Ҷопон ба бахши энергетика ва гумруки Тоҷикистон қариб $8.8 млн кумак мекунад

0

Ҷопон барои татбиқи ду лоиҳа дар бахшҳои гумрук ва энергертика ба Тоҷикистон тақрибан 8.8 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо кардааст. Созишномаи грантӣ дар остонаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Ҷопон”, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ иштирок дошт, ба имзо расидааст.

Ба иттилои Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), маросими имзои созишномаҳо рӯзи 10-уми декабр дар Вазорати молияи Тоҷикистон дар Душанбе бо иштироки Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Имаи Сейдзю сурат гирифтааст.

Тибқисозишномаҳо, Ҷопон барои татбиқи “Лоиҳаи такмил додани таҷҳизот барои нусхабардории мол дар гумруки ноҳияи Спитамен дар масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий” 8,6 миллион доллар ва “Лоиҳаи сохтмони зеристгоҳ барои системаи асосии шабакаи барқ дар Душанбе” (Тарҳи муфассалӣ лоиҳа) 260 ҳазор доллар маблағгузорӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акиҳико Танака ва Эмомалӣ Раҳмон

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи таҷҳизот барои нусхабардории мол барои беҳтарсозии пайвастагии нақлиётӣ, тақвияти амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ равона шудааст.

Дар доираи “Лоиҳаи зеристгоҳ барои беҳтар кардани эътимоднокии таъминоти барқ ​​дар Душанбе” сохтани зеристгоҳи нави 220 кВ ва таъмини устувори барқ ​​дар пойтахти кишвар дар назар аст.

Ба иттилои оҷонсӣ, интизор меравад, ки сохтмон пас аз анҷоми тарҳи муфассали лоиҳа оғоз шавад.

“Ин ду лоиҳа тавассути афзоиши иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ, инчунин эътимоднокии таъминоти барқ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мусоидат мекунанд”, – навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, 19-уми декабри имсол Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар ҳошияи Муколамаи "Осиёи Марказӣ + Ҷопон" дар Токио бо Акиҳико Танака, президенти Оҷонсии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилаӣ (JICA) мулоқот кард.

Дар доираи ин сафари расмӣ ба Ҷопон, дар маҷмуъ наздики 20 санади нав ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Рустам Ятимов дар ҳафтгонаи гаронтарин дарвозабонҳои Осиё

0

Рустам Ятимов, дарвозабони тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиё ба зинаи шашум баромадааст. Ҳоло арзиши ӯ 1,80 млн евро аст, ки ин рекорди мутлақ барои футболбозони тоҷик мебошад.

Арзиши дарвозабони мунтахаби кишвар, 300 ҳазор боло рафта, дар муқоиса аз дарвозабонони Индонезия ва Австраслия пеш гузашт. Маъмулан дар ин "бозор" намояндагони Ҷопон, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Ховари Миёна қарор мегиранд. 

Ғайр аз ин, Ятимов гаронбарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ дониста шудааст. баъди ӯ, нархи дарвозабон аз Ӯзбекистон 1,5 млн евро мебошад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустам Ятимов

Дар қисми болоии радабандӣ, бартарии комили Япония дида мешавад. Пешсафи рӯйхат Дзион Судзуки аз "Парма" аст, ки арзишаш ба 20 млн евро мерасад. Ин нишондиҳандаест, ки барои аксари лигаҳои футболи Осиё дастнорас маҳсуб меёбад. Дар идома ҳамватанони ӯ Лео Кокубо аз "Сент-Трюйден" (4 млн) ва Йохей Такаока аз "Ванкувер" (3,5 млн) қарор гирифтаанд.

Ба панҷгонаи аввал, инчунин, Эмил Аудеро аз Индонезия ("Кремонезе") — 3,2 млн, Кейсуке Осако аз Ҷопон ("Санфречче Хиросима") ва Мэтю Райан аз Австралия ("Леванте") — ҳар кадоме 2 млн қарор доранд.

