Мақомот марги ду касро дар Кӯлоб дар пайи қатъи барқ тасдиқ карданд

0

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ҷон бохтани Райҳона Хайриддиноваи 19-сола ва ҳоҳари шавҳараш – Р.Ҳ 10-соларо дар пайи қатъи барқ ва "задани барқ"-и муҳаррики барқдиҳӣ (движок) дар ҳаммоми хонаашон тасдиқ кард.

Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ҳодиса шаби 21-уми декабр дар ҳамоми хонаи шавҳари Хайриддинова дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб рух дода, онҳо бинобар хомӯш шудани барқ аз муҳаррики барқдиҳӣ (движок) истифода кардаанд ва “кадом симе луч будааст ва онҳоро барқ задааст”. Райҳона Хайриддинова як рӯз пеш арӯсӣ доштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наварӯс ва хоҳари шавҳараш рӯзи 22-юми декабр баъд аз намози пешин ба хок супорида шудаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дар бораи иттифоқи ин ҳодиса бори нахуст “Радиои Озодӣ” дар такя ба манбаи худ аз идораи пулиси Кӯлоб иттилоъ дода, гуфта буд, ки муфатишони ин ниҳод сабаби марги онҳоро таҳқиқ доранд.

Назари хонавода ва дигар наздикони ҷонбохтагон маълум нест.

Бояд гуфт, бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон ва ҷорӣ гардидани маҳдудияти барқ шаҳрвандон аз воситаҳои гармидиҳанда ва барқзои иловагӣ истифода мекунанд. Ҳодисаҳои фоҷеабор низ, ки бо истифода аз ин воситаҳо сурат мегиранд, дар ин мавсим кам нестанд.

Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш дар Рашт як зану шавҳар, ки ду моҳ қабл хонадор шуда буданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Истиқлол” муқобили “Гоа” ғалаба кард, аммо бо Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 падруд гуфт

0

Дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон муқобили тими “Гоа”-и Ҳинд пирӯзӣ ба даст овард, вале аз гурӯҳ баромада натавонист.

Дидори дастаҳо дар иёлати Гоаи Ҳиндустон доир шуда, бо ҳиоби 1:2 ба фоидаи “Истиқлол” поён ёфт. Голҳои дастаи шаҳри Душанберо Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Камолафе заданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Дар бозии дигари гурӯҳи “D”, ки “Истиқлол” ҳам шомили он аст, тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар баробари “Аз-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард.

Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, аз гурӯҳи “D” дастаи “Ан-Наср” бо 18 хол ва “Аз-Завра” бо 9 хол ба марҳилаи ҳазфӣ (плей-офф) роҳ ёфтанд. “Истиқлол” ҳам 9 имтиёз дошт, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо аз “Аз-Завра” қафо монда, зинаи сеюмро дар гурӯҳ касб кард ва имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро аз даст дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамин тавр, "Истиқлол" баромади худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё ба итмом расонид ва соли оянда дар Лигаи даъвати КФО бозӣ хоҳад кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуюми ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Таваррум дар Тоҷикистон. Рекорди нав сабт мешавад?

0

Дар зарфи 11 моҳи соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 2,9%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Сохтори таваррум тамоюлҳои гуногунсамтро нишон медиҳад:

– маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 3,5% гарон шуданд;

– маҳсулоти ғайриозуқа – ба андозаи 1,4%;

– хидматрасониҳои пулакӣ – ба андозаи 5,5%.

Омори расмии кишвар чор сол боз пайдарпай аз сатҳи бесобиқа пасти таваррум маълумот медиҳад. Ба ин тариқ, нарху таърифаҳо (тарифҳо) дар соли 2022 ҳамагӣ ба андозаи 4,2%, соли 2023 – 3,8% ва дар зарфи 11 моҳи соли 2024 – ба андозаи 3,4% боло рафтанд. То ин вақт мизони таварруми нисбатан паст дар кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар соли 2013 – 3,7% ба қайд гирифта шуда буд.

Агар болоравии нарху таърифаҳо то охири моҳи декабр ҳамин гуна устувор боқӣ монанд, мизони таварруми солона аз 3,2% зиёд намешавад. Бо ин нишондиҳанда ҷумҳурӣ рекорди худро аз рӯйи ин нишондиҳанда нав мекунад. Сатҳи таварруми моҳона дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ ба ҳисоби миёна ҳудуди 0,3%-ро ташкил дод.

Коршиносони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) зикр мекунанд, ки болоравии нархҳо дар Тоҷикистон дар ҳудуди ҳадафноки Бонки миллӣ дар наздикии ҳудуди поён қарор дорад.

“Сабабҳои аслӣ дар сиёсати мутавозини қарзиву пулӣ ва мустаҳкам шудани қурби пули миллӣ ба андозаи 15,5% аз оғози соли 2025 ифода меёбанд. Интизорӣ дорем, ки охири соли 2026 бар асари таъсири талаботи шадиди дохилӣ дар иқтисод, мизони таваррум то 4,5% боло рафта, дар ҳудуди ҳадафнок боқӣ мемонад”, – таъкид мешавад дар гузориши мухтасари БАОР.

Дар ҳамин ҳол, аксарияти сокинон ба мисли солҳои пешин аз омори расмӣ шубҳа дошта, зикр мекунанд, ки болоравии воқеии нархҳо ба маҳсулот ва хидматрасониҳо дар ҳаёти рӯзмарраи онҳо нисбатан зиёдтар аст.

Қаблан дар Бонки миллии Тоҷикистон нобоварии аҳолӣ ба маълумоти расмӣ дар бораи таваррумро чунин шарҳ дода буданд, ки болоравии нархҳо ба маҳсулоти ҷудогона вазъияти умумиро инъикос намекунад. Зикр шуда буд, ки сабади истеъмолӣ номгӯйи васеи маҳсулоту хидматрасониҳоро дар бар мегирад, аз ин рӯ, арзёбии мизони таваррум танҳо аз рӯйи гароншавӣ дар якчанд мавқеъ носаҳеҳ аст.

