Мақомот марги ду касро дар Кӯлоб дар пайи қатъи барқ тасдиқ карданд

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ҷон бохтани Райҳона Хайриддиноваи 19-сола ва ҳоҳари шавҳараш – Р.Ҳ 10-соларо дар пайи қатъи барқ ва "задани барқ"-и муҳаррики барқдиҳӣ (движок) дар ҳаммоми хонаашон тасдиқ кард. Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ҳодиса шаби 21-уми декабр дар ҳамоми хонаи шавҳари Хайриддинова дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб рух дода, онҳо […]

Asia-Plus

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб ҷон бохтани Райҳона Хайриддиноваи 19-сола ва ҳоҳари шавҳараш – Р.Ҳ 10-соларо дар пайи қатъи барқ ва "задани барқ"-и муҳаррики барқдиҳӣ (движок) дар ҳаммоми хонаашон тасдиқ кард.

Як манбаъ аз ин ниҳод гуфт, ҳодиса шаби 21-уми декабр дар ҳамоми хонаи шавҳари Хайриддинова дар маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб рух дода, онҳо бинобар хомӯш шудани барқ аз муҳаррики барқдиҳӣ (движок) истифода кардаанд ва “кадом симе луч будааст ва онҳоро барқ задааст”. Райҳона Хайриддинова як рӯз пеш арӯсӣ доштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади наварӯс ва хоҳари шавҳараш рӯзи 22-юми декабр баъд аз намози пешин ба хок супорида шудаанд.

Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест.

Дар бораи иттифоқи ин ҳодиса бори нахуст “Радиои Озодӣ” дар такя ба манбаи худ аз идораи пулиси Кӯлоб иттилоъ дода, гуфта буд, ки муфатишони ин ниҳод сабаби марги онҳоро таҳқиқ доранд.

Назари хонавода ва дигар наздикони ҷонбохтагон маълум нест.

Бояд гуфт, бо оғози мавсими тирамоҳу зимистон ва ҷорӣ гардидани маҳдудияти барқ шаҳрвандон аз воситаҳои гармидиҳанда ва барқзои иловагӣ истифода мекунанд. Ҳодисаҳои фоҷеабор низ, ки бо истифода аз ин воситаҳо сурат мегиранд, дар ин мавсим кам нестанд.

Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш дар Рашт як зану шавҳар, ки ду моҳ қабл хонадор шуда буданд, дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.