

Шарики дигар — “Имон Интернешнл”.

Мағозаи гулҳо “Гули анор” барои ҳунармандон дастагулҳои хоса омода намуд, NICE бошад ҳамаро бо нӯшокиҳои болаззат ва ройгон меҳмондорӣ кард.

Намоиши нурии беназирро ширкати “Нурафкан” ташкил кард, бехатариро бошад оҷонсии муҳофизатии “Барс” таъмин намуд.

Ин шом саршор аз муҳаббат, мусиқӣ ва эҳсосоти самимӣ буд. Як рӯйдоди дурахшоне, ки соли равонро ҷамъбаст мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону “Толибон” дар пайи даргирии маргбор дар марзи Тоҷикистон

0

Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* гуфтааст, ки дар пайи даргирии охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, бо Сироҷиддин Муҳриддин, ҳамтои тоҷикаш суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.

Задухӯрд дар марзи ду кишвар се рӯз қабл сурат гирифта, дар пайи он, ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, ду афсари тоҷик ва се ҳамлавар кушта шудаанд.

Вазири корҳои хориҷии Толибон дирӯз, 27-уми декабр, дар нишасте ба муносибати 46-умин солгарди ҳамлаи Шӯравӣ ба Афғонистон дар Кобул гуфтааст, ки дар робита ба даргирии маргбори охир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон “таҳқиқоти ҷиддӣ”-ро оғоз кардаанд.

Ӯ изҳор доштааст, ки “ҳалқаҳои муғриз” дар пайи барҳам задани робитаҳои Толибон бо Тоҷикистон ҳастанд ва мехоҳанд фазоро “ноамн ҷилва диҳанд”.

Муттақӣ гуфтааст, “бо вазири умури хориҷаи Тоҷикистон тамос гирифтаем ва якҷо кор мекунем, то аз чунин рӯйдодҳо пешгирӣ шавад”. Ӯ ҷузъиёти бештаре дар ин маврид ироа накардааст ва нагуфтааст, ки ин суҳбат кай анҷом шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин маврид изҳори назаре накардааст.

Дар 4 соли ҳукумат кардани “Толибон” дар Афғонистон ин бори дуюм аст, ки суҳбати телефонии вазири корҳои хориҷии ин гурӯҳ бо ҳамтои тоҷикаш расонаӣ мешавад. Бори аввал онҳо аввали моҳи декабр дар пайи ду ҳамла аз хоки Афғонистон ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон, ки дар охири моҳи ноябр анҷом шуда, ба куштаву захмӣ шудани 10 шаҳрванди Чин боис шуд, гуфтугӯ карда буданд.

Бояд гуфт, дар даргирии ахири сарҳадӣ, ки ба иттилои Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми декабр миёни марзбонҳои тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳ аз Афғонистон рух дод, 5 тан – 2 афсари тоҷик ва 3 “узви ташкилоти террористӣ” кушта шудаанд. Ба гуфтаи ин ниҳод, ҳамлагарон дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ", воҳиди низомии "Сарчашма”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳадро убур карда, мехостанд ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд.

Нерӯҳои марзбонӣ гуфт, аз ҳамлаварони кушташуда 3 силоҳи оташфишони М-16, автомати Калашников, 3 таппонча, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини шаббин, маводи тарканда ва дигар муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид.

Мақомоти тоҷик нагуфтанд, ки афроди кушташуда узви кадом “ташкилоти террористӣ” ҳастанд. Аммо рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и Афғонистон навиштааст, ки се ҳамлагари кушташуда аз сӯи марзбонҳои тоҷик дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон узви гурӯҳи “Ансоруллоҳ” буданд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ҳукумати Толибонро ба он муттаҳам кард, ки “дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ваъдаҳои пайдарҳами худ ҷиҳати таъмини амнияту субот дар сарҳади давлатӣ бо Тоҷикистон ва мубориза бо аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ноуҳдабароӣ, бемасъулиятии ҷиддӣ ва такроршаванда нишон медиҳад”.

