“Tarona Music Award 2025”: Шоме саршор аз муҳаббат, мусиқӣ ва эҳсосоти самимӣ!

Шоми дурахшон, роҳрави сурх, ситораҳои эстрадаи тоҷик ва туҳфаҳое, ки касеро бетараф нагузошт. Дар Душанбе рӯйдоди мусиқавии сол аз Гурӯҳи расонаҳои “Азия–Плюс” ва "IM Goup" – "Tarona Music Award-2025" баргузор шуд. Дар саҳнаи Филармонияи давлатӣ беҳтарин сарояндаҳои кишвар ҷамъ омаданд – онҳое, ки тӯли сол дар эфири радио садо доданд ва муҳаббати мардумро соҳиб шуданд. Имсол […]

asia+

Шоми дурахшон, роҳрави сурх, ситораҳои эстрадаи тоҷик ва туҳфаҳое, ки касеро бетараф нагузошт. Дар Душанбе рӯйдоди мусиқавии сол аз Гурӯҳи расонаҳои “Азия–Плюс” ва "IM Goup" – "Tarona Music Award-2025" баргузор шуд.

Дар саҳнаи Филармонияи давлатӣ беҳтарин сарояндаҳои кишвар ҷамъ омаданд – онҳое, ки тӯли сол дар эфири радио садо доданд ва муҳаббати мардумро соҳиб шуданд.

Имсол ҳамагӣ 19 сароянда соҳиби ҷоиза шуданд: Зулайхо Маҳмадшоева, Нигина Амонқулова, Нозияи Кароматулло, Меҳринигори Рустам, Сафармуҳаммад, Умедҷони Бурҳон, Рустам Азимӣ, Фотима Машрабова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Ҷаҳонгир Зарипов, Афзалшоҳ Сафарзода, Ҷамшед Исмоилов, Нилуфари Сарбоз, Сая Муса ва панҷгонаи орзуҳо, ки таронаашон «Ман тоҷикам» имсол ба як хити воқеии мардумӣ табдил ёфт: Сироҷиддин Фозилов, Ҷонибек Муродов, Валиҷон Азизов, Мубориз Усмонов, Фаррух Ҳасанов.

Маросим чӣ тавр гузашт? Дар гузориши махсуси навбатдори мо бубинед.

 

"Tarona Music Award-2025" ба шарофати шарикони мо дар сатҳи болотарин гузашт:

Шарики кулл — IM Group;

Шарики расмӣ — “Васл Бонк”;

Шарики рақамӣ — Tcell;

Шарики дигар — “Имон Интернешнл”.

Мағозаи гулҳо “Гули анор” барои ҳунармандон дастагулҳои хоса омода намуд, NICE бошад ҳамаро бо нӯшокиҳои болаззат ва ройгон меҳмондорӣ кард.

Намоиши нурии беназирро ширкати “Нурафкан” ташкил кард, бехатариро бошад оҷонсии муҳофизатии “Барс” таъмин намуд.

Ин шом саршор аз муҳаббат, мусиқӣ ва эҳсосоти самимӣ буд. Як рӯйдоди дурахшоне, ки соли равонро ҷамъбаст мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.