Дар Агентии омор низ чанде пеш чунин мавқеъро изҳор намуда, зикр карда буданд, ки мизони таварруми расмӣ бар асоси сабади васеи молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ҳисобу китоб карда мешавад, ки аз интихоби харидҳои истеъмолгари мушаххас ба таври назаррас фарқ мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2025

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шаби эҷодии Камол Насруллоҳ Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор мешавад. Ин маҳфил ба муносибати 75-солагии ин шоири тоҷик доир мегардад.

Дар ин маҳфили эҷодӣ суханронии адибону суханварони номдор дар назар буда, сарояндагони маҳбуб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Вуруд озод аст.

– Имрӯз, соати 16:00 дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов намоиши мусиқии бачагонаи "Афсонаи кӯҳӣ" бо забони тоҷикӣ дар коргардон М. Ҳасанова ба саҳна гузошта мешавад. Тамошобинони хурдсол аз сурудҳо, рақсҳо ва албатта, қаҳрамонҳои афсонавӣ лаззат мебаранд. Нархи чипта 30 сомонӣ буда, чиптаҳоро дар кассаи театр дастрас кардан мумкин аст. Барои гирифтани маълумот, бо рақами 919664688 тамос гиред.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ДЕКАБР

Соли 1991 – Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси ИДМ ба тасвиб расид.

Соли 2003 – Ширкати эронии “Собир” ба сохтани нақби Анзоб шурӯъ кард.

Соли 2007 – “Телевизиони Суғд” ба пахши барномаҳои 8 соата дар як шабонарӯз тариқи шабакаи ҷудогона оғоз кард.

Соли 2009 – Дар Душанбе саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” муаррифӣ карда шуданд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 –  Мавлуди Ҳамид Мансуров, терапевт-гастроэнтерологи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамид Мансуров

Ҳамид Мансуров фориғуттаҳсили техникуми тиббии шаҳри Самарқанд ва Институти тиббии Самарқанд ба номи Павлов аст. Ӯ як муддат дар кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, солҳо мудири ин кафедра буд.

Ӯ ҳамзамон ҳамчун директори Институти тадқиқоти илмии тиббӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст, кор мекард.

Беш аз 10 сол раиси комиссияи омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1990-1995 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард.

Мансуров муассис ва сармуҳаррири маҷаллаи махсуси “Проблемы гастроэнтрологии” буд.

Ӯ 25-уми августи соли 2013 дар синни 88 аз олам даргузашт.

Соли 1932 – Зодрӯзи Рофӣ Зокиров, физики тоҷик, номзади илмҳои техникӣ;

Соли 1941 – Зодрӯзи Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор;

ИЗОБРАЖЕНИЕ Худойназар Асозода

Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст.

Ӯ солҳо профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, муовини аввали ректори Донишкадаи забонҳо, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ ва муддате декани факултети филологияи ДМТ буд. Сипас чанд муддат дар Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ фаъолият карда, соли 2005 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 2008 дар ин вазифа буд.

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст.

Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.

Ӯ муаллифи китобу монографияҳои “Симои коргар”, “Воқеияти зиндагӣ ва ҷамъбасти бадеӣ”, “Инкишофи жанрҳои насрӣ дар адабиёти дарӣ”, “Адабиёти тоҷик дар садаи XX”, “Чеҳраҳои фарҳангӣ”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” аст.

Ин адабиётшиноси тоҷик 18 феврали соли 2014 дар 72-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Мавлуди Исмоил Давлатов, доктори илмҳои иқтисодӣ, як муддат вазири маорифи Тоҷикистон;

Соли 1948 – Мавлуди Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки ҳоло дар зиндон аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳамрохон Зарифӣ

Ӯ соли 1971 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хзатм кард. Фаъолияти коришаро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, баъдтар дар мақомоти амниятӣ ба фаъолият пардохт.

Ҳамрохон Зарифӣ солҳои 2002 – 2006 сафири Тоҷикистон дар ИМА буд. Солҳои 2006 – 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд ва соли 2013 аз ин вазифа озод карда шуд.

Ахиран, ӯ дар қатори як гурӯҳ чеҳраҳои шинохта, ки моҳи июни соли 2024 пайванд ба парвандаи Саъидҷафар Усмонзода, собиқ раиси ҲДТ ва вакили пешини парлумон бо ҷурми “ғасби ҳокимият” боздошт гардид. Рӯзи 5 феврали имсол ӯ ба 27 соли зиндон маҳкум шуд.

Соли 1950 – Зодрӯзи Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камол Насрулло

Камол Насрулло аз шоирони шинохтаи муосири тоҷик аст. Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории давлатии Душанбе буда, солҳо дар бахши рӯзноманигорӣ фаъолият кардааст.

Номбурда солҳо корманди Радиои тоҷик, моҳномаи “Машъал”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, раҳбари Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ буд.

Ӯ соли 1986 моҳномаҳои кӯдакон – “Чашма”-ро таъсис дода, то соли 2013 сардабири он буд. Сипас муддате муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. 

Чакидаҳои хомаааш аз соли 1967 дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп меоянд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои “Навгонӣ”, “Барги зуф”, “Нома ба Офтоб”, “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!”, “Рӯ ба меҳроби Ватан ва дигар маҷмуаҳо ба табъ расиданд.

Вай соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!” шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Соли 1954 – Мавлуди Шакарбек Қурбонбеков, журналист;

Соли 1964 – Зодрӯзи Рустам Шоазимов, коргардони тоҷик;

Соли 1970 –  Мавлуди Нобовар Чаноров, овозхон ва оҳангсози тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Ӯ роҳбари гурӯҳи “Шамс” аст. Ин гурӯҳ аслан бо иҷрои мусиқии мардумӣ сару кор дорад ва то ба ҳол чор албоми сурудҳояшро омода кардааст.

Ӯ бо иҷрои суруду оҳангу таронаҳои мардумӣ на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ истиқболи гарм ёфтааст.

“Ай му кабӯтар”, “Ёри Мастчоӣ”, “Духтари тоҷк”, “Даф бизанем”, “Ту гули лола” аз ҷумлаи маъруфтарин сурудҳои Нобовар буда, ӯро дар олами санъат муаррифӣ кардаанд.