Мақомоти Тоҷикистон изҳори умедворӣ карданд, ки ҳукумати Толибон аз мардуми Тоҷикистон узрхоҳӣ карда, “барои таъмини амният дар сарҳад бо Тоҷикистон тадбирҳои иловагии натиҷаманд меандешад”.

Бояд гуфт, Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи Марказӣ аст, ки ба таври расмӣ мегӯяд, бо Толибон равобити мустақим надорад, аммо гузоришҳо аз мулоқоту машвари дуҷониба, ки вақтҳои охир зиёд нашр мешаванд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Театри драмавӣ-русии ба номи Маяковский намоишномаи солинавии “Нақораи хушҳол” (Весёлый барабан) ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш соати 13:00 оғоз гардида, коргарлони он Хуршед Мустафоев аст. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши солинавии “Афсонаи кӯҳӣ” намоиш дода мешавад. Коргардони намоиш Шервонӣ Толибов буда, он дар бораи Шарора ном духтараке аз деҳаи Сафедкӯҳ қисса мекунад. Арзиши чипта 30 сомонӣ аст.

– Имрӯз соати 14:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар шаҳри Душанбе барномаи солинавӣ намоиш дода мешавад. Намоишҳои “Кампири аҷуза ва соли нав” ва “Ҷашн барои маликаи ғамгин” ба саҳна гузошта мешавад. Ҳамчунин бо иштироки Бобои Барфӣ, Барфак ва дигар қаҳрамонҳои солинавӣ намоиши солинавӣ доир мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар кишвар Рӯзи кормандони мақомоти амниятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба хотири эҳтиром ба заҳмат ва хизматҳои кормандони мақомоти амниятии кишвар, ки барои ҳифзи субот, оромӣ ва амнияти давлат талош мекунанд, муайян шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1926 – Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи коркарди нахи пахтаи Айнӣ ба истифода дода шуд.

Соли 1938 – Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Бозсозии Филармонияи давлатӣ ба ном Акашариф Ҷӯраев соли 2023 оғоз гардида, бештар аз як сол давом кард ва 5-уми декабри соли 2024  бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Дар асоси нақшаи таъмири бино, саҳни берун ва намои Филармония пурра навсозӣ шуда, бо тарҳи миллӣ оро ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Филармонияи давлатӣ баъди бозсозӣ

 

Соли 1942 – Канали Калони Ҳисор ба истифода дода шуд, ки имкон дод заминҳои нав дар Тоҷикистони Марказӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Соли 1953 –Ҷамъияти ҷуғрофии Тоҷикистон – филиали Ҷамъияти ҷуғрофии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт.

Соли 1965 – Хонаи меъморони Тоҷикистон кушода шуд.

Соли 2010 – Дар Душанбе миёни КВД "ТАЛКО", “Noble Resources Ltd.” (Гонконг) ва “Det.AL Azeraluminium” (Озарбойҷон) Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2011 – Дар Хуҷанд ба кормандони нуқтаи мубодилаи асъор ҳамлаи мусаллаҳона анҷом дода шуд. Дар натиҷаи ҳамла ду нафар кушта шуданд.

Соли 2013 –Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон қонун “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” ва Қонун “Дар бораи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил”- ро имзо намуд.

Соли 2014 – Дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон баталёни аграрӣ таъсис дода шуд.

Соли 2023 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон паёми навбатии худ "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба Маҷлиси Олии кишварро ироа кард. Ӯ супориш дод, ки дар соли 2024 маош то 40% зиёд карда шаванд ва аз фавти муҳоҷирони тоҷик ва гирифтани шаҳрвандии дигар давлатҳо аз сӯи зодагони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Соли 2024 – Владимир Путин, раисҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки мувофиқи он фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳои ин кишвар қабул намешаванд. 