Рустам Ятимов дар зинаи 6-ум (1,8 млн) қарор дошта, дар идома дарвозабони зерин ҷой гирифтаанд:

– Абдулвоҳид Неъматов аз Ӯзбекистон ("Насаф") 1,5 млн евро; 

– Косей Тани ("Матида"), Томоки Хаякава ("Касима") аз Ҷопон 1,5 млн евро;

– Мартен Паес аз Индонезия ("Даллас") 1,5 млн евро;

– Ҷо Гаучи аз Австралия ("Пор Вейл") 1,4 млн евро;

– Риесуке Кожима аз Ҷопон ("Касива")  1,2 млн евро;

– Брендон Нозава аз Ҷопон ("Антверпен"); 1 млн евро;

– Бум-Кун Сонг аз Корея Ҷанубӣ ("Чонбук Хендэ Моторс") 1 млн евро.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон барномаи панҷсолаи рушди содирот қабул шуд. Дар он чӣ гуфта мешавад?

0

Мақомоти Тоҷикистон бо афзоиши содирот, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мехоҳанд, на танҳо ашёи хом, ҳамчунин маҳсулоти тайёрро ба фурӯш бароранд. Барои ин "Барномаи рушди содирот барои солҳои 2026-2030 дар Тоҷикистон" қабул кардаанд.

Қаблан, дар доираи ин барнома, ки солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирифт, дар кишвар низоми “Равзанаи ягона” ҷорӣ гардида, қисмате аз хидматрасониҳо ба шакли электронӣ гузаронида шуд. Дар ин давра ҳаҷми содирот аз 1,4 млрд доллар дар соли 2020 то ба 1,9 млрд дар соли 2024 зиёд шуд.

 

Чиро тағйир додан мехоҳанд?

Барномаи нав ба тағйири равишу услуб нисбат ба содирот равона шудааст. Ҳоло Тоҷикистон ба хориҷи кишвар асосан ашёи хом, аз ҷумла пахта, алюминий ва маъдан мефурӯшад, ки ин иқтисодро ба нархҳо дар ҷаҳон вобаста мекунад.

Мақомот мехоҳанд, ки кишвар бо фурӯши маҳсулоти тайёр ва хидматрасониҳо, бештар даромад ба даст орад. Ин маънои коркарди ашёи хом дар дохили кишвар, истеҳсоли сарулибос, маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, таҷҳизоти барқӣ ва фурӯши он ба хориҷаро дорад.

Ҳамчунин ба иқтисоди “сабз”, аз ҷумла истифодаи нерӯи тоза ва технологияҳои экологӣ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маъракаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон

 

Ду гузинаи рушди содирот

Дар Барнома ду гузинаи рушд пешбинӣ шудааст: снарияи муътадил ва фаъол.

Сенарияи муътадил. Тибқи ин гузина, содирот бидуни тағйироти шадид тадриҷан афзоиш меёбад. То соли 2030 содироти молу маҳслуот метавонад то 3,8 млрд доллар ва пешниҳоди хидматрасониҳо то 600 млн доллар зиёд шавад.

Дар ҳамин ҳол, мисли пешина вобастагии кишвар ба ашёи хом шадид боқӣ монда, зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот идома меёбад. Чунин сенария нисбатан эҳтиёткорона шуморида мешавад.

Сенарияи фаъол. Дар гузинаи ислоҳоти фаъол тадбирҳои  рушди логистика, хадамоти рақамӣ, технологияҳои “сабз” ва дастгири тамғаҳои ватанӣ пешбинӣ мешавад.

Дар ин сурат, содирот метавонад то 4,5-4,8 млрд доллар афзоиш ёфта, ҳиссаи маҳсулоти тайёр ба таври назаррас зиёд шавад. Иқтисод бештар устувор гардида, вобастагӣ ба воридот кам мешавад.

 

Дастгирии содиркунандагон

Кумак ба тиҷорат яке аз бандҳои муҳими барнома мебошад. Мақомот мехоҳанд, ки барои роҳ ёфтани ширкатҳо ба бозорҳои хориҷӣ осонтар шавад.

Барои соҳибкорон баргузории давраҳои омӯзишӣ ва тренингҳо: чӣ гуна фурӯхтани мол дар хориҷа, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо, кор бо шарикони хориҷӣ ва риояи талаботи дигар кишварҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин содиркунандагон метавонанд оид ба масоили қоидаҳои гумрук ва меъёрҳои сифат машваратҳо дарёфт кунанд, то ки ба иштибоҳ ва хароҷоти зиёдатӣ дучор нашаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Маблағ ва соҳаҳои афзалиятнок

Давлат тавсеъаи дастгирии содиркунандагонро ба нақша гирифтааст. Ин ҷо дар бораи қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, суғуртаи хавфҳо ва кумак зимни роҳ ёфтан ба бозорҳои нав сухан меравад.