Соли 1972 – Мавлуди Баҳром Қодиров,  дуторнавоз ва оҳангсози тоҷик

Соли 1977 – Чарли Чаплин, ҳунарпешаи синамо ва коргардони америкоӣ ва яке аз машҳуртарин ва таъсирбахштарин қаҳрамонҳои синамои беовози Амрико дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1989 – Зодрӯзи Нигора Холова, овозхони шинохтаи тоҷик.

МЕДИА (YOUTUBE)

Падари Нигора Исматулло Холов ва бародараш Суруш Холов низ овозхонҳои машҳури тоҷик мебошанд.

Нигора Холова аввалин маротиба дар 11-солагиаш дар саҳна суруди “Гуям ё нагӯям” иҷро намуда, худро ба тоҷикистониён муаррифӣ намдуааст. Ӯ то имрӯз зиёда аз 50 суруд бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва лаҳҷаи форсӣ иҷро намудааст.

Вай аз хурдӣ ба бемории дил гирифтор буд ва дар беморхона табобат мегирифт. Ӯро дар беморхона президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои дидан аз вазъияти беморхона ба онҷо омада буд, дида аз бемории Нигора огоҳ шуд ва ба ӯ кӯмак намуд ва бо дастгирии президенти мамлакат табобат гирифт.

“Бачаи ошиқ”, “Боз биё”, “Дарди ниҳон”, “Попурӣ”, “Санамҷон”, “Тани танҳо”, “Ҳамсоябача” аз қабили суррудҳои маъмули Нигора Холова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 25-уми декабри соли 1979 нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон ворид гардиданд. Қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба қаламрави Афғонистон ворид шуданд ва низои мусаллаҳонае оғоз ёфт, ки то соли 1989 идома кард.

Ҳамзамон бо ворид кардани қӯшунҳо амалиёти махсуси хадамоти вижаи шӯравӣ бо номи рамзии “Шторм-333” анҷом дода шуд, ки ҳадафаш бартарафсозии Ҳафизулло Амин буд. Пас аз аз байн бурдани Амин, Бабрак Кармал сари қудрат омад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ворид шудани қӯшунҳои шӯравӣ ба Афғонистон вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ин амали Иттиҳоди Шӯравиро ҳамчун истифодаи ошкорои қувваи мусаллаҳона берун аз марзҳои худ ва дахолати низомӣ арзёбӣ намуд.

Дар худи Иттиҳоди Шӯравӣ, чунон ки маълум аст, ҳақиқати ҷанги Афғонистон солҳои дароз пинҳон дошта мешуд, сарбозону афсаронро бо истилоҳи бетарафи “интернасионалистҳо” ном мебурданд ва амалиёт таҳти унвони “расонидани кӯмаки интернасионалӣ ба мардуми Афғонистон” дар шароити махфияти шадид анҷом меёфт.

Ҳамин тариқ, баъди Соли 1979 – Соати 15:00 дақиқа бо вақти Маскав хурӯҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон оғоз гардид.

25-уми декабри соли 1991 Михаил Горбачёв истеъфои худро аз вазифаи Президенти Иттиҳоди Шӯравӣ эълон кард. Соати 19:00 дар пахши мустақими Телевизиони марказӣ ӯ ба мардум муроҷиат намуда, эълон кард, ки бо “далелҳои принсипиалӣ” аз вазифаи роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ истеъфо медиҳад.

Михаил Горбачёв изҳор дошт, ки бо сабаби ба вуҷуд омадани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти худро дар мақоми Президенти ИҶШС қатъ мекунад, ба ҳамватанони худ изҳори боварӣ намуд ва барояшон орзуи нек кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз эълони истеъфо ва имзои фармон дар бораи супоридани идораи силоҳи стратегии ҳастаӣ ба Президенти Русия Борис Елсин, ӯ Кремлро тарк кард.

25-уми декабри соли 2016 бар фарози Баҳри Сиёҳ ҳавопаймои Ту-154, ки дар хатсайри Москва-Сочи-Латакия парвоз анҷом медод, ба садама дучор шуд. Ҳавопаймо пас аз бархостан аз фурудгоҳи Сочи, ки дар он ҷо сӯзишворӣ пур карда буд, аз радарҳо нопадид гашт.

Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ту-154 чанде пас аз бархостан ба Баҳри Сиёҳ суқут карда, пора-пора шудааст. Ҳамаи 92 мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар миёни ҳалокшудагон 65 нафар аз иштирокчиёни ансамбли суруд ва рақси Артиши Русия бо роҳбари бадеии худ низ буданд.

Рӯзи 25 декабр католикҳо, протестантҳо ва масеҳиёни православӣ Мавлуди Исо (Крисмас)-ро ҷашн мегиранд. “Крисмас” рӯзест, ки бар пояи гоҳшумори масеҳиён зодрӯзи Исо пазируфта шуда, бузургтарин ҷашни масеҳиён дониста мешавад. Масеҳиён ин рӯзро бо оинҳои вижа баргузор мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Яке аз рамзҳо "Крисмас"

25 декабри соли 1748 физик Йозеф Адам Браун сурби сахт ҳосил кард. Ӯ бо ёрии омехтаҳои хунуккунӣ тавонист ҳароратро то -56° паст кунад ва ба ин васила сурби сахт ба даст орад, ки онро буридан ва аз он ҳар чӣ сохтан мумкин буд.

Кашфи ба шакли дурушт даровардани сурб, ки дар бисёр маҷаллаҳои илмӣ нашр шуд, дар ҷаҳони илмӣ инқилоби воқеӣ ба вуҷуд овард. Пас аз чанд даҳсола, соли 1785 академикҳои Петербург ҳарорати дақиқи ҳосилкунии сурби сахтро муайян карданд, ки ба 39° С баробар буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26ºсард, рӯзона 6-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 3+5º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

0

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи ангезаҳои миллӣ, аз ҷумла куштори Қобилҷон Алиев, ки аз ҷониби миллатгароён дар Русия содир шуд, натиҷаи ташаккули муҳити муҳоҷирбадбинӣ ва беҷазоӣ барои бегонаситезӣ аст.