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Зодрӯзи Лутфулло Бузургзода, олими забоншинос ва адабиётшинос, муҳаққиқи фолклор.

Лутфулло Бузургзода соли 1909 дар Исфара дида ба олам кушод.  Як муддат муҳаррир ва баъдан раиси бахши нақду адабиётшиносии ИН, раиси кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи ходимони илм ва мактабҳои олии Тоҷикистон буд. Соли 1941 довталабона ба ҷанг рафт ва дар майдони набард кушта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лутфулло Бузургзода

Новобаста аз он ки риштаи умраш хеле барвақт канда шуд, аз худ мероси гаронбаҳои илмӣ, махсусан дар илми забоншиносӣ боқӣ гузоштааст. Аз ҷумла, ӯ шеваи забони мардуми аксари манотиқи тоҷикнишинро омӯхта, асарҳои илмӣ таълиф намудааст. Дар соҳаи адабиётшиносӣ асарҳои “Инъикоси шӯриши Восеъ дар фолклор”, “Носири Хусрав ҷӯяндаи ҳақиқат ва адолат”, “Хоқонии Шервонӣ ва Сайфи Исфарангӣ”, “Мақоми “Бӯстон” дар эҷодиёти Саъдӣ”-ро таълиф намудааст.

Соли 1944 – Мавлуди Саидалӣ Маъмур, Шоири халқии Тоҷикистон.

Сайидалӣ Маъмур шоир ва тарҷумони тоҷик буда, зодаи Истаравшан ва хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст. Солҳои зиёд ҳамчун муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, раиси Хазинаи адабиёт, сармуҳаррир ва ҷонишини директори Нашриёти “Адиб” ва мудири Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолият бурд. Офаридаҳояш аз соли 1963 чоп мешаванд ва дар адабиёти муосир мақоми шоиста пайдо кардаанд. Сайидалӣ Маъмур аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидалӣ Маъмур

Ашъораш дар маҷмӯаҳои шеърии “Заврақи умед”, “Савганд”, “Ҳамсолон”, “Рози дарё”, “Меҳвар”, “Решапайванд” ва ғайра нашр гардидаанд.

Соли 1945 – Зодрӯзи Мирзо Боқӣ, шоири тоҷик.

Мирзо Боқӣ, шоир ва нависандаи тоҷик зодаи  Кӯҳистони Масчоҳ аст. Ӯ солҳо дар рӯзномаҳои “Маориф ва маданият!”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор” ва “Маорифи Тоҷикистон” кор кардааст. муддате сармуҳаррири нашриёти “Бухоро” буд. Ӯ муаллифи китобҳои “Ҳамосаи модар ва кӯдак”, “Нуқтаи нур”, “Фурӯғи хирад”  аст.

Мирзо Боқӣ 15-уми сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Тибқи васияти шоир ӯро дар зодгоҳаш деҳаи Эсизи Кӯҳистони Масчоҳ ба хок супориданд.

Соли 1954 – Мавлуди Алимурод Тағоймуродов, роҳбари собиқи Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон;

Соли 1962 – Зодрӯзи Муҳаммадато Султонов, собиқ котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон.

Соли 1969 – Мавлуди Муҳаммадалло Табарӣ, рӯзноманигор ва фарҳангшиноси тоҷик.

Соли 2015 – Бурҳон Раҳмонов, ровии телевизион дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 2015 – Наим Ҳакимов, мусиқишинос, номзади илмҳои санъатшиносӣ дар синни 60-солагӣ аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии синамо аст. Соли 1895 ҳамин рӯз дар шаҳри Париж, дар “Гранд-кафе”, ки воқеъ дар хиёбони Капутсинҳост, нахустин намоиши синамоии бародарон Люмерҳо баргузор шуд. Онҳо филми “Омадани қатора ба истгоҳи Ла Сьота”-ро, ки нахустин филми кӯтоҳ дар ҷаҳон аст, муаррифӣ карданд. Ҳамчунон ин нахустин филм дар таърихи синамо буд, ки барои намоиши он аз тамошобинон маблағ гирифта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Соли 1908 дар ҷазираи Ситсилия заминларзаи шадид рух дод. Ин офат ба шаҳри Мессина осеби ҷиддӣ расонид. Дар ин заминларза, ки бо қувваи 7,5 балл рух дод, 75 ҳазор нафар қурбон шуданд.