Ба соҳаҳое, ки метавонанд ба иқтисод нафъи бештар оранд, аз ҷумла коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, нассоҷӣ ва истеҳсоли сарулибос, коркарди фулузот (металлҳо), нерӯи барқ, технологияҳои “сабз”, хидматрасониҳо – сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ (IT), маориф ва тиб таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

Расмиёти душвор аксар вақт барои содироти мол халал мерасонанд. Аз ин рӯ, дар барнома минбаъд соддатар гардонидани қоидаҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин самт рушди низоми “Равзанаи ягона”, васеъ намудани гардиши электронии ҳуҷҷатҳо ва тезтар анҷом додани расмиёти гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои ширкатҳои боэътимод “долонҳои сабз” бунёд карда мешаванд, то ки молу маҳсулот тезтар аз сарҳад гузарад.

Ба савдои электронӣ, аз ҷумла фурӯши молу маҳсулоти Толҷикистон тариқи майдонҳои байналмилалии онлайн таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Барои бештар фоидаовар будани содирот, мақомот мехоҳанд, ки кластерҳои содиротиро рушд диҳанд, аз ҷумла истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, ширкатҳои логистикӣ ва хадамотро муттаҳид созанд.

Бунёд кардани чунин кластерҳо дар саноати нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ бо назардошти минтақаҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин рушди логистика пешбинӣ шудааст: сохтмони марказҳои логистикии кигшоварзӣ, таъмиру навсозии нуқтаҳои гузаргоҳ ва беҳбуди зерсохтори нақлиёт.

Ин бояд арзишро кам карда, муҳлати расонидани мол ба хориҷаро коҳиш диҳад.

 

Имконот ва хавфҳо

Тоҷикистон низ аз бартариятҳо бархӯрдор аст: нерӯи барқи арзон, иқлими мусоид барои кишоварзӣ, соҳаи дар ҳоли рушд қарордоштаи хидматрасониҳо ва мавқеи муфид дар минтақа.

Лекин мушкилот ҳам ҳаст – вобастагӣ ба ашёи хом, логистикаи гарон, таҷҳизоти фарсудашуда ва шинохти нисбатан ками тамғаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар.

Миёни имконот метавон аз афзоиши талабот ба маҳсулоти экологӣ ва рушди савдои онлайн ном бурд. Миёни хавфҳо бошад, метавон калавандагии нархҳо дар ҷаҳон, тағйироти иқлимӣ ва вазъи бесубот дар ҷаҳонро зикр кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ

0

Фаромадани тормеғ ё тумани ғафс, ки аз шоми 22-юми декабр то субҳи имрӯз, 23-юми декабр давом кард, боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанебе шудааст.

Бар асоси лавҳаи онлайнии фурудгоҳи Душанбе аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург, Олмотӣ ва баръакс аз соати 12-и шаби 22 ба 23-юми декабр ба таъхир афтодааст. Ҳамчунин, дар бало зикр шудааст, ки паврозҳо ба Истанбул ва Самар ҳам ки имрӯз баъди зуҳр бояд парвоз кунад, ба таъхир афтодааст.

Ҳамчунин, Радиои Озодӣ менависад, ки парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвали фурудгоҳ имрӯз, соати 12:20 ба нақша гирифта шуда буд, низ лағв шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода барқарор шудаанд ё не. Аз фурудгоҳ то ҳол шаҳр надоданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (5)





Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буд, ки то 24-уми декабр дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаромадани тормеғ (туман)-у тарма, яхбандии роҳҳо ва яхшабнам пешгӯӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 100-300 метр дар назар буда, ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд ба мушкил шудани ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо ва афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ оварда расонанд.

Ҳавошиносон, ҳамчунин, гуфтаанд, ки рӯзҳои 23 ва 24-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ва баъзе минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, ба ронандагон тавсия додааст, ки меъёри суръати ҳаракатро риоя карда, масофаи байни мошинҳоро зиёд ва аз чароғҳои наздик истифода кунанд. Ин ниҳод ба пиёдагардон маслиҳат додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои яхбандии роҳ эҳтиёткор бошанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Медал”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуввуми ҳикояи “Медал” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Владимир Путин куштори Қобилҷонро “амали террористӣ” гуфт ва тафтиши беғаразонаи онро ваъда дод

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба оила ва пайвандони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ кард ва ваъдаи таҳқиқи куштори ин навраси 10-солаи тоҷикро дод. Вохӯрии онҳо рӯзи 22 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург дар доираи нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуд.