Мо ба онҳо се савол додем:

– Сабабҳои аслии куштори кӯдак дар Одинсовои вилояти Маскав чист? Кадом омилҳои ҷамъиятӣ метавонистанд ба андешаи як наврас асаргузор бошанд, ки даст ба чунин ҷиноят занад ва дар заминаи миллатгароӣ кӯдакеро аз ҳаёт маҳрум кунад?

– Дастгоҳи таблиғотии Русия чандин сол инҷониб ошкоро душманӣ ба дигар миллату халқҳоро тарғиб мекунад. То чӣ андоза ба ақидаи шумо, он муассир аст?

– Таъсири сиёсатмадорони ҷудогонаи Русия, ки бо изҳороти бегонаситезии худ маъруфанд, ба шуури наврасону ҷавонон чӣ гуна буда метавонад?

 

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик:

– Сабаби аслии рӯйдод дар афзоиши бегонаситезӣ ва бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон дар ҷомеаи муосири Русия ифода меёбад. Дар ҳамин ҳол, агар пештар бегонаситезӣ дар ҷомеа хусусияти нисбатан пӯшида дошту асосан дар расона ва созмонҳои ҷудогона таблиғ мешуд, пас тайи солҳои ахир он ба як қисмате аз сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Чунин ҳамкории танготанг, яъне давлат ва созмонҳои ғайридавлативу расонаҳо, ки аз ҷониби он дастгирӣ мешаванд, самараи назаррас нишон дод, ки дар афзоиши бесобиқаи бадбинӣ нисбат ба бегонаҳо дар ҷомеаи Русия ифода ёфт.

Ба ин тариқ, тайи 2 сол (солҳои 2014-2016) фоизи русиягиҳое, ки аз шиори “Русия барои русҳо” дастгирӣ мекунанд, аз 50 то 70% афзуд; ҳиссаи ҷонибдорони маҳдуд сохтани иқомати ҷӯгиҳо аз 17 то 40%, чиниҳо – аз 15 т о 39%, зодагони Осиёи Миёна – аз 19 то 32%, зодагони Қафқоз – аз 22 то 31%, украиниҳо – аз 8 то 18% ва яҳудиҳо – аз 4 то 17% зиёд шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Парвиз Муллоҷонов

Барои муқоиса, ин қариб ду баробар баландтар аз сатҳи бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Олмон (аз 21 то 32% дар соли 2024) аст, ки таблиғгарони русиягӣ онҳоро аксар вақт ба эҳё ва дастгирии миллатгароӣ гунаҳкор мекунанд.

Метавон гуфт, ки Русия ҷанг дар хориҷаро таҳти шиорҳои мубориза бо миллатгароӣ оғоз намуда, лекин дар ҷомеа ва қаламрави худ ин ҷангро аллакай бохт. Аллакай дар соли 2010 тибқи маълумоти созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Русия, қариб нисфи миллатгароҳои нави Аврупо ба Русия рост меомад.

Дар робита ба таблиғот. Он ба ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаёти ҷомеа – сар аз соҳаи маорифу илм ва фарҳанг то иқтисод ва ҳаёти иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, самарааш ба ин қадр назаррас аст, ки имрӯз ҷомеаи Русия қатъан ба сӯйи тундгароӣ майл кардааст.

Таблиғот имрӯз бегонаҳоро ғайриинсон месозад, онҳоро аз марзҳои ахлоқу қоидаҳо хориҷ мекунад ва аз онҳо ҳатто ҳуқуқи ҳамдардии дигаронро мегирад.

Соли 2022 мубаллиғи Русия А.Красовкий аз "Russia Today" даъват карда буд, ки “кӯдакони украинӣ ғарқу сӯзонида шаванд” ва барои ин ҳеҷ як ҷазои ҷиддӣ нагирифт.

Ҳоло мо бепарвоии қисми зиёди ҷомеаи Русия ба куштори кӯдаки тоҷикро дар Одинсово мебинем; ҳатто аксари блогерон ва расонаҳои маъруфи мухолиф дар ин фоҷеа хомӯшӣ ихтиёр карданд.

Сиёсатмадорони ҷудогонаи ин кишвар бештар на афкори ҷомеаи Русияро ташаккул медиҳанд, балки онро таҷассум месозанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба гумони ғолиб, ду нукта вуҷуд дорад: аз як тараф, ин сиёсатмадорони Русия, мансабдорон ва вакилон мебошанд, ки бо мақсади маъруфият зидди муҳоҷирон шадидан изҳорот медиҳанд, то ки холи иловагии сиёсӣ ба даст оранд. Ғайр аз ин, онҳо худашон низ чун ҷузъи ҷомеа ақидаи онро инъикос мегӯянд.

Аз ҷониби дигар, бо изҳороти худ онҳо ҳамчунин ба тақвият ва изҳори ошкорои руҳияи муҳоҷирбадбинӣ мусоидат мекунанд. Мардум мебинанд, ки шахсони расмии сатҳи баланд зидди муҳоҷирон ва муҳоҷирати корӣ изҳори назар мекунанд, ки ин бегонаситезиро дар кишвар қонунӣ мегардонад. Ба ин тариқ, як ҳалқаи сарбастае ба миён меояд, ки дар он сиёсатмадорон ақидаи ҷомеаро қабул карда, ҳамзамон онро ташвиқу тақвият медиҳанд, ки ба тундгароии зиёдтар ва болоравии сатҳи бадбинӣ нисбат ба бегонагон боис мешавад.

Сайфулло Сафаров, собиқ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон:

– Сабаби ин дар ҷомеаи Русия ба амал омадани бӯҳрони амиқи маънавӣ аст, ки ҷомеа дигар дӯстро аз душман фарқ намекунад. Паҳншавии ғояҳои миллатгароӣ, ки хеле чизи бад аст, омили №1 ин падида аст. Боз омилҳои дигари иҷтимоӣ, мисли зиёд будани муҳоҷирон дар ин кишвар, ҳолати ҷангӣ, таҳдидҳои берунӣ, манфиатдор будани рақибони берунӣ ва зиддиятҳои динӣ низ сабаби ин фоҷеа буда метавонад. Вале қувваҳои солими Русия низ хеле пурқувватанд ва метавонанд ба ин миллатгароҳо зарбаи сахт зананд ва оромии ин кишварро нигоҳ доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сайфулло Сафаров

Яке аз омилҳои куштори кӯдаки тоҷик ин таблиғот ё пропагандаи давлатии Русия аст, ки ошкоро чанд сол боз (пас аз оғози ҷанг дар Украина бештар шуд) душманӣ нисбат ба дигар миллатҳо ва халқҳоро таблиғ мекунад.  Вале барои ҳимояи худаш, Русия наметавонад бетарғиботи зиддидушманонаш ҷангро пеш барад. Муҳоҷирон ин ҷо гуноҳ надоранд. Баръакс, онҳо ҷойҳои холии кориро пурра карда, ба иқтисодиёти ин кишвар таъсири мусбат мерасонанд.

