Ба таъхир афтодани чанд парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар пайи фаромадани тормеғ

Фаромадани тормеғ ё тумани ғафс, ки аз шоми 22-юми декабр то субҳи имрӯз, 23-юми декабр давом кард, боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанебе шудааст. Бар асоси лавҳаи онлайнии фурудгоҳи Душанбе аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург, Олмотӣ ва баръакс аз соати 12-и шаби 22 ба 23-юми декабр ба таъхир афтодааст. Ҳамчунин, дар бало зикр […]

Asia-Plus

Фаромадани тормеғ ё тумани ғафс, ки аз шоми 22-юми декабр то субҳи имрӯз, 23-юми декабр давом кард, боиси ба таъхир афтодани чанд парвоз дар фурудгоҳи байналмилалии Душанебе шудааст.

Бар асоси лавҳаи онлайнии фурудгоҳи Душанбе аз ҷумла парвозҳо ба самти Маскав, Дубай, Екатеринбург, Олмотӣ ва баръакс аз соати 12-и шаби 22 ба 23-юми декабр ба таъхир афтодааст. Ҳамчунин, дар бало зикр шудааст, ки паврозҳо ба Истанбул ва Самар ҳам ки имрӯз баъди зуҳр бояд парвоз кунад, ба таъхир афтодааст.

Ҳамчунин, Радиои Озодӣ менависад, ки парвоз ба шаҳри Хоруғ, ки тибқи ҷадвали фурудгоҳ имрӯз, соати 12:20 ба нақша гирифта шуда буд, низ лағв шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки парвозҳои ба таъхир афтода барқарор шудаанд ё не. Аз фурудгоҳ то ҳол шаҳр надоданд.

Қаблан, Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон гуфта буд, ки то 24-уми декабр дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон фаромадани тормеғ (туман)-у тарма, яхбандии роҳҳо ва яхшабнам пешгӯӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 100-300 метр дар назар буда, ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд ба мушкил шудани ҳаракати мошинҳо дар роҳҳо ва афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ оварда расонанд.

Ҳавошиносон, ҳамчунин, гуфтаанд, ки рӯзҳои 23 ва 24-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ва баъзе минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Оҷонсии ҳавошиносии кишвар, ба ронандагон тавсия додааст, ки меъёри суръати ҳаракатро риоя карда, масофаи байни мошинҳоро зиёд ва аз чароғҳои наздик истифода кунанд. Ин ниҳод ба пиёдагардон маслиҳат додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои яхбандии роҳ эҳтиёткор бошанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.