Ба иттилои сомонаи Кремл, Владимир Путин таъкид дошт, ки амалҳои террористии ба ин монанд, бахусус нисбат ба кӯдакон аз доираи дарку фаҳмиши инсонӣ берун аст.

Раисҷумҳури Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон ва наздикону пайвандони Қобилҷон Алиев ҳамдардӣ баён карда, таъкид дошт, ки "чунин амалкардҳои террористӣ, бахусус нисбати кӯдакон аз доираи фаҳмиши инсонӣ берун аст" ва ӯро “ҳайратзада” кардааст.

“Гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт… Амали террористӣ нисбат ба кӯдакон нафратангез аст. Тафтишот то охир идома мекунад ва гунаҳкорон, агар якчанд нафар бошанд, бешубҳа, ба пуррагӣ ҷазо хоҳанд гирифт. Боз ҳам такрор мекунам, ин ҷиноят маро шигифтзада кард”, – изҳор дошт Владимир Путин.

“Хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии амиқи маро ба оилаи навраси ҷонбохта расонед”, – таъкид дошт Путин.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ зарурати тафтиши воқеӣ ва беғаразонаи куштори Қобилҷони 10-сола ва ба ҷавобгарии ҷиноятии сангин кашидани ҳамаи гунаҳкоронро таъкид кард.

Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки ба мақомоти дахлдори ҳарду ҷониб дастур диҳанд, ки ҳамкорӣ дар мубориза бо чунин амалҳои зӯроваронаро тақвият диҳанд ва дар ин самт чораҳои фаврӣ андешида шаванд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки раисҷумҳурони ду кишвар бори аввал дар робита ба ин куштор мавқеи худро баён карданд. То ин лаҳза мақомоти Тоҷикистон ба тақдими нота ва ирсоли мактубу дархост аз мақомоти Русия талаби таҳқиқи беғаразу фаврии куштор шуда буд. Танҳо ВКХ-и Русия ба пайвандони Қобилҷони кушташуда ҳамдардӣ баён карда буд.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин куштор як шаҳрванди 15-сола ва шаҳрванди Русияро боздошт карда, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз карда, бо қарори додгоҳ, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Ҳоло тафтишот идома дорад ва бар пояи моддаҳои эълонкардаи мақомоти Русия, ба муттаҳам аз 8 соли зиндон то ҳукми абаду қатл таҳдид мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 декабри соли 2025

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 23 ДЕКАБР

Соли 1959 – Дар фурудгоҳи Сталинобод нахустин ҳавопаймои "ИЛ-18" фуруд омад.

Соли 2011 – Ширкати “Тоҷик Эйр” бори нахуст дар ИДМ ба истифодаи ҳавопаймоҳои тамғаи "МА-60" оғоз кард.

Соли 2012 – Раҳбари ҷунбиши мухолифини “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов дар фурудгоҳи Дубай боздошт шуд ва чанде пас озод карда шуд. Ӯ соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Соли 2012 – Саидҷаъфар Усмонзода раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲХД) интихоб шуд. Ӯ, ки вакили парлумон аз ҲДТ буд, рӯзи 12-уми июни соли 2024 аз ҷониби Додситонии кули кишвар боздошт ва соли равон  бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз ҷумла, бо иттиҳоми ғасби ҳокимият бо роҳи зӯравоварӣ 27 сол равонаи зиндон гардид.

Рӯзи 14-уми июн дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум ва ба ҳабс гирифта шудани ӯ ба вакилони парлумон Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар иттилоъ дод. Додситонӣ дар назди вакилон гуфт, ки нисбати Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306 қисми 2 банди в парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Саидҷаъфар Усмонзода беш аз 6 боз дар ҳабси пешакӣ аст.

Дар робита ба фаъолияти сиёсӣ ва боздошту ҳабси Саидҷаъфар Усмонзода дар мақолаи “Аз соҳибкорӣ ва ноустуворӣ дар сиёсат то вакиливу боздошт. Усмонзода кист ва чаро боздошт шуд?” хонед.