Баъзе сиёсатмадорони рус, ки бо изҳороти ошкорои бегонаситезӣ ё ксенофобияшон маъруфанд ва ба ном “патриот” ҳастанд, бар зарари худи Русия кор мекунанд. Ба хотири маъруфити зуд ва осон ва овоз гирифтан дар интихобот.

Масалан Владимир Путин чанд рӯз пеш дар бораи мавҷуд будани ҳамзистии осоиштаи динҳои гуногун дар Тотористон ишора кард. Ин ба он маъно аст, ки на дар ҳамаи ҷойи Русия чунин вазъияти буҳронӣ вуҷуд дорад. Минтақаҳои солим, шаҳрҳои солим дар Русия бисёр аст, вале зиёиён, вакилон, мансабдорони ба бемории миллатгароӣ дучоршуда ҳам кам нестанд. Онҳо дар ҳама ҷо ҳастанд, онҳо ба оромии ҷамъият таҳдид мекунанд ва номи Русияро бад мекунанд. Ваҳдат ва оромии ҷомеаи Русия ба фоидаи худи онҳо аст. Ҳавасманди пароканда кардани Русия дар берун ҳам зиёданд ва аз зиддияти байни халқҳои ин кишвар сахт манфиатдоранд.

Боварӣ дорам, халқи рус аз ин кирдори ваҳшиёна хеле дар хиҷолат аст. Ин бегонаситезӣ  обрӯи тамоми шаҳрвандони Русияро паст мекунад. Хоҳ онҳо гунаҳкор бошанд хоҳ не. Ин падидаи бад аст ва барои русҳо натиҷаҳои фоҷиабор дорад.

 

Рустам Азизӣ, коршинос дар соҳаи муқовимат бо ифротгароии хушунатомез:

– Агар мустақиман бигӯем, сабабҳои амиқи ин ҷиноят на дар сатҳи “ҳодисаи тасодуфӣ” ё “ихтилофи маишӣ” қарор доранд, балки натиҷаи раванди дарозмуддат ва доимианд.

Дар Русия муддати ҳадди ақалл даҳсолаи ахир ва бахусус баъд аз оғози ҷанг дар Украина пайгирона муҳити шадиди душманона ва миллатгаро ташаккул меёбад, ки дар он симои душман ба таркиби калидӣ дар тафаккури ҷомеа табдил меёбад. Ҳамаи “дигарон”, аз ҷумла муҳоҷирону ғайрирусҳо ва бегонаҳо зери зарба қарор мегиранд.

Давлат дидаву дониста ин раванди бемаънӣ ва хеле хатарнокро пуштибонӣ мекунад, зеро он хеле зуд фоидаи сиёсӣ меорад. Дар шароити буҳрони иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шарҳи мушкилот бо мавҷуд будани душмани хориҷӣ ё дохилӣ нисбат ба машғул шудан ба ҳаллу фасли он осонтар мешавад.

Дар натиҷа забони нафрат ва бадбинӣ тадриҷан ба як амали муқаррарӣ табдил ёфта, истифодаи хушунат аз лиҳози ахлоқӣ дуруст дониста мешавад. Ин аввалин чунин ҳолат нест. Дар фазои оммавӣ танҳо он ҳолатҳое вокуниши шадид ба бор меоранд, ки дар онҳо омилҳои бегонаситезӣ бештар возеҳанд. Боқимонда маъмулан ба “ихтилофҳои маишӣ” нисбат дода мешавад. Лекин агар ба ин мушкил амиқан назар андозем, маълум мешавад, ки ин ҷо дар бораи мушкили доимӣ сухан меравад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Азизӣ

Дар Русия имрӯз лаҳни муҳоҷирситезона қариб дар ҳама ҷо садо медиҳад: аз экрани шабакаҳои телевизиони федералӣ, забони вакилон, мансабдорон ва ба истилоҳ “коршиносон”. Инҳо шахсони одӣ аз фазои интернет нестанд, балки мавқеи расмист, ки аз боло ба поён таҳмил карда мешавад. Дар чунин муҳит ҳатто кӯдак усули ба назар одӣ, вале даҳшатнокеро азхуд мекунад, яъне “мо” ҳастему “онҳо” ва онҳо ба “ҳамдардӣ” намеарзанд.

Бахусус вокуниши қисмате аз фазои иттиллотии Русия диданиву омӯзанда буд. Дар як қатор шабакаҳои Z, ки амалан ба сохторҳои давлатии таблиғотӣ шомиланд, зери хабарҳо дар бораи куштор ҳазорон зернавиштҳои таҳқиру хурсандӣ ва мазмунҳои ғайриинсонӣ пайдо шуданд. Вақте ки марги кӯдак ба як мавзӯи хандаву истеҳзо табдил меёбад, ин ҷо сари заволи амиқи маънавии ҷомеа сухан меравад.

Имрӯз дар Русия чизеро метавонӣ ба забон орӣ, ки даҳ сол пеш гуфтанаш ношоиста ё ифротгароёна дониста мешуд. Бахусус хатарнок аст, ки ин таблиғот ба ҷавонону кӯдакон таъсир мерасонад. Онҳо дар муҳите ба воя мерасанд, ки бегонаситезӣ ҳамчун меъёр ва рафтори баду хашмгинона ба сифати “ватандӯстӣ” пешниҳод мешавад. Дар чунин шароит рух додани ба ин монанд фоҷеаҳо ногузир мешавад. Таъсири изҳороти бегонаситезӣ аз ҷониби бархе аз сиёсатмадорони рус ба шуур ва тафаккури ҷавонон ниҳоят бузург аст.

