“Истиқлол” муқобили “Гоа” ғалаба кард, аммо бо Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 падруд гуфт

Дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон муқобили тими “Гоа”-и Ҳинд пирӯзӣ ба даст овард, вале аз гурӯҳ баромада натавонист. Дидори дастаҳо дар иёлати Гоаи Ҳиндустон доир шуда, бо ҳиоби 1:2 ба фоидаи “Истиқлол” поён ёфт. Голҳои дастаи шаҳри Душанберо Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Камолафе заданд. Дар бозии дигари […]

Asia-Plus

Дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон муқобили тими “Гоа”-и Ҳинд пирӯзӣ ба даст овард, вале аз гурӯҳ баромада натавонист.

Дидори дастаҳо дар иёлати Гоаи Ҳиндустон доир шуда, бо ҳиоби 1:2 ба фоидаи “Истиқлол” поён ёфт. Голҳои дастаи шаҳри Душанберо Амирбек Ҷӯрабоев ва Пол Камолафе заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “D”, ки “Истиқлол” ҳам шомили он аст, тими “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар баробари “Аз-Завра”-и Ироқ бо ҳисоби калони 5:1 ғалаба кард.

Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, аз гурӯҳи “D” дастаи “Ан-Наср” бо 18 хол ва “Аз-Завра” бо 9 хол ба марҳилаи ҳазфӣ (плей-офф) роҳ ёфтанд. “Истиқлол” ҳам 9 имтиёз дошт, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо аз “Аз-Завра” қафо монда, зинаи сеюмро дар гурӯҳ касб кард ва имкони баромадан ба марҳилаҳои финалиро аз даст дод.

Ҳамин тавр, "Истиқлол" баромади худро дар Лигаи қаҳрамонҳои дуюми Осиё ба итмом расонид ва соли оянда дар Лигаи даъвати КФО бозӣ хоҳад кард. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.