Соли 2018 – Фаррух Амонатов, шоҳмотбози тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии шоҳмот дар Чили зинаи сеюмро ишғол кард.

Соли 2020 – Дар вилояти Суғд хатти интиқоли газ ба истифода дода шуд, ки тавассути он гази Ӯзбекистон, ки дар тӯли 10 соли охир ба Тоҷикистон ворид намешуд, дубора интиқол ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1910 – Мавлуди Николай Лесной, шоири русзабони Тоҷикистон.

Соли 1953 – Зодрӯзи Ҷумъахон Сироҷов, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик.

Фориғуттаҳсили Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1972) ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (1976) мебошад. Муддате ба сифати коргардони Театри халқии ноҳияи Мӯъминобод кор карда, солҳои 1979—1999 актёри Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб буд. Аз соли 2000 омӯзгори Коллеҷи мусиқии ба номи А. Бобоқулов шаҳри Душанбе аст.

Ҷумъахон Сироҷов қариб 20 сол дар намоиши ҳаҷвии “Очаи Бика ва Зика” ҳамроҳи Толибҷон Бобоев дар саҳнаи ҳунари тоҷик нақш офаридаааст. Маҳз ин нақш ӯро дар таърихи санъати тоҷик нотакрор гардонид.

Ҳамчунин, ӯ яке аз ҳунарпеша ва коргардонҳои маъруфи тоҷик буда, дар филмҳои зиёде бо иҷрои нақшҳои асосӣ ва ба рӯйи саҳна овардани намоишномаҳои зиёд мавқеъ касб кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумъахон Сироҷов дар намоиши "Очаи Бика ва Зика"

Ӯ дар беш аз панҷоҳ намоишнома, амсоли “Мӯъҷизаи муқаррарӣ”, “Писари калонӣ”, “Мукофот”, “Фишор”, “Зани оҳанин”, “Найрангҳои Скапен”, “Дар чорсӯ” нақшҳои марказӣ бозида, намоишномаҳои “Чароғи маърифат”, “Бе пир марав”, “Аз хок баромадему бар хок шудем”, “Ҳафтзарб”-ро рӯи саҳна овардааст.

Соли 1970 – Зодрӯзи Муҳиддин Нуриддин, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳиддин Нуриддин

Муҳиддин Нуриддин, ки дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон будан, вакили Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ ҳаст. Ӯ таҳсилкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикисон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, солҳо дар ин донишгоҳ дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.

Аз соли 2009 дар Беморхонаи шаҳрии клиникии ба номи академик Тоҷиев, аввал ҳамчун ҷарроҳ ва сипас дар вазифаи мудири шуъбаи ҷарроҳӣ фаъолият кардааст.

Аз соли 2015 то соли 2024 ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ҳамзамон, профессори кафедраи бемориҳои ҷарроҳӣ ва эндоҷарроҳии донишкадаи мазкур буд.

Муҳиддин Нуриддин солҳои 2024-2025 муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикисон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, соли 2025 ректори ин боргоҳи улуми тиб таъин гардид.

Соли  1981 – Мавлуди Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мансур Каримзода

Мансур Каримзода хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ буда, солҳо дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дар кишварҳои гуногун фаъолият кардааст.

Солҳои 2017-2021 муовини якуми раиси ноҳияи Файзобод ва солҳои 2022-2024 муовини раиси шаҳри Ваҳдат буд. Каримзода моҳи январи соли 2024 раиси ноҳияи Файзобод таъин шуд.

Соли 1988 –  Шавкат Ҳарисов, нависанда ва узви ИН Тоҷикистон аз олам даргузашт.