28 декабри соли 1972 яке аз бузургтарин майдонҳои яхии сунъии вақт –“Медео” ба истифода дода шуд.

Ин майдон ба далели мавқеи ҷойгиршавиаш, ки дар дараи кӯҳии Медео, наздикии шаҳри Алмаато (Қазоқистон), ҷойгир аст, номгузорӣ шуда буд. Имрӯз он ҳамчун ёдгории давлатӣ оид ба шаҳрсозӣ ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эътироф шудааст. Он дар баландии 1691,2 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, сатҳи яхаш 10,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ғафсии қабати ях 2,3 метр аст. Дар сатҳи ях тақрибан 170 километр қубурҳои хунуккунӣ насб карда шудаанд, ки имкон медоданд сатҳи ях давоми ҳашт моҳ дар як сол дар ҳолати корӣ нигоҳ дошта шавад. “Медео” қариб 20 сол беҳтарин майдони яхии сунъии сайёра буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Майдони "Медео"

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 4+9º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар доманакӯҳҳо  шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30 сард, рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 9-14º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 8+10º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 2+4º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз зиндон раҳо шудааст

0

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми декабр, аз зиндон раҳо шудааст. Ӯ соли 2005 барои 23 соли зиндон маҳкум шуда буд ва пас аз бештар аз 20 соли зиндон, ба озодӣ баромад.

Ду манбаъи аз ҳам ҷудо ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки Искандаров субҳи имрӯз аз зиндон раҳо шудааст, аммо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Чанд лаҳза пеш Радиои Озодӣ бо такя ба Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзи Искандаров, хабар дод, ки Искандаров “ҳоло дар озодӣ аст ва дар назди пайвандонаш мебошад”.

Ба гуфтаи Темур Тошев, мақомот бародарашро соати панҷи субҳи имрӯз аз зиндон раҳо карданд.

Мақомоти зиндонбонии Тоҷикистон дар бораи озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаров хабаре надодаанд. Талошҳои мо барои тамос бо масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бенатиҷа анҷомид.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар замони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва дар пайи тақсими қудрат раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" шуд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2003 дар робита ба тағйирот ба Қонуни асосӣ эътрроз кард ва баъди чанде аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор шуд.

Баъдан ба Русия рафт ва тавассути расонаҳои ин кишвар аз амалкардҳои ҳукумат дар  Тоҷикистон интиқод мекард ва аз омодагияш барои номзадӣ дар интихоботи президентии соли 2006 эълон карда буд.

Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва баъди чанде дар Душанбе пайдо шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи "Тоҷикгаз", ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.

Он замон худи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳукми додгоҳро напазируфтанд ва қазияро сиёсӣ хонданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мутобиқшавӣ барои оянда. Ё чӣ гуна деҳқонон бо тағйирёбии иқлим мубориза мебаранд?

0

Дар ин матлаб талош кардем тағйирёбии иқлим ва таъсири онро ба зиндагии деҳқонон тавассути аксҳо ба тасвир кашем. Аксҳои дар зер буда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна иқлими тағйирёбанда соҳаи кишоварзиро дигар мекунад ва деҳқонон бо истифода аз технологияҳои нав, донишҳои замонавӣ ва таҷрибаҳои пешрафта зироат ва ниҳолони худро бо муҳит ва боду ҳаво мутобиқ месозанд. Метавон гуфт, ки ин қиссаи мубориза барои оянда ва таъмини ғизоиӣ мост.