Вақте ки шахси дорои ваколат ва дастрасӣ ба шабакаи телевизионҳои федералӣ изҳороти ошкорои бадбиниро ба худ иҷоза медиҳад, бо ин кор ин бадбиниро қонунӣ месозад. Барои наврас ин як паёми мустақим аст, яъне чунин амалкард мумкину дуруст аст, зеро ҳокимият чунин мегӯяд.

 

Темур Умаров, корманди илмии маркази Карнеги оид ба омӯзиши Русия ва АвруОсиё дар Берлин:

– Ба назари ман, ин идомаи тамоюли глобалии тундгароии ҷавонон аст, ки бе назорат аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода бурда, ба таъсири равияҳои гуногун, ки на танҳо дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудаанд, дучор мешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Темур Умаров

Шояд ин одамон бо ноадолатие дар зиндагии худ рӯ ба рӯ шуда бошанд ва алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ин эҳсоси ноадолатиро пай бурда, муҳтавоеро пешниҳод мекунанд, ки онро мукаммал месозад. Одам ба муҳити сарбастае ворид шуда, зери фишори ҷараёнҳои мухталифи даҳшатнок қарор мегирад.

Ва ин вазъиятест, ки назораташ дар сатҳи давлатӣ ва доимӣ душвор аст.

Ҳамаи ин фазои умумиро дар Русия бад мекунад. Нафрату бадбинӣ мисли обест, ки ҳамеша сӯрохиро пайдо карда, ҳамаи фазоро фаро мегирад. Агар дар сатҳи баландтар забони нафрату бадбинӣ забони расмӣ шавад, пас ин ноаён барои ҳамаи дигарон иҷозат медиҳад, ки чунин фикр кунанд.

Дар сатҳҳои нисбатан пасти ҷомеа одамон ин андешаҳоро ба таври худ мефаҳманд ва касе тасмим мегирад, ки чорае рӯйи даст гирад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ «Русская община» (Ҷомеаи русӣ) (созмони ростгарои тунд, миллатгаро, исломбадбин ва зидди муҳоҷирон).

Ман намехоҳам бигӯям, ки сиёсати Русия ба куштори кӯдаки мушаххас боис шуд, вале ҳатто агар нахоҳад ҳам, дар кишвари худ онро дастгирӣ мекунад.

Ин аввалин чунин зуҳури милатгароӣ дар Русияи муосир ва якумин давраи эҳёи ҳаракатҳои миллатгаро дар қаламрави ин кишвар нест, лекин ин бори аввал дар давраи авҷи иттилоот рух медиҳад, ки дар он мо ҳама аз вазъияти якдигар хеле хуб огаҳем.

Ва дар замоне, ки ҳамла ба чунин як амали рамзӣ табдил ёфта, маълумот дар бораи он базудӣ паҳн мешавад, метавонад ба дигар наврасон рӯҳу илҳом бахшад.

Таблиғоти Русия мақсад надорад, ки шумори амалҳои зӯроваронаро дар қаламрави кишвар зиёд кунад, балки ҳадафаш дар муттаҳидсозии ҷомеа атрофи ақидаи мавҷуд будани душман ва таҳдиди ягона ифода меёбад. Ин ҳадафи аслии маъракаи зидди муҳоҷирон ва муҳтавои таблиғоти ба истилоҳ "Амалиёти махсуси низомӣ" аст.

Аммо мақомоти Русия бояд дарк кунанд, ки амалашон ба он оварда мерасонад, ки одамони мушаххас муҳтавои онро ба сифати даъват ба амал қабул мекунанд. Аз ин рӯ, дар зинаҳои пасттар мо теъдоди зиёди ҳаракатҳои миллатгароро мушоҳида мекунем, ки ба таъмини тартибот дар дохили кишвар рӯ меоранд. Онҳо рейдҳо мегузаронанд, баъзан ҳамроҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Дар шабакаҳои иҷтимоии онҳо даъватҳо ба хушунат низ ба мушоҳида мерасанд.

Ҳозир ҳатто сухан гуфтан доир ба он, ки муҳоҷирон ҳам одаманд ва онҳо низ ҳуқуқ доранду онҳоро набояд нодида гирифт, аллакай хатарнок аст. Чунин тарзи баён аллакай кадом як исёну изҳори норозигӣ дониста мешавад. Аз ин нуктаи назар, таблиғот муассир аст, он фарҳанги таҳрифшудаи бекор кардан (cancel culture)-ро ба вуҷуд овард ва акнун барои дар доираи ин фарҳанг будан, бояд ба шадидтар кардани қоидаҳо ё худ усулан мушкилтар кардани ҳаёти муҳоҷирон даъват кардан лозим аст.

 

Аркадий Дубнов, сиёсатшинос ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ:

– Фоҷеа дар Одинсово дар ҷойи холӣ рух надодааст. Фазои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба “бегонаҳо” ё ба истилоҳи дигар бегонаситезӣ бахусус дар давраи мухолифати сиёсӣ бо оғози амалиёти ҷангии Русия дар Украина дар соли 2022 шиддат гирифт ва қариб расман “ғайридӯстон” таъин кардани як қатор кишварҳо, қариб ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифт. Ба ин таблиғот дар расонаҳои давлатӣ бо таблиғи ақидаҳои ватандӯстӣ, ки номақбул будани вуруди “бегона” ба ҳаёти ҷомеаи Русияро таъкид мекунад, мусоидат кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аркадий Дубнов

Аз ин рӯ, бархе аз шореҳони Русия бо эътирофи мушкилот дар тарбияи наврасон дар пасманзари фоҷеаи марбут ба куштори кӯдаки тоҷик дар заминаи хусумати миллӣ, “оила ва мактаб”-ро дар ин ҳодиса гунаҳкор медонанд ва дидаву дониста таваҷҷуҳро ба дигар тараф мебаранд. Моҳӣ аз сараш мепӯсад.