Соли 2003 –  Муҳаммад Бобохоҷаев, доктори илмҳои тиб аз олам даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) муҳорибаи Днепр ба охир расид. Ин муҳориба маҷмуи амалиёти кушунҳои шӯравӣ барои аз истилогарони немис озод кардани Украинаи соҳили чап буд, ки аз 26 август то 23 декабри соли 1943 идома кард. Муҳорибаи Днепр яке аз муҳорибаҳои калонтариниҶБВ буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин рӯз физикхои америкоӣ аввалин транзисторро дар ҷаҳон муаррифӣ карданд. Онҳо Уилям Шокли, Ҷон Бардин ва Уолтер Браттейн буданд. Соли 1956 ин олимон барои таҳқиқоти нимноқилҳо ва кашфи эффекти транзисторӣ соҳиби ҷоизаи Нобел гардиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Олимоне, ки аввалин транзисторро муаррифӣ карданд

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабон 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7º сард, рӯзона -1+4º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат:о дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона -2+3º.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борида, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, рӯзона -2+3º, дар шарқи вилоят шабона 13-18ºсард, рӯзона 5-10º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3-5º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона барф борида, рӯзона ҳавои бебориш ва тормеғ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) ва рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 1+3º гарм.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба модари Қобилҷон хона доданд. Пайвандонаш гуфтанд, барои ҷамъоварии кумак суратҳисобе амал намекунад

0

Ба Нилуфар Сафоева (қаблан насаби ӯ Алиева зикр шуда буд), модари Қобилҷон Алиев, навраси даҳсолаи тоҷик, ки дар мактабе дар канораи Маскав аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия кушта шуд, аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон хона тақдим шудааст.

Дар ин бора яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев ба хабарнигорони “Азия-Плюс”, ки имрӯз ба хонаи навраси кушташуда рафта буданд, хабар дод. Аммо ӯ аз ироаи ҷузъиёти тақдими хона худдорӣ кард. Ба “Азия-Плюс” ин хабарро манобеи дигар тасдиқ ё рад накарданд.

Шерзод Ализода, яке аз пайвандони Қобилҷон Алиев гуфт, ки “хонаро аз номи ҳукумати кишвар тақдим карданд”, аммо бештар аз он иттилоъ надод ва нагуфт, ки он аз номи кӣ дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки субҳи имрӯз чанде аз мақомдорони сатҳи болои кишвар ба назди хонаводаи Қобилҷон Алиев рафта, ҳамдардӣ баён кардаанд. Аммо ӯ ҳам дақиқ нагуфт, ки мушаххас кадоме аз мақомдорон рафтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Маросими бахоксупории Қобилҷон Алиев

Талоши мо барои дақиқ кардани он ки хонаро ҳукумати кишвар ё шаҳрдории пойтахт додааст, бенатиҷа анҷомид.

Ҳамчунин, Шерзод Ализода гуфт, ки “ба ҷамъоварии маблағ ниёз надоранд ва ҳоло ҳеҷ суратҳисобе барои ҷамъоварии маблағ аз номи онҳо боз нашудааст”.

“Аз ҳамаи онҳое, ки кумак карданд ва мехоҳанд кумак кунанд, сипосгузорем. Дар баробари ин, мехоҳем ҷомеа огоҳ бошад, ки ҳоло ба кумак ниёз надорем ва суратҳисоби бонкие, ки ба номи модари Қобилҷон боз шуда буд, баста аст. Аз ин лиҳоз, хоҳиш мекунем ба ҳеҷ суратҳисоби бонкӣ пул нафиристанд”, – гуфтанд пайвандони Қобилҷон Алиев.

Бояд гуфт, ки пайвандони Қобилҷон Алиев сахт мотамзада буданд ва аз суҳбати бештар бо хабарнигорон худдорӣ карданд.

Хонае, ки пайкари Қобилҷонро аз он берун оварда, ба хок супориданд, кушода ва то ҳол серодам аст. На танҳо аз ноҳияи Шаҳринав, балки аз манотиқи дигари кишвар ҳам сокинон барои ибрози ҳамдардӣ меомаданд.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиев 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ӯ рӯзи 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварда шуда, ҳамон рӯз дар зодгоҳаш деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Кумитаи тафтишоти Русия дар робита ба ин куштор як шаҳрванди 15-сола ва шаҳрванди Русияро боздошт карда, нисбат ба ӯ бо иттиҳоми куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парванда боз карда, бо қарори додгоҳ, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ин кушторро маҳкум карда, ба мақомоти Русия “нота” ва барои таҳқиқи беғаразонаву саривақтии ҷиноят дархосту мактуб ирсол карданд.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Филми “Дов” бори аввал оммавӣ мешавад

0

Бори аввал ва ба муносибати Соли нав филми ҳунарии “Дов” манзури сокинони Тоҷикистон мегардад. Сокинони кишвар метавонед ин филмро аз 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” тамошо кунанд.