 

Қасри сабзавот дар қалби гармхонаҳо

Дар гармхонаҳое, ки тавассути дурбини мо ба тасвир кашида шудаанд, ҳар қатра об ва ҳар тухм ба қимати ҳаёт парвариш меёбад. Ин ҷо кишоварзон бо ёрии плёнка иқлими сахтро идора мекунанд. Сардиро гарм, гармои шадидро муътадил ва хушксолиро паси сар месозанд, то зироат ҳатто дар шароити номусоиди табиӣ рушд ёбад.

Ба идаои хоҷагидорон, пештар гармхонаҳо асосан барои ҳифзи маҳсулоти кишоварзӣ аз сармои зимистон истифода мешуданд. Имрӯз, гармхонаҳо ба воситаи мутобиқшавии деҳқонон ба тағйирёбии иқлим табдил ёфтаанд. Ҳоло гармхонаҳо дар тамоми фаслҳои сол кор мекунанд:
Тобистон зироатро аз гармии шадид ва тафсонии офтоб муҳофизат мекунанд;
Зимистон онро аз сармо ва талафёбӣ нигоҳ медоранд.

Метавон гуфт, ки гармхона дигар танҳо паноҳгоҳ нест, стратегияи зинда мондан ва кафолати ҳосил дар иқлими тағйирёбанда аст.

 

Як сохтмон ва ду вазифа, албатта вобаста ба иқлим

 

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ин аксҳо дар фасли зимистон, яъне моҳи декабр бардошта шудаасту ҳолати гармхонаро дар сардиҳои сол ва нашъу намои зироатро дохили он, бозгӯ мекунад.

 

Тобистон, гармхона соя месозад, на гармӣ!

Дар фасли тобистон гармхона дигар манбаи гармӣ нест, балки сипари муҳофизатӣ мебошад. Бо сояафканҳо, ҳавогузаронӣ ва обёрии қатрагӣ деҳқонон ниҳолҳоро аз гармии шадид ва хушкшавӣ ҳифз мекунанд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












 

Обёрии қатрагӣ, роҳи ҳал дар замони хушксолӣ

Заминҳое, ки даҳсолаҳо кишт нашуда буданд, имрӯз бо ҳар қатра об дубора ба ҳосил даромаданд. Хоҷагидорон бо истифода аз роҳи технологияҳои муоссир, тавонистанд аз саҳроҳои гарм, ҳосили дилхоҳ ба даст оваранд.

Ба нақли деҳқонон, обёрии қатрагӣ обро мустақиман ба решаи зироат мерасонад ва талафоти онро ба ҳадди ақал коҳиш медиҳад. Ин усул ба деҳқонон имкон медиҳад, ки ҳам ба хушксолӣ ва тағйирёбии иқлим муқобилат кунанд ва ҳам заминро оқилона истифода баранд. Дар натиҷа, ҳатто заминҳои солҳои дароз хушкшуда имрӯз ҳосили хуб медиҳанд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (11)











Аксҳои мазкур аз саҳроҳои гарму усулҳои обёрии қатрагии деҳқонон бардошта шудааст.

 

Муҳофизат аз гармӣ ва боронҳои ногаҳонӣ

Матоъҳои муҳофизатӣ, дар қиёс ба плёнка вазифаи содатаре доранд. Ниҳолҳоро аз нурҳои сахти офтоб, тағйирёбии ҳарорат ва дигар хатарҳои табиӣ, махсусан боронҳои ногаҳонӣ муҳофизат мекунанд. Ин роҳ деҳқононро қудрат медиҳад, ки бо иқлими тағйирёбанда мубориза баранд ва ҳосилро босифат нигоҳ доранд.

Агар истифодаи чунин матоъҳоро тавассути аксҳои худ дар мисоли парвариши қулфинай нишон диҳем, ҳосилро аз пусиш эмин дошта, сифати онро бозоргузар нигоҳ медорад.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









 

Меваҳои тропикӣ, дар ҳавои номусоид

Тағйирёбии иқлим деҳқононро водор кард, ки навъҳо ва усулҳои нави парваришро омӯзанд. Ҳоло банан, грейпфрут, кумкувати, лайм ва кивӣ ҳатто дар минтақаҳои ғайритропикӣ бо технологияҳои замонавӣ бо устувор мерӯянд.  