Ба гумон аст, ки воқеияти мазкур дар сатҳи муносибатҳои одии инсонӣ бо оғӯшгириҳои дӯстонаи сарони давлатҳои ислоҳ шавад. Беморӣ хусусияти музмин гирифта, табобат вақт ва ивази мақсадҳои ҳадафгузорӣ ва самтҳои сиёсати давлатиро тақозо мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Амрико ба Эрон ба шарти “ғанисозии сифр” пешниҳоди музокираи мустақим додааст

0

Дар Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи барномаи ҳастаии Эрон, ки дирӯз, 23-юми декабр баргузор гардид, Вашингтон пешниҳоди музокираи мустақим ба шарти “ғанисозии сифр” бо Теҳронро додааст.

Ин нишаст, ки бо вуҷуди мухолифати Чин ва Русия баргузор гашт, бар сари шароити эҳёи музокираи Эрону Амрико ба баҳси лафзии намояндагони ин ду кишвар печид.

Морган Ортагус, муовини фиристодаи вижаи Амрико дар Ховари Миёна дар нишасти Шӯрои амнияти СММ, гуфтааст, Амрико ҳамчунон барои музокираҳои расмӣ бо Эрон дастрас аст, “вале танҳо дар сурати он ки Теҳрон барои гуфтушуниди мустақим ва маънидор омода бошад”.

Ӯ таъкид кардааст, ки “муҳимтар аз ҳама, ҳеҷ гуна ғанисозӣ дар дохили Эрон наметавонад вуҷуд дошта бошад ва ин принсипи мо боқӣ мемонад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Морган Ортагус

Вале намояндаи Эрон дар СММ дар ин ҷаласа гуфтааст, “ғанисозии сифр” зидди ҳуқуқи Эрон ба унвони узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ аст”.

Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ дар ин нишаст дар вокуниш ба изҳороти намояндаи Амрико гуфтааст, “ин руйкард нишон медиҳад, ки онҳо дар пайи музокираи мунсифона нестанд, балки қасд доранд, нияти аз қабл таъйиншудаи худро ба Эрон таҳмил кунанд.

“Агар Бритониё ва Фаронса дар иваз ба сиёсати шикастхурдаи “ғанисозии сифр”-и Вашингтон идома диҳанд ва ҳуқуқи Эрон дар Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ инкор кунанд, дипломатия ба таврӣ амалӣ нобуд хоҳад шуд”, – таъкид кардааст Ирвонӣ.

Ин диломати эронӣ гуфтааст, ки Теҳрон аз ҳар гуна музокираи муносиб ва маънидор истиқбол мекунад, аммо ба сиёсати “ғанисозии сифр” комилан зид аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Амир Саид Ирвонӣ, намояндаи доимии Эрон дар СММ

Ирвонӣ гуфтааст, “бо вуҷуди таҳримҳои ғайриқонунӣ, харобкориҳо, терори донишмандони ҳастаӣ ва ҳамлаҳои мусаллаҳона, Эрон ҳаргиз барномаи ҳастаии худро ба мақсади низомӣ истифода накардааст”.

Чин ва Русия фаъол шудани "созукор (механизм)-и моша"-ро ғайриқонунӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои Амниятро хилофи қонун хондаанд. Баръакс, намояндаи Британия фаъол шудани ин созукорро мутобиқи қонунҳои байналмилалӣ хондааст.

Бояд гуфт, ки Эрон панҷ давраи музокираи ҳастаӣ бо Вашингтон баргузор карда буд, пас аз ҳамлаи Исроил ба хокаш ва ҳамроҳ шудани Амрико дар ҳамла ба сомонаҳои ҳастаии Эрон, ин гуфтугӯҳо қатъ шуд.

Таҳримҳои СММ тариқи фаъол шудани “созукор (механизм)-и моша” дар Шӯрои амният дар моҳи октябри соли ҷорӣ тавассути се кишвари аврупоӣ баргадонида шуд. Русия ва Чин ба унвони аъзоёни доимии Шӯрои амният онро ғайриқонунӣ хонад буданд.

Бритониё, Фаронса ва Олмон далел пеш оварданд, ки Эрон созишномаи соли 2015 бо номи "Барҷом"-ро нақз кардааст. Мақсади ин созишнома коҳиш додани тавононии Теҳрон барои дастрасӣ ба маводи лозим барои сохти эҳтимолии силоҳҳои ҳастаӣ буд.

Эрон борҳо таъкид кардааст, ки ба дунболи сохтани силоҳҳои ҳастаӣ нест ва барномаи ҳастаияш комилан сулҳомез аст. Вале Амрико мегӯяд, бояд Эрон ҳеҷ гуна ғанизосие надошта бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот як марди 40-соларо барои куштори падари 69-солааш боздошт кардаанд

0

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон аз боздошти як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ хабар дод, ки ба куштори падари 69-солааш гумонбар мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, падару писар шаби 20 ва 21-уми декабр ҳангоми мастӣ бо ҳам ҷанҷол кардаанд.

 “Падари 69-сола бо белча ду маротиба ба дасти писари 40-солааш зарба задааст, писараш ба ғазаб омада, бо чангак (барои кофтани оташдон) ба гардану гулӯ ва қисмати қафаси синаи падараш зарба задааст”, – навиштааст ВКД.

Дар пайи ин, ба қавли манбаъ, падар ба болои оташдон афтида, ҷароҳат мебардорад ва чанд соат баъди ҳодиса мефавтад.

Сабаби ҷанҷоли падару писар маълум нест. Мақомот аз ин мард ва падараш ном набурдаанд. Назари марди 40-сола дар робита ба ин ҳодиса маълум нест.

Алайҳи ин ин мард бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин моддаи қонунгузорӣ вобаста ба бандҳояш аз 8 соли зиндон то ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.

Куштори падар аз дасти писар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли равон мақомот аз боздошти як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки ба латукӯб ва куштори падари 67-солааш гумонбар аст.

Мақомот гуфтаанд, гумонбаршуда барои пинҳон кардани кирдори худ ҷасади падарашро ба ҳавз партофтааст. 