Дар ин бора Муҳиддини Музаффар, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфт, ки он соати 18:00-и рӯзи 1-уми январ дар пойгоҳи “Оила ТВ” дастраси ҳама бинандагон хоҳад шуд.

“Филми “Дов” пас аз сайри ҷаҳон акнун бори аввал дастраси ҳамаи ҳаводорони синамо мешавад. Қаблан, бинандагон онро танҳо дар толорҳои синамоӣ медиданд. Акнун метавонанд онро дар хонаву коргоҳ ё ҷои дигар нишаста дар экрани телевизор, компютер ё телефониҳои худ бинанд”, – гуфт коргардон.

Филми ҳунарии “Дов” бо коргардонии Муҳиддини Музаффар моҳҳои апрел-майи соли 2021 дар шаҳрҳои Конибодом ва Исфара наворбардорӣ шудааст.

Филм дар бораи ду рафиқ – Қаҳҳор (Абдумуъмин Шарифӣ) ва Маннон (Салоҳиддин Шукурзода) қисса мекунад, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар солҳои 90-ум барои таъмини зиндагӣ ба ғайр аз касби худ, роҳҳи дигари даромадро ҷӯё мешаванд.

Дар ин миён, яке аз рафиқон соҳиби лоторея мешавад ва ба ивази маблағ ба дӯсташ медиҳад. Филм атрофи ҳамин дов ё омад дар лоторея давр мезанад, ки он оқибат дӯстии ин ду нафарро барҳам мезанад. Бо гузашти вақт ҳарду хатогии якдигарро дарк мекунанд, вале барои пушаймонӣ дер шуда буд…

Нахустнамоиши филми ҳунарии “Дов” дар Тоҷикистон, шоми 28-уми октябри соли 2023 дар кинотеатри “Ватан” баргузор гардида буд. Баъд аз ин, “Дов” тӯли 2 сол дар чандин кишварҳои ҷаҳон намоиш дода шуд.

Давоми 2 сол ин филми тоҷикӣ дар 33 ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аз он 27 ҷоизаи байналмилалӣ ба даст овард. Аз ҷумла, 4 ҷоизаи байналмилалии “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард, ки ҷоизаи асосии ҷашнвораҳои байналмилалӣ маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пас аз муваффақияти  филми “Дов”, коргардони он моҳи ноябри соли 2023 коргоҳи филмбардории “Довфилм”-ро таъсис дод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳузури президент, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, форум ва консерти муштарак. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон чӣ гуна мегузарад?

0

Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Покистон, ки рӯзи 18-уми декабр оғоз шуд ва то 24-уми декабр идома мекунад, бо ширкати ҳунармандону санъаткорон ва доираҳои фарҳангиву адабии тоҷик дар ин кишвар як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ баргузор гардид. Дар маросими кушодашави ин рӯзҳо, Осиф Алӣ Зардорӣ, президенти Покистон ҳам ширкат дошт.

Маросими расмии кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Покистон шоми 18-уми декабр дар Шӯрои санъати миллии Покистон баргузор шуд. Осиф Алӣ Зардорӣ дар ин ҳамоиш дар робита ба муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон суҳбат кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Осиф Алӣ Зардорӣ аз тарафи рост якум

Баъди ифтитоҳи расмии чорабинӣ, бо ширкати раисҷумҳури Покистон барномаи консертӣ бо ширкати ҳунарпешаҳои Тоҷикистон баргузор шудааст. Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар, аз ҷумла Нозия ва Муҳаммадрофе Кароматуллоҳо, Фотима Машрабова, ансамбли созҳои миллӣ, гурӯҳҳои рақсии “Лола” ва “Парасту” доир гардидааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ба иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, қабл аз оғози барномаи консертӣ дар 3 толори барҳавои ин макон намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, санои дастӣ, маҳсулоти гуногуни нонӣ, мева, оши палав ва намоши мусаввараву аксҳо ороиш ёфта буд.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Қабл аз ин, дар шаҳри Исломобод мулоқоти Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Аврангзеб Хан Хичи, вазири фарҳанги Покистон сурат гирифт.