 

ГАЛЛЕРЕЯ (15)















Шаҳри акс. Аксҳо нишон медиҳанд, ки хоҷагидорон бо тадбирҳои замонавӣ ва таҷрибаҳои муосир, муҳити сунъӣ эҷод мекунанд, то меваҳои тропикӣ дар иқлими ғайритропикӣ рушд кунанд. Ҳар ниҳол, намунаи мутобиқшавӣ ва ҳосили устувор аст.

 

Ҳосили анору занбурӯғ дар гармхона

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон, зимистонҳои камбориш ва тағйирёбанда хатар ба ҳосили анор меоранд. Аз ин рӯ, хоҷагидорон ниҳол ва меваҳоро дар гармхона нигоҳ медоранд, то аз сардӣ ва ҳашарот эмин бимонанд. Занбурӯғ низ дар муҳити сунъӣ устувор ва серҳосил мерӯяд, то на танҳо баҳор, балки зимистон ҳам бозорҳои Тоҷикистон пур аз он бошанд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












 

Каду дар тағйирёбии иқлим

Технология ва таҷрибаи кишоварзон муҳити устувор эҷод мекунад, то каду дар токҳои ангур ва чойлоб муҳофизат шаваду ҳосил бо сифати баланд нигоҳ дошта шавад ва ҳатто тағйирёбии иқлим ба он таъсир намерасонад.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (16)
















 

Иқлим тағйир ёфт, фермер бошад роҳ

Тағйирёбии иқлим деҳқононро водор кардааст, ки роҳҳои наве барои парвариши картошка пайдо кунанд. Агар қаблан картошкаро зимистон мешинонданд ва охирҳои баҳор ҷамъоварӣ мекарданд, имрӯз дар гармхонаҳо низ кишт мекунанд ва ҳатто дар аввали баҳор ҷамъ меоранд.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







 

Картошка дар сояи ҷуворимакка

Дар кишти такрорӣ, картошкаро миёни ду қатори ҷуворимакка мешинонанд, то буттаҳои ҷуворимакка бо фароҳам овардани соя, зироатро аз гармии зиёд муҳофизат кунанд. Ин роҳ на танҳо самаранокии заминро баланд мебарад, балки ҳосили фаровон ва устуворро таъмин мекунад.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (12)












 

Тухм ва навъҳои пешпазак ё мутобиқшавӣ ба иқлим

Тағйирёбии иқлим ҳатто дар бахши пахтакорӣ таъсир мерасонад. Аммо тухм ва навъҳои мутобиқшуда имкон медиҳанд, ки зироат ҳатто дар шароити номусоид рушд кунад.

Барои мисол, пахта, ки аз бойгарии Тоҷикистон ба шумор меравад, бо боришҳои пай дар ҳами баҳорӣ ва гармии тобистон таҳдид мешавад. Деҳқонон бошанд навъҳои минтақабобро бо усулҳои ҳам зери плёнка, ҳам обёрии қатрагӣ ва ҳам дуқатора мешинонанд. Ин навъҳо зуд ба ҳосил мерасанд ва кураки онҳо ба пахта мубадал мешавад.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





 

Аз мушкилот то ҳосили фаровон

Тағйирёбии иқлим мушкилот эҷод мекунад, аммо хоҷагидорону деҳқонон, бо технологияҳо ва роҳҳои нави мутобиқсозӣ, на танҳо ин мушкилиҳоро паси сар мекунанд, балки ҳосили фаровон ва устувор ба даст меоваранд. Бозорҳои Тоҷикистон пур аз ғизои тоза ва босифат мешаванд.

