Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз зиндон раҳо шудааст

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми декабр, аз зиндон раҳо шудааст. Ӯ соли 2005 барои 23 соли зиндон маҳкум шуда буд ва пас аз бештар аз 20 соли зиндон, ба озодӣ баромад. Ду манбаъи аз ҳам ҷудо ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки Искандаров субҳи имрӯз аз зиндон раҳо шудааст, аммо аз ироаи […]

Asia-Plus

Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми декабр, аз зиндон раҳо шудааст. Ӯ соли 2005 барои 23 соли зиндон маҳкум шуда буд ва пас аз бештар аз 20 соли зиндон, ба озодӣ баромад.

Ду манбаъи аз ҳам ҷудо ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки Искандаров субҳи имрӯз аз зиндон раҳо шудааст, аммо аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ карданд.

Чанд лаҳза пеш Радиои Озодӣ бо такя ба Темур Тошев, бародари Маҳмадрӯзи Искандаров, хабар дод, ки Искандаров “ҳоло дар озодӣ аст ва дар назди пайвандонаш мебошад”.

Ба гуфтаи Темур Тошев, мақомот бародарашро соати панҷи субҳи имрӯз аз зиндон раҳо карданд.

Мақомоти зиндонбонии Тоҷикистон дар бораи озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаров хабаре надодаанд. Талошҳои мо барои тамос бо масъулини Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бенатиҷа анҷомид.

Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар замони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони Иттиҳоди пешини нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик буд. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 ва дар пайи тақсими қудрат раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" шуд. Соли 1999 раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2003 дар робита ба тағйирот ба Қонуни асосӣ эътрроз кард ва баъди чанде аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" барканор шуд.

Баъдан ба Русия рафт ва тавассути расонаҳои ин кишвар аз амалкардҳои ҳукумат дар  Тоҷикистон интиқод мекард ва аз омодагияш барои номзадӣ дар интихоботи президентии соли 2006 эълон карда буд.

Моҳи декабри соли 2004 дар Русия боздошт ва дар баҳори соли 2005 раҳо шуд. Аммо 15-уми апрели ҳамон сол дар Маскав нопадид ва баъди чанде дар Душанбе пайдо шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 Искандаровро ба гуноҳи ташкили ҳамла ба ШКД ва Додситонии ноҳияи Тоҷикобод, ғорати амволи "Тоҷикгаз", ҳифзу нигаҳдории силоҳ ва муҳофиз 23 сол зиндонӣ кард. Ӯро ҳамчунин аз рутбаи генерал-майор маҳрум ва ба пардохти ним миллион доллар ба нафъи давлат вазифадор намуданд.

Он замон худи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳукми додгоҳро напазируфтанд ва қазияро сиёсӣ хонданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.