Манбаъ мегӯяд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар соҳаи фарҳангу санъат ҳавасамандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни муассисаҳои таълимӣ, инчунин омода намудани мутахассисони касбӣ ва мубодилаи таҷриба изҳори назар кардаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Матлубахон Сатториён аз рост якум бо Аврангзеб Хан Хичи аз чап якум

Ба ғайр аз ин, дар ҳошияи баргузории ин рӯзҳо, 19-уми декабри соли 2025 мулоқоти Матлубахон Сатториён бо Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон баргузор гардид.

“Сарвазири Покистон зимни мулоқот аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки ин иқдом аз сатҳи баланди муносибатҳои Покистон бо кишвари дӯст Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва бори нахуст доир гардидани ин чорабинии муҳими фарҳангӣ ҳамчун пули иртиботӣ барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи тоҷикистону Покистон заминаи устувор хоҳад гузошт”, – менависад Вазорати фарҳанг.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Матлубахон Сатториён бо Шаҳбоз Шариф

Ҳамчунин, дар ин рӯз, дар Маркази мероси фарҳангии халқии “Lok Virsa”-и намоиши молу маҳсулоти тоҷик ва санъати миллӣ оғоз гардид, ки дар он вазирони фарҳанги ду кишвар, корпусҳои дипломатии муқими Исломобод ва ҳунармандону фарҳангиёни ду кишвар ширкат карданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (9)









Ин ниҳод мегӯяд, дар доираи ин рӯзҳо, ҳамчунин,  19-уми декабр Матлубахон Сатториён бо Аттоулло Тарар, вазири иттилоот ва телевизиони Покистон доир гардид.

Дар ин мулоқот масоили гуногуни ҳамкориҳо аз ҷумла таъсиси гурӯҳи корӣ миёни вазоратҳо барои танзими ҳамкориҳои фарҳангӣ дар оянда, ҳамчунин омодасозии кадрҳои соҳа дар донишкадаҳои ду кишвар, дар самти филмофарӣ, театр, китобхона, идомаи баргузории Рӯзҳои фарҳанг дар ду кишвар ва ғайра мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Матлубахон Сатториён бо Аттоулло Тарар

Ҳамчунин, дар ин рӯз ҳайъати расмӣ ва ҳунарии Тоҷикистон аз макони ҳунарҳои мардумии Покистон ва Осорхонаи этнологии ин кишвар боздид карданд.

Дар ҳошияи ин рӯзҳо, 20-уми декабр дар Исломобод форуми байналмилалии "Покистону Тоҷикистон ду қолабу як ҷон" баргузор шуд, ки дар он аҳли илму адаб олимон, шоирону нависандагони Тоҷикистону Покистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҳумайро Шаҳбоз, мудири бахши тарҷумаи забонҳои муосири Донишгоҳи миллии Покистон зимни сухнаронӣ дар ин форум гуфтааст, ки “ҳамоиши мазкур қадами муассиру таконбахш дар таҳкими равобити фарҳангиву адабии ду миллати ба ҳам дӯст мебошад”.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Муборакшоҳ Шамсов, номзади илмҳоии фалсафаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи "Баҳовуддини Нақшбанд- пайвагдгари мероси фарҳангии орифони Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ", Наҷмиддин Салоҳиддинзода, олими дигари тоҷик дар мавзуи "Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода" ва Замира Ғаффорӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи "Абдуллоҷон Ғаффоров ва ташаккули мактаби иқболшиносии тоҷикӣ" маъруза карда, роҷеъ ба равобити аҳли тасаввуфи ду миллат, решаҳои куҳани дарахти дӯстии Тоҷикистону Покистон ва саҳми олимони тоҷик дар муаррифӣ ва шинохти Иқбол дар Тоҷикистон ҳарф задаанд.

Ҳамчунин олимони покистонӣ, Робия Каёнӣ, Амбар Ясмин, Васим Раҷа ва дигарон роҷеъ ба тасаввуф ва эҷодиёти Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва робитаҳои ҳасанаи ду миллат сухан карданд.

Иштирокдорони форум изҳори боварӣ кардаанд, ки минбаъд равобити илмӣ- адабӣ байни Тоҷикистону Покистон густариш хоҳад ёфт.

Шоми ҳамон рӯз, ҳамзамон дар Маркази мероси фарҳангии халқии “Lok Virsa”-и шаҳри Покистон барномаи консертии муштараки ҳунармандони Тоҷикистону Покистон манзури тамошобинон покистонӣ гардид.

ГАЛЛЕРЕЯ (7)







Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.