Ин аксҳо қиссаи мубориза, мутобиқшавӣ ва умеди кишоварзонро дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нақл мекунанд. Бо тағйир ёфтани иқлим, мо ҳам бояд роҳу усул ва фаъолияти худро мутобиқ кунем.

 

Болоравии як навъи андоз дар Русия ба нархҳо дар Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

0

Аз 1 январи соли 2026 меъёри андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) дар Русия аз 20%-и амалкунанда то ба 22% боло меравад. Ба Кодекси андоз вобаста ба ин тағйироти дахлдор ворид карда шуд.

Сабаби асосии ворид намудани тағйироти мазкур маблағгузорӣ ба соҳаи мудофиа ва амнияти давлат унвон шудааст.

Қарори мазкур метавонад на танҳо ба нархҳои дохилӣ дар Русия, балки ба арзиши молу маҳсулоти истеҳсоли Русия дар давлатҳои ин маҳсулотро воридкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир расонад.

ААИ андози калидиест, ки қисми даромади воридот ба буҷети федералии Русияро таъмин мекунад. Ахиран меъёри он соли 2019 аз 18% то 20% боло бурда шуда буд. Ва то сеомҳаи охири соли 2025 қариб касе дар бораи болоравии меъёри он сухан намегуфт.

Аммо бо назардошти вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон ва хароҷоти рӯзафзуни буҷет, Вазорати молия пешниҳод намуд, ки аз 1 январи соли 2026 меъёри асосӣ якбора то 2 банди фоизӣ зиёд карда шавад.

ААИ чист?  

ААИ андозест, ки на аз ҳамаи даромади ширкат, балки аз қисмати арзише, ки он ба маҳсулот “илова кардааст”, ситонида мешавад.

Он ба таври зерин кор мекунад: то ба харидор расидани мол, он аз занҷираи ташаккули нарх – аз ашёи хом то логистика ва мағоза мегузарад.

Ҳар кадоме аз иштирокчии занҷира – истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда, савдогари чакана нархи иловагии худро ҳисоб карда, аз он ААИ пардохт мекунад.

Ҳарчанд ин андозро расман фурӯшанда пардохт кунад ҳам, амалан он ба нархи ниҳоӣ, ки харидор пардохт мекунад, дохил мешавад.

Аз ин рӯ, болоравии меъёри ААИ чунин маъно дорад, ки молу маҳсулот дар дохили Русия тадриҷан гарон мешаванд.

Ба кадом молу маҳсулот болоравии ААИ дахл намекунад?

Досенти факултаи иқтисоди Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (РУДН) Лариса Сорокина мегӯяд, оқибюатҳои болоравии меъёри ААИ ба категорияи молҳои имтиёзнок (ба маҳсулоте, ки меъёри 10% боқӣ мемонад), дахл намекунад ва маҳз ба:

– маҳсулоти хӯрокворӣ (ба истиснои таоми хӯшхӯр ё деликатес): гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, тухм, шакар, намак, ярма (ғалладона), орд, моҳӣ (ба истиснои навъҳои нодир), маҳсулоти баҳрӣ, маҳслуоти моҳӣ, сабзавоту мева, нон ва маснуоти макарон;

– молу маҳсулот барои кӯдакон;

– нашриёти даврии чопӣ;

– маҳсулоти тиббӣ (номгӯйи муайян).

Нарх ба дигар молу навъҳои хидматрасонӣ чӣ гуна тағйир меёбад?

Лариса Сорокина зикр мекунад, ки болоравии меъёри ААИ аз 20% то 22% ин расман 2% афзоиши андоз аст.

Мутаносибан арзиши ниҳоии молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ба андозаи ҳамон 2% боло меравад.