Тибқи иттилои ВКД дар кишвар дар шаш моҳи  соли равон 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия ба номаи Омбудсмени Тоҷикистон дар бораи куштори Қобилҷон посух додааст

0

Мария Лвова-Белова, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия ба изҳороти Умед Бобозода, Омбудсмени Тоҷикистон дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев, кӯдаки 10-солаи тоҷик дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав номаи ҷавобӣ ирсол кардааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ду рӯз пас аз куштори Қобилҷон Алиев ба Татяна Москалкова, ҳамтои русаш ва Мария Лвова-Белова мактуби расмӣ фиристода, “тафтишоти ҳамаҷониба, шаффоф ва одилонаи ин ҳодисаро” тақозо карда буд.

Дафтари матбуоти Омбудсмени Тоҷикистон дар сомонаи худ аз ворид шудани номаи ҷавобӣ иттилоъ додааст.

Ба навиштаи манбаъ, Мария Лвова дар ин нома қатли Қобилҷон Алиев, ки дар мактаби шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав дар синфи 4 таҳсил мекард, “талафоти ҷуброннопазир” хонда, ба пайвандон ва наздикони марҳум андӯҳи амиқ ва ҳамдардӣ изҳор кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умед Бобозода ва Мария Лвова-Белова

Ин мақомдори рус таъкид кардааст, ки чунин фоҷеаҳо ба масъалаи амният ва ҳифзи кӯдакон таваҷҷуҳи ҷиддӣ талаб мекунанд.

“Ба ин хотир, ҳодисаи мазкур таҳти назорати Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия қарор дорад. Ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори вилояти Маскав барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи рӯйдод ва расонидани кӯмаки имконпазир ба оилаи кӯдак идома дорад”, – гуфтааст Лвова дар номаи ҷавобӣ.

Манбаъ менависад, Мария Лвова,ба Умед Бобозода итминон додааст, ки барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо дар оянда тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад.

Вале мавқеи Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия то ҳол ба ин қазия ва ҳамин тариқ, ба номаи Омбудсмени Тоҷикистон маълум нест.

Умед Бобозод, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар изҳороти худ ба ҳамтои русаш тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро талаб карда, зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати пешгирии чунин фоҷиаҳо, тақвияти таъмини назорат дар мактабҳо ва амнияти равониву ҷисмонии кӯдаконро таъкид карда буд.

“Ҳифзи ҳаёт, амният ва ҳуқуқҳои кӯдакон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва ҳар як муассисаи таълимӣ бошад. Ҳеҷ гуна шароит, камбудиҳои маъмурӣ ё саҳлангорӣ наметавонад хушунат ё беэътиноиро нисбат ба кӯдакон сафед кунад”, – навишта буд омбудсмени тоҷик дар номааш.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 22-юми декабр дар дидори худ бо Владимир Путин таҳқиқи қазияро пеш гузошт ва раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки “гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт

Дар робита ба ин куштор як шаҳрванди 15-сола ва шаҳрванди Русияро боздошт шуда, басбаташ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз гардидааст. Гумонбар бо қарори додгоҳ, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

БАТР барои таъмини гармӣ дар хонаи беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт $6 млн қарзу грант медиҳад

0

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” 6 миллион доллари амрикоӣ қарзу грант медиҳад. Дар доираи лоиҳа, то соли 2028 беш аз 500 ҳазор сокини пойтахт дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ин лоиҳаро рӯзи 12-уми декабр вакилони парлумон баррасӣ карда ва тасвиб расонидаанд.

Нигина Шарифзод, як вакили парлумон зимни баррасии лоиҳа гуфтааст, аз маблағи умумӣ, 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз аст.

Ба қавли ӯ, дар доираи лоиҳаи мазкур таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои гармидиҳӣ дар назар буда, 193 биною иншоот ва 8 бунгоҳи насосӣ ба шабакаи мутамаркази гармидҳӣ пайваст мегардад.

Ӯ гуфтааст, ин созишномаи қарзӣ аз соли 2021 амал мекард ва лоиҳаи мазкур “Созишномаи қарзии иловагӣ” буда, аллакай рӯзи 6-уми октябри имсол байни Вазорати молия, шаҳрдории пойтахт, “Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе” ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имзо шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон низ дар баррасии лоиҳа гуфтааст, он барои муайян кардани талафоти қувваи гармӣ, коҳиши садамаҳо дар шабакаҳои барқӣ ва камхарҷ кардани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ татбиқ хоҳад шуд.

“Давраи амали созишномаи қарзии иловагӣ аз соли 2025 оғоз гардида, анҷоми он то соли 2028 ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур зиёда аз 500 ҳазор сокини пойтахт бо гармӣ дар фасли зимистон таъмин гардида, ба коҳиш ёфтани ҳаҷми партови гази карбон (СО2) мусоидат хоҳад кард”, – гуфтааст Маҷидӣ.

Мавсими гармидиҳӣ ҳамасола аз охири моҳи октябр шурӯъ шуда, нерӯи гармӣ асосан дар ду корхона – Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе 1” ва “Душанбе-2” ва дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ истеҳсол карда мешавад.

Бояд гуфт, то имрӯз беш аз 43% биноҳои истиқоматӣ, мактабу кӯдакистон, бемористон ва корхонаҳои пойтахт бо оби гарми қубурӣ таъмин шудаанд. Дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 дар пойтахт 3 ҳазору 300 иншоот ба низоми гармӣ пайваст аст.

Аммо ҳамасола бо оғози мавсими гармидиҳӣ дар Душанбе, сокинони бархе аз маҳаллаҳои пойтахт шикоят мекунанд, ки хонаҳояшон ба таври зарурӣ гарм нест. Махсусан, ду соли охир ин мушкил ҷиддитар шудааст. Масъулин баъзан сабаби мушкилро ба норасоии маводи сӯхт ва қубурҳои обгузари худи сокинон рабт медоданд.

Ахиран Оҷонсии назорати энергетикӣ аз риоя нашудани меъёри гармӣ дар баландошёнаҳои Душанбе нигаронӣ карда, дар пайи санҷиш маълум кард, ки ҳарорати гармӣ дар пойгоҳҳо ба ҷойи 75 дараҷа, то 55 дараҷа аст.

Дар бораи он ки низоми гармидиҳӣ дар Душанбе аз кадом ҳисоб таъмир мешавад ва ба куҷо метавон муроҷиат кард, дар ин пайванд хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.