Ноиби президенти Иттиҳодияи содиркунандагон ва воридкунандагони Рсуия, шарики иҷроияи ЮК “Лекс Алянс” Артур Леер изҳор доштааст, ки болоравии ААИ ногузир ба болоравии начандон зиёди нархҳо оварда мерасонад, лекин пешгӯйӣ мешавад, ки он дар ҳудуди долони муқарраршудаи таваррум боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи ӯ, сиёсати шадиди пуливу қарзии Бонки марказӣ ба коҳиши чунин натиҷаҳо имкон дода, аллакай чанде пеш самаранокии худро нишон дод.

“Гароншавии молу маҳсулот ба гумони ғолиб, якбора ва оммавӣ намешавад. Сарборӣ баробар тақсим шуда, истеъмолгарон онро дар шакли муътадил бидуни ҷаҳишҳои сахти нархҳо ба маҳсулоти ниёзи аввалия эҳсос мекунанд”, – гуфтааст ҳамсуҳбати NEWS.ru.

Ба ақидаи дотсенти Донишгоҳи иқтисодии Русия (РЭУ) Вадим Ковригин, барои корхонаҳо бо фоидаоварии паст бештар мушкил мешавад, зеро онҳо андозҳои навро на он қадр хуб қабул мекунанд. "Бинобар ин, нархҳо аз ҳама зиёдтар дар соҳаи сохтмон, савдои чакана, маҳсулоти истифодаи васеъ ва ҳамаи категорияи нархҳо дар бахши хидматрасонӣ боло мераванд”, – иброз доштааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Интиқоли маҳсулоти нафтӣ

Тибқи арзёбии Антон Свириденко, директори иҷроияи Пажуҳишгоҳи иқтисоди рушди ба номи Столипин, болоравии меъёри ААИ аз 20% то 22% ба афзоиши тавррум ба андозаи 1,5% оварда мерасонад, аз ҷумла бо сабаби поинравии ҳудуди даромад, ки пас аз зиёдшавии он тиҷорат   ба пардохти ин андоз уҳдадор мешавад. Гузашта аз ин, пеш аз болоравии меъёри ААИ маъмулан авҷи фурӯши маҳсулоти истифодаи дарозмуҳлат ба мушоҳида мерасад.

“Дар натиҷа аллакай охири сол метавонад ҷаҳиши нархи онҳо оғоз гардад”, – хулоса кардааст иқтисодчӣ.

Чӣ гуна болоравии ААИ метавонад ба молу маҳсулоти содиршаванда таъсир расонад?

Дар Русия аз содирот бо меъёри 0,5% ААИ ситонида мешавад. Яъне аз маҳсулоти истеҳсоли Русия, ки ба хориҷа фиристода мешаванд, мустақиман ААИ ситонида намешавад.

Аммо болоравии андоз дар дохили кишвар арзиши ашёи хом, хидматрасониҳои дохилӣ, хароҷот ба нақлиёт ва арзиши аслии умумии истеҳсолро боло мебарад.

Аз ин рӯ, ҳатто дар сурати ба сифр баробар будани ААИ, нархи содиротии бисёр маҳсулот боло меравад. Ин дар навбати аввал ба молу маҳсулоти гурӯҳҳое дахл дорад, ки ба знаҷираҳои истеҳсолӣ дар Русия вобастаанд.

Барои кишварҳои воридкунанда ин чунин маъно дорад, ки нархҳо ба маҳсулоти аз Русия воридшаванджа вобаста ба соҳа эҳтимол якчанд фоиз боло раванд.

Тоҷикистон аз Русия чӣ гуна молу маҳсулот ворид мекунад?

Русия яке аз содиркунандагони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҶТ, ҳиссаи Русия дар ҳаҷми умумии воридот ба Тоҷикистон дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 27%-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯи ин нишондиҳанда аз Русия танҳо Чин (зиёда аз 30%-и воридот) дар сафи пештар қарор дорад.

Маҳз дар ҳамин категорияҳо ба эҳтимоли зиёд метавон тағйирёбии нархҳоро интизорӣ дошт, агар истеҳсолкунандагони Русия ба инобат гирифтани афзоиши хароҷоти дохилӣ оғоз кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.